Мақоми Шӯрои машваратӣ

Аз ҷониби

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

тасдиқ карда шудааст

РЕГЛАМЕНТИ

кории Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (минбаъд Шӯрои машваратӣ) мақомоти машваратию маслиҳатӣ буда, дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилаи созанда бо мақомотҳои давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, таҳия намудани пешниҳодоти мувофиқашударо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таъмин менамояд.

2. Шӯрои машваратӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори рушди миллӣ, ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши соҳибкорӣ, ки барои суръат бахшидани рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ зарур аст, мусоидат менамояд.

3. Шӯрои машваратӣ бо дигар мақомотҳои ҷамъиятӣ-машваратӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

4. Шӯрои машваратӣ фаъолияти худро дар асоси Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, инчунин Низомномаи Шӯрои машваратӣ ва Регламенти кории мазкур, амалӣ менамояд.

II. Тартиби ташкили ҳайати Шӯрои машваратӣ

5. Шӯрои машваратӣ дар ҳайати Раиси Шӯрои машваратӣ ва аъзоёни он таъсис дода мешавад. Раиси Шӯрои машваратӣ аз рӯи вазифа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аъзоёни доимии Шӯрои машваратӣ аз рӯи вазифа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби масъули Шӯрои машваратӣ) ба ҳисоб мераванд. Ба ҳайати Шӯрои машваратӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорон, иттиҳодияҳои онҳо ва роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ шомил мебошанд.

6. Ҳайати аъзоёни тағйирпазири Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ муайян гардида, бо қарори ба таври протокол ба расмият даровардашуда, тасдиқ карда мешавад. Таклифҳо оид ба шумораи ҳайат аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда мешавад. Раиси Шӯрои машваратӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки мӯҳлати иштироки аъзои Шӯроро дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ тамдид намояд.

7. Намояндагии соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо дар Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби ташкилотҳои дахлдор тавассути мувофиқати дохилии байни онҳо, мунтазам пас аз ҳар чор ҷаласа вобаста аз масъалаҳои ба ҷаласаи Шӯро пешниҳодшаванда, иваз шудани онҳо сурат мегирад.

8. Намояндагии сармоягузорони хориҷӣ дар Шӯрои машваратӣ ба муддати як сол вобаста аз дараҷаи афзалиятнокии соҳа ва фаъолнокии сармоягузорӣ сурат мегирад.

9. Барои қабул намудан ба ҳайати Шӯрои машваратӣ, намояндагони сармоягузорони хориҷӣ ё ташкилотҳое, ки манфиатҳои онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мекунанд, ба Котиботи Шӯрои машваратӣ ё Котиби масъул, барои ворид намудани онҳо ба ҳайати Шӯрои машваратӣ ба таври хаттӣ муроҷиат менамоянд.

10. Намояндагӣ дар Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба (ташкилотҳои мададрасон) ба мӯҳлати як сол аз ҳисоби ташкилотҳои муносибе, ки дар раванди ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ ва фаъол намудани ҷараёнҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёт ширкат мекунанд, тавассути мувофиқасозии дохилии байни онҳо ба воситаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо сурат мегирад.

11. Ба аъзогии Шӯрои машваратӣ ҷалб намудани намояндагони ташкилотҳо, на зиёда аз як нафар аз як ташкилот муқаррар карда мешавад.

12. Ба ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ вобаста ба рӯзномаи кории ҷаласа, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, даъват карда мешаванд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ метавонанд намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорон ва дигар доираҳои соҳибкорӣ ба сифати нозир ва дар ҳолати зарурӣ ҳамчун коршинос ширкат намоянд.

13. Ҳайати шахсии нозирон ва коршиносон аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ бо пешниҳоди Котиби масъули Шӯро муайян карда мешавад.

III. Принсипҳои фаъолияти аъзоёни Шӯрои машваратӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

14. Шӯрои машваратӣ дар асоси қонуният, ихтиёрдорӣ, ошкорбаёнӣ, баррасии озод ва мустақилият дар қабул намудани қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти худ, амал менамояд.

15. Аъзоёни Шӯрои машваратӣ ҳуқуқ доранд:

- барои таҳияи рӯзномаи кории ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ба Котиботи Шӯро пешниҳодот ироа намоянд;

- дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ширкат намуда, масъалаҳои дар он гузошташударо мавриди баррасӣ қарор диҳанд;

- бо маърӯзаҳо баромад кунанд, дар мубоҳисаҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ширкат намоянд;

- фикру мулоҳизаҳои худро дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва гурӯҳҳои кории аз ҷониби он таъсисгардида баён намоянд;

- дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ иштирок намоянд;

- аз вазорату идораҳо ва дигар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маводҳо ва иттилоотеро, ки барои иҷрои вазифаҳои Шӯрои машваратӣ заруранд, дархост намоянд;

- дар омода намудани қарорҳои Шӯрои машваратӣ ширкат намоянд;

- дар гузаронидани мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ иштирок кунанд;

- бо васоити ахбори омма нисбати инъикос намудани масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, ҳамкорӣ намоянд;

- ба Котиботи Шӯрои машваратӣ нисбати ташкили фаъолияти он, мусоидат намоянд;

16. Аъзоёни Шӯрои машваратӣ вазифадоранд:

- барои расидан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳои Шӯрои машваратӣ мусоидат намоянд;

- дар кори Шӯрои машваратӣ иштирок намуда, дар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳокимашаванда ва таҳияи қарорҳо, ширкати фаъолона намоянд;

- саривақт маводҳоро таҳия намуда, ба Котиботи Шӯрои машваратӣ ва ҷаласаҳои он пешниҳод намоянд;

- бо супориши Шӯрои машваратӣ қарорҳои онро иҷро намоянд ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо ба Котиботи Шӯрои машваратӣ иттилоъ диҳанд;

17. Ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ фаъолияти худро ба таври ройгон амалӣ менамоянд.

IV. Мӯҳлат ва тартиби омода ва доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ

18. Шӯрои машваратӣ фаъолияти худро тавассути ҷаласаҳои мунтазам амалӣ менамояд. Дар сурати зарурат ҷаласаҳои сайёр ва ғайринавбатии Шӯрои машваратӣ доир карда мешаванд.

19. Ҷаласаҳо аз рӯи зарурат, на кам аз як маротиба дар се моҳ доир карда мешаванд ва ҷаласа салоҳиятдор ҳисобида мешавад, агар дар он аз се ду ҳиссаи ҳайати Шӯрои машваратӣ иштирок намоянд.

20. Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаҳои худ, дар доираи салоҳиятҳояш нисбати масъалаҳои баррасишаванда, қарор қабул менамояд.

21. Таърих ва вақти доир намудани ҷаласа ва лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ бо пешниҳоди Котиби масъули Шӯрои машваратӣ муайян карда мешавад.

22. Аъзоёни Шӯрои машваратӣ, дар хусуси доир гардидани ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои машваратӣ дар муддати на кам аз 10 рӯз то таърихи доир гардидани ҷаласа, огоҳ карда мешаванд. Котиботи Шӯрои машваратӣ дар маҷмӯъ бо рӯзномаи кории ҷаласа, маводҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Регламенти кории Шӯро нисбати масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баррасишаванда мувофиқа карда шудааст, ба аъзоёни Шӯрои машваратӣ, ирсол менамояд.

23. Рӯзномаи кории ҷаласаи Шӯрои машваратӣ, дар асоси пешниҳодоти аъзоёни Шӯрои машваратӣ ва гурӯҳҳои корӣ, ки ба Котиботи Шӯрои машваратӣ на дертар аз 15 рӯзи то тасдиқ гардидани таърихи доир гардидани ҷаласа ворид гардидаанд, дар мувофиқа бо Раиси Шӯро ва Котиби масъули он тартиб дода мешавад.

24. Маводҳои ҷаласаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ, ки мақомоти кории Шӯрои машваратӣ буда, фаъолияти ташкилию техникии Шӯрои машваратиро таъмин менамояд, омода карда мешавад.

25. Маводҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, бояд фишурдаи маърӯзаҳоро оид ба масъалаҳои мавҷуда, маводҳои таҳилилӣ-иттилоотӣ, лоиҳаҳои мувофиқашудаи қарорҳои Шӯрои машваратӣ, инчунин маълумотҳоро оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ дарбар гирад.

26. Ба маводҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, рӯйхати шахсоне, ки барои баррасӣ намудани масъалаҳои алоҳида, ба сифати нозир даъват карда шудаанд, замима карда мешавад.

27. Аъзоёни Шӯрои машваратӣ дар толори маҷлисгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Раиси Шӯрои машваратӣ, баромад мекунанд. Ҳар як аъзои Шӯрои машваратӣ ҳангоми баромад намудан бояд мавзӯи масъалаи баррасишавандаро риоя намояд. Пас аз баромади маърӯзачии асосӣ, ҷавобҳои ӯ ба саволҳо шунида мешавад, сипас, баромади маърӯзачиёни иловагӣ ва иштирокчиёни мубоҳиса шунида шуда, нисбати масъалаи баррасишаванадаи қарори Шӯрои машваратӣ, мубодилаи назар карда мешавад. Оид ба масъалаи баррасишаванда як шахс метавонад, дар мубоҳисаҳо на зиёда аз ду мартиба баромад кунад.

28. Давомнокии ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ набояд аз ду соат зиёд бошад. Дар сурати зарурат Раиси Шӯро метавонад, ки давомнокии ҷаласаро тамдид намояд.

29. Давомнокии маърӯза дар ҷаласа, дар доираи 10 дақиқа муқаррар карда мешавад. Барои маърӯзаҳои иловагӣ – 5 дақиқа, барои баромад ва мубоҳиса – то 15 дақиқа, барои ҷавоб додан ба саволҳо, маълумот ва ахборот – то 3 дақиқа. Барои эълон намудани тартиби кор ва пеш бурдани ҷаласа – на зиёда аз 1 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ метавонад мӯҳлати барои маърӯза ҷудошударо дароз намояд.

30. Аъзоёни Шӯрои машваратӣ, ки бинобар сабаби қатъ гардидани мубоҳисаҳо нисбати масъалаҳои баррасишаванда, баромад карда наметавонанд, ҳуқуқ доранд, ки матнҳои хаттии баромадҳои худро ба Котиби масъули Шӯро пешниҳод намоянд.

V. Тартиби барасмиятдарорӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Шӯрои машваратӣ

31. Қарорҳои Шӯрои машваратӣ (тавсияҳо) аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шуда, дар намуди протоколи ҷаласаи Шӯро нисбати ҳар як масъалаи баррасишуда дар алоҳидагӣ, ба расмият дароварда мешавад.

32. Протокол аз ҷониби Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ё дар ҳолати ҳозир набудани он аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои машваратӣ, пеш бурда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, рафти ҷаласаро айнан (стенограмма) сабт менамояд. Лоиҳаи Протоколи ҷаласа омода карда шуда, дар муддати даҳ рӯз бо имзоҳои Котиби масъули Шӯрои машваратӣ ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, барои тасдиқ ба Раиси Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда мешавад.

33. Раиси Шӯрои машваратӣ Протоколи ҷаласаро тасдиқ намуда, сипас онро бо супоришҳои дахлдор тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ирсол менамояд. Ба Протокол маводҳо оид ба масъалаҳои баррасигардида замима карда мешавад.

34. Мониторинги иҷрои қарорҳои дар Протоколи ҷаласаи Шӯрои машваратӣ дарҷгардида, аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ амалӣ карда мешавад. Котиби масъули Шӯрои машваратӣ, оид ба ҷараёни иҷрои онҳо мунтазам ба Раиси Шӯрои машваратӣ ахборот пешниҳод менамояд.

VI. Таъмини фаъолияти Шӯрои машваратӣ

35. Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва техникии фаъолияти Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои машваратӣ ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ амалӣ мегардад.

36. Котиби масъули Шӯрои машваратӣ:

- омода ва доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратиро таъмин менамояд;

- масъалаҳои ташкили ҷаласаро бо Раиси Шӯрои машваратӣ, мувофиқа мекунад;

- аъзоёни Шӯрои машваратӣ ва шахсони даъватшударо дар хусуси вақт ва макони доир гардидани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, огоҳ менамояд;

- ташкили пеш бурдани протоколи ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва сари вақт ба имзо расонидани онро таъмин менамояд;

- маърӯзаи Раиси Шӯрои машваратиро омода менамояд ва ба аъзоёни Шӯрои машваратӣ оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ маълумот медиҳад;

- супоришҳои Раиси Шӯрои машваратиро иҷро менамояд;

- барои ҳамкориҳои мутақобилаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорон ва созмонҳои онҳо нисбат ба масъалаҳои марбути фаъолияти Шӯрои машваратӣ, дар доираи ваколатҳояш мусоидат менамояд.

37. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ:

- маводҳои дахлдор ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ таҳия карда шудааст, барои баррасӣ намудан дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, омода менамояд;

- якҷоя бо Котиби масъули Шӯро барои дар сатҳи лозимӣ омода ва доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

- ба аъзоёни Шӯрои машваратӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобастабударо (рӯзномаи корӣ, рӯйхати иштирокчиён, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда, протоколҳои ҷаласаҳо) ирсол менамояд;

- дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ иштирок менамояд;

- бо васоити ахбори омма, нисбати инъикос намудани фаъолияти Шӯрои машваратӣ, ҳамкорӣ менамояд;

- ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо ва дигар доираҳои соҳибкориро нисбат ба масъалаҳои марбути фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар мувофиқа бо Котиби масъули Шӯро, чораҷӯӣ менамояд;

- бақайдгирии қарорҳои Шӯрои машваратиро таъмин намуда, мониторинги иҷроиши онҳоро, амалӣ менамояд;

- ба Котиби масъули Шӯрои машваратӣ ва аъзоёни Шӯрои машваратӣ оид ба ҷараёни амалӣ гардидани қарорҳои Шӯрои машваратӣ маълумот медиҳад;

- фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратиро ташкил менамояд;

- айнан сабт намудан ва ба расмият даровардани протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратиро таъмин мекунад.

- фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ ва коршиносоне, ки барои фаъолият ба Котибот ҷалб карда шудаанд, роҳбарӣ менамояд.

38. Роҳбари Котиботи Шӯро бо пешниҳоди Раиси Шӯро тариқи тартиб ва қоидаҳои ташкилоте, ки маблағгузории фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратиро таъмин менамояд, интихоб карда мешавад.

39. Котиботи Шӯрои машваратӣ:

- омода намудани маводҳои заруриро барои доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳои он таъмин менамояд;

- ҳамоҳангсозии умумӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва гурӯҳҳои корие, ки оид ба омода намудани маводҳои зарурӣ ҷиҳати доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳо, фаъолият менамоянд, таъмин менамояд;

- пешниҳодоти ба Шӯрои машваратӣ аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро ҷамъбаст ва хулосабарорӣ менамояд;

- оид ба ташаккули механизми наве, ки ҷалби сармояи хориҷиро таъмин намуда (муайян намудани самт ва афзалиятҳо) барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамояд, дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодот таҳия мекунад;

- оид ба ҷараёни амалӣ гардидани қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ мониторинг доир менамояд;

- таъминоти иттилоотии фаъолияти Шӯрои машваратиро амалӣ мекунад;

- дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ширкат меварзад;

- фаъолияти гурӯҳҳои кории барои таҳияи пешниҳодот ва иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ таъсисшавандаро ҳамоҳанг намуда, ба фаъолияти онҳо мусоидати техникӣ менамояд.

40. Котиботи Шӯрои машваратӣ ҳуқуқ дорад:

- ба мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯрои машваратӣ дархост ирсол намояд;

- дар доираи салоҳияти Шӯрои машваратӣ, нишастҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар, тренингҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои характери таълимӣ-равшаннамоидоштаро доир намояд;

- дар мувофиқа бо Котиби масъули Шӯро коршиносонро ба кори худ, ҷиҳати таҳия намудани пешниҳодот оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд;

41. Дар ҳолатҳои зарурӣ, Шӯрои машваратӣ ҷиҳати омода намудани пешниҳодоти мувофиқашуда нисбати масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ, метавонад гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад. Қарор оид ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ бо пешниҳоди Котиби масъули Шӯрои машваратӣ ва аъзоёни Шӯрои машваратӣ қабул карда мешавад.

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj