РӯӣдодҳоRSS

08.03.2018

8 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел дар доираи ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: Имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои бонуфузи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, сохторҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия, Парлумони Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.

IMG_1505-1024x683.jpg

Дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвари мо дар созмони Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз иштироккунандагони форум барои ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд миёни Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви созмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода оид ба имконият ва бахшҳои асосии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, энергетика, саноати бофандагӣ, сохтмон, кишоварзӣ муаррифнома пешниҳод намуд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ба саволҳои иштироккунандагон вобаста ба раванди ислоҳот ва натиҷаҳои бадастомада дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, дар ин замина фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ посух дод.

Таваҷҷӯҳи иштироккунандагон махсусан ба соҳаҳои сайёҳӣ, ки солҳои охир афзоиши сайёҳон, бахусус аз мамлакатҳои Аврупо назаррас мебошад, ҷалб карда шуд. Тавре зикр гардид, соли ҷорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», эълон гардидааст, ки он барои ҳамкорӣ дар бунёди инфрасохтори соҳа шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ба таваҷҷӯҳи иштироккунандагони форум наворҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Роҳбари бахши Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Борис Ярошевич, мушовири роҳбарияти Бонки сармоягузории Аврупо Шираз Каруи, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Брюссел Гуилим Ҷонс зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиротҳои дар самти фазои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои барои сармоягузорон пешбинишударо таъкид намуда, аз иштироккунандагон барои ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.


22.02.2018

Нимаи дуюми имрӯз, дар бинои Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо аъзои Шӯрои машваратӣ мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро Роҳбари Котибот Шараф Шерализода ифтитоҳ намуда, нахуст интихоб шудани онҳоро ба ҳайси аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муборакбод намуд. Шараф Шерализода мухтасаран оид ба ваколату вазифаҳо, доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва аъзои он, раванд ва татбиқи ислоҳоти иқтисодию соҳибкорӣ, натиҷаю дастовардҳои асосии Шӯрои машваратӣ, масъалаҳои гуногунҷанбаи фаъолияти Шӯро ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози назар кард.

01_IMG_20180222_145333.jpg

Дар мулоқот масъалаҳои ҷаласаи XVIII Шӯро аз 26 январи соли 2018, пайгирӣ ва татбиқи қарорҳо, мавзӯъ ва масъалаҳои ҷаласаҳои минбаъда ба таври муфассал баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро, аз ҷумла Ҳомидов Акмал, Директори ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ», Давлатов Суҳроб, Директори ҶДММ Корпоратсияи “Моҳии Тоҷик”, Бозоралӣ Одина, Роҳбари ҶСК “Комбинати шири Кӯлоб”, Икромова Нигина Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ризоев Асомуддин, Директори ҶДММ «Рахш ЛТД», Негматуллоева Равзанабону, Роҳбари ҶДММ Ресандаи Тоҷикистон”, Зоолшоев Асадшо Директори Ассотсиатсияи сайёҳии Эко-фарҳангии Помир (АСЭФП) ва Зеваршои Рустам, Директори Кооперативи “Зиндагӣ” фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи қарори ҷаласаи XVIII Шӯро, шумораи аъзои намояндагони бахши хусусӣ аз 5 нафар то 14 нафар расонида шуд. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ, аз 30 январи соли 2017 барои аз ҳисоби намояндагони бахши хусусӣ васеъ намудани иштирокчиёни ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, супориш дода буданд, ки ин иқдоми навбатӣ ва баёнгари таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти сатҳи олии давлат ба мунтазам таҳким бахшидани раванди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҷалби фаъолонаи бахши хусусӣ ба раванди қабули қарорҳои дахлдор дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ мебошад.

IMG_20180222_140314.jpg

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Шараф Шерализода зимни ҷамъбасти мулоқот изҳори итминон намуд, ки саҳми аъзои Шӯро дар таъмини фаъолияти самараноки он, таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, мақомоту идораҳо, таҳия ва пешниҳоди масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, амалисозии нақшаҳо дар самти татбиқи ислоҳот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар муассир мегардад ва дар ин самт ба аъзои Шӯрои машваратӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

14.02.2018

Имрӯз, дар бинои Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шарикони рушд мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, ҳамчунин кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ифтитоҳ намуда, бо пазироӣ аз ташрифи меҳмонон мухтасаран оид ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ, вобаста ба ҳамкориҳо ва масъалаҳои калидии раванди ислоҳот, татбиқ ва натиҷаҳои он, дастовардҳои асосии Шӯрои машваратӣ дар соли 2017, нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти он, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун ибрози назар намуд.

Сипас, намояндагони шарикони рушд Шараф Шерализодаро бо таъин гардидан ба вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ табрик намуда, омодагии худро барои ҳамаҷониба идома ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ изҳор доштанд.

Роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова зимни баромади худ пешниҳод намуд, ки ба ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баъзе сармоягузорон, аз Ҷумҳурии Халқии Чин, ки ба Тоҷикистон беш аз 50% -и сармоягузориҳои мустақим ворид намудаанд, даъват карда шаванд. Ҳамчунин илова намуд, ки масъалаҳои ширкатҳои байналмилалии логистикӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, барои ҳарчӣ зудтар ҳал намудани он тадбирҳо андешидан зарур аст. Малика Иброҳимова, намояндаи Дафтари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо мақсади баррасӣ ва ҳалли баъзе масъалаҳо ҷиҳати дар сатҳи муовини аввали Сарвазир баргузор намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ибрози назар намуд. Зимни посух ба ин пешниҳод қайд гардид, ки тибқи Регламенти Шӯрои машваратӣ дар ҳолатҳои зарурӣ баргузор намудани ҷаласаҳои ѓайринавбатӣ ва сайёр дар назар дошта шуда, ба ин масъала, аз ҷумла баргузории ҷаласаҳои байнисессиявӣ тибқи ваколатҳо Шӯро таваҷҷӯҳи бештар дода хоҳад шуд.

Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Зарина Одинаева дар бораи ҳамкориҳои муштарак дар бахши молиявӣ ва дар ин замина ҷиҳати ташкил намудани мулоқоти ҷонибҳои дахлдори ин бахш пешниҳод манзур намуд. Питер Фернандес Карди, Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон иброз дошт, ки ташкилот, инчунин Департаменти Осиёи Марказии ин созмон омодаанд, ҳамкориҳоро дар самти баланд бардоштани самаранокии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, бахусус муколамаи фаъолро бо бахши хусусӣ тақвият бахшанд. Иқтисодчии Намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев қайд кард, ки бонки мазкур ба масъалаҳои муосирсозии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон таваҷҷуҳи хосса дошта, омода аст, дар ин самт ҳамаҷониба бо Шӯрои машваратӣ ва Котибот ҳамкорӣ намояд. Танабе Ҳидеки, Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит ва имконият ба ӯ, ҷиҳати дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратӣ муаррифӣ намудани масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба Котиботи Шӯро изҳори сипос намуда, барои гузаронидани мониторинг ва пайгирӣ, мубодила ва натиҷаҳои минбаъдаи ин масъаларо бо Намояндагӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, Ҳидекӣ Танабе пешниҳод кард, ки Роҳбари Котибот Шараф Шерализода мунтазам ба вохӯриҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд даъват карда шавад. Манижа Мамаднабиева, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, Роҳбари Котиботро барои иштирок дар ҷаласаи навбатӣ дар моҳи феврал даъват намуд.

Дар мулоқот иштирокчиён ҳамчунин оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андоз ва фаъол намудани корҳо ҷиҳати муҳокимаи он бо иштироки васеи ҳама ҷонибҳои ба ин масъала ҳавасманд, таҳияи дастурамали намунавӣ барои гузаронидани таҳлилҳои соҳаҳои гуногун мулоҳизаронӣ ва пешниҳодҳо манзур намуданд.

Қисмати ниҳоии ҷаласа ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ бахшида шуд, ки он аз ҷониби Роҳбари Котибот пешниҳод гардида, иштирокчиён фикру ақидаҳои худро вобаста ба он баён намуданд. Кристин Лаабс, Роҳбари Бонки рушди “KfW” дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд барои омодасозии ҷаласаҳои Шӯро гузаронидани якчанд мулоқоти якҷояро пешниҳод намуд. Наргис Юсуфбекова пешниҳод намуд, ки вобаста ба масъалаҳои андоз таҳлилҳои ҳамаи гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои андоз, аз ҷумла таҳлили аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна оид ба қонунигардонии соҳибкории инфиродӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо гузаронидашуда ба назар гирифта шавад. Танабе Ҳидеки ворид намудани масъалаи бахши тандурустиро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Шараф Шерализода барои иштироки фаъолонаи шарикони рушд дар мулоқот изҳори сипос намуда, қайд кард, ки пешниҳодоти манзургардида дар амалисозии нақшаҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳот ва таъмини сохторҳои дахлдор дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

09.02.2018
Нимаи дуюми имрўз, дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурўҳи кории салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Гурўҳи корӣ, намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Ҳамрализода Фаррух ифтитоҳ намуда, вобаста ба нуқтаҳои муҳими корбарӣ ва таъмини устуворшавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ, бахусус ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ибрози назар намуд.
Тавре Раиси Кумита, Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, тибқи супориши протоколии ҷаласаи 17-уми Шўрои машваратӣ соли дуюм аст, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба пайгирии ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ, дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Гурўҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Дар ин замина Кумита якҷо бо Котиботи Шўрои машваратӣ таҳлили муфассали мавқеи кишварро аз рўи нишондиҳандаҳои алоҳидаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» гузаронида, бо назардошти таҷрибаи байналмилалии татбиқи ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои пешбурди соҳибкорӣ тавсияҳои мушаххасро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор ирсол намудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи XVIII-уми Шўрои машваратӣ аз 26 январи соли 2018, марҳилаи минбаъдаи раванди мазкур аз таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ дар таҳрири нав ва пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардани он иборат мебошад.
Қаблан, моҳи декабри соли гузашта бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт як қатор ҷаласаҳои Гурўҳи кории салоҳиятнок ҷиҳати баррасии ислоҳоти татбиқшавандаи Ҳукумат оид ба соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва самтҳои минбаъдаи он доир гардида буд.
Дар ҷаласа оид ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ муаррифнома пешниҳод гардида, иштироккунандагон атрофи масъалаҳои матраҳгардида мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумита, Ҳамрализода Фаррух ҷамъбаст намуда, вобаста ба ин, Гурўҳи корӣ ва масъулони соҳа ҷиҳати амалисозиҳои тадбирҳои зарурӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намудани талаботу супоришҳои самти мазкур, аз ҷумла пешниҳоди руйхати субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои таҷдиди назар ба респондентҳои ҳисобот омода ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба дастовардҳои ислоҳот дар самти соддагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар соли 2017 барои пешниҳод ва арзёбӣ аз ҷониби ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ вазифадор карда шуданд.

26.01.2018

Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.

26994083_1768602479876597_2572243509471042336_n.jpg

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро оғоз намуда, нахуст, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрализода Фаррух, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Шерализода Шараф ва аъзои нави Шӯрои машваратиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

19575417_1768603033209875_6836168710406441792_o.jpg

Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита оид ба тасдиқи Методологияи нави тарифӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017 ва аз моҳи октябри соли сипаришуда мавриди амал қарор гирифтани он, устуворшавии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 то ба 52% коҳиш ёфтани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нисбат ба соли 2016, моҳи августи соли 2017 дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар шудани рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии рейтингии байналмилалии Moody's Investors Service ва Агентии Standard and Poors иттилоъ дода шуд.

27173699_1768602346543277_3200367208888375393_o.jpg

Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт бахшида шуда, вобаста ба натиҷаҳои он гузориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар бораи фаъолияти Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Суғд гузориш дод.

Тибқи банди чоруми рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молияро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муаррифӣ намуд.

26962207_1768602846543227_7063185740756553069_o.jpg

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм, инчунин муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд ва аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

27022010_1768602719876573_532782210776657992_o.jpg

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд - Кристин Лаабс, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки Рушди Осиё – Прадип Шривастава, Роҳбари Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ - Ҳидеки Танабе, Директори ҶДММ “Корпоратсияи Моҳии Тоҷик” – Суҳроб Давлатов, Директори кооперативи “Зиндагӣ” – Зеваршои Рустам, Раиси ҶДММ “Таджиквнештранс” – Абдумумин Абдусамадов, Раиси ҶСК “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” – Рамеш Худоиев и Директори ҶСК “Биржаи Осиёи Марказӣ” – Алишер Шерназаров ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

27023923_1768603319876513_7438475755625671656_o.jpg

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, мушкилии соҳаи бонкдорӣ, куллан ба роҳ мондани ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар ва масъалаҳои дигари ҷаласа ибрози назар намуданд муҳим арзёбӣ шуд.

27024310_1768603289876516_6461529335113993850_o.jpg

Дар хотимаи ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.

19693641_1768603003209878_1979339197922498501_o.jpg

25.12.2017

Нимаи дуюми имрӯз дар Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ самтҳои асосии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Идома....

20.12.2017

Имрӯз, дар МД «Душанбе-Плаза»-и пойтахт бахшида ба 10 – солагии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Мизи мудаввар дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - ибтикори Пешвои миллат барои рушди устувор” баргузор гардид.

01.JPG

Дар ин ҳамоиш Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва намояндаҳои сармоягузорони хориҷӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар намояндаҳои бахши хусусии ватаниву хориҷӣ иштирок ва вобаста ба нақш ва саҳми Шӯрои машваратӣ дар ислоҳоти беҳсозии фазои сармоягузорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, фардои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, масъалаҳои татбиқи сиёсати Президенти мамлакат дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва арзёбии дигар ислоҳоти дар доираи Шӯро гузаронидашуда, баён намуданд.

02.JPG

Ҳамзамон, Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Швейтсария, хонум Валбурга Рус ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Манижа Мамаднабиева бо суханҳои ифтитоҳои худ баромад намуданд.

Аз ҳисоби бахши хусусӣ Файзали Раҷабов – Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Ален Бартез, Директори Генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон”, Алишер Шерназаров - Директори Биржаи фондии Осиёи Марказӣ, Маъруф Бузургхоҷаев - Директори ҶДММ “Исфара фуд”, Талбӣ Шоев - Директори Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи «ИНТЕРМЁД», Комилҷон Иброҳимов - Раиси ҶДММ “Барқсохтмонлоиҳакаш” баромад ва пешниҳодоти худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва самтҳои рушди бахши хусусӣ манзур намуданд.

03.JPG

Иштирокчиёни чорабинӣ қайд карданд, ки то имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат чандин масъалаҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ пайгирӣ ва дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ тавассути қабули қарорҳои дахлдор ҳаллу фасл карда шудааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи минбаъдаи чандин ислоҳоти дигар, ки дар доираи фаъолияти Шӯро ба нақша гирифта шудааст, барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, устувор намудани саҳми бахши хусусӣ дар ММД ва тавассути он беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари фароҳамовари фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

04.JPG

Қобили қайд аст, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 декабри соли 2007, № 356 таъсис дода шуда, дар натиҷаи дар доираи он ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ бо тими Пешбурди соҳибкории Бонки Ҷаҳонӣ мавқеи ҷумҳурӣ дар Ҳисоботи Пешбурди соҳибкорӣ барои соли 2018-ум 5 зина боло рафта, аз ҷойи 128 дар соли 2017 ба ҷойи 123 қарор гирифт ва соли 2015 бошад, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда ва бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳовард»-и Бонки ҷаҳонӣ сарфароз гардонида шудааст.

05.JPG

Атрофи масъалаҳои дар чорабинӣ баёнгардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, тавсияҳои мизи мудаввар қабул гардид.

14.12.2017

Имсол аз таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 10 сол сипарӣ мегардад. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2007 таъсис ёфта, дар муддати 10 соли фаъолияти худ таҳти сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути гузаронидани ислоҳотҳо ва таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.

То имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат чандин масъалаҳои муҳимтарини самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайгирӣ ва вобаста ба онҳо 17 ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ баргузор карда, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар самтҳои соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ислоҳоти манфиатнок гузаронида шуданд, ки ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Вобаста ба ин, санаи 20 декабри соли 2017 дар Мизи мудаввар дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - ибтикори Пешвои миллат баҳри рушди устувор” баргузор мегардад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ, шарикон, бахши хусусӣ, олимону коршиносон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок мекунанд.

07.11.2017

Мутобиқи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-ӣ гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро барои соли 2018 бештар устувор намуда, бо ба даст овардани 56,86 фоизи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ 5 зина боло рафт ва дар раддабандии навбатӣ ҷойи 123-юмро ишғол намуд.

Мавриди зикр аст, ки устувор гардидани мавқеи ҷумҳурӣ асосан аз рӯи беҳтар шудани як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” 28 зина, “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” 26 зина, “Пайвастшавӣ ба қувваи барқ” 2 зина, “Бақайдгирии моликият” 7 зина, “Андозбандӣ” 8 зина, “Тиҷорати байналмилалӣ” 3 зина ва “Таъмини иҷроиши қарордод” 1 зина таъмин гардидааст. Пешравии мазкур натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари ислоҳот оид ба соддагардонии танзими давлатии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои “Дастрасӣ ба қарз” ва “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ” мавқеи ҷумҳурӣ мутаносибан 4 ва 6 зина коҳиш ёфта, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин асосан ба вазъи имрӯзаи буҳронӣ алоқаманд мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи мунтазам ва сари вақт пайгирӣ ва татбиқ намудани ислоҳот дар самти рушди соҳибкорию беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро мундазам устувор менамояд. Аз ҷумла, ҷумҳурӣ се маротиба дар давоми солҳои 2010, 2011 ва 2015 ба қатори 10 кишвари пешсафи ислоҳотгар дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ шомил шуда, мавқеи он барои соли 2016, 34 зина (аз 166 ба ҷои 132) боло рафт ва соли 2017 бошад, дар зинаи 128-ум қарор гирифт.

17.10.2017

Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт таҳти унвони "Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон" семинар баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мӯхтарам Нигина Анварӣ оғоз намуда, оид ба доираҳои васеи масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон, таъмини рушди самти мазкур, масъалаҳои таъмини рушди иқтисодиёт ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ мавзӯъҳои «Шаклҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо», «Шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ дар мисоли Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия» ва масъалаҳои дастгирӣ, аз ҷумла давлатӣ, тарзи амалисозии он, иштироки доираҳои масъул ва манфиатдори раванди мазкур, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дастгирӣ ва таҷрибаи амалии самти мазкур дар мисоли Бизнес-инкубатори амалан фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар чорабинӣ намояндагони паркҳои технологии донишгоҳҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои машваратӣ, шарикони рушд ва мақомоти давлатӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ дастгириҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла проблемаҳо ва имкониятҳо дар ин самт, тамоюлҳои байналмилалии дастгирии соҳибкории ҷавонон, шаклҳои дастгирии самти мазкур баррасӣ гардид.

Семинари мазкур таҳти лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шудааст, ки аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

U19A9095.jpg

U19A8988.jpg

U19A9105.jpg

U19A9131.jpg

U19A9139.jpg

U19A9579.jpg

U19A9589.jpg

U19A9619.jpg


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj