РӯӣдодҳоRSS

30.07.2020

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”, Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 ва Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040” ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Ба Ҳукумати мамлакат ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи короновирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии маводи дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории короновирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ гигиэнӣ ҷоннок намоянд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.


28.07.2020

Ҳайати Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ рӯзҳои 27-28 июли соли равон бо аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ мизи мудаввар доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти мазкур мавзуҳои таъмини фаъолияти самараноки Шӯрои машваратӣ ва саҳми аъзои Шӯро дар он, тадбирхои Хукумати мамлакат барои пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, омодагихо ба ҷаласаи навбатии Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари Котибот, Нуъмон Абдуғаффорзода вобаста ба дастовардҳо ва ислоҳоти татбиқгардида ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои сохмтон ва дигар нишондиҳандаҳо, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳаои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин, зикр гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани таҳлилу тавсияҳо вобаста ба мавзуъҳои “Вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа” ва “Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ”, ки тибқи қарорҳои протоколии ҷаласаҳои XIX ва XX Шуро амалӣ шуда истодааст, хоҳиш карда шуд, ки ба унвонии Котибот пешниҳодҳои худро нисбати масъалаҳои зикргадида манзур намоянд.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари Котибот зарурати тақвият додани ҳамкориҳоро бо аъзои Шӯрои машваратӣ бори дигар таъкид намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои самаранокро дар ин самт идома хоҳанд дод.

25.07.2020

25 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор доштанд.

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ мебошад.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарони хоҷагиҳои “Сомонҷон”, “Фатҳиддин” ва “Барно” шинос шуданд.

Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии Сомонҷон оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии “Сомонҷон” 200 гектар боғи интенсивӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд.

Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷроиши супоришҳо мебошад.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт - Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб - интернати рақами 2 - и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонн полезӣ кумаки моддӣ расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи короновирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, руёнидани ду се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.

Дар хоҷагии бисёрсоҳаи “Сомонҷон” имсол дар майдони 170 гектар полезӣ кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо кишт гардида, ҳосили фаровон дорад.

Дар хоҷагӣ масъалаи истифодаи замин ба таври намуна ба роҳ монда шуда, ба ғайр аз тарбузу харбуза дар байни қатори боғҳо 60 гектар макадон ва 10 гектар бо обёрии қатрагӣ пиёз кишт гардидааст.

Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда макадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, капуст ва дар 150 гектар сабзӣ коридаанд.

Тавре мушоҳида гардид, ҳосили дилхоҳ зироат ва полезӣ дар хоҷагии Сомонҷон имсол фаровон аст.

Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти парваришкардаи худро аз сари замин ба тоҷирон мефурушанд. Содироти тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваҷоти хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии “Сомонҷон” Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.

Дар ин хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва аз ҳама асос ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полезӣ хуб истифода мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки парвариши дилхоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду се ҳосил гирифта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Барно” дидан карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида бо тариқи обрасонӣ боғ бунёд карда шудааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ ва дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегарданд.

Коргарони хоҷагии деҳқонии “Барно” байни қатори боғро самаранок истифода бурда, кишти полезӣ, картошка, помидору бодиринг ва лубиёгиҳо гузаронидаанд.

Ҳолати токзори боғ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад.

Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ, ки аз соли 2014 шинонидани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз дарахти олу 1706 бех, себи шоҳӣ 276 адад, себи интенсиви 260, зардолу 400, шафтолу 420, гелос 146, олучаи бобогӣ 200, ангур 460 ва хуч 1000 адад мавҷуд аст.

Аз ҳосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти Исмат Шариф ҳамчунин аз заминҳои полезии Хоҷагии деҳқонии “Фатҳиддин” боздид намуданд.

Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.

Дар ин ҷо тариқи кишти зериплёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза кишт карда шудааст. Дар байни қаторҳо бошад, парвариши дигар сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Аз руи маълумоти роҳбарияти деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ҳудуди ҷамоат 7130 гектар замин мавҷуд аст, ки аз он 2510 гектар обӣ ва 220 гектар боғ мебошад.

Кишти полезӣ дар ин деҳот 130 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар 10 гектар замини лалмӣ ва 120 гектар обӣ кишт гузаронида шудааст.

Нақшаи кишти такрории деҳоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, дар 800 гектар кишт гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт ҳануз идома дошта, нақша доранд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошкаро ба роҳ монанд.

Ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрӣ ба шумор меравад.

Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, аз ҷумла, дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра.

Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва боду ҳавои мусоид, инчунин истеҳсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

22.07.2020

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.

Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ - истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

Аз рӯи ҳисоби миёна корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо ба ғайр аз қубурҳои асбестӣ ва шифер қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар маҷмӯъ 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.

Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот - шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз хати дигари муосири технологӣ - истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешавад.

Ашёи хом аз ҷумла тунука барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор ин аввалин корхонаест, ки бо иқтидори зиёд шифер ва қубурҳои асбестию оҳаниро истеҳсол менамояд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 40 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.

Бояд қайд намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда, дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Соҳибкор дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳад дод.

Ғайр аз ин дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ҳамзамон коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо низ ба роҳ монда шудааст, ки он дар доираи дархост омода ва пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи маводи хурока ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда атрофи корхона дар масофаи беш аз 1 километр мумфарш гардидааст.

Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубар ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

22.07.2020

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд.

Нахуст Роҳбари давлат бо фаъолияти кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” ошно шуда, бо аҳли заҳмат суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” 1,35 гектар заминро дар бар гирифта, аҳли заҳмат ба парвариши навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ, коргарони хоҷагӣ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат нақши худро мегузоранд.

Имсол хоҷагидорон дар кишти асосӣ карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин 0,30 гектари дигар барои парвариши картошка истифода гардида буд ва кишоварзон тавонистанд аз ин ҳисоб 7,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои чашмрас дар самти парвариши дигар номгӯи зироатҳо низ мавҷуд аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ ба масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва рӯёнидани чанд ҳосил диққати хоса дода, айни ҳол кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва боимҷонро сомон медиҳанд.

Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тару тоза, Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” фаъолияти гармхонаҳоро роҳандозӣ намудааст. Масоҳати умумии майдони гармхона дар хоҷагӣ 0,65 гектарро дар бар мегирад ва дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Хоҷагидорон аллакай 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешниҳод карданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Файзи Ҳоҷӣ” бошад, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ парвариши картошка, пиёз, карами барвақтӣ, гулкарами барвақтӣ, гандум ва пахтаро роҳандозӣ карданд. Дар маҷмӯъ хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда аллакай кишти такрорӣ гузаронидаанд. Дар кишти такрорӣ бошад, дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки аз майдони 0,75 гектар замини пиёз аҳли заҳмат 45 тонна маҳсулот ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карами барвақтӣ 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,60 гектар пахта кишт намуда, дар майдони 0,50 гектари дигар беда низ коридаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд.

Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ манзур карда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва истеҳсоли асал 38,7 тонна афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳр 9 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки 8-тои он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин хоҷагиҳои чорвопарвар зотҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ рушд карда, тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2020 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хочагиҳои чорвопарвар асосан чорвои зоти “Сиёҳалои тоҷикӣ”, “Голштайн” ва зоти нави “Сементал” нигоҳубин карда мешавад.

Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

То имрӯз дар шаҳри Ҳсиор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар замин аллакай ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз бошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз майдони 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат айни ҳол дар майдони 756 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ асосан парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, лӯбиёгӣ, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин барои афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

21.07.2020

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.

Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква - аэробика - рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст.

Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа - ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид додаанд.

Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шудааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.

Қасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.

Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгарон, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуд аст.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 - солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеъи кишвар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста - бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Бо дарназардошти он, ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе боиси ободии як гӯшаи пойтахти кишвари азизамон гардидааст.

Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ ин мавзеи зебоманзари пойтахтро ба як макони афсонавӣ табдил додааст.

Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки боз як тӯҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Баъди шиносоии пурра бо иншоот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои сифати корҳои сохтмон баҳои баланд доданд ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои истифодаи самараноку мақсадноки иншооти варзиш ва корҳои ободонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

13.07.2020

13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ - гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи шахсони маъсул муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, вазири кишоварзӣ Салимзода Амонулло, вазири энергетика ва захираҳои об Усмонзода Усмоналӣ ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷамолиддин вобаста ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваҷот ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, иҷрои нақшаи корҳои созандагӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш, шунида шуд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол, истифодаи босамари гармхонаҳо, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, захираи маводи озуқаворӣ дар сардхонаҳо ва таъминоти меваҷот дар бозорҳои дохилӣ, ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш доданд, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.


10.07.2020

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

Дар ҳудуди майдон зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои сабз, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Дар маҷмӯъ дар озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.

Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд.

Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардид.

Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “Дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.

Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи давлатдории тоҷикон аз замони Зардушт то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир мегарданд.

10.07.2020

10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст. “Тоҷтекс” ҳамзамон истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонувони ҳунарманд, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти ниҳоии баландсифати Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷии мамлакат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулин айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Сехи дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир буда, барои фаъолияти босамари кормандон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сару либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба сару либоси тайёр роҳандозӣ шуда, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ карда шавад.

Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегарад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи кории дигар барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то сару либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.


10.07.2020

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро бино ба таъкиди Сарвари давлат ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj