Ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои Машваратӣ

10.04.2012

Рӯзномаи ҷаласа:

1. Муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ.

2. Ҳисоботи Раиси Комисияи давлатии коркарди лоиҳаи Кодекси Андози нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон.

4. Муҳокимаи лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ.

Гузориш аз рафти ҷаласа

Файл:
  Загрузить
10 апрели соли 2012 таҳти Раисии Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Пеш аз оғози ҷаласа Президент ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазоииъ сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷаноби Завқиҷон Завқиев ва аъзои нави Шӯро аз намояндагони ватанӣ, соҳибкорон: Директори кулли ҶСК «Помир-Энерҷӣ» - ҷаноби Далер Ҷумъаев, Раиси Иттифоқи асотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд – хонума Масъуда Тӯраева, Раиси Асотсиатсияи ташкилотҳои микромолиявии Тоҷикистон ҷаноби Фарход Акбаров ва инчунин аз сармоягузорони хориҷӣ - Директори кулли «НОБ-и Сангтӯда-1» - ҷаноби Геннадий Ругинро пешниҳод кард.

Дар ҷаласа ҳисоботи Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги раванди иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки дар асоси қарорҳои ҷаласаҳои 7-ум ва 8-уми Шӯрои машваратӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти №585 «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонба тасвиб расидаанд, коркард шуданд.

Бо мақсади коркарди лоиҳаҳои ҚонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон «Оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Оид ба истифодаи маъданҳои зеризаминӣ», лоиҳаи «Барнома оид ба беҳтар намудани ҷаззобияти сармоявӣ дар соҳаи маъданҳои зеризаминӣ»дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони давлатӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шуд.

Яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҷаласаи имрӯза муҳокимаи раванди коркарди лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав буд. Бо ин мақсад ҳисоботи Раиси Комиссияи давлатии коркарди Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сафаралӣ Наҷуддинов шунида шуд.

Инчунин, дар ин мавзӯъ намояндагони бахши хусусӣ: Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – ҷаноби Некрой Забиров ва Директори кулли ҶДММ “Ёқут-2000” ҷаноби Абдуҳалим Қодиров суханронӣ намуданд.

Аз диди онҳо, дар лоиҳаи Кодекси нави андоз мушкилоти аҳамиятдор нисбати заҳмати андозӣ ва корҳои маъмурии он барои субъектҳои хоҷагидор бартараф карда нашудаанд.

Аз ҳамин сабаб намояндагони бахши хусусӣ дар Кодекси нави андоз ба назар гирифтани чораҳои бартарафсозии мушкилоти барои андозсупорандагон мавҷуд буда, соддакунии расмиёт, беҳтар намудани корҳои маъмурӣ, ихтисоркунии миқдори меъёрҳои ҳаволакунӣ ба моддаҳои дигари кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, камкунии миқдор ва меъёри андозро пешниҳод карданд.

Тибқи ин масъала, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки даромадҳо ба буҷҷети давлатӣ набояд аз ҳисоби афзоиши андозҳо, балки аз ҳисоби афзоиши миқдори андозсупорандагон, яъне соҳибкорон, васеъшавии базаи андозбандӣ, ҳавасмандкунии ташаббусҳои соҳибкорӣ, таъминкунии иҷроиши ӯҳдадориҳои андозӣ дар сатҳи баланд ва ихтисори иқтисодиёти манфӣ бояд зиёд шаванд. Мувофиқан, ихтисори чорабиниҳои камдаромад аз ҳисоби буҷети давлатӣ мувофиқи матлаб ҳисобида мешавад. Умуман, тартиби андозбандӣ бояд чунон бошад, ки аз як тараф давлат ва ҷомеаро бо захираҳои молиявӣ таъмин намояд ва аз тарафи дигар рушди соҳибкориро ҳавасманд кунад.

Бо ҳамин сабаб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси нави Андоз бори дигар омӯхта шавад ва бо назардошти ақидаҳои соҳибкорон, сармоягузорон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва субъектҳои андозбандии дигар коркард шавад.

Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дастур дод, ки дар муддати се моҳ таҳлили таъсири манфӣ ва мусбати лоиҳаи Кодекси Андози нав ба буҷҷети давлатӣ, фаъолии иқтисодии бахши хусусӣ ва муназзамии иҷтимоии аҳолии кишвар дар муқоиса бо Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи экспертҳои мустақил, аз ҷумла бо ҷалби экспертҳои хориҷӣ омода карда шавад.

Қайд кардан зарур аст, ки муколамаи давлат ва бахши хусусӣ  инчунин дар сатҳи минтақавӣ рушд меёбад, аз ҷумла Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси вилоятҳои Хатлон, Суғд ва инчунин дар назди Раиси ВМКБ таъсис дода шудаанд.

Бо ин мақсад дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро маърӯзаи Раиси вилояти Хатлон ҷаноби Ғайбулло Афзалов оид ба Дастурамали мавҷудбудаи сармоягузорӣ хосса дар соҳаи соҳибкорӣ шунида шуд.

“Ҳоло дар соҳа, сол аз сол шароити фаъолияти соҳибкорӣ беҳтар мегардад. Танҳо дар соли 2011 дар ҳамаи вилоят 42 корхонаҳои саноатии нав ташкил дода шуданд. Вале дар баробари ин қисми зиёди имконоти иқтисодӣ аз тарафи соҳибкорони таҳҷоӣ ва сармоягузорони хориҷӣ истифоданашуда боқӣ мемонад. Ҳалли мушкилоте, ки имрӯз ба рушди иқтисодӣ дар соҳа монеа эҷод мекунад, бояд вазифаи якуминдараҷаи Шӯрои машваратӣ дар назди Раиси вилоят бошад» – зикр намуд Президент ҷумҳурӣ.

Дар хотимаи ҷаласа сухани хотимавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд, ки дар давоми он ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои гуногун дода шуданд.

Аз ҷумла, аз тарафи Президенти кишвар супориш дода шуд, ки то ҷаласаи ояндаи Шӯро лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ», пешниҳодот тибқи соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, таҳлил оид ба бартарафсозии монеаҳои иловагӣ барои соҳибкорони дар асоси литсензияҳо амалкунанда омода карда шаванд ва инчунин дигар масъалаҳои мубрам оид ба рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ шаванд.

Протоколи ҷаласа



Возврат к списку

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj