Натиҷаи ҷараёни иваз намудани аъзоёни Котиботи Шӯро аз бахши хусусӣ

11 Апреля 2012

Шарикони мӯҳтарам,

Котиботи Шӯро шод аст, ки ба саҳми Шӯро натиҷаи ҷараёни ротатсияи аъзоёни Шӯроро аз бахши хусусӣ муаррифӣ менамояд.

9-уми январи соли 2012 Котиботи Шӯро оғози ҷараёни қабули номзадҳоро ба аъзогии Котиботи Шӯро эълон намуд. Эълон оид ба оғози ҷараёни мазкур тариқи почтаи электронӣ ба кулли шарикон ва ашхоси манфиатдор ирсол гардида, инчунин дар ҳафтаномаҳои “Миллат” ва “Азия Плюс” нашр гардиданд.

Дар тулли вақти муайяншуда то 15-уми марти соли 2012 Котиботи Шӯро 22 арзро аз ҷониби ашхоси манфиатдор қабул намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи 9-уми Котибот аз ҷониби Раиси Котиботи Шӯро се аъзоёни нави Шӯро аз бахши хусусӣ муррифӣ шуданд: Директори кулли ҶСК “Помир-энерҷӣ” Далер Ҷумаев, Намояндаи ассотсиатсияҳои иттифоқи соҳибкорони вилояти Суғд Масъуда Тюряева, Намояндаи ассотсиатсияи ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ Фарҳод Акбаров ва як намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ, директори кулли “НОБ-и Сангтӯда 1” ҷаноби Геннадий Ругин муаррифӣ гардиданд.

Илова бар ин мехоҳем огоҳ намоем, ки дар ҷаласаи минбаъдаи Котиботи Шӯро ду аъзои дигари Шӯро аз намояндагони соҳибкорони ватанӣ интихоб хоҳанд шуд. Ба ҳайси номазад он арзҳое, ки ба суроғаи Котиботи Шӯрои машваратӣ дар муддати 9 январ ва 15 марти соли 2012 ирсол мегардиданд, дида баромада мешаванд.   

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj