РӯӣдодҳоRSS

19.09.2017

15 сентябри соли 2017 дар меҳмонхонаи Шератони пойтахт чорабинӣ оид ба муаррифии барномаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуда, бо барномаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла барномаҳои БАТР шинос гардиданд. Ҳамзамон, миёни иштирокчиёни чорабинӣ атрофи масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ, таъмини рушди соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки тибқи сархати 3, банди 3, Протоколи ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ аз 19 октябри соли 2012 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва он дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ, 13 декабри соли 2013 муаррифӣ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 301 тасдиқ карда шудааст.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ мониторинги иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузаронида шуда, тибқи банди 6 Протоколи ҷаласа аз 9 феврали соли 2017 ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои қабулгардида ва нишондиҳандаҳои Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ба сайёҳон ва дар маҷмӯъ муаррифии мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари барои сайёҳон мусоид чораҳои судманд андешанд.

15.09.2017

Варақаи иттилоотӣ

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои маъмурикунонии андоз»

15 сентябри соли 2017 шаҳри Душанбе

Имрӯз, дар МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои маъмурикунонии андоз» баргузор гардид.

Мизи мудаварро Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба андозбандӣ, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз, мунтазам мукаммалсозии бахши мазкур ва ҷанбаҳои дигари ин масъала ибрози назар кард.

Сипас, намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд, мақомоти давлатӣ ва коршиносони байналмилалии соҳаи андоз оид ба масъалаҳои андоз, танзимсозӣ ва маъмуригардонии он, андешидани тадбирҳо дар ин самт суханронӣ ва табодули афкор намуданд.

Намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла Директори генералии ҶСК “Гулистони Душанбе”, Бегов Дилшод Мирзомурод оид ба масъалаҳои андозбандии корхонаҳои истеҳсолӣ, коршиноси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андоз Андрей Kрасников оид ба масъалаҳои андозбандӣ дар бахши кишоварзӣ ва муаррифии таҷрибаи пешқадами маъмурикунонии андоз дар кишварҳои минтақа, Директори ТҶ - маркази машваратдиҳӣ ва иттилоотии “Мушовир”, Садиров О. А. таҷрибаи муваффақи хизматрасониро дар соҳаи андоз, ки айни замон дар вилояти Суғд амалӣ шуда истодааст, муаррифӣ намуда, таъсиси чунин хадамотҳоро дар тамоми ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи банди 2 Пртоколи ҷаласаи ХVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 12 апрели соли 2016 ҷиҳати баррасӣ ва пешниҳод оид ба масъалаи роҳандозии фаъолияти хадамотҳои хизматрасонии машваратӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст.

Чорабинӣ бо ибтикори Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Натиҷаҳои чорабинӣ бо пешниҳодот ва хулосаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегарданд.

08.09.2017

«Повышение кредитного рейтинга Таджикистана может быть в результате успешной реализации проекта Рогунской ГЭС, которая обеспечит увеличение налоговых и экспортных доходов. Мы ожидаем, что строительство Рогунской ГЭС будет продолжаться в преддверии запланированной выработки электроэнергии в конце 2018 года. Потенциальные налоговые и экспортные доходы от проекта будут способствовать укреплению бюджетного положения правительства и запасов иностранных резервов центрального банка. Мы также ожидаем, что власти продолжат проводить реформы в финансовом секторе для обеспечения макроэкономической и финансовой стабильности. Эти положительные тенденции сбалансированы рисками, связанными с позицией внешней ликвидности и условными обязательствами, связанными с банковской системой», - отмечается в обоснованиях Moody’s.

В компании подчеркивают, что доходы от облигаций предназначены в первую очередь для финансирования государственных расходов для строительства Рогунской ГЭС.

В компании Standard and Poors отмечают, что Таджикистан планирует начать выпуск ценных бумаг в начале сентября этого года. «Предполагаемый объем — от 500 млн долларов, срок обращения — до 10 лет. Амортизируемый график погашения облигаций предполагает шесть равнозначных взносов каждые полгода, начиная с 2025 года», - говорится в сообщении на сайте Standard and Poors.

Ранее Консультативный совет по улучшению инвестиционного климата при президенте Таджикистана поручил Нацбанку в сотрудничестве с ответственными министерствами и ведомствами определить независимый кредитный рейтинг страны совместно с международными рейтинговыми компаниями.

В Национальном банке Таджикистана подчеркивают, что публикация итогов оценки независимого кредитного рейтинга Таджикистана является одним из основных требований вхождения на международные инвестиционные рынки.

Таджикистану потребовались услуги рейтингового агентства, чтобы привлечь финансовые ресурсы на строительство Рогунской ГЭС посредством выпуска государственных ценных бумаг. Для запуска евробондов требовалось заключение как минимум двух рейтинговых компаний.

«Как минимум, мы должны получить заключение двух рейтинговых компаний по финансовому состоянию, объему ВВП и другим критерием. Второй такой компанией, с которой ведутся переговоры, является рейтинговая компания S&P», — заявил заместитель министра финансов Джамшед Нурмахмадиён в нижней палате парламента, когда рассматривалось предложение правительства по выпуску государственных ценных бумаг и их реализации на международных финансовых рынках для финансирования строительства Рогуна.

Нурмахмадиён тогда сообщил депутатам, что выпускаемые ценные бумаги (облигации) будут продаваться на международных финансовых рынках США по соответствующему американскому законодательству.

Подробнее: https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20170907/tadzhikistanu-prisvoili-ustoichivii-kreditnii-reiting-v-nadezhde-na-uspeshnuyu-realizatsiyu-rogunskogo-proekta

05.09.2017

Агентии байналмилалии рейтингии Moody's (Moody's Investors Service) рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистонро дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар кард.

Ба иттиллои Шумо мерасонем, ки масъалаи муайян намудани рейтинги кредити соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 апрели соли 2013 баррасӣ шуда, тибқи Протоколи он ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои масъул ва агентиҳои рейтингии байналмилалӣ (Moody's, Standard & Poor's (S&P) ва Fitch Ratings) барои муайян кардани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Ҷиҳати иҷрои супориши қайдгардида, Бонки миллӣ бо ширкатҳои байналмилалии рейтингии Moody's ва S&P ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар натиҷа моҳи июли соли ҷорӣ Агентии Moody's мавқеи худро баён намуд ва интизор меравад, ки Агентии S&P оид ба ин масъала мавқеи худро моҳҳои наздик иброз намояд.

Рейтинги кредитии соҳибихтёрии кишвар фишанги муҳим ва нишондиҳандаи молиявӣ барои ҷалби сармоягузориҳо ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ бо силсилаи «А», «В» ва «С» муайян карда мешавад. Рейтинги кредитии кишвар ҳамчун нишондиҳанда барои баҳодиҳии хавфҳои сармоягузорӣ арзёбӣ гардида, ҳангоми қабули қарор оид ба ҷойгиркунии сармоягузориҳои дарозмуддат аз ҷониби сармоягузорон ба инобат гирифта мешавад.

Нишондиҳандаи рейтинги кредитии соҳибихтёрии кишвар яке аз шартҳои асосӣ барои воридшавӣ ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба ҳисоб рафта, он ҳамзамон ба афзоиши таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки ҳатто пасттарин рейтинги кредитӣ барои давлат аз надоштани рейтинг дида беҳтар аст, зеро сармоягузорон тибқи рейтинги муқарраршуда афзалият ва норасогии кишварҳоро барои сармоягузорӣ баҳо дода метавонанд.

31.08.2017

Имрӯз дар идораи кории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии мамлакат ҷиҳати баррасӣ ва интихоби масъалаҳо дар Мизи мудаввар таҳти унвони “Масъалаҳои маъмурикунонии андоз” мулоқот баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои андоз ва мушкилот, пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо, дар доираи муқаррароти қонунҳои ҷорӣ анҷом додани фаъолияти кормандони мақомоти андоз ва мусоидати онҳо ба андозсупорандагон мулоҳизаронӣ ва ибрози назар намуда, баррасии ин ва дигар масъалаҳои марбут ба андозро дар мизи мудаввар мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 сентябри соли 2017 ташкил ва баргузории мизи мудавварро таҳти унвони “Масъалаҳои маъмурикунонии андоз” ба нақша гирифтааст.

Дар хотима иштирокчиён ҷиҳати баргузории мизи мудаввар оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андоз ва мулоқоти имруза бо мақсади мусоидат барои ҳамоҳангсозии мавқеи бахши хусусӣ вобаста ба он сипосгузорӣ намуда, омодагии хешро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ин самт изҳор намуданд.

08.08.2017

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони бахши хусусии вилоят, шарикони рушд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок карданд.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз 6 боб ва 32 модда иборат буда, дар таҳияи он аз суханрониҳо, роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, Париж, 17 октябри соли 2003, Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Беларус, Туркманистон Ӯзбекистон, Тотористон, шаҳри Москва вобаста ба масъалаҳои ҳунармандӣ, ҳифзи молу маснуоти мероси миллӣ, лоиҳаи Қонуни федералии Федератсияи Россия «Дар бораи рушди фаъолияти ҳунармандӣ дар Федератсияи Россия» истифода бурда шудааст.

Пас аз муаррифӣ, иштироккунандагон вобаста ба лоиҳаи қонун мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонун супориш дода шуда буд.

Чорабинии мазкур бо мақсади омӯзиш, дарёфти пешниҳоду хулосаҳо, фикру мулоҳиза ва тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун, дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо лоиҳаи NICE-TAK-и SEQUA gGmbH баргузор гардида, чунин мулоқотҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Курғонтеппа ва Душанбе дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» дар сомомнаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузошта шуда, аз ҳунармандон, ташкилоту ассотсиатсияҳои ҳунармандӣ, мутахассисон, олимону коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки дар омӯзиш, баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳо фаъолона иштирок намоянд.

03.08.2017

2 августи соли 2017 дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

DSCN4656.JPG

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуд. Дар баромади худ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияҳои водии Рашт ба таври куллӣ дигаргун шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Дар ин замина оид ба як қатор лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузории давлатии дар водии Рашт амалишудаистода, қарзҳои аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ноҳияҳои водии Рашт ҷудошуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла бунёди корхонаҳо дар водӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

DSCN4659.JPG

Дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт, аз ҷумла тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, бандубасти равғани рустанӣ, коргоҳҳои ордистеҳсолкунӣ, коркарди сангу шағал, корхонаи хишти пухта ва маҳсулоти сохтмонию пластикӣ, коргоҳҳои дӯзандагиву нонпазӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва амсоли онҳо котиби Шӯро - Зафар Ҳисориев гузориш дода, оид ба нақши бахши хусусӣ дар татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ аъзои Шӯро, Директори генералии ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Сурхоб» - Cайдалӣ Сайдраҳмонов ибрози назар намуд.

Дар робита ба масъалаҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла таъмини рушди он дар минтақаҳо ва коҳиш додани монеаҳо дар самти зикргардида Кристин Лаабс – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари минтақавии KFW ибрози назар ва пешниҳодоти худро манзур намуд. Раиси Шӯрои машваратӣ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор зимни изҳори сипос ба шарикони рушд барои ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти пайгирии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, ба суолҳо ва пешниҳодоти аз ҷониби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, хонум Кристин Лаабс матраҳгардида посух дода, ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки таваҷҷуҳи шарикони рушд ба масъалаҳои таҳким бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳо бештар хоҳад гардид.

DSCN4661.JPG

Вобаста ба масъалаи дуюм зимни муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт, Раиси Шӯро қайд намуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи сеюми Шӯро аз ҷониби бахши хусусии водӣ пешниҳод гардида, бо дархости Шӯрои машваратӣ ва дастгирии Барномаи Рушди СММ аз ҷониби коршиноси соҳа дар ин самт тадқиқот гузаронида шуд.

Тавре қайд гардид, дар ин ҳуҷҷат як қатор масъалаҳо, аз қабили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи Ҷумҳурии Қирѓизистон, бозорҳои мавҷуда ва тиҷорат дар онҳо, инфрасохтори наздисарҳадӣ дар минтақа, савдои ғайрирасмӣ, монеаҳои тиҷоратӣ ва маъмурӣ миёни ду кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуда, оид ба беҳтар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, соддагардонӣ ва диверсификатсияи савдои наздисарҳадӣ, бартараф кардани мушкилоти бозорҳои наздисарҳадӣ, тавсияҳо пешниҳодҳо манзур гардидааст.

DSCN4674.JPG

Қайд карда шуд, ки дар ин замина бо мақсади ҳалли масъалаҳои рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 13 банд таҳия гардида, таъкид карда шуд, ки он бо назардошти таклифу пешниҳодҳои дар ҷаласа баёншуда тасдиқ гардида, барои иҷро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, мақомоти дигари марбута ирсол карда шавад.

Ғанизода Назаралӣ - Сардори дидбонгоҳи гумрукии Қарамиқ дар ноҳияи Лахш андешаҳои худро вобаста ба таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт қайд кард, ки тадқиқоти ба ҷаласа пешниҳодшуда аз 10 август то 10 сентябри соли 2016 гузаронида шуда, дар ин муддат вобаста ба тартиботи бозори наздисарҳадӣ таѓйиротҳо, аз ҷумла убури марз ва дигар самтҳо ҷорӣ карда шудааст.

DSCN4675.JPG

Зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа мавзӯи “Имкониятҳои рушди соҳибкории соҳаи коркарди маҳсулот дар водии Рашт” ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод карда шуд.

Оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Лахш – Файзулло Баротзода, Раиси ноҳияи Рашт – Қаноатшо Лоиқзода, Раиси ноҳияи Нуробод – Ҳасан Дӯстзода, Раиси ноҳияи Сангвор – Зарифхуҷа Шоҳиён ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Нодираи Маҳмадисо, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар баромадҳои худ оид ба мушкилоти соҳаи савдои миёнамарзӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ намуданд.

DSCN4693.JPG

Дар хотимаи ҷаласа ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида дастуру тавсияҳо дода шуд.

Дар ҷаласа намояндагони бахши хусусии водии Рашт, шарикони рушд, намояндагони мақомоти бахши давлатии водӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ намуданд.

DSCN4709.JPG

28.07.2017

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия карда шуд. Лоиҳа аз 6 боб ва 32 модда иборат буда, дар таҳияи он аз суханрониҳо, роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, Париж, 17 октябри соли 2003, Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Беларус, Туркманистон Ӯзбекистон, Тотористон, шаҳри Москва вобаста ба масъалаҳои ҳунармандӣ, ҳифзи молу маснуоти мероси миллӣ, лоиҳаи Қонуни федералии Федератсияи Россия «Дар бораи рушди фаъолияти ҳунармандӣ дар Федератсияи Россия» истифода бурда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонун супориш дода шуда буд.

Айни замон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба баррасии ҳамаҷониба, омӯзиш, дарёфти пешниҳоду хулосаҳо, фикру мулоҳиза ва тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар сомомнаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузошта шуда, аз ҳунармандон, ташкилоту ассотсиатсияҳои ҳунармандӣ, мутахассисон, олимону коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки дар омӯзиш, баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳо фаъолона иштирок намоянд.

21.07.2017

Санаи 16 июл ва нимаи аввали 17 июли соли 2017 дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони Котибот бо намояндагони БАТР, аз ҷумла Елена Руиз Эбрил – Мушовири гендерӣ, Мариалена Визаки– Мутахассиси оид ба масоили гендерӣ, Татяна Тё – Бонкири калони Бонк, Баҳодур Шералиев – Директори Гуруҳи “ACT”, Иоланда К.Ҷибб – ширкати “Wernet”, Мартина Кастро – ширкати “Maxwell Stamp”, Дина Беннэт – Директори ширкати “ICE”, ки ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқотҳои анҷомдодашуда масъалаҳои марбут ба фаъолияти Котиботи ШМ, раванди ислоҳот ва натиҷаҳои дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузаронида ва татбиқгардида, нақшаҳои минбаъдаи ислоҳот дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Дар идомаи масъалаҳои матраҳгардида оид ба ислоҳоти дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ гузаронидашуда ва дар соҳаҳои нақлиёту бонкдорӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ дарназардошташуда, ҳамчунин фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон маълумот пешниҳод гардид.

Тавре маълум аст, масъалаи дастгирӣ ва мусоидат дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти мазкур мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин робита яке аз масъалаҳои асосии мулоқот баррасии масъалаи ислоҳоти ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ қарор гирифт. Ҳангоми суҳбатҳо Намояндагони БАТР оид ба лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, дар ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ намудани он изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 21 июли соли 2017 бо иқдоми Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва БАТР дар пойтахти кишвар баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Татбиқи лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки доираи васеи намояндагони давлат ва бахши хусусӣ, шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

10.07.2017

Инак, бо мақсади таъмини рушди соҳаи сохтмон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” таъсис дода шуд.

Қарори мазкур дар доираи амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 “Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои банди 10 Протоколи ҷаласаи XIV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №300 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ”ба анҷом расонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин муассиса фаъол намудани раванди амалигардонии ислоҳот, таъмини иҷро ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он барои соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ ба соҳибкорон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон дар ҷаласаи II Шӯрои машваратӣ аз 18 декабри 2008 ва ҷаласаи VI аз 23 июли соли 2010 баррасӣ ва пешниҳод гардида, тибқи қарори Шӯрои машваратӣ лоиҳаи “Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014” таҳия карда шуд ва сипас лоиҳаи Барнома дар ҷаласаи VII Шӯрои машваратӣ аз 15 марти соли 2011 мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардида буд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj