РӯӣдодҳоRSS

17.10.2017

Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт таҳти унвони "Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон" семинар баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мӯхтарам Нигина Анварӣ оғоз намуда, оид ба доираҳои васеи масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон, таъмини рушди самти мазкур, масъалаҳои таъмини рушди иқтисодиёт ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ мавзӯъҳои «Шаклҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо», «Шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ дар мисоли Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия» ва масъалаҳои дастгирӣ, аз ҷумла давлатӣ, тарзи амалисозии он, иштироки доираҳои масъул ва манфиатдори раванди мазкур, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дастгирӣ ва таҷрибаи амалии самти мазкур дар мисоли Бизнес-инкубатори амалан фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар чорабинӣ намояндагони паркҳои технологии донишгоҳҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои машваратӣ, шарикони рушд ва мақомоти давлатӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ дастгириҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла проблемаҳо ва имкониятҳо дар ин самт, тамоюлҳои байналмилалии дастгирии соҳибкории ҷавонон, шаклҳои дастгирии самти мазкур баррасӣ гардид.

Семинари мазкур таҳти лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шудааст, ки аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

U19A9095.jpg

U19A8988.jpg

U19A9105.jpg

U19A9131.jpg

U19A9139.jpg

U19A9579.jpg

U19A9589.jpg

U19A9619.jpg

14.10.2017

Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

22496214_1630135957056584_8462017356176877310_o.jpg

Зимни суханронии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддат, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд.

22496063_1630139837056196_6382885174483387621_o.jpg

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тавре зикр гардид, муваффақ шудан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз бояд поин равад.

Зикр шуд, ки дар панҷ соли охир 870 ҳазор ва танҳо дар соли 2013 беш аз 185 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид ва ин раванд барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва рушд ёфтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоси худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маводи сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва танҳо соли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта ба истифода додаанд. Дар ин робита зарурати вусъат бахшидан ба ин раванд таъкид карда шуд.

22424638_1630128537057326_3691521452972163207_o.jpg

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзудани миқдори субъектҳои соҳибкориро дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ номида, зикр намуд, ки дар чор соли охир шумораи онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмуъ 57 фоизро ташкил менамояд.

Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз ин зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба масъалаҳои низоми “Равзанаи ягона”, расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ ва зарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва ғайра ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро барои бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои зикргардида таъкид намуд.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат барои саҳми намоёнашон дар рушди иқтисодиёти кишвар, устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии ниёзмандон ва ободу зебо гардонидани диёри бобоӣ муқаддас арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ оянда ҳам дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.

22426188_1630138513722995_7920036210850730320_o.jpg

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посухҳои қаноатманд дод.

Суолу дархост ва пешниҳодҳо, аз ҷумла аз ҷониби соҳибкорзан аз ноҳияи Ашт Замирахон Қаҳҳорова, соҳибкори моҳипарвар аз шаҳри Кӯлоб, Сурайё Уроқова аз ноҳияи Ҳисор, Илҳом Қурбонов ва Акбар Гуломов аз ноҳияи Ёвон, Гавҳар Хоҷаева аз шаҳри Ваҳдат, Баҳриддин Муҳиддинов аз ноҳияи Ховалинг, Абдураҳим Абдуғаффоров аз шаҳри Истаравшан, соҳибкори хоҷагидор аз ноҳияи Шӯрообод, Муҳаммадӣ Бердиев аз шаҳри Турсунзода, Исфандиёр Абдураҳмонов роҳбари ассотсиатсияи Заргарон, Раҳмоналӣ Файзалиев аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Нусратулло Файзуллоев ва Ҳусния Шоинова аз шаҳри Қурғонтеппа, Ҳайдар Додоҷонов аз ноҳияи Зафаробод, соҳибкорзан аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маърифат Неъматова аз ноҳияи Дарвоз, соҳибкори тоҷик аз Федератсияи Русия, Диловар Орзуев аз ноҳияи Тоҷикобод, соҳибкори бахши чорводорӣ аз ноҳияи Бохтар, соҳибкорзан аз шаҳри Кӯлоб, соҳибкори собиқадор аз ноҳияи Ғончӣ, Шарофат Ғозиева аз ноҳияи Ҷиргатол, Баротбек Ҷалолов аз Бошқирдистони Федератсияи Русия, Надежда Сайфуллоева аз ноҳияи Файзобод, Сайфиддин Миров аз ноҳияи Муъминобод, Гавҳаршо Ҷаъфарӣ аз шаҳри Хоруғ, Заррина Бобокалонова аз шаҳри Панҷакент, Файзиддин Боронов аз ноҳияи Данғара, Салимабону Каримова ва Даврон Ҳасанов аз шаҳри Хуҷанд, Сайёд Камолов аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия, як соҳибкори бахши коркарди обҳои маъданӣ ва Давлатёр Саломов аз ноҳияи Айнӣ, Далер Шарипов аз шаҳри Душанбе, соҳибкорзан аз ноҳияи Варзоб, Баҳриддин Додоев аз шаҳри Истравшан, ва Файзиддин Кабиров аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба миён гузошта шуданд.

22459166_1630136313723215_4883764733106671905_o.jpg

Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои матраҳшуда изҳори қаноат намуда, вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқоти мазкур ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дод. Таъкид гардид, ки ҳамаи таклифу пешниҳодҳои соҳибкорон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор бигиранд ва барои дар амал татбиқ намудани дархостҳои судбахши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.


Сарчашма: http://www.president.tj/node/7701


13.10.2017

Имрӯз, дар МД “Китобхонаи миллӣ”-и шаҳри Душанбе Мизи мудаввар оид ба дастгирии соҳибкории бонувон ва рушди ҳунармандӣ, баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва NICE-TAK-и Sequa оғоз гардид.

Дар бахши аввали ҷорабинӣ оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», муҳтавои он ва дар маҷмуъ оид ба масъалаҳои марбут ба ҳунармандӣ ва рушди он муаррифнома пешниҳод гардида, мулоҳизарониҳо ва пешниҳодҳо манзур гардид.

Бахши дуюми чорабинӣ таҳлили «Ҷaнбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, инчунин оид ба ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ аз ҷониби коршиносони БАТР барои иштирокчиён омӯзиш гузаронида шуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии бонувони соҳибкор дар самти ислоҳоти иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мизи мудаввар дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” баргузор гардида, дар ин робита ҳамчунин рӯзҳои 13-15 октябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоишгоҳ - фурӯши миллии маҳсулоти ҳунармандӣ доир мегардад.

Ин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо дастгирии БАТР ва NICE-TAK ташкил карда шуд.

12.10.2017

12 октябри соли 2017, дар доираи таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” конфронс дар мавзӯи “Рушди хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон.Тарғиб ва рушди хизматрасониҳои самти тиҷорат” баргузор гардид. Чорабинӣ аз тарафи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо дастгирии БРСММ ташкил карда шуд.

Ҳадафҳои чорабинӣ аз тақвият бахшидани иқтидори ташкилотҳои машваратӣ, мушовирон ва мутахассисон барои расонидани хидматҳои машваратӣ бо ихтисос ва талабот, муайян ва арзёбии фарқияти байни хизматрасонӣ ва талабот ба хизматрасонӣ, барои муҳокима намудани мушкилот ва монеаҳо дар соҳаи мусоидат ба содирот ва нақши ширкатҳои машваратӣ дар рушди корхонаҳои хурду миёна мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони соҳибкорони хусусӣ, ташкилотҳои машваратӣ, созмонҳои байналмилалии самти рушди тиҷорати хурд ва миёна, мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ М.Мадҷонова оғоз намуда, оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ, хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳа, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ибрози назар намуд.

Барномаи самти мазкурро Парвиз Акрамов, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Мусоидати лоиҳаи тиҷоратӣ муаррифӣ намуда, ҳамзамон Фиорентсо Сперотто роҳбари Лоиҳаи NICE-TAK, Иттиҳоди Аврупо дар чорабинӣ суханронӣ намуд.

Сипас, иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ҳимоя, хизматрасониҳои Рушди тиҷорат, хизматрасонии рушди тиҷоратӣ барои пешбурди содирот табодули афкор намуда, дар ҷамъбаст тавсияҳои мизи мудаввар қабул гардид.

11.10.2017

Имрӯз дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар ҳамкории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ: тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хусусӣ” доир гардид.

IMG_7625.JPG

Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусии ватанӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Манучеҳра Мадҷонова – и.в Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Насим Раджабов – Роҳбари маркази омузиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Феликс Фаллаш, мушовири барномаи дастрасӣ ба маблаггузории тағйирёбии иқлими Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ оѓоз намуданд.

Сипас, Павел Чинчера, мушовири Фонди сабзи иқлимӣ вобаста ба мақсад ва вазифаҳои фонд, шарикии кишварҳо (механизми ҳамоҳангсозӣ, мақомоти ваколатдори миллӣ), имкониятҳои дастрасӣ (ташкилотҳои миллию байналмилалии акредитатсияшуда), имкониятҳо барои тиҷорат, ҷалби бахши хусусӣ муаррифномаи пурмуҳтаво баҳри иштирокчиён манзур намуд.

Ҳамзамон, ҷаноби Павел Чинчера оид ба мақомоти ваколатдори миллӣ, аз ҷумла Котибот ва механизми ҳамоҳангсозӣ, низоми “бидуни эътироз” ва нақши Гурӯҳи коршиносони техникӣ маълумоти мушаххасу муфассал пешниҳод намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар дар бахши муҳокима ва саволу ҷавоб вобаста ба истифодаи имкониятҳои васеи дастгирии молиявии фонди мазкур фаъолона иштирок намуданд. 

10.10.2017

Дар доираи таҷлили сеюмин солгарди “Рузи соҳибкорон” имрӯз дар бинои МД “Душанбе Плаза” дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Иттифоқи бахши хусусии ҷумҳурӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои маҷмуавӣ вобаста ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дузандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

22489952_1875723262442824_5470385552391276723_n.jpg

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Иттифоқи бахши хусусӣ Ф.Раҷабов оғоз гардида, қайд намуд, ки ҳадаф аз чорабинии мазкур аз фароҳам овардани майдони озод ва созандаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасӣ намудани маҷмуи масъалаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иборат мебошад.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои дастгирии давлатӣ дар бахшҳои соҳибкории нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ислоҳотҳои амалишуда ва минбаъд дар соҳа дарназардошташуда, зарурати иштироки фаъолонаи кормандону мутахассисон дар ин раванд ибрози назар намуд.

22405965_1875724179109399_8184621813782047559_n.jpg

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорати рушди иқтисод ва савдо, кумитаи андоз, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ оид ба масъалаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, роҳҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳа, дастгирии ҷанбаҳои гуногуни он муовини Раиси Ассосиатсияи саноати сабук А.Муҳаммадиев муаррифнома пешниҳод намуд. Директори корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Гулистони Душанбе” Д.Бегов оид ба ҳавасмандгардониҳо дар соҳа тавассути воситаи воситаҳои молиявӣ, аз ҷумла сиёсати андозӣ, ААИ, нчунин таҳияи тавзеҳот ба Кодекси андоз пешниҳод манзур намуд.

22308971_1875723685776115_1932474892483286021_n.jpg

Ҳамчунин,намояндагони дигари бахши хусусӣ дар чорабинӣ мулоҳизаву назари хешро баён намуданд.

Пас аз суханрониҳо табодули афкор ва саволу ҷавобҳо сурат гирифта, дар анҷоми чорабинӣ тавсияҳои чорабинӣ қабул гардид.

22366445_1875723482442802_6878731235309436184_n.jpg

09.10.2017

Имрӯз дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон баргузор гардид.

Дар маҷлис намояндагони Гурӯҳи корӣ аз бахши мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, аз ҷумла занони соҳибкори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нигина Анварӣ - Роҳбари гуруҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Зимни баромади хеш зикр намуд, ки аъзои гурӯҳи корӣ имрӯз ҷиҳати муҳокима барои омодагии ҳамаҷониба бахшида ба сеюмин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон" дар кишвар, аз ҷумла чорабинии бахшида ба дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ва муҳокимаи қаблии натиҷаҳои таҳлили «Ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ» ҷамъ омадаанд.

Вобаста ба банди якуми рӯзномаи ҷаласаи гурӯҳи корӣ, аз ҷумла, таъкид гардид, ки 14-уми октябр дар мамлакат таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон" баргузор мегардад ва бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Вобаста ба ин, рӯйхат ва барномаҳои чорабиниҳои ҳафтаи соҳибкорӣ дар сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷойгир карда шуда, мактубҳо ҷиҳати иштироки фаъоли шарикон ва соҳибкорон ирсол гардиданд.

Аз ҷумла, дар санаи 13 сентябр дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ баргузории мизи мудаввар оид ба дастгирии соҳибкории бонувон ва рушди ҳунармандӣ ва аз 13-15 сентябр намоишгоҳи тирамоҳии маҳсулоти ҳунармандиро ба нақша гирифтанд.

Қисми дуюми ин чорабинӣ тибқи рӯзнома ба ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ бахшида шудааст. Натиҷаҳои таҳлили “Ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ”, ки бо дастгирии гурӯҳи коршиносони БАТР мутобиқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ –“Беҳтар намудани асоси таҳлилӣ барои муайян намудани мушкилоти рушди соҳибкории бонувон» муаррифӣ гардид. Бинобар ин, вобаста ба масъалаи дуввуми рӯзнома, имрӯз натиҷаҳои қаблии таҳлили мазкур барои баррасӣ ва гирифтани шарҳҳои аъзоёни ГК манзур гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа, таҳлили «Ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ" аз ҷониби мутахассисони БАТР муаррифӣ гардид.

Дар муҳокимаи қаблии натиҷаҳои таҳлил раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна – Матлуба Улчабаева, Раиси Ассотсиатсияи миллии занони сохибкори «Кадбону» – Сабоҳат Раҳимзода, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Лола Салимзода, Ҳамоҳангсози Барномаи баробарии гендерии БОР - Вилоят Мирзоева, Роҳбари шуъбаи «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкории Агентии омор - Нигина Раҷабова фаъолона иштирок намуданд.

Муҳокимаҳо аз ҷониби Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ ҷамъбаст гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот Роҳбари гурӯҳи корӣ бори дигар ба тамоми аъзоён барои иштироки фаъолу манзури пешниҳодот миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дастаҷамъона баҳри рушд ва дасгирии соҳибкории бонувон кӯшишу заҳмат хоханд кард.

09.10.2017

Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар МД “Китобхонаи миллӣ”-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон- сарзамини сайёҳӣ” баргузор гардид.

22279541_712557642272151_2153568347873925943_n.jpg

Дар чорабинӣ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои дастгириҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳида дар соҳа, дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаб ҷиҳати таъмини рушди соҳа, аз қабили маҷмӯи хизматрасониҳои сарироҳии сайёҳӣ, тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат ва баландихтисос ибрози назар намуд.

Дар чорабинӣ инчунин, намояндагони соҳибкорони хусусии самтҳои сайёҳӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқим шаҳри Душанбе, муассисаҳои олии таълимии соҳа иштирок ва баромад намуданд.

Кори конфронс дар панелҳои:

1.Сайёҳии экологӣ ва муолиҷавӣ-яке аз омилҳои рушди устувор

2.Рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ

3.Инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон идома меёбад.

Қобили қайд аст, ки таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди туризм дар ҷаласаи 10-уми Шӯро аз 19 октябри соли 2012 ҳамаҷониба баррасӣ гардида, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ, 13 декабри соли 2013 муаррифӣ карда шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 301 тасдиқ гардидааст.

Метавон изҳори итминон кард, ки ба тадбирҳои мунтазам мукаммалсозии заминаҳои меъёриии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи иҷрои Нақшаи чорабинии аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқшуда натиҷаҳои конфронси байналмилалӣ илова барои дар сатҳи сифатан нав мавриди амал қарор додани самтҳои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили туризми экологӣ бо риояи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи мероси ҷаҳонии табиӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. 

26.09.2017
Дар арафаи омодагиҳо дар доираи таҷлили сеюмин солгарди «Рўзи соҳибкорон», 25 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба ифтитоҳи Барномаи “Бонувон дар соҳибкорӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ чорабиниро ҳусни оѓоз бахшида, таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва хусусан рушди соҳибкорӣ миёни бонувон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин радиф, оид ба тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар самти рушди устувори кишвар ва корҳои ободониву созандагӣ, ҳамчун нерўи бузург сафарбар намудани онҳо, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занони Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2015-2030, грантҳои президентӣ дар ин самт, ба касбомўзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон, мусоидат бадастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ, фаъолияти Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тазаккур дода шуд.
Тавре қайд гардид, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гурўҳи кории мазкур тавсеаи дастрасии бонувони соҳибкор ба воситаҳои молиявӣ буда, дар ин раванд Бонки аврупоии рушд ва таҷдид саҳми назаррас дорад.
Дар чорабинӣ намояндагони Бонки аврупоии рушд ва таҷдид ва дигар шарикони рушд, ассосиатсияҳо, соҳибкорон ва дигар иштироккунандагон атрофи масъалаҳои Барномаи Бонки аврупоии рушд ва таҷдид “Бонувон дар соҳибкорӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои соҳибкории бонувон дар ҷумҳурӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
19.09.2017

15 сентябри соли 2017 дар меҳмонхонаи Шератони пойтахт чорабинӣ оид ба муаррифии барномаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуда, бо барномаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла барномаҳои БАТР шинос гардиданд. Ҳамзамон, миёни иштирокчиёни чорабинӣ атрофи масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ, таъмини рушди соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки тибқи сархати 3, банди 3, Протоколи ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ аз 19 октябри соли 2012 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва он дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ, 13 декабри соли 2013 муаррифӣ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 301 тасдиқ карда шудааст.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ мониторинги иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузаронида шуда, тибқи банди 6 Протоколи ҷаласа аз 9 феврали соли 2017 ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои қабулгардида ва нишондиҳандаҳои Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ба сайёҳон ва дар маҷмӯъ муаррифии мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари барои сайёҳон мусоид чораҳои судманд андешанд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj