РӯӣдодҳоRSS

21.09.2020

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем.

Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Фаъолияти ин Созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав КОВИД–19, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба (мултилатерализм) ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Соли ҷорӣ мо инчунин рӯйдоди дигари муҳимми таърихӣ - 75-солагии Ғалаба бар фашизмро, ки таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ба он иртиботи бевосита дорад, ҷашн гирифтем.

Боиси ёдоварист, ки дар таъмини ин Ғалабаи бузург баробари шаҳрвандони дигар халқу миллатҳо фарзандони барӯманди Тоҷикистон низ нақши назаррас гузоштаанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем.

Ҳамкорони гиромӣ,

Ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд.

Имрӯзҳо аксарият аҳолии олам бар он ақидааст, ки танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ инсоният метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир, муваффақ бошад.

Тоҷикистон низ дар муколамаи ҷаҳоние, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ширкати фаъол дорад.

Мо ният дорем саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.

Кишвари мо дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад.

Бори дигар таъкид месозам, ки хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

18.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгуйи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсена” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар он чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин гардида буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои Олмон, Россия ва Туркия ворид ва васлу насб гардидаанд.

Дар корхона барои коркард ва зихира намудани маҳсулот дегҳои аз 1 то 10 тоннагӣ мавҷуд мебошад.

Корхона дорои анбори ҷавобгу ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ буда, истеҳсолоти он тавассути се адад воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ба нуқтаҳои фурӯш дастрас карда мешаванд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ 48 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Иқтидори истеҳсолии Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти шири аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат мебошад.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Авитсена Милк” дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500 грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, сипас тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.

Дар назди Корхонаи коркарди маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсена” сехи истеҳсоли зарфи маҳсулоти ширӣ низ ба роҳ монда шуда, бо шакл ва андозаҳои гуногун бароварда мешавад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷ дастрас карда мешавад.

Феълан шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазами корхона бо сокинони маҳаллӣ низ шартномаҳои дахлдор баста шавад.

Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди истеҳсолот дар ҳаминҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

18.09.2020

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр - Агро”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи “Ситабр - Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша - чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буданд.

Фаъолияти корхона мавсимӣ буда, дар он зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ аксаран духтарони хонашин пас аз омӯзиш бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Самти фаъолияти корхона ба коркард ва бандубасти ҷуворимакка равона гардида, дар асоси нақша дар оянда бо васеъсозии фаъолият имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии дигар раванди истеҳсолот ба роҳ монда хоҳад шуд.

Соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, ки бо мақсади ғановати бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро низ ба роҳ монад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонави навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимёвӣ сурат мегирад.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Бомазза” дар бастаҳои 285 ва 450 грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, бо ҳамин ном содироти он низ роҳандозӣ гардидааст.

Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, муҳлати истифодабарии он то 18 моҳ муайян карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои истифода пурсамару мақсаднок аз имконоти васеъ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Ҳисор ҳамасола кишоварзон дар кишти такрорӣ баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунад.

Аҳли заҳмати шаҳр соли равон низ майдони маккаи донро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили фаровонро интизоранд.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка дар шаҳр имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.

Дар шаҳри Ҳисор дар доираи амалӣ гардидани ҳадафҳо дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат бунёду навсозии корхонаҳои зиёди саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

16.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр. то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метрии мураббаъ, ё 150 тоннаро ташкил медиҳад.

Ғавсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст.

Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар боқимонда масоҳат иншооти ёрирасон сохта хоҳад шуд.

Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад.

Реги кварсӣ аз кони Қурғонча интиқол дода мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар кони мазкур зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 адад механизми истихроҷкунанда сафарбар карда мешавад. Инчунин кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз тарафи дигар дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста ба онҳо мусоидат менамояд.

10.09.2020
Это поможет понять, как лучше всего защитить уязвимые компании, обеспечить непрерывность хозяйственной деятельности и сохранить рабочие места.
118599819_2908942409339831_9001854879665750618_n.jpg

• Многие компании в регионах ЕБРР пострадали от пандемии и нуждаются в реструктуризационной поддержке
• Анализ национального законодательства поможет выявить пробелы в регулировании экономической несостоятельности
• Онлайн-анкета будет доступна до 31 октября 2020 г. в рамках общественных консультаций.
Данный опрос позволит обновить информацию о механизмах реструктуризации, которые существуют в регионах деятельности ЕБРР в Европе, Азии и Африке. Его цель – получить обзор вариантов действий на этапах до и после признания экономической несостоятельности, которые предлагаются законодательством в тех странах, где работает Банк.

Коронавирусный кризис в силу его глобального масштаба нарушил хозяйственную деятельность многих компаний по всему миру, и эта ситуация может продолжиться в 2021 году. Одним предприятиям будет необходима операционная и финансовая реструктуризация, другие могут даже утратить жизнеспособность. Сделать так, чтобы для большинства компаний эта ситуация не закончилась процедурами ликвидации по причине экономической несостоятельности, и предотвратить дальнейший экономический ущерб – одна из приоритетных целей для Банка.

Вопросник, являющийся основным инструментом данной оценки, будет доступен для проведения общественных консультаций до 31 октября 2020 г. на английском, французском и русском языках. В целях сравнения эти консультации также открыты для стран, в которых ЕБРР не ведет инвестиционную деятельность. Результаты оценки и отчет с их анализом позднее будут тоже опубликованы онлайн.

Собранные в ходе оценки данные будут также сравнены с лучшей международной практикой, в результате чего появится функциональный сравнительный инструмент, с помощью которого организации развития, правительство и гражданское общество смогут оценивать качество и эффективность законодательства об экономической несостоятельности в конкретных странах. Оценка включает в себя анализ существующего национального законодательства во всех странах операций ЕБРР, а также оценку эффективности местных систем урегулирования экономической несостоятельности с учетом мнений заинтересованных сторон и пользователей этих систем.

«Многие страны в наших регионах успешно приняли чрезвычайное законодательство для сдерживания последствий кризиса Covid-19, однако для того, чтобы компании смогли вновь подняться на ноги и процветать, будет чрезвычайно важно реформировать законодательство об экономической несостоятельности на более долгосрочную перспективу, - отмечает старший юрист отдела финансового законодательства ЕБРР Кэтрин Бридж-Золлер. – Данная оценка поможет Банку более целенаправленно поддерживать реформы для того, чтобы как можно большему количеству компаний удалось избежать процедур ликвидации по причине экономической несостоятельности в результате влияния пандемии».
Данную инициативу ЕБРР поддерживает Международная организация по праву развития (IDLO), Генеральная дирекция Европейской Комиссии по поддержки структурных реформ (DG REFORM), а также международная и европейская ассоциации специалистов в области реструктуризации, несостоятельности и банкротства INSOL.
10.09.2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, мо дар зарфи ин солҳо маҳз бо азму талошҳои мардуми ватандӯсту ватанпарварамон тавонистем, ки оқибатҳои низои шаҳрвандиро бартараф карда, давлати ҷавони тоҷиконро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дорем.

Дар натиҷаи таъмин гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровардем ва парламенти дупалатагӣ таъсис додем, ки дар фазои сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон падидаи нав мебошад.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт - соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Фавти модарон нисбат ба соли 1991 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем.

Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид.

Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.

Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони мамлакат як масъалаи муҳимро такроран хотиррасон месозам. Бо вуҷуди корҳои бузурги то имрӯз амалигардида ҳоло ҳам на ҳама мушкилоти ҳаёти мардуми мо паси сар шудаанд.

Мо - тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саъю кӯшиш кунем.

Дар ин ҷода, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мо бояд ба масъалаҳои омода кардани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, захира намудани маҳсулоти ниёзи мардум, хусусан, маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи нерӯи барқ ва ҳамзамон бо ин, қатъиян риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва талаботи санитариву эпидемиологӣ масъулияти баланд ва эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ҳолати буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони мо низ аз таъсири он берун нест, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории коронавирус мо бояд аз баргузории ҳар гуна чорабиниву маъракаҳо худдорӣ кунем.

Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

10.09.2020

7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулотҳои коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.

Қобил ба зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли 2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов, корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Сардор-2008” моҳи январи соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии корхона 2 гектарро ташкил дода, бинои он дар 9 ҳазору 220 метри мураббаъ доман густурдааст.

Дар корхона 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимақка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Тамоми таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидааст, аз давлатҳои Туркия, Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Зимни боздид Пешвои миллат ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои коргоҳи навро дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек маънидод намуданд.

Дар сехи истеҳсоли картошкаи қоқ 25 нафар бонувон ба кор ҷалб гардида, ин маҳсулотро бо 5 намуд истеҳсол мекунанд. Асоси кори бонувон дар ин сех банду басти маҳсулоти тайёр аст. Буришу ҷудокунӣ, хушккунии маҳсулоти хом, гармкунии равған, интиқоли картошкаи бирёншуда, хулоса, ҳамаи раванди кор тариқи автоматӣ иҷро мегардад.

Истеҳсоли нони хушк ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаи “Сардор-2008” аст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сехи истеҳсоли нони хушк дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб рафта, маҳсулоташ дар бозорҳои хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад. Дар ин ҷо низ беш аз 90 фоизи корҳо тариқи дастгоҳҳои нав - автоматӣ иҷро гардида, барои пухтани нон тафдонҳои ҳозиразамон насб гардидааст.

Сехи коркарди ғулачаҳои ҷуворимакка низ бо дастгоҳҳои навтарин ҷиҳозонида шуда, шумораи кормандон афзоиш ёфт. Дар ин ҷо низ бештар бонувон ҷалб карда шудаанд. Пеш аз ба кор шурӯъ кардан, ин бонувон дар курсҳои омӯзиш иштирок карданд. Зеро дар ин ҷо масъулият баландтар аст ва кормандон дар ду баст фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Бо ба фаъолият пардохтани бинои нави корхона масъулини коргоҳ сехи истеҳсоли навъҳои сақичро низ мукаммал намуда, шумораи кормандонро афзоиш доданд. Дар ин ҷо раванди истеҳсолот дар алоҳидагӣ ба таври худидоракунӣ иҷро гардида, барои таъмини бозори ватанӣ бо сақич, хати нави намуди борпечи коғазӣ ва болиштшакл ворид карда шудааст. Дизайни халтачаҳои ҳар як намуди сақич мутобиқи замон оро дода шуда, сифати он ҳам баланд аст. То имрӯз ин навъи маҳсулоти корхона бозори ин маҳсулотро дар мамлакат аз худ кардааст ва ба хориҷа низ содирот мешавад.

Донаҳои коркардшудаи офтобпараст низ як навъ маҳсулоти корхона буда, ҷараёни кор, аз ҷумла тозакунӣ, гурӯҳбандӣ ва дигар корҳои зарурӣ автоматӣ иҷро мегардад. Дар сехи коркарди донаҳои офтобпараст, ки бо брендҳои “Симба” ва “Ҳавас” маъруф аст, мутахассисони варзида раванди корро назорат менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз корхона бо истеҳсоли ин маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ мавқеи хоса пайдо карда, ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти ин корхона аз дохили кишвар дастрас гардида, пеш аз коркард аз озмоишгоҳ гузаронида мешавад. Маҳсулоти тайёр ҳам санҷида шуда, сипас ба бозору нуқтаҳои савдо интиқол дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳои таъмирию навсозӣ ва васлу насби таҷҳизотҳоро қаноатбахш хонда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд истеҳсоли маҳсулот ва зиёд намудани номгӯйи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар навбати худ соҳибкор низ аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳори сипос карда, ваъда дод, ки дар оянда барои рушди соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош менамояд ва дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи босазои худро мегузорад.

21.08.2020

Нимаи аввали имрӯз бо ташаббуси Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо, як қатор намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, дар он рафти иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ, баррасии раванди таҳияи ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа роҷеъ ба муҳтаво ва мундариҷаи лоиҳаи ҳисоботи таҳлилӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Котиботи Шурои машваратӣ гузаронида шуда истодааст, вазъи соҳаҳои саноат дар маҷмӯъ, идомаи ҷанбаҳои иқтисодӣ, таъмини занҷираи арзиши иловашуда, идоракунӣ, ҳуқуқӣ, саволномаи ба вазорату идораҳо ирсолшуда ва натиҷаҳои он маълумот дода, пешниҳоди маълумоти пурра лоиҳа қайд карда шуд.

Аъзои гуруҳи корӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо оид ба маълумотҳои манзурнамуда ба лоиҳаи ҳисоботи таҳлилӣ гузориш доданд.

Ҳангоми мулоҳизарониҳо зарурати узвияти Маркази Миллии Акредитатсия дар IAF - Форуми Байналмилалии Аккредитатсия ва ILAC - Созмони байналмилалӣ оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо, мусоидати вазорату идораҳо, баҳри амалӣ намудани Нақшаи Миллии мониторинги боқимондаҳои заҳрихимикатҳою доруҳои байторӣ, беҳтар намудани муайянкунии миқдори захрхимикатҳо дар меваю сабзавот ва антибиотикҳо дар маҳсулоти ширию гӯштӣ, пурзур намудани фаъолияти озмоишгоҳҳо баҳри таҳкими раванди ҷорикунии меъёрҳои Кодекси Алиментиариус HACCP дар корхонаҳои саноатӣ ва дар ин раванд ба кор даровардани таҷҳизотҳои нави аз тарафи лоиҳаи ECTAP/Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон қайд гардид. Инчунин, баромадкунандагон масъалаҳои аккредитатсияи субъектҳо ва ваколати сохторҳои дахлдор, таҷрибаи мушаххаси як қатор корхонаҳо оид ба гирифтани сертификат ва дигар ҳуҷҷатҳо, зарурати таъсиси гурӯҳҳои техникии вазорату идораҳо ҷиҳати мусодат ба раванди саноатикунонии мамлакат ва дигар масъалаҳоро қайд намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати иҷрои зербанди 2, банди 13-и протоколи ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ аз 12 феврали соли 2020 бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2020, № 25 таъсис дода шуд.

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ 10 апрели соли 2020 баргузор гардида, ба аъзои гуруҳи корӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

21.08.2020

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Хоруғ Коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо чойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифт, ки коргоҳи дӯзандагиро сохта ба истифода диҳад.

Тибқи нақша бинои коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” аз утоқҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар коргоҳи мазкур 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” асосан либоси мактабӣ дӯхта мешавад.

Занону духтарон аз бунёди коргоҳ ва бо кору маоши хуб таъмин шуданашон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи бекорӣ коҳиш дода шуда, шумораи зиёди сокинон махсусан занону духтарони хонашин марҳила ба марҳила бо ҷойи кор таъмин карда мешванд.

Дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ташкил карда шуд, дидан карданд.

Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2020 қариб 500 нафар занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳми худро мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сӯҳбат бонувону ҷавондухтаронро барои ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 800 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Бонувон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидузӣ, майдадӯзию ҷуроббофӣ, сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, аз ҳисоби маҳсули дастони хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

21.08.2020

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулон дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.

Баъди сохта мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгуйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳамагуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад.



Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj