Соддагардонии равандҳои кушодан ва бастани соҳибкорӣ

Дар ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ 18 декабри соли 2008 «Нақшаи амалисозии чорабиниҳои аниқ тибқи беҳгардонии нишондиҳандаҳои байналмиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуд.

Мувофиқи Нақша 19 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба бақайдгириии давлатии шахсони юридикӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба имзо расонид ва ба Қонуни ҶТ «Оид ба муфлисшавӣ» тағйирот ва иловаҳо дохил карда шуд, ки хеле раванди бақайдгирии соҳибкорӣ ва гузариши муфлисшавиро беҳтар менамоянд.

Қабулкунии қонунҳои нав ва ворид намудани тағйирот ба қонунгузории амалкунанда натиҷаи ҳамкории Лоиҳа тибқи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, Намояндагии Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байнамилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд дигар буд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба соддагардонии расмиятҳои бақайдгирии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдагардонии шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар роҳи созмон додани шароитҳои мусоид дар рушди соҳибкорӣ равона шудааст. Қонуни нав ихтисори миқдори сохторҳои бақайдгирандаи ба раванди бақайдгирӣ ҷалбшударо аз 4 ба 1 тариқи бароҳмонии принсипи «равзанаи ягона», мӯҳлати бақайдгириро (аз 49 то 5рӯз) ва миқдори ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро (аз 10 то6) дар назар дорад. Қонуни нав инчунин талаботи ташаккули сармояи низомномавиро барои ширкатҳо пеш аз гузаштан аз бақайдгирӣ бартараф менамояд, ки ҳоло ҳангоми бақайдгирӣ ҳатмӣ намебошад ва метавонад дар тӯли 1 сол аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии шахси юридикӣ гузаронида шавад.

Тағйирот дар Қонуни ҶТ «Оид ба муфлисшавӣ» муддати гузариши расмияти муфлисшавиро аз 3 то 2 сол, арзиши расмияти муфлисшавиро аз 9 то 2 дар сади арзиши амвол ихтисор мекунанд ва коэффисенти баргардишии воситаҳои сармоягузоришударо аз 25,4 сент то 35 сент ба доллар мувофиқи методологияи ҳисоббарории Бонки Ҷаҳонӣ дар тадқиқоти «Бароҳмонии соҳибкорӣ» афзоиш медиҳанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 1 июли соли 2009 эътибор пайдо мекунад ва тағйирот ба қонунгузории амалкунанда оид ба муфлисшавӣ баъди нашри расмӣ аз 21 майи соли 2009 ба ҳукми эътибор даромаданд.

 

 


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj