РӯӣдодҳоRSS

21.06.2013

Дар таърихи 20 июни соли 2013 ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Кӯлоб, Раиси Шӯрои машваратӣ Абдуғафор Раҳмонов доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ширкат намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев дар ҷаласа иштирок намуда, оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баромад намуд ва вобаста ба мавзӯи мазкур таклифу пешниҳодоти муфид манзур кард.

Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба мавзӯҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз дошта, вобаста ба ин қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.

19.06.2013

Рӯзи 19 июни соли 2013 миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер вохӯрии дуҷониба сурат гирифт.

Зимни вохӯрии мазкур масъалаи маблағгузории нақшаи кории гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ зикр гардид, ки шарикони рушд омодаанд дар 6 самти (иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, раводид ва бақайдгирӣ, фурудгоҳҳо ва дигар истгоҳҳои сарҳадӣ, сарҳадҳои заминӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён, омор ва маълумот, иттилоот) беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, кӯмаки техникӣ ва молиявии худро расонанд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ Завқиҷон Завқиев изҳорӣ миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки тамоми ҷиду ҷаҳд баҳри ҳал намудани масоили мазкур равона гардида, то ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳодот омода карда мешаванд, ки ин иқдом аз ҷониби Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер дастгирӣ ёфт.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ зикр намуданд, ки ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

Инчунин дар рафти вохӯрии мазкур масъалаи ташкил ва маблағгузории семинар дар мавзӯи “Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон” баррасӣ шуд. Дар натиҷаи гуфтугӯйи судманд ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ изҳори омодагӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии худро намуд. Санаи баргузории семинари мазкур моҳи июл дақиқ хоҳад шуд.

07.06.2013

Рӯзи 06 июни соли 2013 Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев бо Утсав Кумар – иқтисодчии Департаменти таҳлилҳои иқтисодӣ ва тадқиқотии Бонки Осиёии Рушд ва Кадир Танжу Юрукоглу – мушовири иқтисодии Бонки Осиёии Рушд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба таҳияи стратегияи ояндаи бонк оид ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқоти мазкур як қатор масоили вобаста ба рушди иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани вазъи сармоягузории кишвар ва раванду мақсадҳои фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба ислоҳоти гузаронидашуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва нақшаҳои минбаъда иттилоъ дод. 

29.05.2013

Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кристофер Миллер Барномаи сафарии ҳайати Шӯрои машваратии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷриба гузаронидани як қатор вохӯриҳо бо намояндагони бахши хусусӣ, намояндагони котиботҳои маҳаллӣ, шарикони рушд, инчунин баргузор намудани семинар дар мавзӯи “Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон” дар назар аст.

Сафари ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дастгирӣ хоҳад шуд.

Вақту макони баргузории семинар бо ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тасдиқ гардидан аз ҷониби Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Д.Ш. муайян хоҳад гашт.

23.05.2013

Дар таърихи 18 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар доираи вохӯрии ҳарсолаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд бо дастгирии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, таҳти сарпарастии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми соҳибкории Душанбе – 2013» баргузор гардид. Дар кори Форум Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, Директори Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Халед Ал-Абудӣ, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд иштирок намуданд.

Форумро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Д.Ш. оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Дар ҷараёни форуми мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев атрофи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон муаррифнома пешниҳод намуд.

Муаррифномаи Завқиҷон Завқиевро метавонед бо пахши линки мазкур пайдо намоед :

 http://investmentcouncil.tj/upload/iblock/af2/Business_Forum_IDB_%20ENG_%20IC%20NAtional_presentation_PDF.pdf

17.05.2013

Рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер мулоқоти дуҷониба сурат гирифт.

Зимни мулоқот масоили ҳамоҳангсозии дастгирии шарикони рушд вобаста ба гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ тибқи нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ, масъалаи сафари ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ вобаста ба дастгирии техникии сомонаи интернетии Шӯрои машваратӣ мавриди баррасии ҳаматарафаи ҳарду ҷониб қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳо вобаста ба масъалаҳои алоҳидаи бахши сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд дар ин самт омода аст. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Корпоратсияи Молиявии Байналмилалӣ маблағгузории сомонаи интернетии Шӯрои машваратиро то соли 2015 ва сафари ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки тобистони соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, ба ӯҳда мегирад. 

30.04.2013

30 апрели соли 2013, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа Сарвазири мамлакат, аъзои нави Шӯро аз ҷониби шарикони рушд ҷаноби Эдуард Ауер – Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ҷаноби Кристофер Миллер – Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки қарорњои қабулнамудаи ҷаласаҳои нуҳум ва даҳуми Шӯрои сармоягузорӣ оид ба ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ равона шудаанд.

Бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳо идома доранд. Аз ҷумла лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи муайян намудани Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардида баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои сармоягузорӣ, директори кулли ширкати “Помир Энерҷӣ” – Далер Ҷумаев ва Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон – Улф Ҳиндстром баромад намуданд.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки вобаста ба муроҷиати соҳибкорон оид ба таъсири Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодии мамлакат таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронида аз натиҷааш ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро ахборот манзур намояд.

Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” кӯмакҳои ҳамаҷониба намоянд.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур Фарҳод Акбаров – Роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Кристофер Миллер – Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баромад намуданд.

Нисбати масъалаи сеюми ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз ҷониби Файзалӣ Раҷабов – аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун, Роҳбари Ассосиатсияи “Маркази инкишоф ва дастгирии ассосиатсияҳои Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуд. Инчунин баромади Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Сарвазири ҷумҳурӣ қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии татбиқи қонуни мазкур таъмини асосҳои ҳуқуқии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он шаклу усулҳои ҳавасмандагардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Фархор шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин замина, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро, ахбороти Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Қодири Қосим оид ба фаъолияти Шӯрои минтақавӣ ва вазъи феълии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят шунида шуд.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нусратулло Давлатов, Раиси Бонки миллӣ – Абдуҷаббор Ширинов, Роҳбари Намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон – Ари Айзен ва Роҳбари Иттифоқи ассосиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд – Маъсуда Тюряева иштирок намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Сарвазири Ҷумҳурии ТоҶикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда супоришҳои дахлдор дода шуд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли босуръати масъалаи раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оиди барасмиятдарории (легализатсияи) ҳуҷҷатҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Инчунин аз ҷониби Сарвазири кишвар супориш дода шуд, ки ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро натиҷаҳои таҳлил вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва идомаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ ва заминаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ пешниҳод карда шаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефонии 44610-60-09 ё суроғаи электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда, ба сомонаи интернетии мо:www.investmentcouncil.tj ташриф оред.

18.04.2013

Роҳбари гурӯҳи корӣ, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Завқиҷон Завқиев ҷаласаи сеюми гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳиро ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин бори дигар мақсад ва тартиби фаъолияти гурӯҳи кориро ёдрас намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки гурӯҳи корӣ пурсамар фаъолият намуда, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ бо дастгирии шарикони рушд таҳлилҳои ҳамаҷониба мегузаронад. Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот таҳия намуда, маҷмўи тавсияҳо ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад.

Сипас иштирокчиёни ҷаласа варианти такмилдодашудаи нақшаи фаъолияти гурӯҳи кориро мавриди баррасӣ қарор дода, ба он боз якчанд тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар натиҷаи баҳсу мунозира ва мубодилаи афкор нақшаи кории гурӯҳи корӣ маъқул дониста шуд. Аз ин рӯ, нақшаи корӣ барои гузаронидани таҳлил вобаста ба масъалаҳои дар нақша зикргардида пешниҳод карда шуд.    

12.04.2013

12-уми апрели соли 2013 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо як катор намояндагони шарикони рушд вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Котибот шариконро ба лоиҳаи рӯзномаи 11-уми ҷаласаи Шӯрои сармоягузорӣ шинос намуданд. Баъди муҳокимаҳо лоиҳаи рӯзномаи 11-ум аз ҷониби шарикон мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Ба ғайр аз ин, дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон аз чониби шарикони рушд оид ба бандҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа муайян гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ намонядагони шарикони рушд омодагии худро баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он, инчунин ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи 11-уми Шӯрои сармоягузортӣ иброз намуданд.

04.04.2013

Имрӯз дар толори конфронси Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ гурӯҳи корӣ нахустин ҷаласаи худро баргузор намуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Завқиҷон Завқиев баъди ифтитоҳи ҷаласа қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарорҳои протоколии ҷаласаҳои 9-ум ва 10-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тавсияҳои Конфронси миллии сайёҳӣ бо қарори Котиби масъули Шӯрои сармоягузорӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлаталӣ Саидов аз 27.03.2013, №32 гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, таҳия намудани тавсияҳои мушаххас ва пешниҳоди натиҷаҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки моҳҳои август ё сентябри соли равон дар нақша гирифта шудааст, ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи Нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия карда шудааст. Аъзои гурӯҳи корӣ вазифадоранд, ки лоиҳаи нақшаи кориро омӯхта, то ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар ҳафтаи оянда хулосаҳои худро ба Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ пешниҳод намоянд.

Дар хотима ҷаласа қарорҳои зеринро қабул намуд:

1. Аъзои гурӯҳи корӣ лоиҳаи нақшаи кории пешниҳодшударо омӯхта, то ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ хулосаҳои худро ба Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ пешниҳод намоянд.

2. Ба ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ намояндагони Вазорати фарҳанг, Агентии омор, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, Шӯъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД низ даъват карда шаванд.

3. Ҷаласаи ояндаи гурӯҳи корӣ рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ, соати 15:00 гузаронида шавад.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj