Ҷаласаи якуми Шӯрои Машваратӣ

31.07.2008

Рӯзномаи ҷаласа

1. Сухани муқаддимавии Раиси Шӯрои машваратӣ -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Оид ба мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ».

2. Масъалаҳои созмони амалнамоии Шӯрои машваратӣ (тасдиқ гардидани Дастурамали Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ; тасдиқнамоии таъйиноти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ; интихоб, тасдиқкунӣ ва тартиби ротатсияи аъзоёни муваққатии Шӯрои машваратӣ аз аcсотсиатсияҳои соҳибкорӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ).

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатииҶумҳурииТоҷикистон - Ҳамралиев Ф.М.

3. Муҳокимаи таҳлил «Оид ба вазъи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамралиев Ф.М.
ва Директори Бонки Аврупоии Та
ҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ - Масару Хонма.

4. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи якуми Шӯрои машваратӣ

Гузориш аз рафти ҷаласа

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳамралиев
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Ш. Зардов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон -(аз ташкилотҳои байналмиллии бисёрҷанба) Матё Ле Блан
Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон - (аз ташкилотҳои байналмиллии дутарафа) К. Брайн
Намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ Д. Робсон Президенти ширкати "Tethys Tajikistan Limited"
Намоянда аз сохторҳои соҳибкорииҶумҳурии Тоҷикистон М. Муҳаббатов Директори кулли ҶДММ "Рухом"
Намоянда аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Улҷабоева Раиси Идораи Ассотсиатсияи Миллии Соҳибкории Хурд ва Миёна
Шахсони даъватшуда:
Директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ М. Хонма
Муовини Роҳбари Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (USAID) С. Келли
Файл:
  Загрузить

Масъалаҳои баррасишуда:

1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ. Сухани муқаддимавии Раиси Шӯрои машваратӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.


2. Масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯрои машваратӣ (тасдиқ намудани Дастурамали Котибот, таъйинкунии Роҳбари Котибот, интихоб, тасдиқкунӣ ва тартиби ротатсияи аъзоёни муваққатии Шӯро) - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев.

3. Вазъи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ - М. Хонма ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фаррух  Ҳамралиев.

4. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ.

5. Баррасии лоиҳаи қарордодҳои ҷаласа ва тавсияҳои Шӯрои машваратӣ. Сухани хотимавии Раиси Шӯрои машваратӣ (Протокол).

1. Оид ба мақсадҳо ва вазифаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 

Бо ҳусни оғоз бахшидан ба ҷаласаи якуми Шӯрои машваратӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш мақсадҳо ва вазифаҳои Шӯрои машваратиро зикр намуд.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки фаъолияти Шӯро барои ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ равона карда мешавад ва созмон додани ҳамин Шӯро қадами муҳим ва амалӣ дар роҳи ташкили мусоҳибаи асосноки байни давлат ва соҳибкорӣ мебошад. Президент изҳори умед кард, ки шахсони дар масъалаи дастгирии соҳибкорӣ ҳавасманд – сохторҳои соҳибкории мамлакат ва сармоягузорони хориҷӣ аз фаъолияти Шӯрои машваратӣ натиҷаҳои мусбӣ хоҳанд гирифт.

Президент саҳми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмон ва таъминкунии мусоидати техникии сохтори кории Шӯрои машваратӣ - Котиботи Шӯро таъкид намуд.

Президент пешниҳод намуд, ки ташкили кори ҷаласаи Шӯро дар вазъияти расмӣ ва озодона ба роҳ монда шавад ва тавсияҳои хусусиятҳои меъёрӣ ва ташкилотӣ дошта барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат якҷоя тартиб дода шавад.

Аз ҷониби Сарвари давлат нақши масъули Котиботи Шӯро барои омодасозии ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва иттилоотонии иттиҳодияҳои соҳибкорӣ оид ба қарордодҳои қабулшудаи Шӯро ва инчунин гузаронидани мониторинги тариқи максималӣ босамар аз болои иҷроиши тавсияҳо ва қарорҳои Шӯро таъкид шуд.

Президенти мамлакат масъулиятро барои таъмини иштироки васеъи асотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар вохӯриҳои кории якҷоя ва инчунин барои ташкил ва гузаронидани конференсияҳои матбуотӣ бо мақсади фаҳмондадиҳии натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯро барои аудиторияи васеи соҳибкорон бо иштироки ҳамаи тарафҳои ҳавасманд, ба дӯши Котиби масъули Шӯро ва Роҳбари Котиботи Шӯро вогузор намуд.

Сарвари давлат бо намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба муҳокимаи якҷояи масъалаҳои нисбатан ташвишовари ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории онҳо изҳори омодагӣ намуд.

Дар хулосаи баромади худ Президенти мамлакат изҳори умедворӣ намуд, ки бо натиҷаҳои кори худ Шӯро ба қарордодҳои ҷиддиву аниқе меояд, ки ба қатъиян беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкории умумӣ дар мамлакат меоваранд.


2. Масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯрои машваратӣ (Ф. Ҳамралиев)

Дар давоми кори Шӯро Котиби масъули Шӯро ба аъзои Шӯро баррасии масъалаҳои зерини ташкилии амалкунии Шӯрои машваратиро пешниҳод намуд:

- тасдиқи сохтор ва масъалаҳои расмӣ-ташкилии Шӯро; - баррасӣ ва тасдиқи Дастурамали Котиботи Шӯро; - тасдиқи таъйинкунии Роҳбари Котиботи Шӯро; - масъалаҳои аъзои муваққатии Шӯро ва инчунин тасдиқкунии схема тариқи аъзои муваққатии Шӯро аз сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои донорӣ.

Аз ҷумла, нисбати сохтор ва масъалаҳои расмӣ-ташкилӣ Котиби масъули Шӯро дар муҳокимаи сохтор ва ҳайати Шӯро, регламенти кори Шӯро, забони кории гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро ва масъалаҳои ташкилӣ, бо дарбаргирии масъалаҳои омодасозии ҷаласаҳои Шӯро ва пайгирии натиҷаҳои фаъолияти вай таваққуф кард.

Бо дахл кардан ба масъалаи муҳокимаи регламенти кори Шӯро, Котиби масъули Шӯро қайд кард, ки Шӯро дар намуди ҷаласаҳое, ки ҳар семоҳа гузаронида мешаванд ва давомнокиашон на зиёда аз 1,5-2 соат мебошад, гузаронида мешавад. Ҷаласаҳои Шӯро ваколатдор ҳисобида мешаванд, агар дар онҳо 2/3 ҳиссаи ҳайати онҳо иштирок дошта бошанд, қарордодҳо бо бартарии овозҳо қабул карда мешаванд ва дар намуди протокол бо пешниҳодот ва тавсияҳои коркардшуда ба Президент, Ҳукумат ва сохторҳои давлатии дигар ба расмият дароварда мешаванд.

Ба сифати забони кории ҷаласаҳои Шӯро барои тасдиқ, бо назардошти пешниҳодоти аъзои Шӯро, сохторҳои соҳибкорӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва ташкилотҳои донории байналмиллӣ ва иштироки имконпазири шахсони пешрафта мартабаи институтҳои молиявии байналмиллии даъватшуда ва инчунин бо мақсади таъмини тарҷимаи босифат– забони русӣ пешниҳод шуд.

Нисбати масъалаҳои ташкилӣ Котиби Масъули Шӯро қайд гардид, ки фаъолияти Шӯрои машваратӣ ҳамеша аз ҷониби сохтори амалкунандаи Шӯро –Котиботи он, ки ҳамоҳангии ташкилӣ-методӣ ва техникии фаъолияти Шӯроро таъмин менамояд, дастгирӣ мешавад.

Пас аз ин Котиби Шӯро барои баррасии иштирокчиёни ҷаласа Дастурамали Котиботи Шӯрои машваратиро барои тасдиқи баъдина пешниҳод намуд.

Нисбати тасдиқи таъйин намудани Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Котиби масъули Шӯро иттиллооти тибқи интихоби сабқатии номзадҳо ба мавқеи Роҳбари Котиботи Шӯро мувофиқи расмияти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гузаронидашударо қироат кард ва дар натиҷаи он Ш. Зардов интихоб шуд. Мувофиқи расмият Роҳбари Котиботи Шӯро бояд бо қарори Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шавад.

Нисбати интихоб ва тасдиқи аъзои муваққатии Шӯрои машваратӣ аз сохторҳои соҳибкории ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, Котиби масъули Шӯро таъкид кард, ки номзадҳо ба аъзогии Шӯрои машваратӣ аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархостҳои пешниҳодшудаи ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд; номзадҳо барои аъзогии Шӯрои машваратӣ аз сармоягузорони хориҷӣ тибқи пешниҳодоти фардӣ аз ҷумлаи сармоягузорони хориҷии лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро дар секторҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амаликунанда пешбарӣ шудаанд; номзадҳо барои аъзогии Шӯрои машваратӣ аз ташкилотҳои донории байналмиллӣ тибқи мувофиқа байни ташкилотҳои донории дутарафа ва бисёрҷанбаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда пешбарӣ шудаанд.


Мувофиқи расмияти пешбинишуда, аз миқдори умумии номзадҳои пешбаришуда Котиби масъули Шӯро дохил кардани номзадҳои зеринро барои иштирок дар кори се ҷаласаҳои аввали Шӯро тавсия дод:

Аз сохторҳои соҳибкории ватанӣ:

Муҳаббатов Муфарраҳ - Директори кулли ҶДММ «Рухом» - барои иштирок дар ҷаласаҳои якум ва дуюми Шӯро.

Аз асотсиатсияҳои соҳибкории ватанӣ:

Матлуба Улҷабоева (Раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна) - барои иштирок дар се ҷаласаҳои аввали Шӯро;

Аз сармоягузорони хориҷӣ:

Дэвид Робсон (Президент, Раиси Раёсати Гурӯхи ширкатҳои « Tethys Petroleum») –дар ҷаласаҳои якум ва дуюми Шӯро;

Аурелия Ловиса Беем (Директори кулли «Diplomatix») барои иштирок дар ҷаласаи сеюми Шӯро.

Аз ташкилотҳои донории яктарафа ва дутарафа:

Матю Ле Блан - намояндаи доимии Дафтари Минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.

Кэролин Брайн - Директори Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон.

Котиби Масъул таъкид кард, ки мувофиқи Дастурамали Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Роҳбари Котибот инчунин аъзои Шӯро мебошад.

Тарҳи ротатсияи аъзоёни муваққатии Шӯрои машваратӣ

Бо мақсади демократикунонӣ, кушодӣ ва транспарентии раванди кори Шӯрои машваратӣ дар Дастурамали Шӯрои машваратӣ ротатсияи аъзои муваққатӣ пешбинӣ шудааст, ки тартиби он бояд аз тарафи Шӯро тасдиқ шавад. Вобаста ба ин аз тарафи Котиби масъули Шӯро тарҳи зерини ротатсияи аъзои муваққатии Шӯро садо дод:

1. Асотсиатсияҳои соҳибкорӣ 16 номзадҳоро пешниҳод карданд.
2. Бахши хусусӣ 16 номзадҳоро пешниҳод кард.
3. Сармоягузорони калони хориҷӣ номзадҳоро пешниҳод карданд.
4. Дар ҷаласаи якум як намоянда аз асотсиатсияҳои соҳибкорӣ, як намоянда аз бахши хусусӣ ва як намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ интихоб мешаванд, ки ба сифати аъзои Шӯро бо ҳуқуқи овоздиҳӣ тасдиқ мешаванд.
5. Як сармоягузори таҳҷоӣ ва як сармоягузори хориҷӣ баъди ду-се ҷаласа ротатсия мешаванд. Як намояндаи асотсиатсияҳои соҳибкорӣ баъди се ҷаласа ротатсия мешавад.
6. Намояндаи интихобшудаи ташкилотҳои донории байналмиллии бисёрҷанба баъди як сол ротатсия мешавад.
7. Намояндаи интихобшудаи ташкилотҳои донории дутарафа вобаста ба мавзӯъҳои дар ҷаласаҳои Шӯро муҳокимашаванда ротатсия мешавад.

Мувофиқи расмиёти интихобӣ номзадҳо ба аъзогии Шӯро бояд аз тарафи аъзои Шӯро аз сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои донории байналмиллӣ тасдиқ шаванд.

Дар ҷаласаҳои Шӯро номзадҳои дигар аз асотсиатсияҳои соҳибкорӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва ташкилотҳои донорӣ ба сифати назоратчиён беҳуқуқи овоздиҳӣ ширкат варзанд.

Баъди анҷоми суханронии хеш Котиби Шӯро тариқи овоздиҳӣ чунин пешниҳод намуд:

1. Сохтор ва масъалаҳои ташкилӣ-расмии фаъолияти Шӯро тасдиқ карда шавад;
2. Дастурамали Котиботи Шӯро тасдиқ карда шавад;
3. Таъйинкунии Роҳбари Котиботи Шӯро тасдиқ карда шавад;
4. Дар се ҷаласаҳои аввал намояндагони аз сохторҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ интихобшуда ба сифати аъзои Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шаванд;
5. Тарҳи пешниҳодшудаи ротатсияи аъзои муваққатии Шӯро тасдиқ карда шавад.

Котиб инчунин дар Протоколи ҷаласаи якуми Шӯро дарҷ кардани ҳамаи қарордодҳои аз ҷониби Шӯро қабулшударо пешниҳод кард.

3. Вазъи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷаноби Масару Хонма)

Дар қисми муқаддимавии суханронии хеш ҷаноби Хонма ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи якуми Шӯроро, ки фаъолияти он ба рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бевосита равона хоҳад шуд, табрик гуфт.

Ҷаноби Хонма зикр намууд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар созмон додани чунин Шӯроҳо дар Қирғизистон, Арманистон ва Муғулистон кӯмаки техникӣ расонид, ки таҷрибаи онҳо манфиатнокии амалкунии онҳоро бо мақсади барқарорсозии мусоҳиба байни Ҳукумат ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва гузаронидани ислоҳот барои рушди бахши хусусӣ нишон дод. Ҷаноби Хонма таъкид кард, ки барои расидан ба босамарии фаъолияти Шӯро ба аъзои вай додани имконияти дарк намудани он, ки Шӯро василае барои мубодилаи озоди афкор барои равшан намудани масъалаҳои рӯзмарра мусоид менамояд хеле муҳим ва зарур аст.

Аз номи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ҳамчун яке аз бузургтарин сармоягузорон дар бахши хусусии Тоҷикистон, нотиқ ташаббуси тозаи Ҳукуматро тибқи эълон доштани мораторий ба тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна, ки асоси мустаҳкам барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мегардад ва ба амалисозии он такконе барои фароҳам овардани ҷойҳои кории нав мегардад ва ҷозибии мамлакатро дар нақши беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ меафзоёнад, дастгирӣ намуд.

Ҷаноби Хонма изҳори умед кард, ки Шӯрои машваратӣ як форуми ба худ хосе мегардад, ки он ҷо метавонанд мушкилоти гуногуни беҳгардонӣ ва бароҳмонии фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити Тоҷикистон ҳал шаванд. Дар заминаи намунаҳо аз мамолики ҳамсоя, нотиқ ба иштирокчиёни ҷаласа баррасии чунин масъалаҳоро, мисли ихтисоркунии саддҳои маъмурӣ ва бюрократӣ, соддакунии расмиёти литсензиякунонӣ, мусоидат ба сайёҳӣ ва соддакунии расмиёти воридоти ё содиротӣ ва бахши хеле муҳим, аз ҷумла масъалаҳои беҳсозии муайянкунандаҳои мамлакат дар рейтинҳои байналмиллӣ барои афзудани воридшавии сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар анҷоми суханронӣ ҷаноби Хонма ҳозиринро барои серҳаракатӣ ва фаъол будан дар корҳои ташкилии маҷлисҳои Шӯро, дохил кардани масоили нав дар рӯзномаи ҷаласаҳои баъдина ва инчунин гузаронидани мониторинг и раванди иҷроиши қарорҳои қаблии Шӯро даъват кард. Аз ҷониби баромадкунанда инчунин истифодаи имконоти Котибот бо дастгирии бевоситаи донорҳо ва сохторҳои соҳибкорӣ барои гузаронидани машваратҳои пешакии имконпазир ва иттилоотонии иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва аҳли ҷомеаи ватанӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ пешниҳод шуд.

Аз суханронии Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Хонма хулосагирӣ карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон бо роҳи афзун намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба лоиҳаҳои тиҷоратӣ қайд намуд.

Сарвари давлат иштирокчиёни Шӯроро бо дастгирии бевоситаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва институтҳои молиявии байналмиллии дигар якҷоя бо Котиботи Шӯро, дар чорчӯбаи фаъолияти он, ба муттаҳидкунии кӯшишҳои донорҳо дар созмон ва коркарди муносибати ягона тибқи мусоидат кардан ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон даъват кард.

4. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ.

Ҳангоми муҳокимаи масъалаи тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки тибқи натиҷаҳои як қатор вохӯриҳо ва мизҳои мудаввари аз тарафи Котибот бо намояндагони иттиҳодияҳои соҳибкории мамлакат, ташкилотҳои донорӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ гузаронидашуда, аз ҷониби онҳо 35 пешниҳодот тибқи масъалаҳои мубрами танзимкунии давлатии бароҳмонии фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити Тоҷикистон барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ пешбарӣ шуданд.

Ин масъаларо барои муҳокима ба аъзои Шӯро вогузорӣ карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҷаласа интихоби як ё ду мавзӯъро аз чор мавзӯъҳои нисбатан бартаридоштаи интихобӣ барои дохил кардан ба рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯро пешниҳод кард.

- такмилдиҳии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- соддагардонии расмиёти ба қайдгирии давлатии шахсони юридикӣ бо роҳи ҷорӣ кардани системаи «Равзанаи ягона»;
- соддакунии амалиёти воридотӣ-содиротӣ;
- беҳсозӣ ва муносибгардонии танзимкунии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дар ҷараёни муҳокимаи ин масъала, аз тарафи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба ворид кунии масъалаи якуми дар рӯйхат пешниҳодшуда оид ба «Такмилдиҳии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯро пешбарӣ шуд. Ин пешниҳод аз тарафи аъзои Шӯро бо як овоз қабул шуд.

Дар рафти муҳокимаи рӯзномаи ҷаласаи дуюм аз ҷониби иштирокчиён суханронии М. Улҷабоева шунида шуд. Нотиқ дар маърӯзаи худ ба Президент барои эълони мораторий ба ҳамаи намудҳои тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна барои ду сол арзи сипос намуд. Баромадкунанда кайд кард, ки намояндагони асотсиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон боварӣ ва дастгирии ба соҳибкорони мамлакат кардашударо дарк намуда, новобаста аз ҷорӣ намудани мораторий соҳибкорон ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат иҷро мекунанд ва иҷрои бечунучарои талаботи меъёрҳои қонунгузориро таъмин хоҳанд кард.

Аз номи ҳамаи асотсиатсияҳои соҳибкорӣ М. Улҷабоева барои мусоидат намудан ба мусоҳибаи асоснок ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои идораи давлатӣ ва иттиҳодияи соҳибкорӣ изҳори омодагӣ намуд.

Ҳангоми пешбарӣ намудани пешниҳодот барои дохил кардан ба рӯзномаи ҷаласаи дуюм–тибқи масъалаи беҳдошти рейтинги байналмиллии сармоягузории мамлакат, нотиқ қайд кард, ки Тоҷикистон захираҳои зиёде барои ин дорад ва ба шарти иҷроиши нақшаи аниқи амалиёт ҳамагӣ барои 4-5 муайянкунанда, чуноне ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, кишвари мо метавонад рейтинги худро ба соли 2010 хеле афзоиш диҳад ва шароитҳоро барои соҳибкорӣ хеле беҳтар созад. Дар ин ҳангом нотиқ қайд кард, ки барои гузаронидани ислоҳоти беҳгардонии рейтинги Тоҷикистон равонашуда захираҳои молиявии зиёд талаб намешаванд ва аз тарафиҲукумат асосан ташаббусҳои қонунгузорӣ оид ба пастфарории саддҳои бюрократӣва иҷрои саривақтии онҳо лозим меояд.

Масъалаи бақайдгирии принсипи «Равзанаи ягона» ба миён гузошта, пешниҳод карда шуд, ки ба коркарди масъала то ҷаласаи дуюм ба хотири амалисозии он аз соли 2009 хотима дода шавад. Инчунин қайд карда шуд, ки иттиҳоди соҳибкории кишвар дар коркард ва амалисозии ин принсип омода аст фаъолона ширкат варзад.

Нисбати масъалаи душвор будани гирифтани ҳуҷҷатҳои литсензионӣ-иҷозатдиҳанда барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ қайд карда шуд, ки ҳоло соҳибкорон ҳангоми амалисозии фаъолияти ҳаррӯзаи худ маҷбуранд расмиёти мувофиқакунӣ, тасдиқкунӣ ва иҷозатдиҳиро, ба ҳисоби миёна, дар 10 сохторҳои гуногуни давлатӣ гузаранд. Оид ба ин мушкилот татбиқи ҳамон як принсипи «Равзанаи ягона» ва пешбарии ин масъала барои муҳокимаи васеъ дар ҷаласаҳои баъдинаи Шӯро пешниҳод шуд.

Суханронии М. Улҷабоеваро шунида Президенти мамлакат ва иштирокчиёни ҷаласа омодагии худро барои дастгирии пешниҳодоти пешкашшуда оид ба беҳтар намудани рейтингҳои байналмиллии Тоҷикистон баён намуданд.

Баъдан дар рафти ҷаласа суханронии намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ, ҷаноби Д. Робсонро шунида шуд. Нотиқ ба ҳозирин муроҷиат карда зикр намуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ яке аз мушкилотҳои асосӣ набудани иттилоот оид ба Тоҷикистон, имконоти сармоягузорӣ дар ҳудуди он ва шароитҳо барои ба роҳ мондани соҳибкорӣ мебошад.

Д. Робсон аз номи сармоягузорони хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки оид ба ташкил ва гузаронидани PR-маъракаҳои шиддатнок дар сатҳи байналмиллӣ барои беҳтар намудани имиҷи сармоягузорӣ дарТоҷикистон чораҳо дида шаванд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки барои рӯй надодани расидани иттилооти таҳрифшуда аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ – имконот тибқи созмон додани сарчашмаҳои расмӣ барои расонидани иттилоот ба сармоягузорони хориҷии беруна оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, оид ба имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва чорабиниҳои аниқи аз тарафи Ҳукумати кишвар оид ба беҳтар намудани танзимкунии давлатии равандҳои сармоягузорӣ амали шаванда ва масъалаҳои муҳими дигар баррасӣ шавад.

Аз номи соҳибкорони ватанӣ ба аъзои Шӯро Муҳаббатов М. бо пешниҳод оид ба дохилкунии масъалаи такмилдиҳии санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба додани литсензияҳо барои коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Дар хотимаи муҳокима тибқи масъалаи тасдиқкунии рӯзномаҳои дуюм ва баъдинаи ҷаласаҳои Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати мунтазам гузаронидани ҷаласаҳои Шӯроро таъкид кард. Инчунин пешниҳод шуд, ки ҳангоми тартибдиҳии рӯзномаҳои ҷаласаҳои баъдина он факт ба назар гирифта шавад, ки аз тарафи вазоратҳо ва ташкилотҳои байналмиллӣ аллакай корҳои муайян ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ иҷро карда шудаанд, ки онҳоро пухта карда ба рӯзномаи ҷаласа барои муҳокима дохил кардан зарур мебошад.

5. Қарордодҳои ҷаласаи якуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Тибқи натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шӯрои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қарор омад:

1. Дар се ҷаласаҳои баъдина намояндагони интихобии зерин аз сохторҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба сифати аъзои Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шаванд:

Аз сохторҳои соҳибкории кишвар:

Муҳаббатов Муфарраҳ - Директори кулли ҶДММ «Рухом» - барои иштирок дар ҷаласаҳои якум ва дуюми Шӯро.

Аз асотсиатсияҳои соҳибкории мамлакат:

Матлуба Улҷабоева (Раиси Раёсати Асотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёна) - барои иштирок дарсе ҷаласаҳои аввали Шӯро.

Аз сармоягузорони хориҷӣ:

Дэвид Робсон (Президент, РаисиРаёсати Гурӯҳи ширкатҳои «Tethys Petroleum») - барои иштирок дар ҷаласаҳои якум ва дуюми Шӯро.

Аурелия Ловиса Беем (Директори кулли «Diplomatix») - барои иштирок дарҷаласаи сеюми Шӯро.

Аз ташкилотҳои донории дутарафава бисёрҷанба:

Матю Ле Блан - намояндаи доимии Дафтари Минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.

Кэролин Брайн - Директори Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон.

2. Тарҳи пешниҳодшудаи ротатсияи аъзои муваққатии Шӯрои машваратӣ аз намояндагони сохторҳои соҳибкории ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тасдиқ карда шавад.

3. Дастурамали Котиботи Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шавад.

4. Шералӣ Зардов ба ҳайси Роҳбари КотиботиШӯрои машваратӣ тасдиқ карда шавад.

5. Масъалаи такмилдиҳии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мавзӯи рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шавад.

6. Супориш ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон:

- дар муддати як моҳ гурӯҳи кории байниидоравии ҳамеша амалкунанда бо иштироки бевоситаи иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва намояндагони донорҳои хориҷӣ барои амалисозии босамар ва саривақтии мораторий барои тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна созмон дода шавад;

- дар муддати шаш моҳ рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҳолати асоснок шудани қобили истифода набудани онҳо бояд фавран бекор карда шаванд, омода карда шуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад;
- дар муддати се моҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба соҳибмулкии соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ сафарбаршуда коркард карда шаванд ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо дар муддати 12 моҳи инвентаризатсия ва баҳодиҳии ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи барои ба роҳмонии соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ монеаэҷодкунандаро, бо пешниҳоди ҳисобот оид ба иҷроиш дар ҷаласаҳои Шӯро,гузаронад.

8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи амалисозии чораҳои аниқи беҳгардонии муайянкунандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмиллӣ, бо пешниҳоди баъдинаи ҳисобот оид ба иҷроиш дар ҷаласаи дуюми Шӯро, коркард кунад.

9. Ба Роҳбари Котибот супориш дода шавад, ки иттилооти таҳлилиро оид ба лоиҳаҳои аз тарафи институтҳои молиявии байналмиллӣ амалишаванда доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон омода созад ва барои баррасӣ ба ҷаласаи дуюми Шӯро пешниҳод намояд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ф. Ҳамралиев

Роҳбари Котиботи Шӯрои иашваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Ш. Зардов



Протоколи ҷаласа



Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj