Рӯӣдодҳо RSS

31.07.2018

Нимаи аввали имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тибқи барнома суханронии роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, инчунин маърӯза ва муаррифӣ оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, имтиёзҳои соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Дар баромаду муаррифиҳо оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои саноат, аз ҷумла масъалаҳои нассоҷию дӯзандагӣ дар ҷаласаи XV Шӯрои машваратӣ ва вобаста ба он қабули Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, оид ба 2 марҳилаи сипаришуда ва марҳилаи сеюми дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2021, зарурати таҷдиди назар ба ҳолатҳои Кодекси андоз дар соҳа ибрози назар карда шуд.

Ҳангоми музокира Наврӯзова Гулбону, соҳибкор аз ш.Турсунзода, Муҳаммадиев Абдулло, коршиноси соҳа, Сараева Парвина, соҳибкор аз н. Шаҳринав, Давлатбӣ Ёдгорова, соҳибкор аз ш.Душанбе ва дигарон мулоҳизаҳои худро атрофи масъалаҳои зерин иброз намуданд:

 - пешгирии ба таври қочоқ ворид намудани маҳсулоти хориҷии соҳа;

 - роҳандозӣ намудани андозбандии воридоти маҳсулоти хориҷӣ аз рӯи миқдор, андоза, навъ(модел) ва нарх бар хилофи ҳолатҳои мавҷудаи аз рӯи вазн воридсозии онҳо;

 - озод кардани воридоти матои босифати бо технологияи баланд коркардшуда барои дӯхтани либосҳои  мактабӣ;

 - дар асоси таҷрибаи Қирғизистон танзим кардани андоз дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ;

 - таъмини дастрасӣ ба қарз ва таъсиси фонди дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ;

 - ҳолатҳои гирифтани патент барои машғулият дар хона;

 - таъмини шаффофияти дастгирии лоиҳаҳо бо мақсади дарёфти кӯмакҳо;

 - мусоидати мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини бемамониати соҳибкорон бо мактубҳои дастгирӣ барои пешниҳод ва муроҷиат ба ташкилоту муассисаҳо;

 - дастгирӣ барои таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ бо мақсади таъмини занон бо ҷойи кор;

 - гузаронидани аттестатсия ҷиҳати муайян кардани касбияти ҳунармандон ва сатҳи малакаю таҷрибаи онҳо;

 - таъмини ҳунармандон бо матоъ ва риштаи босифат барои пешниҳоди маҳсулот ба шаҳрвандони хориҷӣ;

Ба саволҳо роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Фонди Оғохон посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин мулоқотҳо бо намояндагони соҳибкорони соҳа 26 июли соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон анҷом дода шуда, мулоқоти минбаъда тибқи нақша моҳи августи ҳамин сол дар вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

14.07.2018

Санаи 12-уми июли соли 2018 дар конфронстолори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории навтаъсис аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки Котиботи Гурӯҳи корӣ лоиҳаи ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандава ҷадвали қиёсии масъалаҳои мавҷуда, тавсияҳо ҷиҳати рафъи онҳо ва асоснокии тавсияҳоро омода намуд.

Сипас ба таваҷҷӯҳи аъзои Гурӯҳи корӣ лоиҳаи ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи корӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, тавсияҳои ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи корӣ вобаста ба таъмини рақобатпазирии фазои сармоягузории кишвар нисбат ба дигар кишварҳои минтақа дар шароити ҷаҳонишавӣ, баробар кардани меъёри андозҳо ба сатҳи меъёрҳои андозҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, такмили тартиби ҳисоби маблағи ҷаримаҳо, такмили маъмурикунонии андоз пешниҳод карда шуданд.

Қисми дуюми муаррифӣ ба таҳлили самаранокии имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшаванда бахшида шудааст, манзур карда шуд. Аз ҷумла, вобаста ба маблағи имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшуда аз рӯи соҳаҳо, номгӯи имтиёзҳои ғайрифискалӣ аз рӯи тақсимоти соҳавӣ, хароҷоти андоз аз рӯи восита ва моликияти ширкат маълумот пешниҳод гардида, тавсияҳо оид ба такмили тартиби пешниҳоди имтиёзҳои сармоягузорӣ ва зарурияти муайян намудани мақоми ваколатдор оид ба мониторинг ва арзёбии самаранокии имтиёзҳои сармоягузорӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар муҳокимахо вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намуда, вобаста ба такмили маъмурикунонии андоз ва коҳиш додани сарбории андоз барои субъектҳои соҳибкорӣ фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Роҳбари Гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои баёни мубоҳисаҳо ва мулоҳизаву таклифҳо вобаста ба муаррифномаҳо изҳори сипос намуда, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

12.07.2018

Тибқи банди 9-и Протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ супориш дода шудааст, ки Вазорати маориф ва илм якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо, бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши қайдгардида бо фармоиши Вазири маориф ва илм №2183 аз 06.06 2018 дар назди Вазорат гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, санаи 12 06.2018 ҷаласаи якуми худро баргузор намуд. Дар ҷаласаи нахустини гуруҳи корӣ масъалаҳои гуногуни ҷалби бахши хусусӣ барои сармоягузорӣ дар бахши маориф ва илм, аз ҷумла таъсиси муассисаҳои томактабӣ, литсей ва гимназияҳо, ҳунаристонҳо ва колеҷҳо, донишкада ва донишгоҳҳо муҳокима карда шуд.

Тибқи муҳокимаҳо монеа ва мушкилоти асосии рушди саҳми бахши хусусӣ дар соҳаи маориф ва илм андозбандии муассисаҳои таълимию илмӣ, аз ҷумла муассисаҳои хусусии соҳа, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтани муассисаҳои хусусии таълимию илмӣ, санҷиши мақомоти дахлдор ва болоистода, аз ҷониби мақомоти соҳавӣ эътироф нашудани санадҳои санҷишии байниҳамдигарӣ (санҷиши шӯъбаи маорифи ноҳияро раёсати маорифи шаҳрӣ эътироф наменамояд) ва ғ. ба ҳисоб мераванд.

Тибқи муқаррароти гуруҳи корӣ дар ҷаласаи ояндаи гуруҳи корӣ намояндаҳои васеътари мактабу литсей, боғчаи бачагона, колеҷ ва донишгоҳҳо ба гуруҳи корӣ даъват карда мешаванд.

Интизор меравад, ки Ҳисоботи гуруҳи корӣ, бастаи тавсияҳо ва лоиҳаи санади дахлдор оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм то баргузории ҷаласаҳои ояндаи Шӯро омода карда мешаванд. 

07.06.2018

Санаи 6-уми июни соли 2018 дар конфронстолори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории навтаъсис аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро пазироӣ, бо мақсаду таъсиси Гурӯҳи корӣ ва вазифаҳои он шинос намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Гурӯҳи корӣ тибқи банди 10 супориши протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 26 январи соли 2018 таъсис дода шуда, вазифаи он то ҷаласаи навбатии XIX-уми Шӯрои машваратӣ (на дертар аз 30 июни соли 2018) омода намудани ҳисоботи таҳлилӣ бо тавсияҳо, лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда мебошад.

Бо ин мақсад аз 13 апрели соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо барқиянома оид ба пешниҳоди номзад ҷиҳати шомил намудан ба аъзогии Гурӯҳи корӣ ирсол гардида, аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ ҳайати Гурӯҳи корӣ бо Қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 28 майи соли 2018, №158 тасдиқ карда шуд.

Тибқи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа ба иштирокчиён муаррифии натиҷаҳои таҳлили қаблӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ, ки натиҷаҳои таҳлилҳои аз ҷониби шарикони рушд ва ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар гузаронидашударо низ дар бар мегирад, аз ҷониби мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Манучеҳра Мадҷонова пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, таҳлили қиёсии сарбории андоз ва маъмурикунонии он дар кишварҳои минтақа, сохтори даромадҳои буҷети давлат ва динамикаи рушди бахши хусусӣ ҳамчун сарчашмаи андозбандӣ муаррифӣ гардида, масъалаҳои ҳалталаб ошкор ва тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо пешниҳод карда шуданд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа ба аъзои Гурӯҳи корӣ муаррифии таҳлили самаранокии имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшаванда аз ҷониби Каримзода Шамсулло, Сардори Шуъбаи Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур карда шуд. Аз ҷумла, таҷдиди назари имтиёзҳои сармоягузорӣ, гурӯҳбандии онҳо аз рӯи хусусият, соҳа, тартиб ва муҳлати пешниҳод муаррифӣ гардида, як қатор масъалаҳои ҳалталаб дар самти зарурияти роҳандозии механизми назорат ва мониторинги имтиёзҳо ҷиҳати арзёбии самаранокии имтиёзҳои сармоягузорӣ мушаххас карда шуданд.

Дар саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намуда, фикру таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Роҳбари Гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои баёни мубоҳисаҳо ва мулоҳизаву таклифҳо вобаста ба муаррифномаҳо изҳори сипос намуда, аъзои Гурӯҳи корӣ қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.

11.05.2018

Санаи 8-11 майи соли 2018 силсилаи ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолият менамояд, баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баррасӣ намудани лоиҳаи таҳиягардидаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ дар ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ оид ба нишондиҳандаҳои алоҳидаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ доир гардид.

Дар ҷаласаҳо Муовини Раиси Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони салоҳиятдори вазорату идораҳои давлатӣ, ки расмиёти фаъолияти соҳибкориро танзим менамоянд, инчунин коршиносони соҳавӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми феврали соли 2018, №24118 (22.7) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ лоиҳаи ҳайати зергурӯҳҳои корӣ оид ба ҳар як нишондиҳандаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор дар доираи Гурӯҳи кории салоҳиятнок барои беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ таҳия ва бо қарори Раиси Кумита аз 24 апрели соли 2018, №115 тасдиқ карда шуд.

Айни замон аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузориши таҳлилӣ оид ба тадбирҳои анҷомдодашуда ва масъалаҳои ҳалталаби ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба баланд шудани мавқеи кишвар таъсир мерасонанд, омода гардида, дар асоси тавсияҳои он ва инчунин тавсияҳои коршиноси байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ислоҳот лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ барои баррасӣ дар доираи зергурӯҳҳои кории Гурӯҳи кории салоҳиятнок омода карда шудааст.

Дар доираи ҷаласаҳои зергурӯҳҳои корӣ қисматҳои алоҳидаи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, аз ҷумла санаи 8 май вобаста ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” ва “Андозбандӣ”, 10 май вобаста ба нишондиҳандаҳои “Гирифтани иҷозат барои сохтмон”, “Пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ” ва нимаи дуюми ҳамон рӯз вобаста ба нишондиҳандаи “Таъмини иҷроиши қарордод” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

11 май ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба баррасии қисмати лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба нишондиҳандаи “Рушди тиҷорати байналмилалӣ” ва нимаи дуюми рӯз ҷаласаи зергурӯҳи корӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ” ва “Дастрасӣ ба қарз” баргузор гардид.

Дар доираи иҷрои супориши протоколии ҷаласаи XVIII Шӯрои машваратӣ аз 26 январи соли 2018 корҳо дар самти мукаммалсозии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо идома ёфта, пас аз пурра омода гардидан он бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.

04.05.2018

Тавре маълум аст, ҳафтаи ҷорӣ якчанд чорабиниҳои самти соҳибкории занон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон баргузор гардид.

Дар ин робита ҳайати коршиносони лоиҳаи «Ислоҳоти фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ»-и Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, дар ин чорабиниҳо иштирок намуданд.

30 апрели соли 2018 ҷаласаи васеи Гурӯҳи корӣ дар мавзӯи муаррифии натиҷаҳои мушаххаси таҳлили гендерии фазои сармоягузорӣ ва тавсияҳо, масъалаҳои вобаста ба таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар ҶТ баргузор гардид. Дар он Раиси Гурӯҳи корӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Нигина Анварӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ ва коршиносони лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Дар назар дошта мешавад, самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон ва дигар масъалаҳои дар чорабинӣ баррасишуда ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо ворид ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.

26.04.2018

Имрӯз, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и пойтахт бо иштироки Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес-субҳона: Ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

31381217_1543794022386675_7712221492070580224_n.jpg

Зимни сухани ифтитоҳии худ, Раиси Шӯрои Раёсати Амчам Гуланор Атобек ба Шараф Шерализода, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои иштирок ва омодагӣ ҷиҳати суханронӣ дар чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, ин якҷо бо мансабдорони давлатӣ ва дар муҳити ғайрирасмӣ баррасӣ намудани масъалаҳо, маҳдудият ва мушкилоти дар роҳи рушди Тоҷикистон мавҷудбуда иборат мебошад.

31369781_1543793475720063_721923520728137728_o.jpg

Шараф Шерализода, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ дар баромади худ нахуст аз Раёсати АмЧам барои баргузорӣ ва даъват ба ин чорабинӣ арзи сипос намуда, омодагии Котиботи Шӯрои машваратиро барои ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилотҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ иброз дошт. Тавре Роҳбари Котибот таъкид намуд, Шӯрои машваратӣ ин майдони муколамаи созанда байни давлат ва бахши хусусӣ баҳри баррасӣ ва қабули санадҳои дахлдор вобаста ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.

31369260_1543792899053454_8053258319327920128_o.jpg

Ҳамзамон, Роҳбари Котибот ба иштирокчиён дар бораи ислоҳот ва натиҷаҳои он дар самти рушди иқтисодии кишвар, ки аз тарафи давлат баҳри рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ба таври муфассал иттилоъ дод. Дар ин замина оид ба ташаббусҳои минбаъдаи давлат ҷиҳати дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ёдрас намуд.

31351076_1543794049053339_2022929725265018880_o.jpg

Пас аз суханронӣ, Роҳбари Котибот Шараф Шерализода, ба саволҳои аъзои Амчам, ки сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷиро намояндагӣ мекунанд, посух дод.

31408384_1543792512386826_7573542452691206144_o.jpg

Саволу пешниҳодот ва посухҳо атрофи масъалаҳои мубрами соҳибкорию сармоягузорӣ сурат гирифтанд. 

19.04.2018

Имрӯз, дар идораи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Шӯрои Тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, Корпаратсияи маблағгузории шахсии беруна (OPIC) ва Агентии кафолатии сармоягузории бисёрҷониба (MIGA) видеоконфронс баргузор гардид. Дар конфронс, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, ҷаноби Набил Фаваз, роҳбари Глобалии агробизнес ва хизматрасонии умумии Агентии Кафолатии сармоягузории бисёрҷониба, узви гуруҳи Бонки Ҷaҳонӣ (MIGA), оид ба ҳамкорӣ ва хизматрасониҳои MIGA муаррифӣ манзур намуд. Дар муаррифнома оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳо бо MIGA, аз ҷумла додани кафолат ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Сипас, хонум Тара Блейк, Директори Лоиҳаҳои маблағгузории байналмиллалии OPIC оид ба ҳамкорӣ ва хизматрасониҳои OPIC, тартиб ва шартҳои асосии маблағгузории лоиҳаҳо, тартиби суғуртаи хавфҳои сиёсии лоиҳа, тартиби мувофиқакунонии лоиҳа барои маблағгузорӣ ва лоиҳаҳои дар минтақа маблағгузоришуда муаррифӣ пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки ташкилоти мазкур то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 10 лоиҳаро ба маблағи умумии 40 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки имкониятҳои маблағгузории OPIC барои Тоҷикистон 504 миллион доллари ИМА арзёбӣ гардида, айни ҳол маблағгузориҳои OPIC 32 миллион доллари ИМА, яъне танҳо 6.4% ин имкониятҳоро ташкил медиҳанд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода аз пешниҳоди маълумот оид ба имкониятҳои маблағгузорӣ, барои густариш бахшидани ҳамкориҳо ва истифода аз имкониятҳои маблағгузории шарикони амрикоӣ изҳори итминон намуд.

19.04.2018
Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ 

18.04.2018
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди
 онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj