Такмилдиҳии реҷаҳои литсензияву иҷозатномадиҳӣ ва тафтишот

Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаи якуми худ 31 июли соли 2008 ташаббуси соҳибкориро оиди зарурати мукаммалсозии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд. Дар ҷаласаи дуюм 18 декабри соли 2008 лифофаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии механизми воридсозии ислоҳотро дар системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунӣ ба тартиборанда маъқул дониста шуд.

7 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонро «Оид ба воридсозии ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 марти соли 2009 таҳти № 633 ба имзо расонид.

Механизми воридсозии ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкориро батартиборанда ва қабули Қонуни навро «Оид ба системаи иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар дорад. 

Ҳукумати ҶТ мувофиқи Фармон бояд дар мӯҳлати нӯҳ моҳ аз нав баҳодиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ба тартиборандаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро таъмин кунад. 

Аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи батартиборандаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро ба қонунӣ будани онҳо (ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда бояд танҳо аз тарафи қонун муқаррар шавад, дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда нашр шавад), зарурат (ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда танҳо барои ҳамон намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунанд ва ба фазои атроф зарар мерасонанд, пешбинӣ мешавад) ва нагузоштани танзимгарии як намуди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби механизмҳои гуногуни назорати давлатӣ (литсензия ва сертификаткунонӣ ва ғ.), инчунин мусоидат ба рушди соҳибкориро (яъне ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда бояд мӯҳлати аз тарафи қонунгузорӣ муқарраршуда ва пардохт барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаро дошта бошад, пардохти арзиши ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда аз ҷониби субъекти соҳибкорӣ набояд аз хароҷоти ҳаққонӣ барои вай, ки бо ҳисоббарории мувофиқ тасдиқ шудааст, зиёд бошад) дар муддати нӯҳ моҳ дар назар дорад.

Бо мақсади амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба чорабиниҳо тибқи амалисозии Фармони Президенти ҶТ аз 7 марти соли 2009» таҳти № 633 «Оид ба ислоҳоти системаи иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 маи соли 2009 таҳти № 305 қарор қабул кард, ки мувофиқи он барои ташкилкунии раванди аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Ҳукумат қоидаҳои аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии батартиборандаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳайати комисияро тибқи ташкилкунии ин раванд тасдиқ намуд.

Дар ҳолати ба июли соли 2009 КДА бо дастгирии техникии Лоиҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ (BEE) КБМ саволномаҳо барои гузаронидани аз нав дида баромадан коркард шудаанд, ки ба вазоратҳо ва муассисаҳо фиристода шудаанд. КДА дар ояндаи наздик гузаронидани ҷаласаи якуми Комисcияро тибқи такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро танзимкунанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба нақша гирифтааст. Илова ба ислоҳоти гузаронидашаванда Шӯрои машваратӣ қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба чорабиниҳои такмилдиҳии расмиятҳои маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд» аз 18 марти соли 2009 таҳти №638, ки ихтисоркунии миқдорҳо ва мӯҳлатҳои расмиятҳои маъмурӣ ва инчунин арзиши ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи барои амалисозии фаъолияти сохтмонӣ талабшавандаро пешбинӣ мекунад, таҳти ташаббус қарор дод.

Мувофиқи Фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби гузаштани расмиятҳои маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд»-ро (Қарордоди ҲҶТ аз 6 маи соли 2009 таҳти № 282) коркард ва тасдиқ кард.Тартиботи тасдиқгардидаи ихтисоркунии миқдорҳо ва мӯҳлатҳои расмиятҳои маъмуриро, ки бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ алоқаманданд, пешбинӣ мекунад ва маҳз дар тартибот пайдарпаии аниқи гузаштани расмиятҳо, мӯҳлатҳои гузаштан аз онҳо, бо назардошти ихтисорот муайян шудаанд. Расмиятҳои пулакӣ қонунӣ карда шудаанд (ҳамагӣ ду расмият пулакӣ мебошанд). 

Бар замми ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон»-ро (Қарордоди Ҳукумати ҶТ аз 11 июни соли 2009 таҳти № 338) тасдиқ намуд.

Нақшаи коркард ва воридсозии тағйиротро дар 11 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, даровардани тағйирот дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба экспертизаи экологӣ», «Оид ба ҳифзи фазои атмосферӣ», дар Кодекси замин ва Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар як қатор Қарордодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтмон дар қисми ихтисоркунии мӯҳлатҳо ва арзиши расмиятҳои маъмурӣ дахл доранд, пешбинӣ мешавад. Ба ҷуз ин, мувофиқи Нақша коркард кардани Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ пешбинӣ мешавад. Бо мақсади амалисозии чорабиниҳои дар боло зикршуда дар назди КДА ҶТгурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода мешавад. 

Дар назди Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории дохилиидоравӣ барои ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиидоравӣ масъул таъсис дода шудааст.

 


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj