Такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорон, аз ҷумла ҳуқуқи соҳибмулкӣ

Дар ҷаласаи дуюми Шўрои машваратӣ 18 декабри соли 2008 «Нақшаи амалисозии чорабиниҳои аниқ тибқи беҳгардонии муайянкунандагони рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуд.

Мувофиқи Нақшаи 19 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ва иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ба имзо расонид, ки беҳгардии ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин мекунад.

Тағйироту иловаҳо дар Қонуни ҶТ «Оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ҳифзи сармоягузорони миноритариро дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ афзун мекунад. Саҳҳомони миноритарӣ дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ соҳиби ҳуқуқҳои васеъ тибқи аризаҳои шикоятӣ ба суд барои ҳифзи саҳҳомон ва худи ҷамъият мешаванд ва инчунин ба транспарентии бастани созишномаҳои манфиатдор, инчунин масъулияти директорҳо ҳангоми бастани созишномаҳои манфиатдор сахттар мегарданд. Ширкатҳо барои ифшои иттилоот оиди созишномаҳои мавҷуда дар назди саҳҳомони миноритарӣ ўҳдадор мешаванд.

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ – 200 рўзи ислоҳот»-ро тасдиқ кард. Мувофиқи ин барнома даровардани тағйиротҳои нав дар Қонуни ҶТ «Оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» дар қисми васеъкунии имконоти ҶС ҷалби сармояи хориҷӣ пешбинӣ мешавад.

 


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj