Шӯрои машваратӣ

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри 2007 с. таҳти №356 таъсис дода шудааст.

Шӯро бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, татбиқи сиёсати пайваставу муттасил ва мутобиқгардонидашудаи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ ва танзимсозии муколамаи миёни давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфтааст.

Шӯроро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Раисии онро ба ӯҳда дорад, роҳбарӣ мекунад.
Шӯро тибқи Низомномаи тасдиқгардида сохтори маслиҳатӣ-машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки коркарду омодасозии тавсияҳо ва пешниҳодҳои мувофиқашударо барои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъмин менамояд.

Дар таркиби он дар асоси баробарҳуқуқӣ ва ҳампоягӣ намояндагони давлат, соҳибкорӣ ва институтҳои байналмилалӣ дохил мешаванд.
Фаъолияти Шӯро дар асоси муҳокимаи озоди масъалаҳо ва қабули қарорҳои маҷмӯӣ (якҷоя) амалӣ карда мешавад.

Иштироки намояндагони давлат, бахши хусусӣ ва институтҳои байналмиллӣ дар Шӯро дар асоси баробарҳуқуқӣ ва ҳампоягӣ натанҳо аломати сиёсати кушоди давлат, балки кафолати амалигардии босамари ташаббускорӣ «аз поён» дар масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Ҷойивазкунии аъзои муваққатӣ (намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд) аз ҷониби Шӯро баъди ҳар 2 ҷаласа дар асоси масъалаҳои дар ҷаласа пешниҳодшаванда амалӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, Раиси Шӯро бо қарори протоколӣ ҳуқуқи дароз кардани мӯҳлати иштироки онҳоро дар ҷаласаҳои Шӯро дорад.

Намудҳои асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаҳои Шӯро мебошанд. Ҷаласаҳои Шӯро дар ҳолати зарурӣ, вале на зиёда аз як маротиба дар як семоҳа гузаронида мешаванд ва агар дар онҳо 2/3 ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошанд, салоҳиятдор ҳисобида мешаванд.

Дар ҷаласаҳои Шӯро, вобаста ба рӯзномаи он, роҳбарони вазоратҳову муассисаҳо ва инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба сифати мушоҳидон даъват карда мешаванд.

Дар ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои ҷанбаҳои васеъдоштаи барои соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ муҳим муҳокима карда мешаванд.

Самтҳои фаъолияти Шӯро дар ҷараёни маслиҳатҳо бо аъзои Шӯро, сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои донорӣ муайян карда мешаванд.

Дар ҷаласаҳо, дар ҳудуди салоҳияти худ, Шӯро тибқи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳо қабул мекунад. Қарорҳои Шӯро тибқи бартарии овозҳо қабул карда мешаванд ва дар намуди  протокол бо супориш ба вазоратҳо ва муассисаҳо барои иҷроиш ба расмият дароварда мешаванд. Протокол аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ карда мешавад.

Барои коркарди маслиҳатҳо ва пешниҳодҳо тибқи такмилдиҳии сиёсати давлат дар соҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Раиси Шӯро гурӯҳҳои корӣ созмон дода мешаванд. Гурӯҳҳои корӣ тибқи принсипҳои шохавӣ ва хусусиятҳои асосӣ, вобаста ба масъалаҳои гузошташуда созмон дода мешаванд.

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj