Ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

13 Декабря 2013

   Имрӯз 13 декабри соли 2013, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

   Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаҳои даҳум ва ёздаҳуми Шӯрои машваратӣ ба густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва суғурта, идомаи ислоҳоти низоми андоз ва рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла ҷиҳати идомаи ислоҳоти низоми андоз тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» ворид карда шуд. Дар ин замина баъзе андозҳо бекор карда шуда ба истеҳсолкунандагони гушти мурғ, тухм ва хуроки чорво имтиёзҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин Номгӯи фаъолиятҳои соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, васеъ гардид ва маблағи патент низ вобаста ба шакли фаъолияти соҳибкорӣ то андозае паст карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Зикр карда шуд, ки дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият намуда истодааст.

   Инчунин бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тасдиқ карда шуд.

   Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ - З. Завқиев баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба ҷаласаи Шӯро ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон” бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун натиҷаи пурсамари корҳои анҷомгардида пешниҳод карда шуд.

   Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Ф. Акбаров баромад намуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро муаррифӣ намуд. Ӯ дар баромадаш изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия карда шуда як қатор чорабиниҳоро мувофиқи ҳар яке аз даҳ нишондиҳандаҳои Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” фаро мегирад. Интизор меравад, ки қабул ва амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баланд шудани мавқеи ҶТ дар Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” таконе хоҳад бахшид. Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабиниҳои вобаста ба Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маҳдуд нагардида, гузаронидани ислоҳоти заруриро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини суботи иқтисодии мамлакат идома медиҳад.

   Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим ахборот дода, масъалаи ташкили бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондиро дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

  Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj