Беҳгардонии идоракунии маъмурии андоз ва гумрук

Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши хусусӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коркарди лоиҳаи Кодекси андози нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад.

Аз тарафи Котиботи Шӯрои машваратӣ пешниҳодот барои ворид кардан ба лоиҳаи Кодекси андози нави Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда буданд, ки ба Комиссияи давлатӣ оид ба лоиҳаи Кодекси андози нав ва сохторҳои дахлдори дигар пешниҳод шуданд. Ҳамаи пешниҳодоти пешкашшуда ба соддакунии идоракунии андоз, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.

Новобаста аз ин, намояндагони Котибот дар муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андози нав, дар чараёни вохӯриҳо бо намояндагони бахши хусусӣ, ки аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, фаъолона ширкат меварзанд.



Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj