Вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Ричард Ҷонс – Директори бахши маблағгузории донорҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

22 Октября 2013

Рӯзи 22 октябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Ричард Ҷонс – Директори бахши маблағгузории донорҳои Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷаноби Ричард Ҷонсро бо фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он шинос намуд. Зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ як қатор ислоҳотҳои назаррас татбиқ шуданд, ки барои беҳбудии фазои сармоягузорӣ мусоидат намудаанд.

Ҷаноби Ричард Ҷонс аз натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Бонки аврупоиро ҷиҳати идома додани дастгирии фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ баён кард. 

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои судмандро баҳри боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ идома хоҳанд дод.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj