Ҷаласаи 10-уми Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

19 Октября 2012

Имрӯз 19 октябри соли 2012, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Шӯро аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Саймудинов Музаффар - Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» ва Рустамов Баҳром – Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Даврон»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа нисбати масъалаи якум гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки қарорҳои ќабулгардида аз ҷониби масъулин ва вазорату идораҳои мутасаддӣ дар маҷмӯъ иҷро гардида, корҳои муайяне анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои қарори ҷаласаҳои гузаштаи Шӯро лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, татбиқи он аз соли 2013 оғоз мегардад.

Инчунин бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаҳои қаблии Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардид. Вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур лоиҳаи нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, ба ҷаласаи имрӯзаи Шӯро пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба ин, Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур сатҳи ҳамкориҳои созандаи давлат ва бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда шуда, лоиҳаҳои иқтисодии ҳаётан муҳим дар ин доира бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ бомаром татбиқ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи қонуни номбурда тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида чораҳои муассир андешанд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари Иттифоқи асотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд Маъсуда Тюряева вобаста ба нақши бахши хусусӣ дар татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа баромади иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе – Миралӣ Қодиров шунида шуд, ки ӯ дар баромадаш оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ахборот дод.

Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурӣ, Раиси Шӯро иброз доштанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани шумораи санҷишҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ислоҳоти ҷиддӣ доир шудааст.

Вале, тадбирҳои андешидашуда кифоя нестанд ва зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа корҳои зиёде анҷом дода шаванд, зеро то ҳол санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, ки дар лоиҳаи қонуни зикргардида ба назар гирифтани низоми мувофиқаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти ваколатдори пешбарандаи сиёсат дар соҳаи соҳибкорӣ ва ба тартиби муайян даровардани дигар ҷанбаҳои санҷиш, аз ҷумла мӯҳлати огоҳӣ оид ба гузаронидани санҷиш, давомнокии он ва ғайра мувофиқи мақсад дониста мешавад. Инчунин кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд ба инобат гирифта шавад.

Итминон карда шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав барои ба низом даровардани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таконе хоҳад бахшид.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, аз ҷумла татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯро ва ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти cубъектҳои соҳибкорӣ” намояндагони шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Улф Ҳиндстром ва Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Штефан Эрбер баромад намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки шарикони рушди Тоҷикистон қарорҳои Шӯрои машваратиро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дастгирӣ намуда, минбаъд низ кӯмакҳои худро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Фархор шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин замина, оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯро, Раиси Шӯрои минтақавии вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Қоҳир Расулзода вобаста ба фаъолияти Шӯрои минтақавӣ ва вазъи феълии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят баромад намуд.

Вобаста ба масъалаи охирон ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ, аз ҷониби Котиби масъули Шӯро Давлаталӣ Саидов масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соњибкорӣ дар бахши сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки он ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефонии 44 610-60-04. муроҷиат намоед.


Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj