Раванди муайянкунии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ (филтратсия)

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи махсуси баррасии масъалаҳо барои ҷаласаҳои наздиктарини Шӯрои машваратиро (раванди филтратсияро) коркард кард, ки бо мақсади таъмини шаффофият ва босамарии раванди филтратсия гузаронида мешавад.

Дар зинаи аввал Котиботи Шӯрои машваратӣ муҳокимаҳои сараввалро бо намояндагони бахши хусусӣ мегузаронад, ки дар ҷараёни онҳо мушкилоти нисбатан муҳим муайян карда мешаванд ва ҳалли ин мушкилот ба рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ба ҷуз ин, дар ҷамъоварии иттиилоот вохӯриҳои зиёди якҷоя бо намояндагони сектори хусусӣ кӯмак мекунанд.

Котиботи Шӯрои машваратӣ ҳамаи пешниҳодоти аз тарафи намояндагони бахши хусусӣ пешниҳодшударо ба назар мегирад ваонҳоро дар шакли ягона ботақсимкунӣ ба шохаҳо, мӯҳлатҳои имконпазири иҷроиш ва ғ. ҷамъоварӣ мекунад.

Дар зинаи дуюм ба намояндагони бахши хусусӣ натиҷаҳои раванди якуми филтратсия пешниҳод карда мешавад. Дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокимаи ҳар як банд бо намояндагонии бахши хусусӣ масъалаҳои нисбатан бартаридошта муайян карда мешаванд, ки ба ақидаи онҳо, бояд дар ҷаласаҳои наздиктарини Шӯрои машваратӣ баррасӣ шаванд.

Зинаи ояндаи филтратсия пешниҳоди рӯйхати мувофиқашуда ба шарикони рушд барои дастгирии техникии ҳаддалимкони онҳо мебошад. Баъд пешниҳодоти пешкашшуда бо аъзои Шӯрои машваратӣ мувофиқа карда мешавад.


Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj