Мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев бо Кристофер Миллер – Намояндаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон

19 Ноября 2013

Рӯзи 19 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Кристофер Миллер – Намояндаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (КБМ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот се масъалаи асосӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт:

1. Омодагӣ ба ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратӣ;

2. Дастгирии шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

3. Баррасии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ.

Вобаста ба масъалаи якум, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев ба ҷаноби Кристофер Миллер – Намояндаи КБМ дар Тоҷикистон маълумот дод, ки аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ маводҳои лозимӣ омода гардидаанд ва дар моҳҳои наздик ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор мегардад.

Нисбати масъалаи дуюм бошад, Завқиҷон Завқиев маълумот дод, ки гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон: таҳлил ва тавсияҳо”-ро бо 49 тавсия таҳия ва пешниҳод карда, аз рӯи он Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таҳия гардид ва он ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Намояндаи КБМ хуб арзёбӣ гардида, дар ҷавоб ба дархости Завқиҷон Завқиев зикр карда шуд, ки шарикони рушд дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҳаматарафа саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Оид ба масъалаи сеюм, Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев зикр намуд, ки аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ таҳия гардид. Ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ изҳори миннатдорӣ кард ва баён намуд, ки мутахассиси онҳо вобаста ба ин соҳа ҳоло дар мамлакат қарор дорад ва омода аст, ки дар таҳия намудани лоиҳаи ниҳоии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ кӯмак намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар ин самтҳо тақвият хоҳанд дод.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj