РӯӣдодҳоRSS

13.12.2013

   Имрӯз 13 декабри соли 2013, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

   Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаҳои даҳум ва ёздаҳуми Шӯрои машваратӣ ба густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва суғурта, идомаи ислоҳоти низоми андоз ва рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла ҷиҳати идомаи ислоҳоти низоми андоз тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» ворид карда шуд. Дар ин замина баъзе андозҳо бекор карда шуда ба истеҳсолкунандагони гушти мурғ, тухм ва хуроки чорво имтиёзҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин Номгӯи фаъолиятҳои соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, васеъ гардид ва маблағи патент низ вобаста ба шакли фаъолияти соҳибкорӣ то андозае паст карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Зикр карда шуд, ки дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият намуда истодааст.

   Инчунин бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тасдиқ карда шуд.

   Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ - З. Завқиев баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба ҷаласаи Шӯро ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон” бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун натиҷаи пурсамари корҳои анҷомгардида пешниҳод карда шуд.

   Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Ф. Акбаров баромад намуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро муаррифӣ намуд. Ӯ дар баромадаш изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия карда шуда як қатор чорабиниҳоро мувофиқи ҳар яке аз даҳ нишондиҳандаҳои Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” фаро мегирад. Интизор меравад, ки қабул ва амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баланд шудани мавқеи ҶТ дар Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” таконе хоҳад бахшид. Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабиниҳои вобаста ба Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маҳдуд нагардида, гузаронидани ислоҳоти заруриро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини суботи иқтисодии мамлакат идома медиҳад.

   Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим ахборот дода, масъалаи ташкили бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондиро дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

   Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.


20.11.2013

Имрӯз, 20 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони Котибот бо Ива Хамил - мутахассиси Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Роҳбари Котибот- Завқиҷон Завқиев оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ намуда, барои гирифтани фикру пешниҳодоти мутахассис Нақшаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мутахассис фикру пешниҳодҳои худро нисбати ин Нақшаи чорабиниҳо иброз намуда қайд кард, ки диққати асосӣ ҳангоми таҳияи он бояд, на ба баланд кардани нишондиҳандаҳои мамлакат дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, балки ба такон бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат равона карда шавад.

Дар охир ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории самаранок дар дигар самтҳои мухталиф ва имконпазир омодагии худро баён намуданд. 

19.11.2013

Рӯзи 19 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Кристофер Миллер – Намояндаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (КБМ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот се масъалаи асосӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт:

    1. Омодагӣ ба ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратӣ;

    2. Дастгирии шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

    3. Баррасии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ.

Вобаста ба масъалаи якум, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев ба ҷаноби Кристофер Миллер – Намояндаи КБМ дар Тоҷикистон маълумот дод, ки аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ маводҳои лозимӣ омода гардидаанд ва дар моҳҳои наздик ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор мегардад.

Нисбати масъалаи дуюм бошад, Завқиҷон Завқиев маълумот дод, ки гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон: таҳлил ва тавсияҳо”-ро бо 49 тавсия таҳия ва пешниҳод карда, аз рӯи он Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таҳия гардид ва он ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Намояндаи КБМ хуб арзёбӣ гардида, дар ҷавоб ба дархости Завқиҷон Завқиев зикр карда шуд, ки шарикони рушд дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҳаматарафа саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Оид ба масъалаи сеюм, Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев зикр намуд, ки аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ таҳия гардид. Ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ изҳори миннатдорӣ кард ва баён намуд, ки мутахассиси онҳо вобаста ба ин соҳа ҳоло дар мамлакат қарор дорад ва омода аст, ки дар таҳия намудани лоиҳаи ниҳоии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ кӯмак намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар ин самтҳо тақвият хоҳанд дод.

15.11.2013

Дирӯз 14 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷаласаи ҷамъбастии гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз бахши хусусӣ, вазорати идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев кушода ба аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати ҳамкориҳо ва таҳияи ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон” изҳори миннатдорӣ намуд.

Вохурӣ дар фазои солими муҳокимарониҳо ва баррасии масоили рӯзмарраи бахши сайёҳӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, дар рафти вохӯриҳо марҳилаҳои гуногуни будубоши сайёҳон дар ҷумҳурӣ, шароити сайру сайёҳати онҳо ва дигар тарафҳои меъёрӣ –ҳуқуқии бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар натиҷа иштирокчиёни вохӯрӣ қаноатмандии хешро иброз дошта, изҳори умед намуданд, ки ислоҳоти пешниҳодшуда ба рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан бахши хусусии он таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. 

12.11.2013

Рӯзи 14 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратӣ мулоқоти бисёрҷонибаи намояндагони бахши хусусӣ ва намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирокчиёнро хайра мақдам намуда зикр кард, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, имрӯз намояндагони бахши хусусӣ барои он даъват гардидаанд, ки фикру пешниҳодҳои худро оид ба ду масъалаи номбурда иброз намоянд.

Дар муҳокимаи масъалаҳо намояндагони бахши хусусӣ фаъолона ширкат варзида оид ба мавзӯҳои тақвият додани фаъолияти Бюрои хусусии қарзии «Тоҷикистон», таъмин намудани механизмҳои самараноки татбиқи қонунҳои қабулгардида, бартарафнамоии таъсири манфии Кодекси нави андоз ба рушди соҳибкорӣ, ташкили минтақаҳои саноатӣ дар мамлакат барои фаъол гардонидани соҳибкории истеҳсолӣ, омӯзиши таҷрибаи ислоҳот аз мамлакатҳои ҳамсоя, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ барои соҳибкорони ҷойҳои кори нав ташкилкунанда мубодилаи афкор намуданд.

01.11.2013

Рӯзи 01 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Каҳир Данани – мутахассиси бахши хусусӣ ва Заррина Аҳамед – мутахассиси бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳокима гардида, Завқиҷон Завқиев - роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ маълумот дод. Ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои Котиботи Шӯрои машваратиро барои гузаронидани ислоҳот, махсусан таҳия намудани лоиҳаи Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди Соҳибкорӣ” хӯш пазируфта, ба фаъолияти самараноки Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин самт баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти татбиқи Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди Соҳибкорӣ” баъди тасдиқ шуданаш ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд дод. 

22.10.2013

Рӯзи 22 октябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Ричард Ҷонс – Директори бахши маблағгузории донорҳои Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷаноби Ричард Ҷонсро бо фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он шинос намуд. Зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ як қатор ислоҳотҳои назаррас татбиқ шуданд, ки барои беҳбудии фазои сармоягузорӣ мусоидат намудаанд.

Ҷаноби Ричард Ҷонс аз натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Бонки аврупоиро ҷиҳати идома додани дастгирии фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ баён кард. 

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои судмандро баҳри боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ идома хоҳанд дод.

04.10.2013

Имрӯз дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ вохӯрии навбатии зергуруҳи корӣ ва доктор Филипп Ридл - мушовири байналхалқии бахши сайёҳӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар фазои озод бо иштироки коршиносони соҳа, шарикони рушд ва бахши хусусӣ сурат гирифта дар он мушкилоти ҷойдоштаи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла ҷанбаҳои ҳуқуқии бахши сайёҳӣ, танзими давлатии он, махсусан сайёҳии вурудӣ мавриди музокира қарор дода шуд.

Дар хотима, ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз вохӯрии мазкур арз намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои самаранокро ҷиҳати рушди сайёҳӣ минбаъд низ густариш хоҳанд дод. 

02.10.2013

Рӯзи 01-уми октябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷаласаҳои навбатии зергуруҳҳои гуруҳи корӣ оид ба хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрсаонии муштариён, раводид ва ба қайдгирӣ, маълумот ва омор ва зергуруҳи корӣ оид ба иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои мукаммал намудани хизматрасониҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии ш.Душанбе, соддатар гардонидани низоми дастрас намудани раводид, бақайдгирии сайёҳон дар ҷумҳурӣ ва масъалаҳои такмили омори сайёҳӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир, аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи бахши сайёҳӣ ба хулосаҳои умумӣ расиданд. 

26.09.2013

Рӯзи 26-уми сентябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии бисёрҷонибаи намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо шарикони асосии рушд, аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва ташкилоти Британияи Кабир “VSO International” баргузор гардид.

Дар қисмати аввали вохӯрӣ Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев шариконро оид ба ҷараёни ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшуда, аз ҷумла ислоҳот дар бахши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, андозбандии тиҷорат, бахши сайёҳӣ, суғурта, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлат маълумот дод.

Дар қисмати дуюми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Шарикони рушд қаноатмандии хешро нисбати ҷараёни татбиқшавии ислоҳот дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ, инчунин омодагии худро ҷиҳати расонидани мусоидати зарурӣ дар ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд. Махсусан Бонки Ҷаҳонӣ дар расонидани кӯмаки техникӣ дар ислоҳоти бахши суғурта, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи “Равзанаи ягона” барои амалисозии амалиётҳои содиротию воридотӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар татбиқи ислоҳот дар бахши сайёҳӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, танзими андозӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ мусоидат хоҳанд кард.  


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj