РӯӣдодҳоRSS

19.10.2012

Имрӯз 19 октябри соли 2012, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Шӯро аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Саймудинов Музаффар - Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» ва Рустамов Баҳром – Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Даврон»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа нисбати масъалаи якум гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои ќабулгардида аз ҷониби масъулин ва вазорату идораҳои мутасаддӣ дар маҷмӯъ иҷро гардида, корҳои муайяне анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои қарори ҷаласаҳои гузаштаи Шӯро лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, татбиқи он аз соли 2013 оғоз мегардад.

Инчунин бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаҳои қаблии Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардид. Вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур лоиҳаи нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, ба ҷаласаи имрӯзаи Шӯро пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба ин, Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур сатҳи ҳамкориҳои созандаи давлат ва бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда шуда, лоиҳаҳои иқтисодии ҳаётан муҳим дар ин доира бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ бомаром татбиқ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи қонуни номбурда тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида чораҳои муассир андешанд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари Иттифоқи асотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд Маъсуда Тюряева вобаста ба нақши бахши хусусӣ дар татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа баромади иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе – Миралӣ Қодиров шунида шуд, ки ӯ дар баромадаш оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ахборот дод.

Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурӣ, Раиси Шӯро иброз доштанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани шумораи санҷишҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ислоҳоти ҷиддӣ доир шудааст.

Вале, тадбирҳои андешидашуда кифоя нестанд ва зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа корҳои зиёде анҷом дода шаванд, зеро то ҳол санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, ки дар лоиҳаи қонуни зикргардида ба назар гирифтани низоми мувофиқаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти ваколатдори пешбарандаи сиёсат дар соҳаи соҳибкорӣ ва ба тартиби муайян даровардани дигар ҷанбаҳои санҷиш, аз ҷумла мӯҳлати огоҳӣ оид ба гузаронидани санҷиш, давомнокии он ва ғайра мувофиқи мақсад дониста мешавад. Инчунин кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд ба инобат гирифта шавад.

Итминон карда шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав барои ба низом даровардани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таконе хоҳад бахшид.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, аз ҷумла татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯро ва ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти cубъектҳои соҳибкорӣ” намояндагони шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Улф Ҳиндстром ва Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Штефан Эрбер баромад намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки шарикони рушди Тоҷикистон қарорҳои Шӯрои машваратиро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дастгирӣ намуда, минбаъд низ кӯмакҳои худро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Фархор шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин замина, оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯро, Раиси Шӯрои минтақавии вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Қоҳир Расулзода вобаста ба фаъолияти Шӯрои минтақавӣ ва вазъи феълии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят баромад намуд.

Вобаста ба масъалаи охирон ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Котиби масъули Шӯро Давлаталӣ Саидов масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соњибкорӣ дар бахши сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки он ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефонии 44 610-60-04. муроҷиат намоед.


03.10.2012

Намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии навбатиро бо бахши хусусӣ доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур Роқбари Котиботи Шӯрои машваратӣ шариконро бо рӯйдодҳои охирони фаъолияти Шӯро шинос намуданд ва онҳоро даъват намуданд, ки пешниҳодот ва тавсияҳои худро барои баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ манзур намоянд.

Аз ҷониби бахши хусусӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ақидаи онҳо хеле муҳим ва барои соҳибкорон афзалиятнок маҳсуб меёбанд ва ҳалли саривақтии онҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ такон хоҳад бахшид.

13.08.2012

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон”мақола ба табъ расонид, ки дар он атрофи фаъолияти Котиботи Шӯро, натиҷаҳои ба дастомада, ислоҳоти муҳими иқтисодӣ, инчунин дурнамои рушди муколамаи давлатӣ ва бахши хусусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал инъикос намудааст.

Бо матни пурраи мақолаи мазкур бо забони тоҷикӣ метавонед бо гузариш ба истиноди мазкур шинос шавед.

19.07.2012

19-уми июли соли 2012 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шарикони рушд вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Котибот диққати шариконро ба лоиҳаи рӯзномаи 10-уми ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ҷалб намуданд. Баъди муҳокимаҳо лоиҳаи рӯзномаи 10-ум аз ҷониби шарикон мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Ба ғайр аз ин, дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба бандҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа муайян гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ намонядагони шарикони рушд омодагии худро баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он, инчунин ба ҷараёни корҳои омодасозии ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ иброз намуданд.

19.07.2012

19 июли соли 2012 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо бахши хусусӣ вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрии мазкур аъзоёни Шӯрои машваратӣ ва ҳам шахсони даъватшуда ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Котибот лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратиро муаррифӣ намуданд, ки онро ҷониби шарикон хуш қабул намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ баромандагон оид ба бандҳои алоҳидаи ҷаласа муайян гардиданд.

15.05.2012

11 майи соли 2012 дар ноњияи Фархор ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Шӯрои мазкур бо ташаббуси Раиси ноҳияи Фархор, намояндагони бахши хусусӣ ва бодастгирии технкию машваратии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар ҷаласаи нахустини Шӯро аъзоёни Шӯро аз ҳисоби намондагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ инчунин намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беӯтар намудани фазои сармоягузорӣ ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа, масъалаӯои ташкилӣ ва натиҷаҳои тадқиқот «Оид ба дараҷаи огоҳии бахши хусусӣ дар ноҳияи Фархор» пешниҳод карда шуд. Тадқиқоти мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Нисоҷон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар моҳи март-апрели соли 2012 доир шуда буд. Дар ҷаласа як қатор таклифу пешниҳодот вобаста ба баланд бардоштани дараҷаи иттилоотонии бахши хусусӣ оид ба ислоҳоти доиршудаистода дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ироа гардид.

Қайд гардид, ки дар самти мазкур Маркази дастгирии соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ дар ноҳияи Фархор, ки фаъолияти он барои кӯмак намудан ба соҳибкорони ноҳия ҷиҳати рушди фаъолияти тиҷоратии онҳо равона шудааст, метавонад кӯмак расонад. Ҳамзамон Марказ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳибкорон ҳамкориҳои зич дорад.

Дар ҷаласа инчунин чорабинии «Рӯзи дарҳои кушода» гузаронида шуд, ки дар он ҳар як соҳибкор оид ба рушди тиҷорати худ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз намояндагони мақомоти давлатӣ, ки соҳаи соҳибкориро ба танзим медароранд, посухҳои мушаххас гирифтанд. Боиси хурсандист, ки бо қарори Шӯрои машваратӣ 11 май «Рӯзи соҳибкорӣ дар ноҳияи Фархор» эълон гардида, тасмим гирифта шуд, ки дар таърихи 11-уми ҳар моҳ вохӯрии намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон гузаронида шавад, ки дар он соҳибкорон тавонанд ба саволҳои худ посух гирифта, пешниҳодоти худро вобаста ба рушди соҳибкорӣ ироа намоянд.

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштиркчиёни ҷаласа оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ» ва тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот доданд. Иштирокчийни ҷаласа таклифу пешниҳодоти худро вобаста ба лоиҳаҳои зикргардида баён намуданд.

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармяогузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор майдони муколама миёни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди иқтисоди маҳаллӣ, бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ дар роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи бунёди муколамаи мазкур пеш аз ҳама, боло намудани нақши соҳибкорӣ дар ноҳия ва ҷалби васеъи бахши хусусӣ ба ҷараёни рушди иқтисоди маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Шӯро нақши асосиро дар ташкил, пешрафт ва ҳалли масъалаҳои иқтисоли маҳаллӣ, аз ҷумла беҳтарсозии фазо барои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, тақвияти иқтидори содиротии ноҳия, ташкилӣ фазои мусоид барои ҳамкорӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ мебозад.

Шӯро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор фаъолияти худро бо шӯроҳои вуҷуддошта дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ мутобиқ намуда, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ дар сатҳи маҳаллӣ, пешбарии масъалаҳои рушди бахши хусусӣ барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯроҳои дар боло қайдгардида мусоидат менамояд.

07.05.2012
Автор: Марат Мамадшоев
Источник: ИА "Азия Плюс"
На вопросы «Asia-Plus» ответил Завкиджон ЗАВКИЕВ - Руководитель Секретариата Консультативного совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан здесь 
11.04.2012

Шарикони мӯҳтарам,

Котиботи Шӯро ба саъми Шумо натиҷаи ҷараёни иваз намудани аъзоёни Шӯрои машваратиро аз ҳисоби бахши хусусӣ муаррифӣ менамояд.

9-уми январи соли 2012 Котиботи Шӯро оғози ҷараёни қабули номзадҳоро ба аъзогии Шӯрои машваратӣ эълон намуд. Эълон оид ба оғози ҷараёни мазкур тариқи почтаи электронӣ ба кулли шарикон ва шахсони ҳавасманд ирсол гардида, инчунин дар ҳафтаномаҳои “Миллат” ва “Азия Плюс” нашр гардиданд.

Дар тӯли вақти муайяншуда то 15-уми марти соли 2012 Котиботи Шӯро 22 пешниҳодотро аз ҷониби шахсони ҳавасманд қабул намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи 9-уми Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ се аъзои нави Шӯро аз ҳисоби бахши хусусӣ муррифӣ шуданд: Директори кулли ҶСК “Помир-энерҷӣ” ҷаноби Далер Ҷумаев, Роҳбари Ассосиатсияҳои иттифоқи соҳибкорони вилояти Суғд Масъуда Тюряева, Намояндаи ассотсиатсияи ташкилотҳои хурди маблағгузори Тоҷикистон ҷаноби Фарҳод Акбаров ва як намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ, директори кулли “НОБ-и Сангтӯда 1” Геннадий Ругин муаррифӣ гардиданд.

Илова бар ин мехоҳем огоҳ намоем, ки дар ҷаласаи минбаъдаи Котиботи Шӯро ду аъзои дигари Шӯро аз намояндагони соҳибкорони ватанӣ интихоб хоҳанд шуд. Ба ҳайси номазадҳо он пешниҳодҳое, ки ба суроғаи Котиботи Шӯрои машваратӣ дар муддати аз 9 январ то 15 марти соли 2012 ирсол гардида буданд, баррасӣ карда мешаванд.

10.04.2012

10 апреля 2012 года под председательством Президента республики, Председателя Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата уважаемого Эмомали Рахмона состоялось девятое заседание Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата Республики Таджикистан

19.03.2012

Секретариат Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан сообщает о завершении принятия документов от кандидатов на членство в Консультативном Совете из числа представителей отечественного бизнеса и иностранных инвесторов.

По итогам объявления, Секретариатом была получена 21 заявка от представителей частного сектора.

Все полученные заявки были обработаны в соответствии с процедурами и представлены Ответственному Секретарю Консультативного Совета для дальнейшего рассмотрения.

Заинтересованные лица будут информированы о результатах отбора сразу после принятия окончательного решения. Новые члены Консультативного Совета будут представлены на очередном, 9-м заседании Консультативного Совета.

Секретариат Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан благодарит всех своих партнеров за активное участие в процессе набора кандидатов и проявленный интерес к деятельности Консультативного Совета.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj