РӯӣдодҳоRSS

21.07.2017

Санаи 16 июл ва нимаи аввали 17 июли соли 2017 дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони Котибот бо намояндагони БАТР, аз ҷумла Елена Руиз Эбрил – Мушовири гендерӣ, Мариалена Визаки– Мутахассиси оид ба масоили гендерӣ, Татяна Тё – Бонкири калони Бонк, Баҳодур Шералиев – Директори Гуруҳи “ACT”, Иоланда К.Ҷибб – ширкати “Wernet”, Мартина Кастро – ширкати “Maxwell Stamp”, Дина Беннэт – Директори ширкати “ICE”, ки ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқотҳои анҷомдодашуда масъалаҳои марбут ба фаъолияти Котиботи ШМ, раванди ислоҳот ва натиҷаҳои дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузаронида ва татбиқгардида, нақшаҳои минбаъдаи ислоҳот дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Дар идомаи масъалаҳои матраҳгардида оид ба ислоҳоти дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ гузаронидашуда ва дар соҳаҳои нақлиёту бонкдорӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ дарназардошташуда, ҳамчунин фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон маълумот пешниҳод гардид.

Тавре маълум аст, масъалаи дастгирӣ ва мусоидат дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти мазкур мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин робита яке аз масъалаҳои асосии мулоқот баррасии масъалаи ислоҳоти ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ қарор гирифт. Ҳангоми суҳбатҳо Намояндагони БАТР оид ба лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, дар ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ намудани он изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 21 июли соли 2017 бо иқдоми Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва БАТР дар пойтахти кишвар баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Татбиқи лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки доираи васеи намояндагони давлат ва бахши хусусӣ, шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

10.07.2017

Инак, бо мақсади таъмини рушди соҳаи сохтмон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” таъсис дода шуд.

Қарори мазкур дар доираи амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 “Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои банди 10 Протоколи ҷаласаи XIV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №300 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ”ба анҷом расонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин муассиса фаъол намудани раванди амалигардонии ислоҳот, таъмини иҷро ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он барои соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ ба соҳибкорон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон дар ҷаласаи II Шӯрои машваратӣ аз 18 декабри 2008 ва ҷаласаи VI аз 23 июли соли 2010 баррасӣ ва пешниҳод гардида, тибқи қарори Шӯрои машваратӣ лоиҳаи “Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014” таҳия карда шуд ва сипас лоиҳаи Барнома дар ҷаласаи VII Шӯрои машваратӣ аз 15 марти соли 2011 мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардида буд.

05.07.2017

Имрӯз 5 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Муаррифии таҳлили вазъи таҳсилоти олӣ, истеҳсол ва коркади маҳсулоти озуқаворӣ", ки ба масъалаҳои сифат ва бехатарии маҳсулот вобастагӣ дорад, баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Маълумоти олӣ барои система ва стандартҳои коркарди маҳсулоти хурокворӣ дар Тоҷикистон ва Қиргизистон» бо дастгирии Барномаи Ерасмуси Иттиҳоди Аврупо доир гардид, ки ба ҷорӣ намудани низом ва стандартҳои байналмилалии қабулшуда дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ХАСП ва Глобал ГАП ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар равона карда мешавад.

Қайд карда шуд, ки лоиҳаи “Маълумоти олӣ барои система ва стандартҳои коркарди маҳсулоти хӯроквори дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” (HECAFS) моҳи октябри соли 2016 бо маблағгузории «Барномаи Erasmus +» -и Иттиҳоди Аврупо оғоз гардида, бо ҳамкории ду донишгоҳ дар Тоҷикистон, ду донишгоҳ дар Қирғизистон, 3 донишгоҳ дар кишварҳои Иттифоқи Аврупо, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи корхонаҳои меваю сабзавоти Қирғизистон ва ташкилоти Hilfswerk Austria International татбиқ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа консорсиум модулҳои омӯзиширо оид ба стандартҳо ва системаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи истеҳсолкунандагон/деҳқонон “Global GAP” ва коркардкунандагон “HACCP” таҳия ва амалӣ мегардонад. Дар оянда, лоиҳа имконият медиҳад, ки корхонаҳои хурду миёна коркарди маҳсулоти минтақавиро барои қонеъ намудани талаботи бозорҳои хориҷӣ бо таъмини бехатарии озуқаворӣ, ва баланд бардоштани рақобатпазири гузорад.

Ҳарду стандарти зикршудаи амнияти озуқаворӣ HACCP ва Global GAP баъд аз омӯзиши амиқи регламентҳои техникӣ ва талаботҳои бозорҳои содиротии анъанавӣ ва потенсиалӣ (Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо) интихоб карда шудаанд.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии навсозии системаи таҳсилоти олӣ оид ба татбиқи низоми байналмилалӣ ва стандартҳои истеҳсоливу коркарди маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба ин васила баланд бардоштани иқтидори содиротии корхонаҳои хурд ва миёна маҳсуб ёфта, низоми таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва татбиқи модулҳои омӯзиши дар 2 донишгоҳҳои Тоҷикистон мукаммал мегардад.

Боиси ёдоварист, ки масъалаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат ва рушди истеҳсолоти ватанӣ маҳсуб ёфта, дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин радиф, тибқи супориши Раиси Шӯрои машваратӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъ ва масъалаҳои рушди бахшҳои саноат гузаронида шуда, тавсияҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа дар шакли лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016 – 2018 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 июли соли 2016, №324 ба тасвиб расид.

Тибқи банди 16-уми Нақшаи чорабиниҳои мазкур ҷорӣ намудани барномаи махсуси таълимӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ХАССП (НАССР – таҳлили хавфҳо ва нуқтаҳои критикии санҷишӣ) ва «ГлобалГАП» («GlobalGAP») дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳавӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ба таҳким бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

29.06.2017

Дар доираи ташаббускориҳо ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф намудани монеаҳо ва вусъат бахшидан ба ҷалби сармоя, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ 30 июни соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони як қатор ширкату корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд нахустин Бизнес-коктейл баргузор мегардад.

Чорабинӣ аз тарафи Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таҳким бахшидан ба раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, дар фазои мусоиду озод анҷом додани мубодилаи афкор, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳибкорон тавассути муколамаи байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон мебошад.

Бояд қайд кард, ки “Бизнес-коктейлҳо” яке аз шаклҳои муосир ва самараноки муколамаи давлат ва бахши хусусӣ буда, он дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, мамлакатҳои араб, Туркия, Чин ва дигар шарикони тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода мегардад.

Метавон изҳори итминон намуд, ки натиҷаи нахустин Бизнес-коктейл пурсамар гардида, он минбаъд мунтазам ташкил ва ба роҳ монда хоҳад шуд. 

23.06.2017

Тавре маълум аст, дар доираи ислоҳот дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти сохибкорӣ раванди коҳиш додани масъалаҳои марбут ба санҷишҳо ва мақомоти санҷишӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 266 шумораи якчанд мақомоти назоратӣ коҳиш дода шуд.

Аз ҷумла дар заминаи чор мақомоти назоратӣ - Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ як ниҳод - Хадамоти назорати давлатии бехатарии озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар баробари ин, тибқи банди 5 қарори мазкур ба Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ супориш дода шудааст, ки бо мақсади маҳдуд кардани ваколатҳои мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқук ба он, омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фаъолияти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ҶТ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», ки аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор гирифт, таъсис дода шуда, бо мақсади назорати раванди санҷишҳо ҷаласаҳои худро мунтазам баргузор менамояд.

15.06.2017

Ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) якҷо бо Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ вобаста ба ташхиси занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои туризм ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон таҳлили зарурӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади ҷамъбаст намудани таҳлил ва таҳияи ҳисобот оид ба ташхиси занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои туризм ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон санаи 13 июни соли равон намояндагони Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Кумита бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва санаи 14 июн бо намояндагони бахши хусусии соҳаҳои туризм ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон вохўриҳои корӣ баргузор намуданд.

Зимни вохўриҳо ҷанбаҳои гуногуни туризм ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, як қатор пешниҳод ва таклифу тавсияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои ҳисобот манзур карда шуданд.

Дар назар аст, ки рўзҳои наздик Ҳисоботи якҷояи Кумита ва Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ташхиси занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои туризм ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешавад.

09.06.2017

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мунтазам ислоҳотҳо гузаронида мешаванд, ки яке аз чунин ислоҳот коҳиш додани миқдори санҷишҳо ва шумораи мақомоти он ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум аст, дар ҷаласаи Х Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 19 октябри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани миқдор ва шумораи мақомоти санҷишҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» - ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба ин тибқи банди 3, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи Х Шӯро ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»-ро бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

Ёдовар мешаваем, ки қонуни мазкур 25 декабри соли 2015, № 1269 кабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал амал қарор дода шуд.Қонун аз 6 бобу 46 модда иборат буда, он асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷишгузаронандаро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба тартиб ва расмиёти гузаронидани санҷишро ба танзим медарорад. Дар қонун мафҳумҳои таваккал ва меъёрҳои баҳодииҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ, объекти санҷиш ҳамчун мафҳумҳои нав дарҷ карда шуда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти давлат ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда равона карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар ҷумҳурӣ 31 маҷомоти санҷишӣ ва 56 мавзӯи санҷишҳо муайян карда шудааст.

Тибқи муқаррароти қонун бо мақсади назорати раванди санҷишҳо Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ҶТ таъсис дода шуда, то имрӯз ду ҷаласаи худро баргузор намудааст.

Муқаррар шудааст, ки имсол шумораи санҷишҳои нақшавӣ нисбат басоли гузашта то 70 фоиз (шумораи санҷишҳои нақшавӣ дар соли 2016 – 248 557 адад ва дар соли 2017 пешниҳодшаванда – 71 362 адад) коҳиш дода мешавад.

Айни замон, Нақшаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли 2017 пешниҳод гардидааст, ки ин тадбир дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аввалин бор дар мамлакат амалӣ мешавад.

Ҳамчунин дар доираи татбиқи қонун маълумотҳои муҳимтарин ва масъалаҳои марбут ба санҷишҳо мунтазам дар сомонаи www.ijozat.tj (www.ijozat.tj/соҳаи санҷиши/нақшаи мақомоти санҷишӣ) дарҷ мегарданд. Аз ҷумла, Нақшаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли 2017 дар ин сомона ҷой дода шуда, ҳар як соҳибкор имкон дорад, аз ҳамин лаҳза муайян намояд, ки имсол аз ҷониби кадом мақомот ва кай мавриди санҷиш қарор мегирад.

Маълумоти пурраро метавонед бо пахш намудани линки мазкур пайдо намоед: http://ijozat.iktmaster.ru/

30.05.2017

Тавре маълум аст, масъалаи дастгирӣ ва мусоидат ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ин ҷода тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2017 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №461” барои дар деҳотҷойҳо машғул гардидан ба фурӯши маҳсулоти пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, ки дар маҷмуъ харидорони зиёд доранд, аз пардохти андоз озод карда шудаанд.

Ҳамзамон,тибқи ин қарор шаҳрвандоне, ки дар деҳотҷойҳо курсҳои омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ташкил намудаанд, мавриди андозбандӣ қарор намегиранд.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бо мақсади устувор намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд (банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017), ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод карда шавад.

Метавон итминон намуд, ки намояндагони мақомоту идораҳо ва бахши хусусӣ, ҷиҳати татбиқи иқдомоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳё намудани суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик, аз ҷумла дар раванди таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур саҳми худро хоҳанд гузошт.

26.05.2017

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси ҳамкориҳои судманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ курси омӯзишӣ барои хизматчиҳои давлатӣ ба итмом расида, иштирокчиён бо сертификатҳо мукофотонида шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки курси мазкур барои 30 нафар аз вазорату идораҳои гуногун ташкил шуда, аз 5 модули зерин иборат буд;

1) Иҷозатҳо ва иҷозатномаҳо

2) Савдои байналмилалӣ

3) Андоз ва андозситонӣ

4) Ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ

5) Пешвоӣ, алоқа ва дастовард.

Интизор меравад, ки баъди хатми курси қайдгардида иштирокчиён дар вазифа ва сатҳи худ ба датгирии доираҳои соҳибкорӣ боз ҳам тақвият мебахшанд. 

11.05.2017

МАВЗУЪҲОИ АСОСӢ:

 - Натиҷаҳои ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ

- Саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар рушди иқтисодиёт

- Густариши амалисозии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ

- Баррасии имкониятҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон

- Лоиҳаи Қонун дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ 

- Ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид

Идома...


    Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
    Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
    Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
    Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj