Вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Каҳир Данани – мутахассиси бахши хусусӣ ва Заррина Аҳамед – мутахассиси бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ

1 Ноября 2013

Рӯзи 01 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Каҳир Данани – мутахассиси бахши хусусӣ ва Заррина Аҳамед – мутахассиси бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳокима гардида, Завқиҷон Завқиев - роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ маълумот дод. Ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои Котиботи Шӯрои машваратиро барои гузаронидани ислоҳот, махсусан таҳия намудани лоиҳаи Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди Соҳибкорӣ” хӯш пазируфта, ба фаъолияти самараноки Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин самт баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти татбиқи Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди Соҳибкорӣ” баъди тасдиқ шуданаш ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд дод. 

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj