РӯӣдодҳоRSS

20.09.2013

Рӯзи 20 сентябри соли 2013 мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо профессор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрии мазкур мавзӯи сафарҳои зергуруҳҳои гуруҳи корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Натиҷаи сафарҳои зергуруҳи гуруҳи корӣ оид ба раводид ва бақайдгирӣ ба Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва сафари зергуруҳи гуруҳи корӣ оид ба маълумот ва омор ба Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардида, ҷонибҳо ба нақша гирифтанд, ки ҳафтаи оянда вохӯриҳои алоҳидаи ҳар як зергуруҳ баргузор гардида, дар онҳо тавсияҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта муҳокима гарданд.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки якҷо таҳлили вазъи сармоягузориро дар бахши сайёҳӣ бо тавсияҳои муштарак таҳия менамоянд. 

19.09.2013

Рӯзи 19 сентябри соли 2013 миёни Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кристофер Миллер - Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Зимни вохӯрии мазкур масоили ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба татбиқи ислоҳотҳои дар доираи Шӯро гузаронидашуда, аз ҷумла соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатҳои сармоягузорон, рушди бахши сайёҳӣ ва “Пешбурди соҳибкорӣ” мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ҷавоб ба дархости Завқиҷон Завқиев Кристофер Миллер изҳори омодагӣ намуд, ки ба масъалаҳои дастгирии гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Пешбурди соҳибкорӣ” ва маблағгузории сомонаи Котиботи Шӯрои машваратӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳои муфидро идома медиҳанд. 

05.09.2013

Имрӯз 5 сентябри соли 2013 мулоқоти кории ғайрирасмии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуҷаборов - мушовири калони иқтисодӣ, Дилшод Одинаев –мушовири иқтисодии Котибот бо Филип Ридл мушовири ширкати “VSO International”  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ ва зергуруҳҳои он, инчунин қадамҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъди анҷом ёфтани сафарҳои зергуруҳҳои гуруҳи корӣ оид ба раводид ва бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён, омор ва маълумот ҳисобот ва тавсияҳои мушаххас вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ барои минбаъд пешниҳод намудан ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ таҳия ва омода менамоянд. 

30.08.2013

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо мақсади иҷрои банди аввали Протоколи ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 апрели соли 2013 тағйиротҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” аз 31 августи соли 2013 таҳти №451 тасдиқ гардид.

Тағйиротҳои мазкур фаъолияти соҳибкориро осонтар намуда ба рушди он нигаронида шудааст.

Маълумоти бештарро Шумо метавонед аз сомонаи Кумитаи андоз бо суроғаи andoz.tj пайдо намоед. 

30.08.2013

Рӯзи 30-уми августи соли 2013 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо хонум Марша Олив - Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масоили тақвияти ҳамкориҳои Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он бо Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро вобаста ба гузаронидани ислоҳот дар самтҳои суғурта ва рушди бахши хусусӣ тақвият хоҳанд дод.

28.08.2013

Рӯзи 28-уми августи соли 2013 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Собир Алиев – бонкдори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев ба ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии Шӯро ва Котиботи он изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ идома доранд. Вобаста ба ин хабар дода шуд, ки Гуруҳи кории байниидоравӣ ва Гуруҳи кории шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тибқи Нақшаи амали таҳияшуда фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг карда истодаанд. Махсусан дар чор самти муҳим, аз ҷумла: а) иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ; б) раводид ва бақайдгирӣ; в) хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён; г) омор ва маълумот корҳои лозимӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хабар дода шуд, ки қарорҳои меҳнатии кормандони нави Котибот дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин аз ҷониби Бонк имзо хоҳанд шуд.

13.08.2013

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2013 Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таъсис дода шуданд.

Яке аз вазифаҳои асосии Шӯро баррасӣ ва қабули лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо шарикии давлат ва бахши хусусӣ мебошад.

Ҳайати Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз инҳо иборат аст:

Раис – Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раис – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аъзои Шӯро:

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”- Котиби Шӯро;

Роҳбари мақомоти марказӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарикони хусусӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ваколат дорад (узви муваққатӣ).

Ҳоло Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намуда истодааст.

Нусхаи қарорҳои мазкурро метавонед аз линки зерин дастрас намоед: http://investmentcouncil.tj/upload/iblock/348/ 

09.08.2013

Рӯзи 07-уми августи соли 2013 вохӯрии навбатии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо профессор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба зергуруҳҳои дахлдори гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва анҷом додани корҳои мушаххас дар моҳҳои август, сентябр ва октябр аз ҷониби зергуруҳҳои мазкур баррасӣ гардид.

Вобаста ба ин нақшаи кории ҳар як зергуруҳ таҳия ва барои иҷроиш пешниҳод гардид. Дар қадами минбаъда ҳар як зергуруҳро зарур аст, ки аз рӯи нақшаи худ фаъолияти самаранок барад.  

06.08.2013

Рӯзи 02 –юми августи соли 2013 ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории идоравӣ ва шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Завқиҷон Завқиев ҷаласаи 4-уми муштараки гурӯҳи кории идоравӣ ва шарикони рушдро ифтитоҳ намуда бори дигар оид ба муҳимияти масъала таъкид карданд. Гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки тамоми паҳлӯҳо ва масъалаҳои рушди бахши сайёҳиро таҳлил намуда, тавсияҳои худро доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар як баста ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

Аз ҷониби шарикони рушд Кристофер Миллер – Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баромад намуда қайд карданд, ки шарикони рушд ба рушди бахши сайёҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманданд ва омодаанд ба ҷониби Тоҷикистон дар таҳия, қабул ва татбиқи ин ислоҳот кумакҳои техникӣ расонанд. Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон ба ҳозирин доктор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳиро муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир ба ин мақсад ҷалб шудааст.

Роҳбари гурӯҳи корӣ дастур дод, ки доктор Филипп Ридл ба зергурӯҳҳои корӣ ҳамчун мушовир ҳамроҳ карда шавад.

Дар навбати худ, Доктор Филипп Ридл қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамаи шароитҳои мусоидро барои рушди сайёҳӣ соҳиб аст ва раванди рушди он дар роҳи дуруст қарор дорад.

Дар ҷаласа, ба зергурӯҳҳои корӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи амал фаъолона кор бурда, тавсияҳои худро барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ то октябри соли ҷорӣ пешниҳод намоянд. 

02.08.2013

Рӯзи 1-уми августи соли 2013 Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҷаноби Томаззо Чиерчия (коршинос оид ба беҳтар намудани бахши хусусӣ) - Роҳбари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба санҷиш ва ихтисори номуайяниҳои танзимкунӣ ва татбиқи меъёрҳои танзимнамоӣ дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: а) муҳокимаи рушди то кунун ба дастомада, инчунин қадамҳои минбаъда; б) таъмини дастгирии Шӯрои машваратӣ ва ҳамаҳангсозӣ оид ба татбиқи нақшаҳои муштарак; в)гузаронидани мулоқотҳо бо намояндагони бахши хусусӣ.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, ҷониби Котибот розӣ шуд, ки ҷиҳати ташкил кардани мулоқот бо соҳибкорони вилоятҳои Сӯғду Хатлон мусоидат намояд.

Зикр гардид, ки ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ният дорад баъд аз анҷом расидани ҷараёни гузаронидани таҳлилҳо хулосаҳои худро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намояд, ки он аз ҷониби Котибот пазируфта шуд.

Аз ҷониби ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дархост карда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани шакли электронии иҷозатҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ расонад, ки он аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj