РӯӣдодҳоRSS

12.04.2013

12-уми апрели соли 2013 намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо як катор намояндагони шарикони рушд вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Котибот шариконро ба лоиҳаи рӯзномаи 11-уми ҷаласаи Шӯрои сармоягузорӣ шинос намуданд. Баъди муҳокимаҳо лоиҳаи рӯзномаи 11-ум аз ҷониби шарикон мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Ба ғайр аз ин, дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон аз чониби шарикони рушд оид ба бандҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа муайян гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ намонядагони шарикони рушд омодагии худро баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он, инчунин ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи 11-уми Шӯрои сармоягузортӣ иброз намуданд.

04.04.2013

Имрӯз дар толори конфронси Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ гурӯҳи корӣ нахустин ҷаласаи худро баргузор намуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Завқиҷон Завқиев баъди ифтитоҳи ҷаласа қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарорҳои протоколии ҷаласаҳои 9-ум ва 10-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тавсияҳои Конфронси миллии сайёҳӣ бо қарори Котиби масъули Шӯрои сармоягузорӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлаталӣ Саидов аз 27.03.2013, №32 гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, таҳия намудани тавсияҳои мушаххас ва пешниҳоди натиҷаҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки моҳҳои август ё сентябри соли равон дар нақша гирифта шудааст, ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи Нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия карда шудааст. Аъзои гурӯҳи корӣ вазифадоранд, ки лоиҳаи нақшаи кориро омӯхта, то ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар ҳафтаи оянда хулосаҳои худро ба Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ пешниҳод намоянд.

Дар хотима ҷаласа қарорҳои зеринро қабул намуд:

1. Аъзои гурӯҳи корӣ лоиҳаи нақшаи кории пешниҳодшударо омӯхта, то ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ хулосаҳои худро ба Котиботи Шӯрои сармоягузорӣ пешниҳод намоянд.

2. Ба ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ намояндагони Вазорати фарҳанг, Агентии омор, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, Шӯъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД низ даъват карда шаванд.

3. Ҷаласаи ояндаи гурӯҳи корӣ рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ, соати 15:00 гузаронида шавад.

03.04.2013

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таъсис ёфт. Роҳбари гурӯҳи корӣ Завқиҷон Завқиев- роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муовини роҳбари гурӯҳи корӣ Лочин Файзуллоев- муовини иқтисодии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби гурӯҳи корӣ Нӯъмон Абдуҷаборов- мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъин гардиданд. Вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, таҳия намудани тавсияҳои мушаххас ва пешниҳоди натиҷаҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки моҳҳои август ё сентябри соли равон дар нақша гирифта шудааст, ба ҳисоб меравад. Феълан дастгирии фаъоли шарикони рушд, махсусан ҷалби мутахассисон барои гузаронидани таҳлил ва дастгирии гурӯҳи корӣ дар иҷрои вазифаҳо нақши муҳимро мебозад.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аллакай дар ҳамоҳангӣ бо гурӯҳи кории алоқаманд аз ҳисоби шарикони рушд ҷаноби Кристофер Миллер- роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ корҳои заруриро оғоз намуда, ҳамкории мазкур дар тамоми давраи фаъолият идома хоҳад ёфт. Аввалин вохӯрии гурӯҳи корӣ рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. 

22.02.2013

Боиси хушнудист, ки бо мақсади ташаккули муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ, имрӯзҳо дар қатори вилоятҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таъсис ёфта истодаанд.

Айни замон, шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ ташкил гардида, фаъолияти худро оғоз намудаанд.

Мақсади асосии шӯроҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя барои иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо маҳсуб гардида, ҳамзамон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона карда мешавад.

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шӯроҳои навтаъсиси маҳаллӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард. 

14.02.2013

14 феврали соли 2013, дар шаҳри Душанбе мулоқоти бисёрҷонибаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи босамари қарорҳои Шӯро, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳо оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба мамлакат, рушди сайёҳӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва зарурияти такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», инчунин мубодилаи мунтазами иттилоот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯро Завқиҷон Завқиев вобаста ба масълаҳои баррасишаванда маълумот дод ва саҳми шарикони рушдро дар татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда намешаванд. Аз ин лиҳоз, барои расонидани кӯмакҳои техникӣ ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби шарикони рушд бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар навбати худ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки айни замон кӯмакҳои техникии худро вобаста ба татбиқи як қатор қонунҳои қайдгардида расонида истодаанд ва минбаъд низ барои татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд.

Дар хотима, Роҳбари Котиботи Шӯро Завқиҷон Завқиев изҳори умедворӣ намуд, ки масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.

09.02.2013

7-уми феврали соли 2013 Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА аз ҷониби Раиси Кумита Саидов Д.Ш ва муовини роҳбари САҲА Ларсен Х.П. ба имзо расид.

Дар маросими баимзорасии Мемарандуми мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев низ ҳузур доштанд.

Мувофиқи меморандуми мазкур ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи Рашт (Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара) таъсис дода шуд, ки дастгирии техникии онро ҷониби САҲА ба ӯҳда гирифт.

Мақсад аз таъсис додани Шӯрои машваратии мазкур мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад.

05.02.2013

05 феврали соли 2013, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шӯрои машваратӣ дар соли 2012 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2013, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.

Сипас, маърӯзаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2012 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои машваратӣ таҳти сарварии Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи худро гузаронид, ки дар онҳо як қатор масъалаҳои мубрами беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ислоҳоти татбиқшударо дар самтҳои муҳайё намудани заминаи ҳуқуқиву иқтисодӣ барои ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун дастовардҳои назарраси Шӯрои машваратӣ дар соли гузашта номбар кардан ҷоиз аст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Шӯро, Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” таҳия карда шуд.

Инчунин дар идомаи ибтикорҳои Шӯрои машваратӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи Созишномаҳои инвеститсионӣ» ва Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ қабул гардиданд ва Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро (бо ибораи дигар Конвенсияи Ню-Йорк) оид ба эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ тасдиқ намуд.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои ислоҳоти доиршуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон тибқи Ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ” дар соли гузашта мавқеи худро боз 6 зина боло бурд.

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои таъсис ва ташаккули ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки имрӯзҳо шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Фархор фаъолияти пурсамар доранд. Бо супориши Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ ҷараёни таъсиси чунин Шӯро дар назди Раиси шаҳри Душанбе ва водии Рашт идома дорад.

Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам номгӯи масъалаҳои афзалиятнокро барои доир намудани ислоҳот муайян намуда, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳодшуда таҳлилҳои лозимӣ мегузаронад ва натиҷаи онҳоро ба баррасии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мекунад.

Дар хотимаи суханронии худ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев зикр намуд, ки дар асоси пешниҳодҳои бахши хусусӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ; беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта; ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии давлат; мусоидат ба шомил гардидани Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (ё Конвенсияи Апостил аз соли 1961) оид ба эътироф намудани ҳуҷҷатҳои кишвари шомилшудаи Конвенсия дар кишвари шомилшудаи дигар ва идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки Шӯрои машваратӣ дар соли 2013 муайян гардиданд.

Сипас, дар кори мизи мудаввар аз номи шарикони рушди Тоҷикистон, Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Улф Ҳиндстром ва ва аз номи бахши хусусӣ Раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Изатулло Лалбеков баромад намуда, фаъолияти Шӯроро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

 Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд. 

03.01.2013

Шарикони мӯҳтарам,

Бо хушнудӣ ба иттилои Шумо мерасонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи қонуни зикргардида бо ташаббуси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия гардида, дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат инъикос шуда буд. Тибқи қарори Шӯрои машваратӣ лоиҳаи қонун таҳия гардида, дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ, ки дар таърихи 19 октябри соли 2012 доир гардида буд, муаррифӣ карда шуд.

Дар таҳияи қонун саҳми шарикон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, махсусан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд назаррас буда, баланд арзёбӣ карда мешавад.

Итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаи мо баҳри татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» идома ва тақвият хоҳанд ёфт.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj