РӯӣдодҳоRSS

19.04.2018
Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ 

18.04.2018
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди
 онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад
12.04.2018

Нимаи дуюми имрӯз, мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо шарикони рушд баргузор градид.

1(30).jpg

Мулоқотро муҳтарам Ҳамрализода Ф. М. ифтитоҳ намуда, бо пазироӣ аз иштирокчиён ва арзи миннатдории самимӣ ба шарикони рушд барои ҳамкориҳои самаранок оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, таҳкими низоми татбиқи қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои моликият, гузаронидани ислоҳоти манфиатовар ҷиҳати тақвият додани устувории молиявӣ ва рақобатпазирии бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, бартараф намудани монеҳои маъмурии иловагӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани иқтидори сармоягузории кишвар ибрози назар намуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар санадҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд, ба роҳ монда шудааст.

2(18).jpg

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар Стратегияи барои давраи то соли 2030, гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян гардида, онҳо тақвиятбахшандаи ҳадафҳои стратегии амалкунанда маҳсуб меёбанд.

6(6).jpg

Сипас, Ҳамрализода Ф. М. дар раванди татбиқи барномаю стратегияҳои мазкур оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда, самаранокӣ ва рақобатпазирии тамоми нерӯву иқтидорҳо, масъалаю мушкилоти дар самти фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ мавҷудбуда ва бартараф кардани он, таъмини иҷрои тадбирҳои минбаъда, инчунин саҳми давлат, бахши хусусӣ ва шарикони рушдро дар ин самт қайд кард.

3(18).jpg

Дар мулоқот Маҷидӣ Юсуф Хайрулло Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муъминзод Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Нигина Анварӣ ва Орзу Аҳмадзода муовинони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Шараф Шерализода Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Ясмин Гуедар, Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби шарикони рушд - Прадип Шривастава, Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Айтен Рустамова Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ян Петер Олтерс Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Саня Боянич Муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Туула Юрёля Намояндаи доимии Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, Хидаеят Бишчевич Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Питер Фернандес Карди Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Кристин Лаабс Роҳбари KfW, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Бернадетте Ной Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Корин Деменж Муовини Намояндаи доимии Котиботи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, Рашид Кадиров Роҳбари Намояндагии Бонки Авруосиёгии рушд дар Тоҷикистон, Манижа Мамаднабиева Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Юрий Соболев, Роҳбари Намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон, Хидеки Танабе Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Кэтрин Кроуфорд Роҳбари Намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

4(14).jpg

Иштирокчиён атрофи масъалаҳои дар мулоқот баёнгардида фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд.

5(7).jpg

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд зимни ҷамъбасти мулоқот изҳори итминон намуд, ки саҳми шарикони рушд дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тавассути татбиқи тадбирҳои созанда, таҳия ва пешниҳоди масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, амалисозии нақшаҳо дар самти татбиқи ислоҳот ҳарчӣ бештар муассир мегардад ва дар ин самт ба шарикони рушд барору комёбиҳо таманно намуд.

07.04.2018

6 апрели соли 2018 бо иқдоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила, Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес - Форуми минтақавии занони соҳибкор таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути тавсеаи иқтидори ҳунармандӣ” баргузор гардид.

Дар кори форум намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳо, аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занони назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бизнес-ассотсиатсияҳо, ширкатҳо, бонуҳои муваффақи бахши сайёҳӣ ва ҳунармандии ассосиатсияҳои бонувони соҳибкор, ширкатҳои сайёҳию ҳунармандии Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумита оид ба корҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кевин Кэвер, Кордори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар баромадҳо аз ҷумла қайд гардид, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои расидан ба ин ҳадаф, дастгирии сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд. Барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди инфрасохтори соҳа, зиёд намудани шумораи сайёҳон маҷмӯи тадбирҳо андешида мешаванд. Бинобар ин, мақсади Форум аз баррасии масъалаҳои муҳимтарини баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандӣ, имконияти рушди сайёҳии минтақавӣ ва дар шароити афзоиши аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ таъмин бо шуғл иборат аст.

Кори форум дар бахшҳои зерин идома дода шуд:

- чамъбасти таҳлилҳо оид ба афзалиятҳои иқтисодии эътирофи занон, ҳамчун субъектҳои иқтисодӣ дар доираи таъмини дастгирӣ дар самти беҳтар кардани ҳуқуқҳои иқтисодии занон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- таҳкими шабакаи касбӣ дар минтақа ва истифодаи тиҷорати электронӣ ва технология барои тиҷорат;

- тақвият бахшидани имкониятҳои занон дар бахши сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ;

- тақвият бахшидани имкониятҳои занон дар бахши ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ;

Рӯзи дуюми Форум ба омӯзиш ва тренингҳои мизи мудаввар барои занони соҳибкор бахшида шуд, ки ба занони соҳибкор барои имкониятҳои роҳандозии технологияҳои иттилоотӣ дар тиҷорат, истифодаи усулҳои муосири ҳавасмандгардонии кормандон ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди тиҷорат имкон медиҳад.

Дар анҷоми кори форум, иштирокчиён як қатор тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории занон қабул намуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши ярмаркаи маҳсулоти истеҳсолкардаи занҳои соҳибкори самти сайёҳӣ, ҳунармандӣ, агросаноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

27.03.2018

Нимаи дуюми имрӯз дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабиниро бо пазироии иштирокчиён Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ҳусни оғоз бахшида, нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода баромад намуд.

IMG-20180328-WA0011.jpg

Тавре қайд гардид, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ аз рӯзҳои аввал бо мақсади амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ таъсис ёфта, муддати ин солҳо, бахусус як соли охир хеле самарнок фаъолият дорад. То имрӯз чандин масъалаҳои муҳим ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод гардида, вобаста ба он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ санадҳои дахлдори ҳуқуқию меъёрӣ қабул карда шудааст.

Ҳамзамон, пайгирӣ ва баррасии чандин масъалаҳои дигари барои фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ идома дошта, масъалаи дар чорабинии имрӯза дар мавзӯи «Такмили низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала ва минбаъд вобаста ба он қабул шудани санадҳои дахлдор барои фаъолияти самти соҳибкорию сармоягузорӣ бештар мусоидат хоҳад кард.

Зимни суханронии худ муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оид ба баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои андоз дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои VII, VIII, IX, X, XVI, дар доираи ислоҳот дар таҳрири нав қабул ва аз оғози соли 2013 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

IMG-20180328-WA0010.jpg

Дар натиҷа номгӯи андозҳо аз 21 намуд то 10 намуд шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз коҳиш ёфт. Дар кодекс зиёда аз 70 намуди имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд. Бо мақсади шаффоф ва осон гардонидани маъмурикунонии андоз тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духӯрагиҳо дар Кодекси андоз, муҳлатҳои санҷиши нақшавии аввалин ва гузаронидани назорати камералӣ танзим гардида, ба соҳибкорон як қатор сабукиҳо дода шуданд.

Қайд гардид, ки то имрӯз якчанд Гурӯҳҳои кории алоҳидаи мақомоти қонунгузор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ вобаста ба масъалаҳои андоз таҳлилҳои худро гузаронидаанд ва натиҷаҳои он бо тавсияҳои мушаххас дар мизи мудаввари имрӯза муаррифӣ карда мешаванд. Изҳори итминон карда шуд, ки мизи мудаввар майдони муколамаи озод, созанда ва шароити мусоидро ҷиҳати ҳамоҳанг намудани фаъолияти ин Гурӯҳҳои корӣ, баррасии якҷояи натиҷаҳои таҳлилҳои аз ҷониби онҳо гузаронидашуда оид ба ҳалли масъалаҳои андозбандӣ фароҳам меорад.

Дар мизи мудаввар якчанд муаррифнома, аз ҷумла таҳлил оид ба такмили сиёсати андоз аз ҷониби коршиноси Барномаи «Дастгирии назорати парлумон ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» А. Красников, имтиёзҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршинос оид ба рушди бахши хусусии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, С. Султонова, таҳлили масъалаи андозбандӣ аз ҷониби Раиси Ассосиатсияи АМЧАМ, Г. Атобек ва таҳлил оид ба «Даромадҳои андозии буҷетҳои маҳаллӣ» аз ҷониби Роҳбари компоненти «Муносибатҳои байнибуҷавӣ»-и лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон», Г. Курляндская пешниҳод гардид.

Муаррифномаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштироккунандагони чорабинӣ баррасӣ ва вобаста ба онҳо фикру мулоҳизаҳои дахлдор баён гардид.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шараф Шерализода ба иштироккунандагон барои иштироки фаъолона дар чорабинӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки таклифу пешниҳод ва тавсияҳои манзургардида дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва ҷаласаҳои минбаъдаи он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор мегиранд ва барои омода намудани таҳлили ҷамъбастӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инобат гирифта мешаванд. 

16.03.2018
Нимаи дуюми 14 март кормандони Котибот аз Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ (Public Services Hall )-и шаҳри Тбилиси боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассиса, кормандони маркази мазкур оид ба раванди ташкили кор дар марказ, намудҳои хизматрасонӣ, самаранокии фаъолияти он вобаста ба муҳлатҳо ва маблағҳои хизматрасонӣ, доираи иштироки бахши хусусӣ дар раванди хизматрасонӣ, имконияти хизматрасониҳои иловагӣ дар марказ иттилоъ доданд. Вобаста ба саволҳои аз тарафи кормандони Котибот матраҳшуда посух дода шуд.
Ҳамзамон, нимаи дуюми 16 март дар Дафтари кории Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Гурҷистон мулоқоти намояндагони Котибот бо муовини раиси Маркази хизматрасонии ҷамъиятии шаҳри Тбилиси, Гиви Чануквадзе анҷом дода шуд.
Дар ин мулоқот номбурда оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ дар Гурҷистон муаррифнома пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки аввалин маротиба чунин маркази хизматрасонӣ соли 2011 дар шаҳри Батумии Гурҷистон таъсис ёфта, айни замон шумораи он то ба 16 адад расидааст. Дар ин мулоқот оид ба механизмҳои амалисозии марказ маълумотҳои муфид пешниҳод гардид.
Аз мулоқоти мазкур ва шиносоии қаблӣ бо фаъолияти Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ маълум гардид, ки амалисозии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи хуби ташкилию техникӣ ба роҳ монда шудааст ва он қобили таваҷҷӯҳ буда, татбиқи он хеле муҳим ва муфид арзёбӣ мегардад.
15.03.2018
Санаи 15 марти соли ҷорӣ дар Дафтари Бизнес-Ассотсиатсияи Гурҷистон воқеъ дар шаҳри Тбилиси Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар кори конфронс роҳбарон ва кормандони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Албания, Миср, Украина, Молдова, намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Намояндагии ин муассиса дар Гурҷистон иштирок намуданд.
IC 2.jpg
Конфронсро Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Бруно Балванера ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади конфронс, зарурати мунтазам баргузор намудани он, мубодилаи таҷрибаҳои кори Шӯроҳо ва Котиботи он, инчунин масъалаҳои дигари нишаст ибрози назар намуд. Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳии конфронс Ҷастин Маккензи, Сафири Британияи Кабир дар Гурҷистон баромад намуда, таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусиро, бахусус тавассути фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҷаноби Маккензи вобаста ба самтҳои дигари масъалаи мазкур ибрози назар намуда, ба иштирокчиёни кори конфронс барору комёбиҳо таманно намуд.
Тибқи барнома дар бахши аввали кори конфронс роҳбарони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҳар як давлат оид ба масъалаҳо, дастовардҳои Шӯроҳои машваратӣ, маҷмӯи ислоҳоти иқтисодии дар доираи фаъолияти Шӯроҳо татбиқшуда, бартарафсозии монеа ва нуқсонҳо дар рафти амалисозии ислоҳот ва масъалаҳои минбаъд баррасишаванда муаррифнома пешниҳод намуданд.
Ҳангоми пешниҳоди муаррифнома оид ба таъсис ва фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат, ислоҳот ва натиҷаҳои он дар соҳа, бо ташаббуси Пешвои миллат амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати васеъгардонии ҳайати намояндагони бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди интихоб, баррасӣ ва қабули қарор, таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар соли 2018 маълумот пешниҳод карда шуд.
IC 1.jpg
Атрофи муаррифномаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар қисмати дуввуми конфронс намояндагони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Молдова ва Қирғизистон оид ба якчанд ислоҳотҳои дар доираи Шӯроҳои машваратии ин кишварҳо амалишуда ва масъалаҳои марбут ба он муаррифнома пешниҳод намуданд. Иштирокчиён оид ба раванди амалисозии ислоҳотҳои мазкур, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи иштироки бахши хусусӣ дар он ва таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ибрози назар намуданд.
Қисмати сеюми кори конфронс ба чор бахш:
- машварати кории роҳбарони Котиботи Шӯроҳои минтақаҳо оид ба баланд бардоштани самарнокии кори Шӯроҳои машваратӣ;
- нишасти мушовирони иқтисодии Котиботи Шӯроҳо;
- масъалаҳои таъмини ҳуқуқии самаранокии ислоҳот;
- баррасии масъалаҳои маъмурии Котиботи Шӯроҳо тақсим шуда, масъалаҳои вобаста ба маҷмӯи васеи фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
IC 5.jpg

Санаи 16 март кори Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ идома ёфт.
Дар бахши кории конфронс намояндагони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Арманистон, Албания ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои таъмини фаъолияти самараноки Шӯроҳо ва дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо шарикон ва бахши хусусӣ, мунтазам ба сатҳи баланд баровардани фаъолияти Шӯроҳо, роҳҳои бартараф кардани монеаҳо дар ин самт муаррифнома пешниҳод намуданд.
IMG_0867.jpg
Дар ҷамъбасти кори конфронс иштирокчиён раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, татбиқи ислоҳот, устувор гардонидани мавқеи бахши хусусӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои шарикони рушд дар ин раванд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарии ҷумҳуриҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.
14.03.2018
Санаи 13-14 марти соли 2018 дар бинои Holiday Inn, шаҳри Тбилиси намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ дар Семинари минтақавии коршиносон дар мавзӯи “Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои беғаразонаи минтақавӣ дар фаъолияти соҳибкории хурду миёна: Арманистон, Озорбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Туркия ва Украина” иштирок намуданд.

Дар кори семинар атрофи масъалаҳои ҳамкориҳои самимию беғаразонаи минтақавӣ дар фаъолияти соҳибкории хурду миёна, дастгирии соҳибкории хурд, имконияти ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва таъмини молиявӣ, хавфҳои соҳибкории хурд, зарурати таваҷҷӯҳи мақомоту идораҳо ба масъалаҳои таъмини рушди соҳибкории хурду миёна мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Қарор дода шуд, ки идомаи кори семинар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ давоми соли ҷорӣ дар яке аз ин кишварҳо баргузор карда шавад.

09.03.2018

Дар доираи ташрифи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз дар «Кохи Истиқлол» - и пойтахт Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки баргузор гардидани чорабиниҳо ва вохӯриҳои муштараки дуҷониба туфайли иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳар ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович имконпазир гардида, чунин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст.

Дар чорабинӣ атрофи имониятҳои сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, зарурати истифодаи ҳарчӣ бештари заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳо мулоҳизарониҳо сурат гирифт. Соҳибкорон, мақомоту идораҳои давлатӣ, иштирокчиёни чорабинӣ дар мулоқотҳои алоҳида, дар қолаби BxB ва BxG вобаста ба имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ, як қатор қарордод ва санадҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Дар Намоишгоҳи имрӯзаи фурӯши молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон чандин намуд маҳсулоти саноатии ин кишвар гузошта шудааст, ки соҳибкорону шаҳрвандон метавонанд аз он дидан ва харидорӣ намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи апрели соли 2017 нахустин намоишгоҳи ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 160 ширкат ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ - ярмаркаи маҳсулоти саноатие, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, беш аз 150 ширкат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Тибқи маълумотҳо миқдори умумии қарордодҳои имзошуда ва як қатор созишномаҳо барои соли 2017 тақрибан 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст. Дар Тоҷикистон 9 ширкат бо сармоягузориҳои Ӯзбекистон ва 24 ширкат бо сармоягузориҳои соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон фаъолият доранд.

08.03.2018

8 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел дар доираи ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: Имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои бонуфузи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, сохторҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия, Парлумони Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.

IMG_1505-1024x683.jpg

Дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвари мо дар созмони Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз иштироккунандагони форум барои ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд миёни Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви созмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода оид ба имконият ва бахшҳои асосии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, энергетика, саноати бофандагӣ, сохтмон, кишоварзӣ муаррифнома пешниҳод намуд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ба саволҳои иштироккунандагон вобаста ба раванди ислоҳот ва натиҷаҳои бадастомада дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, дар ин замина фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ посух дод.

Таваҷҷӯҳи иштироккунандагон махсусан ба соҳаҳои сайёҳӣ, ки солҳои охир афзоиши сайёҳон, бахусус аз мамлакатҳои Аврупо назаррас мебошад, ҷалб карда шуд. Тавре зикр гардид, соли ҷорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», эълон гардидааст, ки он барои ҳамкорӣ дар бунёди инфрасохтори соҳа шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ба таваҷҷӯҳи иштироккунандагони форум наворҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Роҳбари бахши Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Борис Ярошевич, мушовири роҳбарияти Бонки сармоягузории Аврупо Шираз Каруи, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Брюссел Гуилим Ҷонс зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиротҳои дар самти фазои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои барои сармоягузорон пешбинишударо таъкид намуда, аз иштироккунандагон барои ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.



Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj