РӯӣдодҳоRSS

25.02.2017
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ-Давлаталӣ Саид, муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси Шӯро), Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Шӯро) ва аъзоёни Шӯро Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикматулло Неъматуллозода, Вазирии рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои супоришҳои Протоколи №1-и Шӯро аз 16 декабри соли 2016 шунида шуд ва нақшаҳои солона, номгӯи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишие, ки барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардиданд ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон «Оид ба ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Мувофиқи моддаи 10- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 мақоми санҷишӣ ва 56 мавзӯи санҷишӣ мушаххасан муайян карда шудааст, ки мақомотҳо дар доираи ваколатҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши субъектҳои фаъолияти хоҷагидорро аз рӯи хавфнокӣ ва тибқи нақшаи муайян ва бо дарназардошти мавзӯҳои санҷиш бояд амалӣ намоянд»,- зикр кард Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ 26 ноябри соли 2016 баргузор гардида буд, ки дар он як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.
15.02.2017

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Ҷаласаи XVII Шўрои машваратӣ: Қонун дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ

15 феврали соли 2017 шаҳри Душанбе

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, 30 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шўрои машваратӣ баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар ҷаласа қайд намуданд, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ буда, бо мақсади муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда, устувор намудани рақобатпазирӣ ва мавқеи он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ, мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти ҳунармандӣ дастур дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шўро пешниҳод карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ин иқдоми навбатии Пешвои миллат ба устувор ва муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқии самти мазкур, афзун намудани таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа, бахусус таъмини марҳилаҳои нави рушди инноватсионии соҳа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj

14.02.2017

Санаи 14 феврали соли 2017 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳисоботи ташхис ва стратегияи таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд. Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам ва ба кори ҷаласа барору комёбӣ орзӯ намуд.

Дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари Намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2016 бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ 10 адад корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” ноҳияи Б.Ғафуров, “Комбинати металлургии Тоҷикистон” ноҳияи Ҳисор, корхонаи ғанигардонии маъдан ва металлургии ҶДММ "Пакрут" шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагии “Ҷунтай Данғара Синсилу Текстил”, корхонаи маъдантозакунии Ширкати куҳию саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Истиқлол, корхонаҳои сементбарории “Ҷунтай Моҳир Семент”, истеҳсоли гаҷкартон, истеҳсоли криолит дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 8,4 млрд. Сомонӣ ба истифода дода шуданд ва сохтмони як қатор корхонаҳои азим ва хурду миёнаи саноатӣ идома доранд.

Бешубҳа фаъолияти ин корхонаҳо барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл ва аз ҳама муҳим барои аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустралию саноатӣ табдил додани ҷумҳурӣ, ки яке аз ҳадафи афзалиятноки ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, соли сипаригашта саҳми бахши хусусӣ дар ММД - 70%, таъмини аҳолии фаъоли иқтисодӣ бо шуғл - 67 ва пардохтҳои андозҳои буҷети давлатӣ 80 % - ро ташкил дод.

Вобаста ба муҳтавои Ташхиси гузаронидашуда ва такмил додани он байни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Дар хотима муовини вазири рушди иқтисод ва савдо изҳори итминон намуд, ки иқдомоти муштараки Ҳукумати кишвар бо шарикони рушд барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар оянда таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.  

13.02.2017

Санаи 13 феврали соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, роҳбарони вазорату идораҳо, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд», шарикони рушд, коршиносони соҳа ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», ташаббус ва пешниҳоди лоиҳаи «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо», Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаҳои «Сохтмони инфрасохтори аввалия», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи оби нӯшокӣ» дар МОИ «Суғд» гузориш доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», «Сохтмони неругоҳи барқи обии хурди Ҳафткӯл» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифта, ба тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор бароварда шуд.

Дар айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро ду лоиҳа дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 шаҳри Душанбе» ва дар самти энергетика лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» амалӣ шуда истодаанд.

Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармояи хусусӣ дар иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ буда, ба ин васила метавон хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсиси инфрасохторро ба роҳ монд.

11.02.2017

Санаи 11 феврали соли 2017 дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ҷаласаи панҷуми Шӯрои нозирон оид ба МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Шӯро - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа қайд карда шуд, ки рушди МОИ дар мадди назар ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати мииллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушди онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Сипас, котиби Шӯро - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод баромад намуда, вобаста ба иҷрои бандҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои нозирон маълумот дод, ки тибқи он бандҳои протоколии ҷаласаи қаблии Шӯро дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.

Дар ҷаласа, роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Данғара», «Суғд» ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари маъмурияти МОИ «Ишкошим» баромад намуда, оид ба вазъи кунунии МОИ ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа Роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Исфандиёр Усмонзода баромад намуда, дар бораи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ Данғара» гузориш манзур намуд.

Дар баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва музокираҳо Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, муовини Раиси вилояти Суғд, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигарон фикру андешаҳои худро нисбати ҷоннок намудани фаъолияти МОИ баён карданд.

Дар суханронии хотимавии худ муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ҷумла қайд карданд, ки ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз таъсиси МОИ, ин ҷалби сармоя ворид намудани технологияи муосир, баланд бардоштани нерӯи содиротии кишвар ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ мебошад. Вобаста ба ин ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои МОИ супоришҳои дахлдор дода шуд.

30.01.2017

Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шуро баргузор гардид.

16265492_1324946110908905_949927119766895968_n.jpg

Дар ҷаласа аъзои Шурои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

16298999_1324944820909034_2011338283550395932_n.jpg

Дар оғози ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯро қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиѓоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи васоити ахбори омма ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона шуда, дар маҷмуъ иҷро гардиданд.

16265745_1324941860909330_2547167723626130614_n.jpg

Бо мақсади амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ қабул гардидааст, як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Тибқи қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. Дар идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор сабукиҳои андозӣ қабул гардиданд.

16265184_1324945390908977_2530815409320032851_n.jpg

Бо қарори Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018, аз 27 июли соли 2016, тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.

16427236_1324946697575513_3839741508099722926_n.jpg

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузориш дод.

16388377_1324947400908776_896846971348327460_n.jpg

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

16265384_1324945937575589_3376214463132390278_n.jpg

Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, узви Шӯро аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари ҶДММ “Кафолат” Музаффар Саймуддинов, Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш», Комилҷон Иброҳимов, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, Си.Си.Ю ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

16265976_1324942394242610_2589384888869828825_n.jpg

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.

16299027_1324944507575732_7552374986326341266_n.jpg

Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун марҳилаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин масъалаҳои дигари ҷаласа қайд гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид карда шуд.

16265626_1324946530908863_964458986816227844_n.jpg

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор доданд.


Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj

17.01.2017

Бо назардошти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои таҷлили Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ 17 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид.

15941435_1850894131837699_2728838625183772464_n.jpg

Дар Форум намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Ҳадаф аз чорабинӣ ин мусоидат намудан ба роҳандозии стратегияҳои иловагӣ дар самтҳои таъсиси ҷойҳои корӣ миёни ҷавонон бо ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон оид ба масъалаҳои бароҳмонии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, истифодаи донишу малакаи ҳосилнамудаи ҷавонон дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоти ҳукумативу давлатӣ дар самти беҳсозӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии фазои сармоягузорӣ мебошад.

16114433_1850894345171011_3219635228789485399_n.jpg

Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам оварда истодааст.

16143187_1850894001837712_5043143761708875980_n.jpg

Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёти миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодиёт ва воситаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, аз ҷумла ҷавонон ба ҳисоб рафта, барои самаранок ба роҳ мондани он ва баланд бардоштани донишу малакаи соҳибкорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон ба таври ҷиддӣ эътибор дода мешавад.

16105953_1850894075171038_189578782781932019_n.jpg

Тавре маълум аст, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири ҷавононро дар рушди босуботи кишвар, самтҳои вусъат бахшидани заминаҳои ҳуқуқӣ, равона сохтани нерӯ ва имкониятҳои ҷавонон ба корҳои бунёдкорона ва созандаи мамлакат ва таъмини ҷавонон бо шуғл ибрози назар намуда, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд.

Дар ин замина ҳукумату давлат дар самти нигоҳдории истеъдодҳо ва ташкили корхонаҳо дар байни ҷавонони Тоҷикистон, истифодаи самараноки неруи ҷавонон мунтазам тадбирҳо андешида, вобаста ба он доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро вусъат мебахшанд, ки ин ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.

16114456_1850894128504366_4080436600496413177_n.jpg

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳа оид ба таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкориро дар мамлакат амалӣ карда истодааст. Барнома ҷавонони синни 17-25-ро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, махсусан аз деҳот фаро гирифта, дар маркази диққати омӯзиш баланд бардоштани тафаккур ва малакаҳои соҳибкорӣ инчунин мусоидат намудан ба иштироки фаъоли онҳо дар рушди иқтисодии минтақаҳои худ миёни ҷавонон қарор гирифтааст. Дар доираи барнома, то имрӯз 150 семинар дар ноҳияҳо ва деҳоти мухталифи Тоҷикистон вобаста ба барномаи коммуникатсионӣ оид ба масоили соҳибкорӣ гузаронида шудааст.

Дар Форум ҳамчунин сухани ифтитоҳии Абдуллозода Аҳтам Рустам, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Патрисия Виверз-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ шунида шуда, дар бахшҳои сексионӣ Бенҷамин Херзберг, Роҳбари барнома, Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, намояндагони вазорату идораҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҷавонони иштирокчии омӯзишҳо, корхонаю ширкатҳо баромад намуданд.

16142472_1850893998504379_2655183705849887634_n.jpg

Кори Форум дар 4 сексия: Муаррифот ва натиҷаҳои Барномаи таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ, 2: Шахсиятҳо ва қиссаҳои воқеӣ, 3: Дастгирии фаъоли рушди фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон , 4: Нокомиҳо ва муваффақиятҳои мо баргузор гардида, дар он иштирокчиён атрофи масъалаҳои мушкилот, имкониятҳо ва монеаҳо дар фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,соҳибкорӣ ҳамчун омили сулҳу субот, пешрафт ва рушди фарогир, роҳҳои имконпазир ва тавсияҳо оид ба гузаштани омӯзиши соҳибкорӣ ва ноилшавӣ ба муваффақиятҳо дар бизнес миёни ҷавонон дар Тоҷикистон ва ѓайра мубодилаи афкор намуданд.

1

Дар фарҷом, тезисҳои хотимавии Форум эълом гардид.

Дар рафти «Форуми соҳибкории ҷавонон» ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон тавассути табодули дониш ва иттилоот муфассал баррасӣ карда мешаванд. 

16143285_1850895611837551_7141552031031296743_n.jpg

13.01.2017

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-Соли ҷавонон эълон гардида, дар ин росто аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ 17 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми 2-юми соҳибкории ҷавонон баргузор мегардад.

Дар Форум иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз баргузории форум муаррифии як қатор чорабиниҳои гуногун оид ба дастгирии соҳибкорӣ, ҳамчунин баррасии масъалаҳои таъмини рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон дар доираи ислоҳот ва натиҷаҳои то имрўз бадастовардашуда дар самти мазкур мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкориро дар мамлакат амалӣ карда истодааст. Барнома ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта, дар маркази диққати омӯзиш баланд бардоштани донишу малакаҳои соҳибкорӣ, инчунин мусоидат намудан ба иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ қарор додааст.

Дар рафти «Форуми 2-юми соҳибкории ҷавонон» ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон тавассути табодули дониш ва иттилоот муфассал баррасӣ карда мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намоед.
26.12.2016

Нимаи дуюми имрӯз дар Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ самтҳои асосии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Тавре дар нишаст зикр гардид, дар Паём оид ба дастовардҳои муҳимтарин дар давраи истиқлолият, аз қабили ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои давлатӣ, барқарорсозии фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмин намудани қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонун, оѓози марҳалаи рушд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо дарҷ гардидааст.

Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба амалисозии барномаҳои қабулгардида ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзудани ММД ва имсол беш аз ба 54 миллиард сомонӣ расидани он, дар 15 соли охир аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардидани даромади буҷети давлатӣ, дар 20 соли охир бошад 60 баробар афзудани музди миёнаи меҳнат ва 85 баробар афзудани андозаи миёнаи нафақа, дар натиҷаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ёдовар шудаанд.

Дар Паём инчунин вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ, бахшҳои дигари иҷтимоӣ ва дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо равона гардидани 88 миллиард сомонӣ, мавриди истифода қарор додани беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ, дар соли 2016 ба иқтисоди миллӣ ҷалб намудани ҳафтуним миллиард сомони сармояи хориҷӣ, ки 51 фоизи онро сармояи мустақим ташкил намуд, айни замон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд амалӣ шудани беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ қайд карда шудааст.

Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд гардидани корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор таъмин карда шудани фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар Паём қайд гардидааст, ки аз дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда хоҳад шуд.

Оид ба минбаъд беҳтар намудани вазъу ҳолати низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти онҳо, зарурати ба инобат гирифта шудани масъалаҳои каммасрафӣ ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ, ташвиқи маърифати ҳарчӣ бештари сарфаю сариштакорӣ барои истифодабарандагони нерӯи барқ; таъмини рушди минбаъдаи саноат тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот;дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида таъмини афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда,аз ҷумла дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020”, соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар, беҳтар кардани зоти чорво қайд гардида, вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии тадбирҳои зарурӣ вазифадор карда шудаанд.

Дар Паём таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи он зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис додани сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъкид гардида, вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ намоянд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд.

Мавзуи дигаре, ки дар Паём ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст, ин рушди бахши хусусӣ мебошад, ки он ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ аз ҷумла соҳибкорӣ арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳот фароҳам гардидани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ, густариш пайдо кардани шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидани Тоҷикистон дар Паём қайд карда шуда, таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад.

Саҳми соҳибкорону сармоягузорон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ қайд карда шуд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар баробари фароҳам будани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ инчунин оид ба мавҷуд будани баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ, ҳамчунин пешниҳод кардани имтиёзҳои бештар ба соҳибкорон ибрози назар намуданд ва дар ин робита вазорату идораҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот, механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳамияти муҳим пайдо намуда, вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шудааст, ки масъалаи мазкурро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд.

Президенти кишвар соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута дар таҳрири нав қабул карда шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”-ро ёдовар шуда, дар баробари ин таъкид намуданд ки шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст. Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 оид ба қабул карда шудани “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”дар Паём сухан ронда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тибқи афзалиятҳои дарозмуддат рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи олӣ боқӣ мемонад ва барои расидан ба ин мақсад зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфта оғоз карда ва вусъат дода шавад.

Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза тақвият додани рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна қайд карда шуда, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «… то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар баробари нуқтаҳои қайдгардида дар Паём вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шудаанд:

-дар 5 соли оянда бояд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад;

-дар ин давра (5 соли оянда) ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун самти такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёт афзалияти бештар дода, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш дода шавад.Тадбирҳои зикршуда бояд ба дарёфти бозорҳои нави содирот, кам кардани воридоти молҳои истеъмолӣ, коҳиш додани осебпазирии кишвар аз таъсири омилҳои беруна имконият фароҳам оварда, рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ мусоидат намоянд;

-бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд;

- то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ беш аз ду баробар ва аз 22 то 50 фоиз зиёд кардани ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна дар назар дошташудааст;

- то соли 2030 беҳтар шудани фазои сармоягузории Тоҷикистон ва дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар афзудани ҳиссаи сармояи хусусӣ пешбинӣ гардидааст;

-дар 15 соли оянда дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таври назаррас афзоиш ёфтани саҳми соҳаи саноат ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар назар дошта мешавад;

-илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки навсозӣ ва татбиқи ислоҳоти ҷиддиро ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар навбати аввал энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъмин намояд;

- таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнат ва бо мақсади амалисозии он ҳамаҷониба дастгирӣ кардани бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолӣ, амалӣ гардонидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт, эътибори бештар ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар, инкишоф додани касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ ва истифодаи самаранок аз аз шаклҳои мавсимии шуғл;

-дар асоси барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат дар самти ноилшавии ҷумҳурӣ ба мамлакати саноативу кишоварзӣ ва дар ояндаи наздик афзудани талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон роҳандозӣ намудани озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ.

Дар Паём, яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии ҷумҳурӣ-аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани

пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ва дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик арзёбӣ гардидааст.

Дар ҷамбаст изҳор дошта шуд, ки Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тамоми талошварзиҳоро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст, равона намуда, дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ амалисозии тадбирҳои заруриро бомаром идома хоҳад дод.

22.12.2016

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ инъикос гардидаанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар доираи идомаи ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соли 2016 корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Оид ба қарорҳои ҷаласаи XV Шурои машваратӣ

Дар доираи иҷрои қарори протоколии ҷаласаи понздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 324 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 7 августи соли 2015, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.

Тибқи қарори протоколии ҷаласаи XV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ имсол (соли 2016) аз ҷониби Котиботи Шуро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ, таҳлилҳо вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини истеҳсолот бо неруи энергетикӣ гузаронида, ба анҷом расонида шуд.Дар назар дошта шудааст, ки натиҷаҳои он ба ҷаласаи XVII Шуро пешниҳод карда мешаванд.

Оид ба ҷаласаи XVI Шурои машваратӣ

Санаи 12 апрели соли 2016 ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қайд кардан лозим аст, ки Ҳисобот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ бо омода намудани беш аз 100 тавсияҳо ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ба баррасии ҷаласа пешниҳод карда шуда, айни замон он барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ирсол карда шудааст.

Таъсис ва таҳкими фаъолияти Шуроҳои машваратӣ дар минтақаҳо

29 январи соли 2016 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ» баргузор гардид.

Иштирокчиёни мизи мудаввар фикру андешаҳо, мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро асосан атрофи масъалаҳои зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти шуроҳои машваратии сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ, пайгирии таъсири буҳрони иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, таҳияи стратегияҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва амалкард дар асоси он, мусоид намудани фоизҳои қарзҳои бонкӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба қарзҳо, таҳлили сабабҳои қатъёбии фаъолияти соҳибкорон, таҳким бахшидани фаъолияти Гуруҳи корӣ оид ба такмили Кодекси андоз, ташкили васеи фаъолияти заршуӣ ва нуқтаҳои қабул барои он дар минтақаҳо ва ѓайра иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 8-и Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани Шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд.

Айни замон шуроҳои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфта ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар водии Рашт Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт таъсис дода шудааст, ки Раиси Шурои машваратӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисони 5 ноҳияи водӣ ба ҳайси ҳамраисони Шуро фаъолият мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Котиботи Шурои машваратӣ ва бахши хусусӣ бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла лоиҳаи Барномаи рушди СММ аз 29 октябр то 19 ноябри соли 2015 дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ - вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Дӯстӣ, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор, Темурмалик ва Айнӣ ҷиҳати таъсис ва таҳкими фаъолияти шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда мулоқотҳо баргузор намуданд.

Дар доираи ислоҳотҳо

Қобили қайд аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳот дар доираи фаъолияти Шурои машваратӣ корҳо мунтазам идома дода шуданд.

Танҳо дар соли 2015 ва 5 моҳи соли 2016 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи фаъолияти сугуртавӣ”, марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, як қатор таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси андоз қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Шурои машваратӣ

Мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда

Санаи 8-уми июни соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Иштирокчиён оид ба таваҷҷуҳи хосса ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, ислоҳот дар доираи фаъолияти Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ибрози назар намуда, қайд гардид, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар кишвар натиҷаҳои самарабахш дода истодаанд.

Дар ин ҳамоиш дар доираи ислоҳот оид ба қабул ва мавриди амал қарор дода шудани як қатор қонунҳо, марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Нақша- чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, натиҷаҳои таҳлили мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, шуроҳои маҳаллии машваратӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, як қатор таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ибрози назар карда шуд.

Инчунин дар мизи мудаввар натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ дар ин ҷаласа муаррифӣ карда шуд.

Конфронс дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

5 августи соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид иштирок ва баромад намуда, дар суханронии худ оид ба нақши бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккули фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва марҳилаҳои он, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, доираи масъалаҳои сатҳи байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ ва муҳимтарин дастовардҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ таҳти сарварии Президенти кишвар бадастомада ибрози назар намуд.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ оид ба таваҷҷуҳи доимӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастовардҳо дар ин самт андешаҳои худро баён намуданд.

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016

Дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» 14 октябри соли 2016 дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Форуми ҳарсолаи байналмилалии соҳибкорӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор карда шуда, шакли муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ, чорабинии калони соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Форум мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Кори Форум дар шаш бахши пленарии зерин гузаронида шуд:

-Панели 1-ум «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузории асосёфта. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Панели дуюм “Воридотивазкунӣ - имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”;

-Панели 3-юм «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ - заминаи рушди истеҳсолоти миллӣ»;

-Панели чорум “Тақвияти имкониятҳои инфрасохторӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон”

-Панели 5-ум “Бартариятҳои Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ”;

-Панели 6-ум дар мавзуи “Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд”.

Дар доираи Форум як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Бо мақсади пайгирии Изҳороти Форум супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2016 таҳти № 24836(22.7) ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷро ирсол гардидаст.

Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016»

22 июли соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти Хатлон-2016 баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва дигар вилоятҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанию хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои касбӣ, созмонҳои байналмилалию молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаҳои бахшҳои алоҳидаи форум мавзуъҳои муҳим аз ҷумла дар бахши 1-ум имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тавсеаи содирот, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди минбаъдаи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ дар бахши 2- юм мавзуъҳои имкониятҳои истеҳсоли неруи энергетикӣ дар вилояти Хатлон ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ муаррифӣ ва оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нархгузорӣ дар сохтмон суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин мавзуъҳои муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва монеаҳои рушди бахши сайёҳӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳо дар бахшҳои асосӣ натиҷаи кори Форум ҷамъбаст ва вобаста ба он аз тарафи иштирокчиён Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи Форум меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи молу маҳсулоте, ки аз тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин»

Санаи 24-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин» баргузор гардид.

Тавре аз маълумоти расмии омории ҷумҳуриявӣ бармеояд, ҳаҷми ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин батадриҷ афзуда, солҳои 2007 – 2015 дар ҷумҳурӣ 765 млн. доллари америкоиро ташкил дода, дар маҷмуъ ҳаҷми умумии ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи мазкур солҳои 2011 – 2015-ум 422 фоиз афзудааст. Айни замон, лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин ва истифодабарии он» таҳия шуда истодааст.

Баромадкунандагон оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии бахши истифодаи қаъри замин, ислоҳоти заминаҳои меъёри ҳуқуқӣ, таъмини қонунгузории пешқадам дар соҳа бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ташаккули мақсад ва амалинамоии роҳу услуби гуногун ҷиҳати ноил гардидан ба он ибрози назар намуданд.

Омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ

Санаи 10 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии Лоиҳаи ташкили курсҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ баргузор гардид.

Ҳадафи барномаи омӯзиш аз мусоидат намудан ба роҳандозии стратегияҳои иловагӣ дар самтҳои таъсиси ҷойҳои корӣ, бахусус дар байни ҷавонон бо ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон оид ба масъалаҳои бароҳмонии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, истифода намудани донишу малакаи ҳосилнамудаи ҷавонон дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоти ҳукумативу давлатӣ дар самти беҳсозӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии фазои сармоягузорӣ ба баланд бардоштани малакаи доираҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар самти ҳамкориҳои муштарак ва рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ иборат буд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ дар мухлати аз 20 июни соли 2016 то 1 августи соли 2016, ба 3750 ҷавонони синнашон аз 15 то 25 сола аз вилоятҳои Суѓду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ асосҳои соҳибкорӣ, рушди малакаи пешсафӣ, саводнокии молиявӣ омӯзонида шуд.

Start-up «Чойхона»- майдони пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон

18 ноябри соли 2016 маркази Start-up «Чойхона» ба фаъолияти худ оғоз намуд. Ин иқдом бо ташаббуси муштараки доираи соҳибкорон ва шарикони бахши хусусӣ амалӣ гардидааст.

Ҳадаф аз ташкили чунин марказ ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши фарогирии ҷавонон бо шуғл тавассути дастгирии идеяҳо, лоиҳаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионии ҷавонон мебошад.

Бешубҳа, маркази Start-up «Чойхона» ҳамчун платформаи муҳим метавонад барои пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон, махсусан барои ҷавононе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз мекунанд, инчунин ба рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд. Дар чорабинӣ як қатор лоиҳаҳо ва идеяҳои бизнес-тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ барои дарёфти сармояҳо муаррифӣ карда шуд.

Паёми навбатӣ - самтҳои рушд барои соли 2017

Инак, ҷумҳурии мо дар остонаи ирсоли Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад.

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тамоми талошварзиҳоро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегардад, равона намуда, дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ амалисозии тадбирҳои заруриро бомаром идома хоҳад дод. 


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj