Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» аз 3.12.2010, №629

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ барои такмили идоракунин давлатӣ

(карори Хукумати ЧТ аз 1.08.2011 № 384)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳо фаъолияти гурўҳҳои кории таъсисшавандаро таъмин намуда, ҷиҳати дар мўҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва маводи таҳлилӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиҳи технологияҳои иттиллоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намоянд (карори Хукумати ЧТ аз 1.08.2011 № 384).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj