РӯӣдодҳоRSS

30.05.2020
30 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти Лолазор бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.
sahroi.jpg

Иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.

Дар ин ҷо 32 намуди ниҳол аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, саснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгуш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи самаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарвари дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷоти худро қонеъ месохтанд.

Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гуллу буттаҳо машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” бо фаъолияти гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд.

Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лиму, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 80 ҳазор бех ниҳоли гулҳо дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур аз ҷумла, намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.

Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полезӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Дар ин хоҷагӣ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳамасола шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.

Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия замина гузошт, ин обёрӣ кардани заминҳо мебошад.

Дар марҳилаи якум соли 2006 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм шуруъ аз соли 2016 то имрӯз 1750 гектар замин обёрӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологи тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату тавсияҳои муфиду судбахш доданд.

Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки имрӯз нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба имрӯз сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” корхонаи саноатии “Био Тех”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст.

Дар корхонаи истеҳсолӣ коркарди мевагиҳо, аз ҷумла, тут, ангур, зардолу, олуча, дулона, хуч, растаниҳи фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосири соҳавӣ коркард мешавад.

Инчунин хатҳои технологии корхонаи саноатии “Био Тех” имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва бо ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго ба таври доимӣ истеҳсоли шарбатҳоро ба роҳ монда шавад.

Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯсти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд карда шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаи “Био Тех” то 120 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Ҳамаи мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, шакли истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд.

Ҳар як маҳсулоти воридшаванда ба корхона қабл аз коркард дар озмоишгоҳи дохили корхона санҷида мешаванд.

Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар масоҳати 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лубӣ, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лубиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, ҳамчунин наздики 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинонидаанд.

Таҷриба ва натиҷаи ба даст овардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате, ки ҳангоми шинонидану кишт ва нигоҳубин ҳама талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя карда шавад.

Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертарадуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стретегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” мебошад.

Таҷриба собит намуд, ки давоми солҳои охир аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.

Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.

Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2019 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар чор моҳи соли 2020 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд, ки нисбати соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устуворро фароҳам овардааст.

Тибқи нақша ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллӣ дар ноҳия сохтмони чанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад, ки ин омил баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Баъди шиносоӣ бо Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорони изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
30.05.2020

30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд.

Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд.

Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст, ки ин аз оқилонаву самаранок истифода шудани ҳар қитъа замини корам ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд шаҳодат медиҳад.

Қариб 200 гектар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»и ноҳияи Данғара обӣ буда, замини он ҳосилхез мебошад. Дар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шуда, ҳамасола ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳоди», ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст.

Ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Зеро барзгарон бо мақсади ба даст овардани ҳосилнокии баланди ғалла, таъмин намудани хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тухмии аълосифат навъҳои гандуми ҳосилдеҳи ғалларо кишт намудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғаллаи Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои тухми гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, заминҳои лалмии ноҳия, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад самаранок истифода бурда мешаванд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаҳои муосир саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва ба ҷойи он гузаронидани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

29.05.2020

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш боздид ба амал оварданд.

Ҳадаф аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

49947855412_121846e65b_c-e1590731304482.jpg

Тибқи иттилоъ хоҷагидорони 20 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар намоишгоҳ дастранҷи хешро ба миқдори 1 ҳазору 650 килограмм гушти гов ва маҳсулоти гуштӣ, 10 ҳазор дона тухм, 6 ҳазор килограмм навъҳои гуногуни картошка, 4 ҳазору 550 килограмм ду навъи помидор, 6 ҳазору 250 килограмм ду навъи бодиринг, 5 ҳазору 950 килограмм карам, 1 ҳазору 400 килограмм меваи хушк ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 24 миллиону 284 ҳазор донна тухм истеҳсол намудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Дар ноҳияи Данғара дар ду корхонаи парандапарварии Кооперативи тиҷоратии ба номи “Раҳмонҷон”, танҳо дар 4 моҳи соли равон зиёда аз 10 тонна гӯшт ва 1 миллиону 504 ҳазору 500 дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва саҳми заҳматкашони он дар расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ арзандааст.

Пешвои миллат ба масъалаи истифодабарии оқилонаи заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷӯҳи махсус доранд. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, маҳз ноҳияи Данғара ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ имкониятҳои бениҳоят зиёд дорад ва дар сурати ҳадафмандона истифода гардидани содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар меафзояд.

Соли 2019 танҳо дар ноҳияи Данғара ба миқдори 4 ҳазору 794 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки аз ин шумора 500 тонна ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 1 майи соли ҷорӣ 72,7 миллион сомониро ташкил намуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд гардидааст, ки 104 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзӣ, тайи солҳои охир пешравиҳои зиёд ба назар мерасад.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 881 тонна расонида шуда, чорводорон 92 ҳазору 276 тонна шир истеҳсол намудаанд.

Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони вилоят, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабу, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай ба маъраз гузошта шуда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони вилоят дар майдони 125,5 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузарондаанд ва аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 55 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Тибқи дурнамо дар ҳудуди вилоят дар майдони беш аз 6 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст. Нашъунамои он низ хуб буда, навобаста аз он ки ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома дорад, деҳқонон умед доранд, ки ҳосили фаровон мерӯёнанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.

Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳамасола боғдорони вилоят ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Ба мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар вилояти Хатлон дар майдони 1 ҳазору 223 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 180 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад.

Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят дучанд намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони вилоят имрӯз Хатлон ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ торафт бештар мегардад.

23.05.2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад. Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд.

Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.

Ман вақтҳои охир дар чандин суханронии худ ба мардуми Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат кардам, ки аз тарафи ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таври қатъӣ риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувватро бо дӯстону ҳамкорон талқин мекунад.

Инчунин, раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.

Тарбияи фарзандони солеҳ, баодобу соҳибмаърифат ва таблиғи илму дониш низ аз ҷумлаи корҳои шоистаи ҳар як инсони солимфикру имондор мебошад. Дини мубини ислом ба ин масъалаҳо низ арҷи зиёд мегузорад.

Воқеан, ҳанӯз аз нахустин асрҳои густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи миллати фарҳангиву соҳибтамаддуни тоҷик, хусусан, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаву афкори инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварӣ саҳми беназир ва бесобиқа гузоштаанд.

Аслан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ҷустуҷӯи илму дониш яке аз асосҳои муҳимтарини таълимоти аҷдоди бузурги мо будааст. Ба қавли як қатор ҳадиснависон Пайғамбари ислом ақлу заковати ниёгони маърифатпарвари моро ситоиш намуда, дар сӯҳбате таъкид кардааст: - "Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд".

Ба шарофати саъю кӯшиши чунин бузургони миллат буд, ки дар замони Сомониён китобхонаҳо бунёд шуда, фаро гирифтани илмҳои замон барои ҳар як толибилму маърифатҷӯй фарз дониста мешуд. Дар он даврон омӯзиши донишҳои дунявӣ дар баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни ачдоди мо дар тӯли ду-се асри баъдӣ даҳҳо нафар нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд. Яъне дар ниҳоди миллати мо ҷустуҷӯйи илм ва танҳо бо ҳамин роҳ обод нигоҳ доштани рӯзгор аз қадим сиришта шудааст.

Имрӯз низ маҷрои тезутунди асри нав ва пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо дар миқёси ҷаҳон моро водор месозад, ки барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишварамон аз кашфиёту ихтирооти илму дониш, тафаккури пешрафтаи башарӣ, дастовардҳои навтарини техникаву технологияҳо ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилоот ва коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Зеро бе маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии васеи муосир, тафаккури рушдёфтаи техникиву технологӣ, қобилияти баланди коршиносӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди ҷаҳонишавӣ баробар қадам задан мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи зарурати дастгирии соҳаи илму маориф ва рушди илму техникаро ҳамеша таъкид мекунам.

Бемории коронавирус нишон дод, ки мо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи омода кардани кадрҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз чӣ қадар мушкилоти зиёд дорем.

Модоме ки мо худро вориси Синои бузург мешуморем, бояд ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро бартараф созем. Дар навбати аввал, масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисосро ҳал кунем. Ба истеҳсоли таҷҳизоти тиббиву доруворӣ эътибори фаврӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то муҳтоҷи дигарон набошем.

Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва мусулмони равшанфикр ин аст, ки дар баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии хешро низ ба ҷо орад. Яъне кӯшишу талоши худро ба пешрафту ободии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин комёбиҳои мо мебошанд, инчунин, дастгирии илму маориф ва тарбияи кадрҳо, аз ҷумла мутахассисони сатҳи баланди касбият барои соҳаи тандурустӣ равона созад.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон барои мо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад ва мо бояд танҳо дар асоси он кору зиндагӣ кунем. Зеро дар ҳамаи давру замонҳо риоя накардани қонун боиси фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва рукнҳои давлатдорӣ мегардад, ки оқибатҳои он бисёр фоҷиабор аст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям: мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки дар вуҷуди ҳар як фарди Ватан ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши илму донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷой дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намоем ва дар таълиму тарбияи замонавии онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар созем.

Ҳадафи асосии мо аз эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ҳарчи бештар шавқманд кардани наврасону ҷавонон ба омӯхтани илмҳои дақиқ, ташаккулу тавсеаи тафаккури техникии аҳолӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани пешрафти ҷомеа ва давлатамон мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мову шумо дар рӯзҳои ид ва умуман, ҳамеша илова ба анҷом додани фаризаҳои динӣ ва амалҳои хайру савоб бояд ба тозагӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин масъала, яъне тозагӣ ва эҳтиёт, хусусан, дар мавсими хуруҷи беморие, ки имрӯзҳо идома дорад, барои ҳар як шахс ҳаётӣ ва заруру ҳатмист.

Дар баробари ин, ба ҳамватанони азизам муроҷиат мекунам, ки аз ин рӯзҳои сахт набояд дилшикаставу ноумед гарданд. Зеро ин рӯзҳои мушкил низ мисли дигар давраҳои сахту сангин ҳатман мегузаранд.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!


22.05.2020

Ҷавонони азиз!

Ҳамаи шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.

Бо дарназардошти он, ки ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем.

Яъне мо ба ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, такмили боз ҳам бештари заминаи ҳуқуқии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои онҳо дар ҳамаи арсаҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.

Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд.

Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.

Ҷавонон, инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.

Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.

Доир ба ин масъала ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардам, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, худи ҷавонон бо истифода аз қобилият ва донишу малакаи хеш ташаббускору фаъол бошанд.

Бо мақсади рушди деҳот ва дастгирии аҳолии он, ки аксарияти сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононро ташкил менамоянд, мо солҳои 2019 – 2021 -ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем.

Дар татбиқи ин ҳадафи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, занон ва оила, сохтору мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳарчи бештар фаъол бошанд. Бахусус, раисони шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур аст, ки фаъолияташонро дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.

Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.

Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!

20.05.2020

Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!

  Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.

  Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд.

  Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.

  Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст.

  Табиби ҳозиқ дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки: — «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд.

  Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва баъдан коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.

  Аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки дар ин бора Сарвазири мамлакат, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муфассал гузориш медиҳанд.

  Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.

  Табибони мо дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.

  Бинобар ин, аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2 фоиз, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.

  Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. Инчунин, ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд.

  Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем.

  Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

  Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

  Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад.

  Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

  То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.

  Вақтҳои охир ман борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда будам. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.

  Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

  Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.

  Ба Сарвазири мамлакат супориш дода мешавад, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд.

  Ғайр аз ин, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат тадбирҳои иловагии зерин бояд татбиқ карда шаванд:

  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

  Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:

     — барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;

    — таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;

    — табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтихоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;

   — барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;

  — дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;

  — аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;

 — бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;

 — якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;

 — марказҳои солимгардонӣ ва дигар марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намояд, ки фаъолияташонро дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пурзӯр гардонанд;

 — бо ҷалби олимон ва табибону мутахассисони баландихтисос тавассути шабакаҳои телевизиону радиои марказиву маҳаллӣ мунтазам барномаҳо ташкил карда, фаҳмонидани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ, тарзи пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо забони одӣ ва ба мардум фаҳмо идома дода шавад;

 — Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав барномаи давлатии ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатро таҳия карда, дар давоми ду моҳ пешниҳод намоянд.

  2. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати дорувории воридшаванда диққати аввалиндараҷа дода, ворид шудани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро пешгирӣ кунанд.

  3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонанд ва беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се рӯз ба Ситоди ҷумҳуриявӣ гузориш диҳанд.

  4. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории КОВИД – 19 дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода шавад.

  5. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо олимони соҳаи тиб ва табиатшиносӣ истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитариро ба таври фаврӣ зиёд намояд ва дар ҳар як ҷаласаи ситод доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш диҳад.

  Дар баробари ин, механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

  6. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд.

  Ситоди ҷумҳуриявӣ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

  7. Ба роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб супориши қатъӣ дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.

  Онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем.

  8. Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба кишвар маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронида шуда, талаботи аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин карда шавад. Вазъияти баамаломада бори дигар андешаву таъкидҳои дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар зикргардидаро исбот намуд.

  Яъне табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд.

  Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

  9. Тавре мутахассисони соҳаи тиб, бахусус, равоншиносон медонанд, тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд. Ба гурӯҳи чунин бемориҳо диабети қанд, саратон, бемориҳои қалб, гепатит ва баъзе бемориҳои дигар дохил мешаванд. Ҳар як шахс бояд дар мавриди эҳсоси нороҳатӣ ва пайдоиши нишонаҳои беморӣ бидуни тарс ба табибон муроҷиат намояд, то ин ки табобати он ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.

  Мо бояд бовар дошта бошем, ки бемории коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳое, ки ҳолатҳои вазнинкунандаро пеш меоранд, табобатшаванда мебошад.

  10. Мехоҳам як нуқтаи муҳимро такроран таъкид намоям. Пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод.

  Чунин вазъ барои мо сабақ мебошад ва мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем. Зеро дар чунин шароити вазнину ҳассос касе дар фикри касе нест ва табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ҳар як кишвар бо ҳалли мушкилоти худаш банд мешавад.

  Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад.

  11. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода мешавад, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

  Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем.

  Ҳамчунин, мехоҳам сипоси худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён намоям, зеро мебинам, ки сокинони мамлакат аз пойтахт сар карда, тавсияҳои табибону мутахассисонро риоя карда истодаанд.

  Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад.

  Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем.

  Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад.

  Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд.

  Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки табибони мо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъалаҳо мебароянд ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва табобати он низ бо камоли масъулият ва эҳсоси гарми инсондӯстӣ ғолиб мебароянд.

  Дар охир ба ҳамаи шумо — табибон ва ҳамшираҳои шафқат барори кор орзу менамоям. Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо ҳама якҷо дар ин мубориза ҳатман дастболо мешавем ва солимии мардуми кишварамонро таъмин мекунем.

  Саломату сарбаланд бошед!

05.05.2020

Роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторию ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат дар мубориза бо вируси сироятии нави коронавирус “СOVID−19” ва амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии он дар кишвар аз ҳисоби музди меҳнати худ ба суратҳисоби хайриявии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ба маблағи 104 500 сомонӣ интиқол доданд.

Ҳамчунон, Кумита бо тасмим маълум менамоянд, ки ин иқдом маврид ба маврид идома хоҳад ёфт.

02.05.2020

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Роҳбарияти шаҳри Душанбе эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст.

Фаъолияти муназамми тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад.

Бинобар ин, аз ҳар як сокини пойтахт ва меҳмонони он хоҳиш карда мешавад, ки, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Аз падару модарони муҳтарам даъват мекунам, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.


Сокинони муҳтарами пойтахт!

Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоед.

Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накунед, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намоед, яъне ҳангоми суҳбат аз ҳамдигар якуним – ду метр қарор дошта бошед.

Баъди дар кӯчаву боғҳо сайругашт кардан дастони худро бо собун шустушӯ намоед ва бо маҳлули зиддисироятӣ тоза кунед.

Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд.

Ҳангоми пайдоиши аломатҳои беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст.

Яъне ҳамаи мо бояд дар фикри саломатии аҳли оилаи худ бошем ва бо худмуолиҷакунӣ машғул нашавем.

Як нуктаи муҳимро дар назар бояд дошт, ки ин беморӣ танҳо аз одам ба одам мегузарад, яъне паҳнкунандаи вирус худи инсон мебошад.

Ҳамчунин, ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки ҳамаи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, табибони оилавӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ телефонҳои боварӣ (223 22 14; 227 31 74) фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд ба воситаи ин рақамҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба шахсони масъул муроҷиат намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо эътимоди комил ба сокинони пойтахт изҳор медорад, ки мо бо саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси пойтахти азизамон ин мушкилотро, ки гузаранда мебошад, паси сар мекунем ва минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти шаҳрамон, яъне пойтахти Тоҷикистони маҳбубамон аҳлона заҳмат мекашем.

Дар баробари ин, роҳбарияти шаҳр тамоми имконияту захираҳоро сафарбар месозад, ки барои сокинони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварад ва ҳамаи чораҳои бехатариро доир ба ҳифзи саломатии ҳар як сокини пойтахт амалӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарону табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасони беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам.

Аз ҳар кадоми онҳо хоҳиш менамоям, ки ба муроҷиати шаҳрвандони пойтахт бо масъулияти баланд таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва ҳатмӣ зоҳир намоянд, муомилаву муоширати хуб дошта бошанд ва рисолати аслии худ - хизмат ба мардумро фаромӯш накунанд.

Тамоми сокинони пойтахтро даъват мекунам, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразнок бовар накунанд, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди пойтахти азизамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони сарбаланди он сафарбар менамоем.


Раиси шаҳри Душанбе,

Раиси Маҷлиси миллии Рустами

Маҷлиси Олии Эмомалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.04.2020

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва интиқоли вируси сироятии нави коронавирус “СOVID−19”, суратҳисобҳои бонкӣ (бо асъори миллӣ - сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд.

Маблағҳои ба суратҳисобҳо воридшуда барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи коронавирус “СOVID−19” ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолии кишвар равона мегарданд.

Соҳибкорон, шахсони воқеиву ҳуқуқии маҳаллӣ ва хориҷӣ метавонанд бо иқдоми неки худ саҳми худро гузоранд.


Нишонаҳои бонкӣ оид ба суратҳисобҳои кушодашуда барои пандемия COVID-19



  1. Бо пули миллӣ (сомонӣ):



Бонк:

Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


РМБ:

350101800


Суратҳисоби муросилотӣ:

22402972000002


Суратҳисоб:

20204972064010100446


Қабулкунанда:

Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



  1. Бо доллари ИМА:


Бонк-корреспондент:


Commerzbank, AG

Frankfurt-am-Main, Germany

SWIFT:COBADEFF

Acc. No. 400886748300 USD

Бонк бенефициар:

National Bank of Tajikistan, Rudaki avenue 23/2

734025, Dushanbe

SWIFT: NATJ TJ 22

Acc. No. 22696840718009

Бенефициар:

Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan


  1. Бо рублӣ русӣ:




TRANSKAPITALBANK PAO



к/с 30101810800000000388

в ГУ Банка России по ЦФО

БИК: 044525388

27/35, Vorontsovskaya street, Moscow, 109147

Russia



SWIFT: TJSCRUMM

Acc.No. 30111810000000000062

Национальный банк Таджикистан

SWIFT:NATJTJ 22



Acc. No. 22696810818007




Министерство финансов Республики Таджикистан





14.04.2020

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва эҳтимолияти таъсири манфии он ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат ба роҳандозии ташаббусҳои ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки дар вазъияти баамаломада аҳамияти боз ҳам баландро ба худ касб менамоянд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ тавассути рақамигардонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорону аҳолӣ, роҳандозии расмиёти мустақим дар реҷаи онлайн, коҳиш додани вақт ва хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин радиф, тадбирҳои зеринро метавон қайд кард:

1. Тавассути қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2019, №605 ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки бо патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд”, шахсони воқеӣ тибқи номгўи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз пардохти андозҳо озод мегарданд. Ин тадбир барои муайян намудани мақоми ҳуқуқии соҳибкорони инфиродӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба имтиёзҳои молиявӣ, қарзҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва дигар имкониятҳои васеи дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи ин тағйирот инчунин имтиёзҳои андозӣ барои бонувони соҳибкор дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд дар шакли пурра озод кардан аз тамоми андозҳо пешниҳод мегардад.

2. Барои аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ройгон пешниҳод намудани иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба бақайдгирӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” таҳия ва аз 02.01.2019, №1680 ва №1681 қабул карда шудаанд. Дар ин замина, хароҷоти расмиёти бақайдгирӣ, ки қаблан 1485 сомонӣ = 25*55 сомонӣ (боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ) +2*55 сомонӣ (пардохт барои иқтибос аз феҳрист) ба сифр баробар карда шуд.

3. Бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз ба соҳибкорон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ҷиҳати аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида аз 2 январи соли 2020, №1676 ворид карда шуд. Тибқи методологияи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ин тадбир ба коҳиш ёфтани сарбории андозӣ ба 17,68%, яъне аз 67,3% то 49, 62% мусоидат хоҳад намуд.

4. Аз 16 декабри соли 2019 фаъолияти Маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар реҷаи мустақим оғоз шуд. Бо ҷорӣ гардидани Равзанаи ягона субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаи тиҷоратӣ метавонанд барои гирифтани иҷозат ба номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи реҷаи онлайн тавассути портали www.memori.tj. аризаи худро пешниҳод намоянд. Ба Равзанаи ягонаи мазкур 12 мақомоти иҷозатдиҳанда пайваст шудаанд, аз ҷумла Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик”, Шабакаи гармидиҳии шаҳрӣ, КВД “Обу корезии шаҳри Душанбе”, Хадамоти алоқаи шаҳрӣ ва дигар мақомот. Механизми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон, ба корхонаҳо барои сабти ном ва дархост намудани иҷозати сохтмон бидуни боздид аз мақомоти иҷозатдиҳанда кӯмак менамояд. Ин усул ба соҳибкорон барои барканор намудани он душвориҳое, ки дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ пеш меомад, мусоидат менамояд.

Механизми “Равзанаи ягонаи иҷозати сохтмон” имкон медиҳад, ки 40 фоизи вақт барои гирифтани иҷозате, ки дар шаҳри Душанбе дода мешаванд ва 74 фоизи хароҷоти бахши хусусӣ, ки 700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, сарфа карда шавад. То ба имрӯз тавассути “Равзанаи ягона” 55 иҷозати нави сохтмонӣ дода шудааст ва бисёр аризаҳои иловагӣ баррасӣ карда шудаанд.

5. Тибқи Фармони Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик», №161 аз 25 декабри соли 2019 омода ва пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ аз санаи 1 январи соли 2020 ба зиммаи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» вогузор карда шуд, ки барои бо риояи талаботи Равзанаи ягона дар муҳлати муқарраршуда (5 рўз) бо линки http://dges.tj/. дар реҷаи онлайн пешниҳод намудани шартҳои техникӣ замина фароҳам меорад.

6. Низоми “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии амволи ғайриманқул дар заминаи муттаҳид гардидани панҷ вазорату идораи давлатӣ ва роҳандозии барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон (САБТ), Феҳристи молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, инчунин Феҳристи электронии маълумот оид ба уҳдадории (гарав, қарз, маҳдудият) молу мулки ғайриманқул дар пойгоҳи махзани барномаи электронии САБТ таъсис дода шуда, дар сомонаи www.baqaydgiri.tj, геопортали амволи ғайриманқул ва сомонаи www.geoportal.tj дар реҷаи 24/7 рўз ройгон, мустақим дастраси ҳамаи шаҳрвандон гардонида шудааст.

7. Бо мақсади соддагардони расмиёти тиҷорати беруна низоми “Равзанаи ягона” барои амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ роҳандозӣ гардида, барои пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ бо истифода аз Системаи иттилоотии ягона созишномаҳои дахлдор бо 10 мақомоти ваколатдор ба тасвиб расидаанд.

8. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук оид ба ҷорӣ кардани консепсияи Оператори ваколатдори иқтисодӣ ва (ё) тоҷири соҳибэътимод таҳия ва аз 02.01.2020 сол, №1678 қабул карда шуд, ки ба роҳандозии меъёрҳои хавф дар дар фаъолияти мақомоти гумрук ва сарҳад, инчунин соддагардони расмиёти тиҷорати беруна мусоидат менамояд.

9. Барои баланд шудани сатҳи шаффофият ва эътимоди ҷомеа нисбат ба судҳо ва мақомоти судӣ, сомонаҳои Суди олии иқтисодӣ www.soi.tj , суди иқтисодии шаҳри Душанбе www.si-dushanbe.tj, суди иқтисодии вилояти Хатлон www.si-khatlon.tj ва Суди иқтисодии вилояти Суғд www.si-sugd.tj такмил дода шуда, дар он хабарнома оид ба таърихи баррасии парвандаҳои судӣ, маҷмуаи қарорҳои Суди олии иқтисодӣ, телефони боварӣ ва суроғаҳои электронии судяҳо барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷойгир карда шудаанд.

10. Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи ипотека” аз 2 январи соли 2020, №1685 бо мақсади мусоидат ба соддагардонии руёниши қарз аз фурўши амволи багаравгузошташуда бо тартиби ғайрисудӣ ва баланд бардоштани шафофияти раванди мазкур қабул гардидааст.

Интизор меравад, ки татбиқи амалӣ ва истифодаи васеи ташаббусҳои болозикри ислоҳот ба беҳтар гаридани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Мақсади асосии ислоҳот, татбиқи самараноки натиҷаҳои он барои беҳбуди шароити пешбурди соҳибкорӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин таклифу пешниҳодоти шуморо оид ба татбиқи воқеии қоидаҳои нави пешбурди соҳибкорӣ барои саривақт бартараф намудани камбудиву нуқсонҳо интизорем.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj