Ҳисобот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта

Бо мақсади иҷрои банди 4-и Протоколи ҷаласаи XI-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз таърихи 30 апрели соли 2013 супориш дода шуд, ки: «вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия якҷо бо вазорату идораҳои марбута, бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳлили зарурӣ гузаронида, натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд».

Ҷињати иҷрои пурраи ин супориши протоколӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо дастгирии шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳлил гузаронида шуд.

Гурӯҳи корӣ таҷрибаи ҷаҳонии рушди суғурта, стандартҳои байналмилалии фаъолияти суғуртавӣ, вазъи муосири рушди бозори суғуртаи мамлакат ва мушкилоти онро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, натиҷаҳои онро дар ҳисоботи мазкур бо тавсияҳои мушаххас дарҷ намудааст.

Дар заминаи Ҳисобот ва тавсияҳои омодашуда лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суӯурта таҳия гардида, ба ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд.

Матни пурраи ҳуҷҷатро метавонед  бо зер намудани калимаи линк пайдо намоед. 


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj