15 Февраля 2021

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд

Санаи 12-уми феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси Кумита, Роҳбари Гурӯҳи корӣ-Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳамкор дуҷонибаи судманд ва пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории занон сухан кард.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Абдуғаффор Раҳмонзода - муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигорахон Ғаффорзода - муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оксана Пак - муовини директори Департаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии БАТР ва Дина Беннетт ва Йоланда Гибб мушовирони байналмилалӣ оид ба соҳибкории занон ва корхонаҳои хурду миёна бо гузориш ва муаррифномаҳо баромад намуданд.

Инчунин, лоиҳаи Нақшаи кории Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон барои солҳои 2021-2023 аз ҷониби котиботи Гурӯҳи корӣ муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он зери муҳокима қарор гирифт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ

Манбаъҳои муфид