Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои Машваратӣ

15.03.2011

Рӯзномаи ҷаласа

1. Баррасии ҷараёни иҷроиши қарорҳои пештар қабулшудаи Шӯрои машваратӣ.

Котиби масъули Шӯрои машваратӣ – Саидов Д.

2. Муаррифии лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012».

Раиси ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ҷаноби Раҷабов Ф.

3. Тасдиқкунии лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи  ҳаштуми Шӯрои машваратӣ.

Гузориш аз рафти ҷаласа

Раиси Шӯро:
  Э. Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ З. Ҳотамов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Н. Забиров
Директори Фонди ҷамъиятии «Интернет» Р. Қосимов
Раиси Асотсиатсияи миллии занони соҳибкор Г. Маҳкамова
Раиси ҶСП «Комбинати агросаноатии «Гулистон» С. Ҳакимов
Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ҷинфенг Тоҷикистон» ва КМ «Зарафшон» Тань Шань Фу
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Роҳбари Намояндагии Идораи Швейтсарии ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Рудолф Шох
Шахсони даъватшуда:
Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ Н. Бӯриев
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатов
Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Комилов
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Раҳматбоев
Сардори Идораи мубориза бо ҷиноятҳои гумрукии Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Эмомалӣ
Сардори Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Сангов
Сардори Шӯъбаи юридикии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Муродов
Сардори Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Носиров
Муовини Сардори Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоева
Коршиноси асосии Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳаёхоҷаев
Раиси Асотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон И. Лалбеков
Раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Ф. Раҷабов
Раиси Асотсиатсияи ташкилотҳои микромолиявии Тоҷикистон Ф. Акбаров
Раиси Асотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд А. Ҳусейнов
Раиси Асотсиатсияи интернет – провайдерҳо П. Ибодова
Раиси Асотсиатсияи сармоягузорони тоҷику турк Мустафо Беяз
Раиси Асотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Турсунзода Х. Мақбулов
Муовини Директори Марказидастгирӣ ва рушди соҳибкории ш. Душанбе М. Қодиров
Директори ҶСП «Ёқут - 2000» А. Қодиров
Директори ҶСП «Абӯсино» М. Тӯраева
Директори ҶСП «Хуҷандсоз» Р. Абдунабиев
Директори ҶСП «Хатлонсохтмон» Н. Рабиев
Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма
Мушовири калони Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷоомарт Оторбаев
Роҳбари Намояндагии Иттифоқи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауер
Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷефри Леҳрер
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Миллер
Сариқтисодчии идораи рушди бахши хусусӣ ва молияи Бонки Умумиҷаҳонӣ Андреа Даллолио
Роҳбари Намояндагии Агентии Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер
Муовини Директори Лоиҳаи дастгирии соҳибкории хурд ва миёнаи Агентии Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллӣ З. Қосимова
и.в. Роҳбари Намояндагии Бонкиумумиҷаҳонӣ З. Караев
Муовини Роҳбари Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Захира Вирани
Файл:
  Загрузить

Дар суханрони муқаддимавии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нави Шӯрои машваратӣ: аз намояндагони соҳибкорони ватанӣ- Раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон – ҷаноби Раҷабов Ф., аз сармоягузорони хориҷӣ – Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ҷинфенг Тоҷикистон» ва КМ «Зарафшон» - ҷаноби Тан Шан Фу, аз ташкилотҳои байналмиллии дутарафа – Роҳбари Намояндагии Идораи Швейтсарии ҳамкорӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Рудолф Шох пешниҳод кард. Ваколати аъзои амалкунандаи Шӯрои машваратӣ аз ташкилотҳои байналмиллии бисёрҷанба – Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Улф Ҳиндстром боз ба як мӯҳлат дароз карда шуд.


Тибқи масъалаи якуми Рӯзномаи ҷаласа оид ба ҷараёни иҷроиши қарорҳои қабулшудаи Шӯрои машваратӣ ҳисоботи Котиби масъули Шӯрои машваратӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Саидов Д шунида шуд.


Дар маърӯзаи худ Саидов Д.Ш. қайд кард, ки дар соли 2010 ҷаласаҳои 5-ум ва 6-уми Шӯрои машваратӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади иҷроиши қарорҳои ҷаласаҳои пешина аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоыикистон якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ ва дигар тарафҳои ҷалбшуда лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқкунии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои рейтинги байналмиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба тасдиқкунии Барномаи мақсадноки давлатӣ ҷиҳати қавӣ гардонии имконоти содиротии бахши коркарди мева ва сабзавот дар солҳои 2010-2012.», «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ» омода шуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд ва бо муваффақият амалӣ мешаванд.


Ҷаноби Саидов Д. зикр намуд, ки ба шарофати ислоҳоти гузаронидашуда фазои сармоягузорӣ дар мамлакат тариқи назаррас беҳ гардонида шуд, ки дар рейтинги байналмиллии Тоҷикистон мувофиқи ҳисоботи ҳарсолаи Бонки умумиҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» инъикос шуд ва ба Тоҷикистон имкон дод, ки ду сол паиҳам дар қатори 10 мамлакатҳои ислоҳотпазир ҷой гирад.


Ба ҷуз ин, ҷаноби Саидов Д. иттилоотро оид ба машваратҳои байниҷаласавии аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Оқилов О. барои мувофиқакунӣ ва мониторинги иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузаронидашуда пешниҳод кард. Аз ҷумла, 9 феврали соли 2011 ҷаласаи навбатӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ба раванди иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ ҷалб шуда гузаронида шуд, ки дар он ҷараёни иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмиллӣ баррасӣ шуд.


Бо мақсади гузаронидани ислоҳоти минбаъда дар ин самт аз тарафи ҷаноби Саидов Д. лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қавигардонии раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ин Нақша иқдомҳои баъдинаро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши амалисозии пурраи бақайдгирии корхонаҳо аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона», чораҳо оид ба беҳтар намудани дастрасӣ ба кредитҳо ва раванди гаравмонии амволи манқул, соддакунии гирифтани иҷозатномаҳо ба сохтмон, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва ғ. бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ва умуман мувофиқакунии қонунгузории мавҷуда пешбинӣ мекунад.


Оид ба мавзӯи дастгирии ин ташаббус ва зарурати қабули Нақшаи дар боло зикршуда Роҳбари Намояндагии Идораи Швейтсарии ҳамкорӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Рудолф Шох, Раиси Асотсиатсияи миллии занони соҳибкор – хонума Маҳкамова Г., ва Сариқтисодчии идораи рушди бахши хусусӣ ва молияи Бонки Умумиҷаҳонӣ – ҷаноби Андреа Даллолио суханронӣ намуданд. Онҳо дар маърӯзаҳои худ оид ба зарурати давомдиҳии ислоҳоти пештар оғозшуда барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва умуман рушди соҳибкорӣ қайд намуданд ва инчунин дар муносибати байниҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмиллӣ ва сохторҳои давлатӣ ҷиҳати амалисозии ин Нақша омодагии худро изҳор карданд.

Оид ба масъалаи дуюми Рӯзномаи ҷаласа бо муаррифии лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012» Раиси асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ҷаноби Раҷабов Ф. Суханронӣ намуд.


Дар маърӯзаи худ ҷаноби Раҷабов Ф. Изшор дошт, ки мувофиқи қарордодҳои протоколии ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби дигар вазорату идораҳои манфиатдор, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Тибқи натиҷаҳои кори вай лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012» коркард шуд, ки ислоҳоти аҳамиятнокро дар соҳаи фаъолияти сохтмонӣ пешбинӣ мекунад.


Директори ҶДММ «Хатлонсохтмон» - ҷаноби Рабиев Н. аз номи соҳибкорони дар соҳаи фаъолияти сохтмонӣ банд буда суханронӣ намуда дастгирии пурраро ба зарурати қабули ин Барнома изҳор кард. Вай қайд кард, ки ин Барнома чораҳои амалиро тибқи бартарафсозии монеаҳои маъмурии ба рушди ин соҳа халал расонанда пешбинӣ мекунад ва ба беҳтар намудани амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.


Баъдан бо маърӯза Роҳбари Намояндагии Агентии Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Штефан Эрбер суханронӣ намуд. Дар маърӯзаи хеш ӯ дар бораи ҳамкории судманди ҳарду кишвар барои рушди иқтисод ва гул-гулшукуфии - Тоҷикистон ва Олмон сухан намуд. Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи Ҳукумати Олмон умуман барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 120 миллион евро ҷудо шудааст. Ба ҷуз ин, дар ҷараёни гуфтушуниди Ҳукуматҳои ду мамлакат дар соли 2010 созишнома оид ба ҷудокунии 44 миллион еврои иловагӣ бо мақсади амалисозии барномаҳои дутарафа ба тасвиб расид.


Ҷаноби Штефан Эрбер аз ҳамкории Агентии Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмиллӣ дар Тоҷикистон бо Шӯрои машваратӣ, Котиботи он қаноатмандии умумиро баён карда барои ҳамкории баъдина ва инчунин дастгирии техникӣ дар доираи кори Шӯрои машваратӣ ва аз ҷумла дар гузаронидани мониторинги иҷроиши қарорҳои он изҳори омодагӣ намуд.


Баъд сухан ба намояндагони бахши хусусӣ дода шуд, то ки онҳо оид ба мушкилоти доғи рӯз барои соҳибкорон аз назари эшон ва роҳҳои ҳалкунии онҳо маълумот диҳанд.


Якум Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ҷинфенг Тоҷикистон» ва КМ «Зарафшон» - ҷаноби Тан Шан Фу сухан намуд. Дар маърӯзаи худ ӯ ба зарурати коркард ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маъданҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳо»ва инчунин Барномаи рушди ин соҳа ишора намуд. Ҷаноби Тан Шан Фу махсусан таъкид кард, ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ин соҳа бо роҳи воридкунии раванди нави кори маъмурӣ ва соддакунии дастрасӣ ба канданиҳои фоиданок ва захираҳои зеризаминӣ мусоидат хоҳад кард.


Пас аз ӯ Директори Фонди ҷамъиятии «Интернет» - ҷаноби Қосимов Р. суханронӣ кард. Вай зимни суханронии худ оид ба корҳои ба анҷомрасида ва натиҷаҳои ба дастомада тибқи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқкунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ («Ҳукумати электронӣ»), ки мувофиқи қарордодҳои протоколии ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ қабул шуда буд, маълумот дод. Аз ҷумла, Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки аллакай ҷаласаи якумашро гузаронд. Дар феврали соли 2011 конференсияи байналмиллӣ дар мавзӯи: «Ҳукумати электронӣ – механизми босамар ва иноватсионӣ дар муносиботи байни давлат ва шаҳрванд» гузаронида шуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи ин соҳа, гузаронидани ислоҳот барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷорикунии технологияҳои хориҷӣ, пурзӯркунии бахши истеҳсолот, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ-иқтисодии иқтисодиёт дар яке аз ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ баррасии масъалаи коркарди лоиҳаи Стратегияи рушди маркази технологияҳои пешрафта (технопарк) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.


Ҷонишини Директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории ш. Душанбе ҷаноби Қодиров М. дар маърӯзаи худ ба якчанд мушкилоти мубрами ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат халал расонанда ишора намуд. Вай қайд кард, ки дар соли 2010 як қатор тағйирот дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки тариқи манфӣ дар фаъолияти соҳибкорони ватанӣ инъикос гардид. Илова бар ин, тағйирот бе муҳокимаи пешакӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ва бегузаронидани таҳлили иқтисодии босамарии қабулкунии чунин тағйиротро асосноккунанда қабул карда шуданд. Ба ҷуз ин, ҷаноби Қодиров фикрашро дар бораи боз як монеаи тариқи кофӣ мушкили раванди кори маъмурии андозбандӣ баён кард, ки инчунин мушкилоти муайянро барои соҳибкорон пеш меоварад. Ҷаноби Қодиров М. мушкилоти мавҷуд набудани механизми амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба тафтиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуд. Ба гуфтаи ӯ, ба он нигоҳ накарда, ки ин қонун дар соли 2006 қабул карда шуда буд, то ҳол ягон механизми амалисозии он мавҷуд нест ва танҳо бо муайян намудан ва амаликунии ин механизм метавон ба содир нашудани тафтишҳои беасоси сершумор аз тарафи сохторҳои тафтишӣ, барои пешгирии рушди коррупсия ва соҳибкории манфӣ ноил шуд, ки ин ба болоравии некӯаҳволии халқ ва ғанигардонии Буҷети давлат мусоидат хоҳад кард.


Баъдан бо нутқи дастгирии истеҳсолкунандаи таҳҷоӣ директори ҶДММ «Ёкут 2000» - ҷаноби Қодиров А . сухан кард. Дар суханронии худ ҷаноби Қодиров А. зарурати дастгирии истеҳсолкунандаи таҳҷоиро аз тарафи давлат қайд намуд, чунки маҳз ҳамин дастгирӣ метавонад ба зиёдшавии ҷойҳои корӣ, афзудани некӯаҳволии мардум, таъминкунии нархҳои дастрас ва чун натиҷа, ғанӣ гардидани Буҷети давлат мусоидат кунад. Ба ҷуз ин, ӯ қайд намуд, ки таъминкунии дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои дарозмуддат зарур аст, чунки имрӯз на ҳамаи соҳибкорон имконияти воридкунии таҷҳизоти истеҳсолии заруриро ба кишвар доранд. Ҳамин тариқ, ҳалли масъалаи додани қарзҳои дарозмуддат бо шартҳои имтиёзнок ба рушди сектори истеҳсолӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард ва истеҳсолкунандаи ватаниро ҳавсманд мекунад. Масъалаи дигари аз тарафи ҷаноби Қодиров А. бардошташуда ба мушкилоти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба арзиши иловашудаи аз таҷҳизоти ба кишвар воридшаванда ситонидашаванда дахл дошт, ки барои рушди лизинг монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Тибқи гуфтаи ӯ, имрӯз ба соҳибкорон ворид кардани маводи хӯрокаву молҳо нисбати воридкунии таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо муфидтар аст. Ин инчунин рушди истеҳсолоти таҳҷоиро боз медорад ва монеа барои истеҳсолкунандаи ватанӣмебошад.


Баъд сухан ба Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмиллии Молиявӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Кристофер Миллер дода шуд. Дар маърӯзаи худ вай аз натиҷаҳои кори якҷоя бо Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он, инчунин бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Ҷаноби Миллер К. зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳамкории сетарафа 110 намояндагони бахши хусусӣ мавриди пурсиш қарор дода шуданд, ки барои дохил кардан ба Нақшаи кори Шӯрои машваратӣ зиёда аз 60 пешниҳодот ва тавсияҳо доданд. Дар натиҷа, аз ҳамаи пешниҳодоти ба дастомада 21 пешниҳодот барои баррасии намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ барои муайянкунии он, ки дар амалисозии кадоме аз онҳо метавонанд дастгирии техникӣ намоянд, пешкаш шуданд. Ҷаноби Кристофер Миллер арз дошт, ки Намояндагии Корпоратсияи Байналмиллии Молиявӣ дар Тоҷикистон омода аст ҳаматарафа бо Шӯрои машваратӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонва инчунин бо бахши хусусӣ ҷиҳати мустаҳкамкунии давлату фаъолияти соҳибкорӣ ҳамкорӣ намояд.


Пас аз вай риштаи сухан ба Директори Минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ – ҷаноби Масару Хонма, ки маҳз барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ба мамлакат омад, дода шуд. Дар маърӯзаи ӯ натиҷаҳои мусбати дар давоми фаъолияти Шӯрои машваратӣ бадастомада махсусан қайд карда шуданд ва ба муваффақиятҳои баъдина изҳори умед карда шуд. Вай ба якчанд масъалаҳое, ки ҳалли онҳо метавонанд таъсири назаррасе умуман ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат дошта бошанд, аҳамият дод. Ин аввалан, мусоидат ба сохтани истеҳсолоти ватании маводҳои сохтмонӣ мебошад. Ба ақидаи ҷаноби Хонма М., зиёда аз 55 дарсади маводи сохтмонии кишвар аз берун ворид карда мешаванд, дар ҳолате, ки имконияти ба роҳ мондани истеҳсолот дар худи Тоҷикистон мавҷуд аст. Эҳтимол меравад, ки ин хароҷоти зиёдро талаб мекунад, вале бо мурури вақт ин хароҷот якчанд маротиба худро мепӯшонад ва босамарии худро собит месозад. Барои ин мақсад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомдиҳии гузаронидани ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, барои ҷалби сармоягузорони таҷрибадори дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ машғулбуда зарур мебошад. Дуюм соддагардонии дастрасӣ ба сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон мебошад. Барои ин мақсад дидани чораҳои аниқ, аз ҷумла қабули ҳарчи зудтари Кодекси Замини нав ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гарав» зарур мебошад. Инчунин ҷаноби М. Хонма аз нав дида баромадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба хариди давлатии молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо» аз назари таҷрибаи байналмиллӣ ва суръатбахшӣ ба раванди хусусигардонии объектҳои сохтмониро пешниҳод кард. Дар анҷоми суханронии худ ӯ омодагии ташкилотҳои байналмиллиро барои расонидани кӯмаки техникии зарурӣ дар амалисозии ислоҳоти дар боло зикршуда қайд намуд.


Тибқи масъалаи сеюми Рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Шӯрои машваратӣ – ҷаноби Саидов Д. шунида шуд.


Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби ҷаноби Саидов Д. лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои машваратӣ, ки дар он масъалаи омодасозии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ» баррасӣ мешавад, пешниҳод шуд. Ин лоиҳаи қонун танзими ҳамкории байни бахшҳои давлатӣ ва хусусиро дар ҷанбаи муносибатҳои ба нақши сармоягузорӣ равонашудаи ҳар як тараф, дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ муайян мекунад.


Тибқи натиҷаҳои суханронии ҷаноби Саидов Д. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷаласаи ояндаи ҳаштуми Шӯрои машваратӣ таъсис додани гурӯҳи кориро барои гузаронидани таҳлили афзалиятнокии коркарди ин лоиҳаи қонун ва дар ҳолати зарурӣ коркарди онро то охири соли 2011 супориш дод.

Тибқи натиҷаҳои ҳамаи суханрониҳо аз ҷониби Президенти кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор, ки дар қарори протоколии ҷаласаи 7-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос шуда буданд, супоришҳои аниқ дода шуданд.


Дар хотимаи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори Шӯрои машваратӣ, бо назардошти ҷалб шудани доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ изҳори қаноатмандӣ карда барои иштирок ба ҳозирин миннатдорӣ баён кард ва ба ҳамкории судманди баъдина изҳори умедворӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо иди дар пеш истода «Иди Наврӯз», ки аз ҷониби Ассамблеяи кулли СММ ҳамчун Иди Байналхалқӣ расман эътироф шудааст, табрик гуфт.


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Д. Саидов

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - З. Ҳотамов


Протоколи ҷаласа



Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj