Ҷаласаи сеюми Шӯрои Машваратӣ

18.06.2009

Рӯзномаи ҷаласа

1. Ҳисобот оид ба иҷроиши қарордодҳои ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 18 декабри соли 2008.


Роҳбари Котиботи Шӯрои машвараии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ш. Зардов.

2. Тасдиқкунии Лоиҳаи Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот»

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -
Ҳамралиев Ф.М.

3. Беҳгардонии фазои сармоягузорӣ дар мамлакат – тавсияҳо ва шарҳҳои аъзои Шӯро ва шахсони аз ташкилотҳои байналмиллӣ даъватшуда оид ба механизми амалисозии Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот»

4. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ.

Гузориш аз рафти ҷаласа

Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев -
Роҳбари Котиботи Шӯро Шералӣ Зардов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Сарвари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон - (аз ташкилотҳои байналмиллии бисёрҷанба) Матю Ле Блан
И.в. Директори Агентии ИМА оид баҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон - (аз ташкилотҳои байналмиллии дутарафа) Кевин Дин
Намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ Дэвид Робсон Президенти ширкати "Tethys Tajikistan Limited"
Намоянда аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Улҷабоева Раиси Раёсати Миллии Асотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёна
Намоянда аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков Раиси Асотсиатсияи БонкҳоиТоҷикистон
Намоянда аз сохторҳои соҳибкорииҶумҳурии Тоҷикистон Зайд Саидов Раиси Асотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон
Некрой Забиров Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон
Шахсони даъватшуда:
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов
Мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории ДИПҶТ Ҳамдам Тағоймуродов
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулом Бобозода
Мудири шӯъбаи юридикии ДИПҶТ Дӯстмурод Муродов
Вазири адлияи ҶТ Бахтиёр Худоёров
Раиси Кумитаи андоз дар назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов
Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ дар назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов
Сарвари намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оджиро
Сарвари намояндагии доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронки
Файл:
  Загрузить

Ҷаласаро Раиси Шӯро - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, шахсони махсус даъватшуда ва аъзои нави Шӯроро аз бахши ғайридавлатӣ муаррифӣ намуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои масъул (КДА ҶТ, Кумитаи андоз, Агентии сохтмон ва меъмориӣ) суханронӣ намуданд ва зикр карданд, ки ҳамаи қарордодҳои ҷаласаи пешина иҷро шудаанд, хусусан:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба чорабиниҳои такмилдиҳии расмиёти маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд» қабул карда шуд.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бақайдгириии давлатии шахсони юридикӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шуд, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муфлисшавӣ», «Оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тағйиротҳо дохил карда шуданд.

- нисбати амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба чорабиниҳои такмилдиҳии расмиёти маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд» Ҳукумат тартиби нави соддашуда «Тартиби гузаштани расмиёти маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ алоқаманд»-ро тасдиқ кард (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 майи соли 2009 таҳти №282) ва «Нақшаи такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сохтмон» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11 июни соли 2009 таҳти №338).

- нисбати амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумат комиссия оид ба такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ танзим мекунад, Дастурамали он ва қоидаҳои такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудаанд.

- нисбати амалисозии Қонуни қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бақайдгирии давлатии шахсони юридикӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби Кумитаи андоз корҳои муайяни омодасозӣ гузаронида шуд (барои коршиносони Кумита тренинг гузаронида шуд, аз ҳисоби воситаҳои ЕС ИА барои марказҳои бақайдгирии таҷҳизот харидорӣ шуд). Кумита инчунин нақша дорад, ки барои соҳибкорон як силсила семинарҳо гузаронад.
Нотиқон таъкид карданд, ки ба ҷараёни мусбии амалисозии қарорҳои Шӯро нигоҳ накарда, қарордодҳои Шӯро на ҳамеша аз тарафи муассисаҳои соҳавӣ ҳавасмандӣ ва дастгирӣ меёбанд.
Мувофиқи рӯзнома, масъалаи дуюм ва асосии ҷаласа тасдиқкунии лоиҳаи барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» буд.

Дар шумораҳои пешинаи Варақаи иттилоотӣ Котибот раванди коркарди лоиҳаи барнома, мақсадҳо ва вазифаҳои онро васеъ шарҳ додааст. Умуман, аз ҷониби ин барнома такмилдиҳӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ бо принсипи «Равзанаи ягона» ҳангоми ба қайдгирии соҳибкорӣ, гирифтани литсензияҳо, додани иҷозатномаҳо барои амалиёти тиҷорати беруна пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешниҳодшударо дастгирӣ карда чораҳои дар он дохил кардашударо саривақтӣ ва зарурӣ номид ва ба Ҳукумат супориш дод, ки то охири июн барнома барои баррасӣ ва иҷроиш қабул карда шавад.

Ба ақидаи аъзои Шӯро, батартибории расмиёти маъмурӣ ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, афзудани ҳаҷми сармоягузорӣ ва афзудани самаранокии ҳамаи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа ақидаҳои худро Директори БАТР дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ М. Хонма ва Президенти ширкати «Tethys Tajikistan Limited» Д. Робсон баён доштанд.
Нотиқон аз раванди беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти назорати шахсии худи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо вуҷуди ин, қайд карда шуд, ки ҳаҷми сармояҳои хориҷии ҷалбшаванда дарТоҷикистон нисбати мамлакатҳои дигар хеле кам мебошад.
Ҷаноби Хонма рақамҳоро тибқи 5 давлат, мисли Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба сифати мисол овард.
Барои муқоиса, агар дар соли 2008 баТоҷикистон 180 млн. доллари ИМА ҷалб шуда бошад, ба Арманистон 500 млн. доллари ИМА ҷалб шудааст.

Дар нутқи худ ҷаноби Хонма ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кард, ки оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Барои баланд бардоштани имиҷи байналмиллии Ҷумҳурӣ ва ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ, яке аз масъалаҳои асосӣ бартараф намудани ҳамаи монеаҳои маъмурии имконпазир, аз ҷумла коррупсия дар муассисаҳои давлатӣ мебошад.

«Сармоягузори хориҷӣ ба чунин шароитҳои ҳуқуқӣ ҳавасманд аст, ки ҳамаи соҳибкорон бе истисно ҳуқуқҳои баробар доранд, ки аз изҳори хоҳиши ин ё он шахси мансабдор вобаста намебошад» - зикр намуд ҷаноби Хонма.

Вай инчунин муҳимиятии созмон додани сиёсати сармоявиро дар заминаи ҳамкории сармоягузор ва давлат таъкид кард . Нотиқ диққати ҳозиринро ба зарурати қарордодҳои масъалаҳои бо хусусигардонӣ алоқаманд, махсусан корхонаҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумлаи – ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Тоҷиксемент» ва «Тоҷикгаз» ҷалб намуд. Ба ақидаи ҷаноби Хонма хусусигардонӣ ба афзудани ҳавасмандии сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад ва ба иқлими сармоягузорӣ дар мамлакат таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар ҷанбаи масъалаҳои дастгирӣ ва рушди фазои соҳибкорӣ М. Хонма ба аъзои Шӯро оид ба нақшаҳои БАТР дар афзунгардонии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои соҳибкорӣ ба 2-3 маротиба маълумот дод.

Д. Робсон дар суханронии хеш масъалаҳои дастрасии сармоягузорон ба кишварро, ки барои онҳо хатсайрҳои ҳавоии бевосита аз марказҳои иқтисодии ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад, бардошт. Вай нисбати низоми раводид, ки ба мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ серташвиш ва гарон мебошад, як андоза изҳори дилхунукӣ кард. Барои қиёс, барои раводиди тоҷикӣ шаҳрвандони хориҷӣ 145 фунт медиҳанд ва онро дар муддати 7-9 рӯз мегиранд, ҳамзамон дар Қазоқистон раводид 40 фунт арзиш дорад ва онро дар 2 рӯз соҳиб шудан мумкин аст.

М. Хонма Д.Робсонро дар ин масъала дастгирӣ карда ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кард, ки имконияти фароҳам овардани низоми раводидии соддакардашударо барои шаҳрвандони ИМА, Аврупо ва Ҷопон баррасӣ шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни мусоҳиба оид ба кушодани якчанд хатсайрҳои ҳавоии бевосита аз Душанбе ба Аврупо маълумот дод ва сармоягузоронро бовар кунонид, ки кор дар ин самт давом хоҳад ёфт. Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба вазоратҳои масъули (Вазорати рушди иқтисод ва КДА ҶТ) дар ҷаласа ширкатдошта супориш дод, ки пешниҳодот оид ба бартараф кардани монеаҳо ҳангоми ворид шудан ба мамлакат ва соддакунии низоми раводидӣ омода карда шавад.
Диққати аъзои Шӯроро ба чораҳои пешниҳодшуда нисбати барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» ҷалб намуда Д. Робсон ба азмҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи пайвастшавӣ ба конвенсияҳои Гаага ва Ню-Йорк дастгирии худро изҳор намуд. Ба гуфтаи Д. Робсон, пайвастшавӣ ба ин конвенсияҳо дар сармоягузорони хориҷӣ аксуламали мусбиро ба вуҷуд меорад ва иқдоми муҳим барои беҳтар намудани имиҷи байналмиллии ҷумҳурӣ мегардад.

Аз номи сармоягузорони хориҷӣ ҷаноби Робсон ба фаъолияти Шӯро баҳои мусбӣ дода зикр кард, ки фаъолии Шӯро ба сармоягузорони имконпазир азмҳои қатъии Ҳукуматро нисбати гузаронидани ислоҳоти бо намояндагони соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои донорӣ мувофиқашуда намоиш медиҳад.

Дар ҷавоб ба суханронии намояндаи сармоягузорони хориҷӣ Президенти мамлакат оид ба зарурати муттаҳидшавӣ барои амалисозии босифати ислоҳоти коркардшуда таъкид кард.
Аз ҷумла, Раиси Шӯро гуфт: «Имрӯз беамалисозии ислоҳоти аниқи маъмурӣ ва танзимкунӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, ташаккули фазои устувори сармоягузорӣ дар мамлакат номумкин мебошад. Дар ин ҷанба кӯшишҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як сохтор дар алоҳидагӣ бояд ба ихтисори расмиёти маъмурии нолозими ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ халал воридкунанда равона шаванд. Мақсади асосии давлат дар зинаи нави рушд муттаҳидсозии ҷомеа дар атрофи ислоҳоти гузаронидашавандаи ба рушди минбаъда ва беҳгардонии сифати ҳаёти аҳолии кишвар равонашуда мебошад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳот нақши муҳимро ба Шӯро, ки имконоти зиёди коркард ва пешбарии ислоҳоти бо ҳамаи тарафҳои ҳавасманд мувофиқашударо дар соҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дорад, мансуб донист.

Ҳангоми суханронии хеш Президенти кишвар диққати ҳозиринро ба рушди сусти тиҷорати кишоварзӣ дар мамлакат ҷалб кард ва қайд намуд, ки лоиҳаҳои байналмиллӣ ба ин сектори иқтисодиёт кам аҳамият медиҳанд.

Ба фаъолияти лоиҳаҳои байналмиллӣ дар соҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дахл намуда Президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар ҷаласаҳои баъдинаи Шӯро дар баробари ҳисоботҳои вазорату идораҳои масъул оид ба амалисозии қарорҳои Шӯро иттилооти лоиҳаҳои байналмиллӣ оид ба фаъолияти онҳо барои дастгирии ислоҳоти гузаронидашаванда шунида шавад. Ба сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки ташкилотҳои дахлдорро оид ба ин ташаббус хабардор кунанд.
Дар масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди баъзе аъзои Шӯроро оид ба афзоиши миқдори иштирокчиёни ҷаласаҳои Шӯро аз сохторҳои соҳибкорӣ дастгирӣ кард.

Ба ҷуз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои масъул супориш дод, ки ҳамкории фаъолонаро бо соҳибкорон ба роҳ монанд.

Дар охири ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ақидаи Президенти мамлакат, мубодилаи афкори муфид тибқи масъалаҳое, ки имрӯз соҳибкорон ва сармоягузоронро ба ташвиш овардаанд, доир гардид.

ҚАРОРДОДҲОИ ШӮРО:

Тибқи натиҷаҳои ҷаласа аъзои Шӯро:

1. Номзадҳои навро ба аъзогии Шӯро аз бахши ғайридавлатӣ – Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон – Н. Забиров, Раиси асотсиатсияи бонкҳо – И. Лаълбеков, Раиси асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон – З. Саидовро маъқул донистанд;

2. Ба амалисозии қарордодҳои ҷаласаи II-юми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман баҳои мусбат доданд;

3. Лоиҳаи Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ– 200 рӯзи ислоҳот»-ро маъқул донистанд;

Ба сохторҳои ҳукуматӣ оид ба устуворсозии амалисозӣ ва назорати иҷроиши ҳамаи қарорҳои аз ҷониби Шӯро қабулшуда бо назардошти гузаронидани вохӯриҳо ва муҳокимаҳои кории доимӣ бо вазорату идораҳои ҷалбшуда тавсия доданд;

5. Ба Ҳукумат идома додани ислоҳоти ба ихтисор кардани расмиёти маъмурии нолозим ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ халал эҷодкунанда равона шударо тавсия доданд;

6. Ба Ҳукумат соддакунии низоми додани раводидро тавсия доданд.

7. Қарор доданд, ки дар ҷаласаҳои баъдинаи Шӯро дар баробари ҳисоботи вазорату идораҳо иттилооти лоиҳаҳои байналмиллии дар соҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дастгирии техникӣ расонандаро шунаванд;

8. Ба ташкилотҳои донорӣ устувории амалисозии лоиҳаҳои сармоягузориро тавсия доданд;

9. Ба Котиби масъули Шӯро якҷоя бо Котиботи Шӯро супориш доданд:

- дар тартиби корӣ бо аъзои Шӯро рӯйхати масъалаҳои дар ҷаласаи ояндаи Шӯро гузошташаванда муҳокима карда шавад;

- бо вазорату идораҳои манфиатдор, лоиҳаҳои байналмиллӣ, сохторҳои соҳибкорӣ бо мақсади омодасозии маводҳо тибқи рӯйхати пешниҳодшуда, бо назардошти созмон додани гурӯҳи корӣ дар ҳолати зарурӣ, машваратҳо гузаронида шаванд.


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ф. Ҳамралиев


Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Ш. Зардов

Протоколи ҷаласа



Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj