РӯӣдодҳоRSS

10.07.2020

10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст. “Тоҷтекс” ҳамзамон истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонувони ҳунарманд, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти ниҳоии баландсифати Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷии мамлакат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулин айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Сехи дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир буда, барои фаъолияти босамари кормандон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сару либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба сару либоси тайёр роҳандозӣ шуда, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ карда шавад.

Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегарад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи кории дигар барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то сару либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.


10.07.2020

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро бино ба таъкиди Сарвари давлат ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

04.07.2020

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” воридгардида, вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID -19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд. Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

02.07.2020

2 июли соли 2020, дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонида, ҳамчунин парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд. Таъкид гардид, ки Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло", дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст, вобаста ба ҳамин кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар доираи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, хоҷагидор Набиҷон Холматов сол то сол истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд менамояд, зеро даромади асосии зиндагии ӯ ва саҳмдорони хоҷагӣ аз замин аст.

Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расониданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар қаламрави ноҳия 60 гектар қаламфури булғорӣ кишт карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаламфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус, мардуми сайёраро пеш аз ҳама ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст.

Кишоварзони ноҳия низ ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.


02.07.2020

2 июл дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии “Баракат” шинос шуданд.

Корхонаи мавсимии “Баракат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва сипас барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.

Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 10800 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот карда, ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар анборҳои корхонаи мазкур 1000 тонна пиёз ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.

Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, то имрӯз дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

29.06.2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям.

Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Мо бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидем, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намоем.

Дар қадами аввал, мо фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатиро барқарор кардем ва дар ин раванд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамонро, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонидем.

Баъдан ислоҳоти конститутсиониро роҳандозӣ намуда, парламенти касбиро таъсис додем ва ҳамзамон бо ин, ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем.

Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ мо тавонистем, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Яъне дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мехоҳам нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намоям.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем.

Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сохти давлатдории Тоҷикистон, яъне моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад, зеро он бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.

Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд.

Тавре ки борҳо гуфтаам, хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.

Ҳамватанони арҷманди мо хуб мушоҳида мекунанд, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.

Дар баробари буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бахусус, терроризм, экстремизми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки бехатарии бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахт халалдор месозанд, имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз ҷумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи КОВИД-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бовар дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

10.06.2020

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.


1111.jpg

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвари мо кӯмакҳои молиявӣ ҷудо кард.

Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19, ки аксари кулли кишварҳои оламро фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин беморӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо барои ин бемории сироятиро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ ташкил намуд.

Ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷараёни суҳбати видеоконфронсӣ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуданд.

05.06.2020

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
— барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;

— нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;

— то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;

— то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;

— аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

— аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

— фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;

— бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
— нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;

— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;

— то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;

— барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;

— барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;

— ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;

— то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон:
— ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;

— якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;

— мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;

— ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;

— дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;

— якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.

3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июни соли 2020
№1544

30.05.2020

Ҳозирини муҳтарам!

Бо дарназардошти он, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар мебошад, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат – таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

sukhanroni.jpg 

То имрӯз дар натиҷаи амалисозии даҳҳо лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият додани фаъолнокии иқтисодии мардуми вилоят ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои он заминаи мустаҳкам гузошта шуд.


Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки вилояти Хатлон дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90 –уми асри гузашта маркази даргириҳо буд ва ҳисороти ниҳоят сангини ҷонӣ ва иқтисодиву молиявӣ дид.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо афзоиши 7,4 фоиз ба 19,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,4 фоизро ташкил кардааст, аммо иқтидорҳои мавҷуда дар вилоят ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Суръати рушди саноати вилоят дар соли 2019 –ум 13,2 фоиз ва дар чор моҳи соли 2020 –ум 9,7 фоизро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан 0,4 ва 5,6 банди фоизӣ камтар аст.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти начандон қаноатбахши низоми коркарди ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, рақобатнокии нисбатан пасти маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда метавонад дар навбати аввал, ба корхонаҳои амалкунанда таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳамкориро бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ тақвият бахшида, ҷиҳати самаранок истифода кардани захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвияти корҳо дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2019 нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале дар чор моҳи соли 2020 иҷрои 4 намуди андоз таъмин нашудааст. Тамоюли пастравии ин нишондиҳанда ба сатҳи иҷтимоии вилоят таъсири манфӣ мерасонад, чунки қариб 90 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз бояд камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Дар шароити имрӯза бинобар иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нишондиҳандаҳои қабулшуда, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фарогирии пурраи амалиёти молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ, ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав ва бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро тартиб дода, фаъолияти ин корхонаҳоро бо дарназардошти сикли пурраи истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бисёр муҳим аст, ки дар самти васеъ ба роҳ мондани шарикии давлат бо бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Аммо дар моҳҳои январ – апрели соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 9,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки чунин вазъ ҳанӯз ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест.

Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар чунин вазъ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва навсозии технологии инҳо ҷиҳати ташкили истеҳсоли намудҳои наву рақобатноки маҳсулот роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва корхонаҳои нави саноатиро таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузории онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд ва фаъолияти онҳо дар давоми сол аз рӯи ин нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешавад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 доир ба корҳои дар самтҳои зикршуда иҷрогардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби технологияҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, рақобатнокии он баланд бардошта шавад.

Дар вилоят маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Ҷиҳати ба кор даровардани силсилаи пурраи истеҳсолии то маҳсулоти дӯзандагӣ коркард кардани нахи пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай – Данғара” то сентябри соли 2021, яъне то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ масъулинро зарур аст, ки ҷараёни корҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Гарчанде дар вилоят ҷамъоварии пахта назар ба соли 2018 –ум 49 фоиз афзоиш ёфтааст, зарур аст, ки ҷараёни кишт ва агротехникаи парвариши он бо истифода аз усулҳои муосир ва кишти пунбадонаи ба иқлими кишвар мутобиқ ба роҳ монда шавад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии вилоят, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2019 кишоварзони вилоят дар майдони 422 ҳазор гектар кишт гузаронида, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 –ум 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 70 ва 30 фоизро ташкил кард.

Ҳарчанд ки дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо моро ҳанӯз қонеъ гардонида наметавонанд.

Кишти зироатҳои баҳорӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 назар ба дурнамо 5,2 фоиз кам буда, бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 фоиз кишти такрории ғалладонагӣ ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд.

Инчунин оид ба корҳои иҷрошуда, аз ҷумла доир ба вазъи иҷрои супоришҳои иловатан додашуда дар хусуси зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва афзоиш додани кишти ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва картошка ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, бунёди иншооти нигоҳдорӣ ва коркарду бастабандии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир барои истеъмоли дохилӣ ва барои содирот бояд ба роҳ монда шавад.

Соли 2019 аз вилоят ба хориҷи кишвар 90 ҳазор тонна пиёз ва қариб 9 ҳазор тонна мева содирот шуда буд. Ба санаи 26 майи соли 2020 –ум 36300 тонна пиёз содирот гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аммо аз ҳаҷми умумии пиёзи истеҳсолшуда ҳамагӣ 15 фоиз ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Маълум мешавад, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус талаботи кишварҳои шарики асосии тиҷоратиамон ба сабзавоту меваи барвақтӣ, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза беш аз пеш афзуда истодааст.

Ман ҳанӯз соли гузашта дар мулоқот бо шумо – роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон супориш дода будам, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, инчунин, коркарди онҳо чораҷӯӣ намуда, ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот мунтазам тақвият бахшида, ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа бамаротиб зиёд карда шавад.

Аммо то ҳол дар ҳудуди вилоят корҳо ҷиҳати ташкили маркази логистикӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва иншооти борфарориву боркунӣ дар назди роҳҳои оҳан ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода мешавад, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини мунтазами бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.

Аз ин лиҳоз, кишоварзони вилоят ва умуман, тамоми кишварро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминҳоро таъмин ва барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёдтар ва талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал таъмин намоянд.

Соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 –ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Итминон дорам, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар замони истиқлол ҳазорҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Фақат дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 3,1 миллиард сомонӣ сармоя равона карда, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 12800 ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ бо 365 ҷой, дармонгоҳҳо барои 913 қабул ва шифохонаҳо бо 300 кат ба кор андохта шуда, дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки назоратро ҷиҳати азхудкунии саривақтиву мақсадноки маблағи лоиҳаҳо, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооти пешбинишуда ва минбаъд самаранок истифода кардани онҳо пурзӯр намоянд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ дар вилоят бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ бунёду азнавсозии 112 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят 100 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти иқтидорҳои дар вилоят мавҷуда умуман қонеъкунанда нест.

Дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо бо дарназардошти таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳон ва минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро таҳти назорати доимӣ қарор дода, самаранокии кори онҳоро ҳамасола арзёбӣ кунанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар ҳисобот манзур намоянд.

Инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, ба шуғл фаро гирифтани мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, дар муҳлатҳои пешбинишуда татбиқ намудани лоиҳаҳо ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, вусъат додани корҳо дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят зарур аст, то ки ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот боз ҳам осон ва хароҷоти роҳ кам карда шавад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Муъминобод идома дошта, кор дар самти лоиҳакашӣ ва оғози бунёди роҳҳои Ҳулбук – Темурмалик, Кӯлоб – Муъминобод, Бохтар – Данғара – Кӯлоб, Бохтар – Носири Хусрав ва роҳҳои дигар идома дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт мебошад, мо рушди соҳаи илму маорифро дар доираи даҳ афзалияти асосӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян кардаем.

Масалан, дар доираи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, бунёди 566 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки корҳо дар ин самт ҳоло ҳам ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.

Дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ дар доираи иҷрои барномаи мазкур 12 ҳазор ҷойи нишаст ва 365 ҷой дар муассисаҳои томактабӣ таъсис дода шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ нарасидани ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят то ба ҳол масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи зикршударо таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки, хусусан, дар шароити имрӯза ниҳоят мубрам гардидааст.

Ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят аз 892 ба 1668, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 расидааст. Аммо ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ зарур аст, ки ба ин масъала, яъне бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он – мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда буданд.

Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад. Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 – 2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор месозам, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои куллан беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Тавре ки вақтҳои охир дар чандин мулоқоту суханрониҳои худ борҳо таъкид кардам, ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди бемории коронавирус мубориза мебаранд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар ба пешравиҳои муайян ноил шуда истодаанд. Сокинони кишвари мо низ мушоҳида мекунанд, ки дар натиҷаи кӯшишҳои якҷояи Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва дастгирии мардум шиддати паҳншавии вирус хеле паст гардид. Бо вуҷуди ин, мо бояд минбаъд низ қоидаҳои тозагӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунем.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳарвақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба гирифторони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш ва тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои фаврии иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати беморонро зери назорати қатъӣ гирифта, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастҷамъона ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамчунин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва ҷубронпулию кумакпулиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешниҳоди сабукиҳо ҳангоми додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони истеҳсолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Умедворам, ки кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон барои рушди давлати соҳибихтиёри худ дучанд заҳмат мекашанд ва дар пешрафти кишвар чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, махсусан, кишоварзон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд хонаи обод, иқболи нек ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

30.05.2020
30 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии дохил, содирот ба кишварҳои хориҷ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат - таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст, Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.

Таъкид гардид, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 - ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Барои рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон аз номи Мақомоти иҷроияи давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос карданд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj