Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6.05.2009, №282

Замимам 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2009 № 282

ТАРТИБИ

гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста

ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳ. Қоидаҳои умумӣ

1. Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Тартиб), тартиби гузаронидани расмиёти маъмуриро, ки ба амалӣ намуданн фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, муайян менамояд.

2. Тартиб аз рўи принсипи "равзанаи ягона" амалӣ мегардад.

Принсипи "равзанаи ягона" масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозиро бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади гирифтани шартҳо, мувофиқаҳо ва хулосаҳо, ба ғайр аз ҷудо кардани қитъаи замин ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдидӣ заруранд, пешбинӣ менамояд.

Қитъаи замин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи "Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ", ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, интихоб ва ҷудо мегардад.

Расмиёти гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, пас аз мувофиқаи онҳо бо мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тибқи Тартиби мазкур бо ташаббуси фармоишгар сурат мегирад.

3. Тартиб нисбат ба иншоотҳои зерин татбиқ намешавад:

а) ба иншооти мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин ба ёдгориҳои табиат, ки тартиби истифодаи онҳоро қонунгузории оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд;

б) ба ҳудудҳое, ки дар онҳо танзими махсуси давлатии фаъолияти меъморӣ, шахрсозӣ ва сохтмонӣ амал мекунад;

в) ба расмиёти боздоштан ва мавқуф гузоштани иншооти сохтмонаш нотамом;

г) ба иншооте, ки ҷараёни сохтмонашон мутобиқи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ танзим мешаванд.

ҲҲ. Намудҳои корҳои сохтмоние, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро доранд ва мутобиқи Тартиб ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро гирифтаанд, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳуқуқ доранд.

5. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро барои иҷрои корҳои сохтмонӣ вобаста ба намуди кор бо тартиби муқаррарӣ ё тартиби соддакардашуда гирифтан мумкин аст.

Намудҳои корҳои сохтмоние, ки барои иҷрои онҳо бо тартиби муқаррарӣ (дар ҳаҷми пурра) гирифтании ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ талаб карда мешавад, инҳоянд:

а) корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав;

б) иҷрои корҳои сохтмонӣ оид ба таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), ки вобаста ба тағйирдиҳӣ ва азнавдеворкунӣ, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоти иншооти мавҷудаи дорои зиёда аз як ошёна мебошанд.

6. Намудҳои корҳои сохтмоние, ки барои иҷрои онҳо ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо тартиби соддагардонидашуда дода мешаванд, инҳоянд:

а) таҷдиди (дигаргунсозии, азнавтаҷҳизонии) биноҳои якошёнаи манзилӣ ё ғайриманзилӣ (қисме аз онҳо), ки бо тағйирдиҳӣ ва азнавдеворкунии сохторҳои асосӣ ва борбардори бино, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асоси) бино вобаста намебошанд;

б) сохтмони иншооти муваққатӣ;

в) бунёди иншоотҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитьаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, сохтмон дар ҳудуди қитъаҳои заминҳои ҷамъиятҳои шарикии боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии қисмҳои ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ;

г) дигаргунсозии (азнавтаҷҳизонии) биноҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷудбуда анҷом дода шуда, ивазкунии конструксияҳои борбардорро талаб наменамоянд;

д) шакли хурди меъморӣ ва девор кардани ҳудуд;

ж) майдончаҳои кушодаи варзиш, роҳравҳо, сангфарш кардани атрофи биноҳо (иншоот).

ҲҲҲ. Мақомоти ваколатдоре, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро медиҳанд

7. Тибқи муқаррарнамудаи Тартиб супоришҳои меъмориро барои таҳияи лоиҳаи сохтмон мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ медиҳанд.

8. Расмиёти вобаста ба гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ тибқи муқаррарнамудаи Тартиб аз ҷониби Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он амалӣ карда мешаванд.

Дигар намуди экспертизаҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

9. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи муқаррарнамудаи Тартиб мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ иҷозат медиҳад.

10. Иншооти омодашударо барои истифода Комиссияи давлатии қабул, ки вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони иншооти барои истифода қабулшаванда аз ҷониби мақомоти зерин таъин гардидааст, қабул менамояд:

а) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо;

б) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ;

в) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияхо.

ҲV. Марҳилаҳо ва мӯҳлатҳои асосии гузаштани

расмиёти иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ

11. Расмиёти вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

а) интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ. Шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои гирифтани қитъаи замин ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамояд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ба аризадиҳанда қитъаи замин ҷудо менамоянд;

б) гирифтани супоришҳои меъморию банақшагирӣ (минбаъд"супоришҳои меъморӣ"). Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ супоришҳои меъмориро муайян мекунанд ва дар асоси иқтидорҳои истеъмолшавандаи системаи муҳандисӣ шартҳои техникиро муҳайё месозанд ва ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба фармоишгар пешниҳод менамоянд;

в) таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Фармоишгар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмониро, тибқи тартиби муайянкардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ таҳия менамояд;

г) мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ба супоришҳои меъморӣ ва меъёрҳои шаҳрсозӣ муайян намуда, оніоро барои мувофиѕа ба дигар маѕомот мефиристанд.

д) экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Баъди гирифтани хулосаи мусбии мақомоти дахлдор, фармоишгар ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ҷиҳати гузаронидани экспертиза ба мақомоти дахлдори экспертизаи давлатӣ мефиристонад;

е) гирифтани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ. Баъд аз гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи дахлдор, фармоишгар барои гирифтани иҷозат ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ муроҷиат менамояд;

ж) қабули иншооти сохтмонаш баитмомрасида барои истифода. Баъди анҷоми сохтмон бо мақсади омода намудани иншоот барои қабул ба истифода Комиссияи корӣ санҷиши умумии омодагии иншоотро барои қабул анҷом дода, барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давлатии қабул хулоса таҳия менамояд.

12. Иҷозат барои иҷром корҳои сохтмонии дар банди 6 Тартиб нишондодашуда, мутобиқи расмиёти соддакардашуда дар асоси ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда дар ҳаҷми маҳдуд (ҳамчун тарҳи лоиҳа) дода мешавад.

13. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 Тартиб пешбинишуда, барои иҷрои корҳои сохтмоние, ки дар Тартиб нишон дода нашудаанд, гирифтани иҷозат талаб карда намешавад.

V. Додани супоришҳои меъморӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашии иншоот

14. Ҷиҳати гирифтани супоришҳои меъморӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашии иншоот, аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ ба маѕомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод мекунад.

15. Ба ариза бояд замима шаванд:

а) нусхаи асноди тасдиқкунандаи (Сертификат)-и ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (бо нақшаи қитъаи замин). Барои таҷдиди (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонидан) иншооти мавҷудбуда, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва шиносномаи техникии ҳамин иншоот пешниҳод карда мешавад;

б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи аризадиҳанда, агар аз номи аризадиҳанда намояндаи вай муроҷиат намояд;

в) иқтидорҳои истеъмолшавандаи системаи муҳандисии иншооти лоиҳааш таҳияшаванда барои гирифтани шартҳои техникӣ.

Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳамин банд пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

16. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар банди 15 Тартиби мазкур пешбинишударо қабул намуда, дарҳол ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро, тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ пешниҳод менамояд.

17. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадор аст дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ баъди қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 15 Тартиб пешбинишуда, нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо барои гирифтани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, ба хадамоти зерин фиристонад:

а) қувваи барқ;

б) обу корез;

в) гармӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);

г) газ (дар ҳолати мавҷуд будан).

18. Хадамоти муҳандисию техникии дар банди 17 Тартиб нишондодашуда, ӯҳдадоранд, ки дар давоми 10 рўзи кории баъд аз гирифтани ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда, ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ шартҳои техникиро оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ, бо нишон додани ҷойи пайвастшавӣ пешниҳод намоянд. Дар ҳолати мавҷуд набудани имконияти пайвастшавӣ бояд дигар имкониятҳои таъмини муҳандисии иншоот нишон дода шаванд.

19. Ҳангоми дар мӯҳлати зикршуда, аз ҷониби хадамоти номбурда пешниҳод нагардидани ҷавоби мусбӣ ва ё манфӣ, шартҳои техникӣ додашуда ҳисоб мешаванд. Дар ин ҳолат супоришҳои меъморӣ барои тарҳрезии иншоот, тибқи талаботи умумии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва ҷавобгарӣ барои пешниҳоди шартҳои техникӣ барои додани супоришҳои меъморӣ ба души хадамоти мазкур мебошад.

20. Шартҳои техникӣ аз ҷониби Хадамоти муҳандисию техникии дар банди 17 Тартиб нишондодашуда, ройгон пешниҳод карда мешаванд.

21. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати 5 рўзи корӣ аз лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати дар банди 18 Тартиб пешбинишуда, ба аризадиҳанда супоришҳои меъморӣ ва ё қарори асоснокро дар бораи рад кардани аризаи ӯ бо ҳатман огоҳонидани аризадиҳанда тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ диҳад.

22. Супоришҳои меъморӣ барои иншооти тарҳрезишаванда дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхааш ба аризадиҳанда дода мешавад, нусхаи дуюмаш дар мақомоти маҳаллии меъморӣ мемонад. Супоришҳои меъморӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

а) талаботи асосии шаҳрсозӣ ва меъморию банақшагирӣ ба иншооти тарҳрезишаванда, аз ҷумла маълумот оид ба дастурҳои сохтмонии истифодабарӣ ва эъмори қитъаи замин, ҳуҷҷатҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ, ҳамчунин нақшаҳои минтақабандӣ ва эъмори ҳудудҳо;

б) талаботи оид ба ободонӣ, ташкил намудани ҷойи исти мошинҳо ва даромадгоҳҳо (вобаста ба таъиноти вазифавии иншоот);

в) шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ.

Дар супоришҳои меъморӣ пешбинӣ намудани дигар талабот манъ аст.

Мавҷуд набудани имконият барои пайваст шудан ба шабакаҳои муҳандисӣ наметавонад асоси рад намудани ариза барои додани супоришҳои меъморӣ шавад.

23. Дар холати розӣ набудан ба талаботи супоришҳои меъморӣ аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ё суд муроҷиат намояд.

24. Таҳияи супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техники пулакӣ мебошад. Ҳаҷми арзиши таҳияи супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техникӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад.

Баррасии ариза барои додани супоришҳои меъморӣ ва шартҳои техникӣ, инчунин додани онҳо ройгон аст.

VҲ. Таҳияи ҳуҷҷати лоиҳавӣ барои сохтмон

25. Таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 41 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" сурат мегирад.

26. Таҳиягарони лоиҳаҳои сохтмонӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин барои қабули қарорҳои лоиҳавӣ ва мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии таҳиягардида ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ ҷавобгаранд.

VҲҲ. Мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ

27. Ҳуҷҷати лоиҳавӣ бо дарназардошти талаботи қонун бо мақсади мутобиқати он ба шартҳо ва талаботи зерин мувофиқа карда мешавад:

а) ба шартҳо ва талаботи супоришҳои меъморӣ;

б) ба меъёрҳои сохтмонӣ шаҳрсозӣ ва дигар талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, инчунин нақшаҳои минтақабандӣ ва эъмори ҳудудҳо;

в) ба талаботи зиддисухторӣ, санитарию гигиенӣ ва экологӣ.

28. Аризадиҳанда ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аризаи ягонаро тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ пешниҳод менамояд.

29. Ба ариза танҳо ҳуҷҷати лоиҳавии тибқи талаботи қисми 6 Тартиб таҳияшуда замима карда мешавад.

Талаб намудани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамин банд пешбинӣ накардааст, манъ аст.

30. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза ва ҳуҷҷати лоиҳавиро қабул намуда, дарҳол ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ин ҳуҷҷатҳоро медиҳад.

31. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадор аст дар мӯҳлати 3 рўзи корӣ, аз рўзи ворид шудани ариза мутобиқатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ба талаботи муқарраршуда санҷад ва дар бораи мувофиқ ё номувофиқ будани онҳо қарори (фармоиши) хаттӣ қабул намуда, онро бо тартиби огоҳии хаттӣ ба аризадиҳанда диҳад.

32. Мувофиқаи қисмҳои алоҳидаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ бо мақомоти ваколатдор ва хадамоти муҳандисию техникӣ барои мутобиқати он бо шартҳо ва талаботи техникие, ки дар марҳилаи аввал ҳангоми додани супоришҳои меъморӣ пешниҳод шуда буданд, талаб карда намешавад.

Барои риоя намудани талаботи зиддисухторӣ, санитарию гигиенӣ, экологӣ ва дигар талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сармеъмор ва сармуҳандиси лоиҳа ҷавобгар мебошанд.

33. Ҳуҷҷати лоиҳавии мувофиқашуда бо имзои сармеъмор ва гузоштани мӯҳри мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳуҷҷати лоиҳавб тасдиқ карда мешавад.

34. Асос барои рад намудани мувофиқаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ танҳо номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ ва талаботи супоришҳои меъморӣ, инчунин номувофиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба нақшаи қитъаи замин шуда метавонад.

35. Мувофиқаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ба таври ройгон сурат мегирад.

36. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ на дертар аз рӯзи дигар мувофиқаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ариза ва ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшударо якҷоя бо ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда барои гузаронидани экспертизаи давлатии дахлдор ба аризадиҳанда бармегардонад.

VҲҲҲ. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ

37. Экспертизаи лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ бо мақсади назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо дар раванди таҳияи лоиҳаҳо анҷом дода мешавад.

Баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи онҳо бояд ба ҳуҷҷатҳои зерин мутобиқат намояд:

а) ба қарорҳои лоиҳавии супоришҳои меъморӣ, супориш барои таҳияи лоиҳа (миёни супоришдиҳанда ва таҳиякунанда) ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

б) ба асоснокии қарорҳои қабулшудаи ҳаҷмӣ-банақшагирӣ ва конструктивии маводҳо ва таҷҳизоти муҳандисии истифодашаванда, боэътимодњ ва мустаҳкамии конструксияҳои асосии сохтмонии биноҳо ва иншоот;

в) ба натиҷаҳои ҷӯстуҷӯҳои муҳандисию геологӣ;

г) ба асоснокӣ ва саҳеҳияти нишондодҳо, аз ҷумла, нишондодҳои арзишҳои ҳисобӣ ё сметавии сохтмон (танҳо барои иншооти аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва (ё) маҳаллӣ маблағгузоришаванда).

38. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.

Экспертизаи ҳатмӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҷустуҷуҳои муҳандисии иншооти зерин гузаронида мешавад:

а) иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ё бо иштироки онҳо бунёд мешаванд, инчунин бе иштироки маблағіои давлатӣ бунёд мегарданд, вале мувофиқи қонунгузорӣ қиссаи моликияти давлатиро дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ пешбинӣ мекунанд;

б) иншооте, ки новобаста ба манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмонашон дар қисмати ба талаботи меъёрҳои давлатӣ оид ба бехатарии санитарӣ, экологӣ, оташангезӣ ва таркиш, ҳифзи меҳнат, боэътимодии конструксияҳо, пойдории фаъолият дар ҳолати хатарнокии потенсиалӣ мувофиқ будан ва иншооти аз ҷиҳати техникӣ мураккаб, ки ба муҳайё намудани шароити мувофиқ барои маъюбон ба иншооти иҷтимоӣ, нақлиёт ва инфраструктураи истироатӣ, мутобиқат кунанд.

Дар иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусии фармоишгар (ҳамчунин маблағҳои ҷалбгардида, маблағгузориҳои сармояи хориҷӣ) бунёд мегардад, ба ғайр аз иншооте, ки хатари потенсиалӣ доранд ва аз ҷиҳати техникӣ мураккабанд, оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ худи фармоишгар қарор қабул мекунад.

39. Бо қарори фармоишгар (соҳибмулк) барои лоиҳаҳое, ки номгӯи онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон тасдиқ намудааст, метавонад экспертиза анҷом дода нашавад.

40. Мӯҳлатҳои анҷом додани ҳар як экспертиза вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии иншоот ба таври зерин муайян шуда, набояд аз 20 рӯзи корӣ зиёд бошанд:

а) иншооти калонҳаҷм (зиёда аз 1000 метри мураббаъ) то 20 рўзи корӣ;

б) иншооти миёнаҳаҷм (аз 300 то 1000 метри мураббаъ) то 10 рўзи корӣ;

в) иншооти ҳаҷман хурд (то 300 метри мураббаъ) то 5 рўзи корӣ.

Дар ҳолатҳои алоҳида, ҳангоми баррасӣ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти калонҳаҷм, мӯҳлати дар зербанди а) ҳамин банд муқарраршуда метавонад бо огоҳии хаттии аризадиҳанда, то 10 рўзи корӣ тамдид карда шавад.

41. Аз натиҷаи анҷом додани экспертизаи ҳуҷҷатхои лоиҳавӣ, дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиб, оид ба мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи меъёрӣ, тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор оид ба меъморӣ ва сохтмон хулоса таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

42. Хулоса дар хусуси зарурияти таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо нишон додани норасоиҳои мушаххас ё дар бораи рад намудани тасдиқи қарорҳои лоиҳавию техникии иншооти экспертизашаванда бо нишон додани сабаби радкунӣ дар ҳолати мавҷуд будани эродҳо ва тавсияҳои экспертиза таҳия карда мешавад. Хулоса, дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 40 Тартиб, таҳия ва ба фармоишгар пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҷараёни гузаронидани экспертиза мақомоти давлатии экспертиза ҳуқуқ дорад барои бо тартиби корӣ ислоҳ намудани эродҳо ва хатогиҳои ошкоргардида таҳиякунандаи лоиҳаро ҷалб намояд.

43. Дар ҳолати таҳия намудани хулосае, ки зарурати таҳрири ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро тақозо менамояд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро бо дарназардошти эродҳо ва пешниҳодҳои дар хулоса дарҷгардида барои гузаронидани экспертизаи такрорӣ пешниҳод намояд.

44. Экспертизаи такрории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки бо маҷсади ислоҳ намудани камбудиҳои ошкоргардида таҳрир шудаанд, дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани маводҳои дар банди 43 Тартиб пешбинишуда гузаронида мешавад.

45. Хулосаи мусбии экспертиза аз ҷониби роҳбари мақомоти дахлдори Раёсати экспертизаи давлатӣ имзо шуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад ва на дертар аз рўзи дигари ба охир расидани мӯҳлати дахлдори дар банди 40 Тартиб нишондодашуда аз ҷониби ҳамин мақомот ба фармоишгар дода мешавад.

Хулосаи экспертизае, ки аз ҷониби эксперти мустақил гузаронида шудааст, бо имзо ва мўҳри ҳамин эксперт тасдиқ карда шуда, ба аризадиҳанда дода мешавад.

Эзоі: Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузаштаанд, аризадиҳанда вазифадор аст ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро такроран барои аз мувофиқа ва (ё) экспертиза гузаштан тибқи Тартиб пешниҳод намояд. Ҳамзамон мавзўи мувофиқа ва (ё) экспертиза танҳо қисмҳои тағйирдодашудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мебошанд.

46. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пулакӣ мебошад. Ҳаҷми арзиши экспертиза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба сохтмон ва меъморӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад.

ҲX. Додани иҷозат барои иҷрои корҳо сохтмонӣ

47. Яке аз шартҳои оғоз намудани иҷрои корҳои сохтмонӣ ин мавҷуд будани иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонӣ мебошад.

Иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" аз ҷониби мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

а) асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

б) лоиҳаи иншооти сохтмонӣ, ки бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқа шудааст;

в) хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ.

48. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ӯҳдадор аст дар давоми 5 рўзи корӣ, аз рўзи ворид шудани ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 47 Тартиб пешбинишуда, тибқи намунаи тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ ба аризадиҳанда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ иҷозат диҳад.

49. Дар ҳолати ба талаботи қонунгузорӣ номутобиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар давоми 5 рўзи корӣ, аз рўзи ворид шудани ариза ӯҳдадор аст, оид ба надодани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қарори асосноки хаттӣ қабул намуда, нусхаашро ба аризадиҳанда пешниҳод намояд.

Ҳангоми такроран муроҷиат намудани аризадиҳанда баъди ислоҳ намудани камбудиҳо иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар давоми 5 рўзи корӣ, аз лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

50. Нисбати қарори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба надоданн иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонӣ ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

51. Иҷозат барои сохтмони иншооти муайян ва ба мўҳлати давомнокии сохтмонӣ ҳамин иншоот дода мешавад.

52. Нусхаи иҷозати аз тарафи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ додашуда, инчунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дафтари назорати муаллифӣ, дафтари иҷрои корҳо бояд дар майдончаи сохтмонӣ нигоҳ дошта шаванд ва ҳангоми дар доираи қонун гузаронидани санҷиш бо талаби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорат ба онҳо пешниҳод гарданд.

53. Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба иншооти сохтмон, дар ҳолати боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмони иншоот, аризадиҳанда ӯҳдадор аст дар давоми 10 рўзи корӣ, аз рўзи дар ин хусус қабул кардани қарор мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро огоҳ намояд.

54. Дар ҳолати қабул нагардиданн қарор дар хусуси додани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ё оид ба рад намудани ариза дар хусуси додани иҷозат дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи бандҳои 48 ва 49 Тартиб, иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонњ додашуда ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмони ӯҳдадор аст дар давоми 3 рўзи корӣ, аз лаҳзаи ба охир расидани мўҳлатҳои зикршуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба аризадиҳанда иҷозат диҳад.

55. Иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба таври ройгон дода мешавад.

56. Аз ҷараёни сохтмони иншооте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ, техникӣ, муаллифӣ ва дигар намудҳои назорат бурда мешавад.

X. Қабули иншоот барои истифода

57. Иншоот баъди ба охир расидани сохтмонаш, ба истиснои иншооте, ки дар банди 6 Тартиб пешбинӣ шудаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда ва хулосаи мусбии комиссияи корӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул барои истифода қабул карда мешавад.

Қабули иншооти сохташудаеро, ки банди 6 Тартиб пешбинӣ менамояд, мутобиқи моддаи 46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" соҳибмулк (фармоишгар, сармоягузор, иморатсоз) мустақилона анҷом медиҳад.

58. Ҷиҳати омода намудани иншоот барои қабул ва истифода аз ҷониби фармоишгар (иморатсоз) Комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки он дар мӯҳлати аз 5 то 10 рўзи корӣ, вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони иншооти барои истифода қабулшаванда, омодагии умумии иншоотро барои истифода месанҷад ва барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давлатии қабул хулоса пешниҳод менамояд.

59. Барои қабул намудани иншоот барои истифода аризадиҳанда баъд аз санҷиши умумии омодагии иншоот барои истифода ва таҳия шудани хулосаи Комиссияи корӣ ба Комиссияи давлатии қабул, ки тибқи банди 10 Тартиб таъин шудааст, аризаро бо замимам ҳуҷҷатҳое, ки номгўи онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ муайян намудааст, пешниҳод менамояд.

Барои саҳеҳии иттилоот дар ҳуҷҷатҳои барои қабули иншооти ба истифода пешниҳодшуда, аризадиҳанда масъул аст ва дар ин хусус дар аризаи вай қайди дахлдор дарҷ мегардад.

Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст, манъ аст.

60. Комиссияи давлатии қабул ариза ва ҳуҷҷатҳои дар банди 59 Тартиб пешбинишударо қабул менамояд ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули аризаашро медиҳад.

61. Комиссияи давлатии қабул дар мӯҳлати аз 5 то 10 рўзи корӣ аз рўзи қабули ҳуҷҷатҳо, вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмон, санҷиши умумии омодагии иншоот, озмоиши назоратии таҷҳизоти техникӣ ва системаи муҳандисиро мегузаронад ва тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ оид ба қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода санад тартиб медиҳад.

Санад оид ба қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода аз ҷониби аризадиҳанда, муаллифи лоиҳа, пудратчӣ, раис ва аъзои Комиссияи давлатии қабул имзо карда мешавад.

62. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи банди 61 Тартиб оид ба қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода санад тартиб дода нашавад, қарор мусбӣ қабулгардида ҳисоб меёбад. Бо талаби аризадиҳанда, Комиссияи давлатии қабул ўҳдадор аст, ки дар мўҳлати се рўзи корӣ баъди ба охир расидани мўҳлати муайяннамудаи банди 61 Тартиб, санади қабули иншоот барон истифода ва маълумотнома ба онро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоте, ки Комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, пешниҳод намояд.

Санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода ва маълумотнома ба онро Комиссияи давлатии қабул таҳия карда, дар мўҳлати як рўз аз лаҳзаи имзо шудани санад барои тасдиқ ба мақоме, ки Комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, пешниҳод менамояд.

63. Санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода, бояд аз рўзи имзо шуданаш дар мўҳлатҳои зерин тасдиқ карда шавад:

а) барои иншооти истеҳсолӣ дар мўҳлати то 30 рўзи корӣ;

б) барои иншооти манзилию шаҳрвандӣ дар мўҳлати на зиёда аз 10 рўзи корӣ.

Агар дар мўҳлатҳои пешбининамудаи ҳамин банд санади қабул ё рад намудани қабули иншоот барои истифода тасдиқ карда нашавад, иншоот барои истифода қабулгардида ва санади қабули он тасдиқгардида ҳисобида мешавад.

64. Санади тасдиқгардидаи қабули иншоот барои истифода ҷиҳати истифодаи иншоот ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти тайёри сохтмонӣ асос мебошад.

65. Қабули иншоот барои истифода ба таври ройгон амалӣ карда мешавад.

XҲ. Масъулият барои вайрон кардани талаботи Тартиби мазкур

66. Нисбати амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор, инчунин дигар шахсон, ки ба ҷараёни гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ масъул мебошанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти болоии меъморӣ ва сохтмон, инчунин ба суд шикоят кардан мумкин аст.

67. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор, инчунин дигар шахсоне, ки ба ҷараёни гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ масъуланд, барои риоя накардани мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Тартиб, инчунин барои қабул намудани қарори беасос дар хусуси надодани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

68. Шахсони масъули хадамоти муҳандисию техникӣ барои беасос пешкаш накардани хизматҳое, ки онҳо мерасонанд, инчунин барои расонидани зарар ба шахсони воѕеҳ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо роҳи беасос баланд намудани арзиш (таруфа)-и хизматҳои расонидаатон, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

69. Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон намудани меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиб тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани онҳо мегардад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 майи соли 2009 № 282

Номгўи

санадҳои меъёрӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба

сохтмон ва меъморӣ, ки таҳия ва тасдиқ карда мешаванд

1. Нархнома барои расонидани хизмат оид ба гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

2. Нархнома барои расонидани хизмат оид ба таҳия намудани супоришҳои меъморӣ ва шартхои техникӣ;

3. Намунаҳои нав:

- ариза барои таҳияи супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои гирифтани супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

- супоришҳои меъморию нақшавӣ, шартҳои муҳандисию техникӣ ва хулосаҳо оид ба имконияти таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонњ), инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосии) иншоот;

Огоҳинома оид ба рад намудани хоҳиши аризадиҳанда дар хусуси ба вай додани Супоришҳои меъморию нақшавӣ ва шартҳои муҳандисию техникӣ;

- ариза барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон;

- тасдиқнома оид ба қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он барои мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиіавњ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон;

- хулоса оид ба мувофиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи меъёрӣ;

- иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонию васлгарӣ;

- ариза оид ба кабули иншооти сохташуда барои истифода;

- тасдиқнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои он оид ба қабули иншооти сохташуда барои истифода;

- санади қабули иншооти сохташуда барои истифода. 


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj