РӯӣдодҳоRSS

25.12.2014

Нимаи дуюми рӯзи 23 декабри соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Намояндаи доимии бонк ҷаноби Ричард Ҷонс, кормандони бонк - Собир Алиев, Тахмина Ҳакимова-Риз, Ситора Бобоҷонова ва Шаҳноза Солиева ва аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ кулли ҳайати кормандон ҳузур доштанд.

Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рущд дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс дар бораи фаъолияти пурсамар ва сармоягузориҳои бузурги Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳри рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, вобаста ба стратегияи фаъолияти Бонк дар соли 2015, маҷмуи масъалаҳои фаъолияти намояндагӣ дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ба таври муфассал маълумот дода, вусъат бахшидани корҳоро дар ин ҷода мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Ҷаноби Ричард Ҷонс вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ибрози назар намуда, дар ин робита дар қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам эътироф гардидани ҷумҳурии мо ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудани Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгарро махсус қайд намуд. Вобаста ба ин, саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ, таҳия ва ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод намудани масъалаҳои марбут ба раванди ислоҳотро тазаккур дода, ба фаъолияти Котиботи Шӯро баҳои баланд дод.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд минбаъд низ фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар самти таҳким бахшидани муколамаи бахши хусусӣ ва давлатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов вобаста ба ислоҳоти соли ҷорӣ татбиқшуда, аз ҷумла масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва суғурта, рушди такрории бозори қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили гурӯҳи корӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани он ҷиҳати баррасӣ ва пайгирии масъалаҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, оғози раванди ташкили гурӯҳи корӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес), дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, баргузории мизи мудаввар дар таърихи 18 декабри соли 2014 вобаста ба муаррифии ислоҳоти мазкур ба доираи васеи намояндагони бахши хусусии ватанӣ, намояндагони бахши давлатӣ ва намояндагони шарикони рушд ва нақшаҳои фаъолияти Котиботи Шӯро дар соли 2015 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Инчунин Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баҳри дастгирии раванди ислоҳоти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ тавассути фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои пурсамар дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузории мамлакат ва рушди бахши хусусии ватанӣ изҳори итминон намуданд. 

18.12.2014

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассоситатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, як қатор мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ВАО иштирок намуданд.

Чорабиниро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли ҷорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад.

Сипас дар мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ баромад намуда, зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ба шумор меравад.

Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 барои се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардида истодааст.

Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер баромад намуда, оид ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ - 2015”-и Бонки Ҷаҳонӣ бори сеюм ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам шомил гардида, дар он саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ баланд арзёбӣ мешавад. Дар мизи мудаввар ҳамчун нишони эътирофи ислоҳоти назаррас оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 189 кишвари ҷаҳон бо Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сазовор гардонида шуд. Ин ҷоиза эътимоди сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам қавитар месозад.

Ҷиҳати натиҷаҳои ислоҳоти соли ҷорӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат татбиқшуда Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов маърӯза намуд.

Дар ин робита ба ҳозирин оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”, анҷомёбии раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Инчунин дар муаррифии натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ баромад намуданд.

Аз ҷумла, оид ба натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва Форуми сармоягузорию соҳибкорӣ Душанбе-2014 таҳти шиори “Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт” Изатулло Лалбеков, Роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки чорабиниҳои мазкур боиси баланд шудани таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу бурунмарзӣ баҳри сармоягузорӣ дар кишвар гардид. Тавре ӯ зикр намуд, дар натиҷаи мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорон Нақша-чорабиниҳо таҳия ва аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Аз натиҷаи кори форум изҳорот қабул гардида, татбиқи онҳо барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Фарҳод Акбаров, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар баромади худ вобаста ба саҳми Шӯро дар ҳамкорӣ бо ассосиатсия дар татбиқи ислоҳот ҷиҳати ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Стандард энд Пуарс ва Мудис ҳамкориҳоро ба роҳ монда, моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи хулоса ҷиҳати пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок таҳлили ҳамаҷониба гузаронида шуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ таҳия гардид.

Баромади Алишер Тураханов, Директори ширкати байналмилалии консалтингию ҳуқуқии AITEN GROUP масъалаҳои марбут ба самараи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро дар бар гирифта, қайд гардид, ки Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки барои соддаву осон намудани ҳуҷҷатгузории соҳибкорону сармоягузорон дар кишварҳои шомили Конвенсия аҳамияти муҳим дорад. Номбурда оид ба моҳияти ҳуҷҷати мазкур ба иштироккунандагон маълумоти муфассал манзур намуд.

Пас аз баромадҳои мазкур, доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоту идораҳои давлатӣ, воситаҳои ахбори омма дар мулоҳизарониҳо ва саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд.

Дар сухани хотимавӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ оид ба мунтазам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус иқдомот ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт қайд карда, ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар мақомоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин ташаббускориҳои роҳбари давлат саҳми назаррас хоҳанд гузошт ва ба иштироккунандагон дар мизи мудаввар, барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Барои маълумоти иловагӣ оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj

26.11.2014

Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия, Ҷаноби Милош Земан дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.

Дар Бизнес-форум беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти мамлакат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия хайрамақдам гуфт ва натиҷабахш гардидани иштироки онҳоро дар кори ин форум изҳор намуданд.

Сарвари мамлакат бо изҳори боварӣ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Дар ифтитоҳи Бизнес-форум инчунин ҷаноби Милош Земан – Президенти Ҷумҳурии Чехия суханронӣ намуда, аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард.

Сипас дар идомаи кори Бизнес-форум баромади Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси Гуруҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикстону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ – Қодири Қосим шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар мамлакат имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд буда, ба таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Инчунин дар Бизнес-форум Муовини Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия – Бертл Владимир ва Роҳбари ҳайати соҳибкорони Чехия Президенти Иттифоқи саноат ва нақлиёти Ҷумҳурии Чехия – Ярослав Ганак баромад намуданд.

Дар Бизнес Форум ба ҳозирин филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ҳамзамон дар раванди қисмати расмии Бизнес-Форум як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Баъди анҷоми қисми расмии Бизнес-Форум нишастҳои дуҷониба соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат доир гардиданд, ки дар онҳо ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар хотима, изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаи кори Форум барои тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии манфиати тарафайн такони тоза бахшида, ба ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракаи сармоягузорӣ мусоидат хоҳад намуд.

17.11.2014

Имрӯз 17 ноябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои машваратӣ ширкат кард, хайрамақдам гуфта, нақши Бонки мазкурро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ баланд арзёбӣ намуд.

Сипас ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баромад намуда, оид ба нақши минбаъдаи Бонк дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бомароми як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, молия, таҷдиди роҳҳо, тиҷорат ва дастгирии бахши хусусӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта, ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мукаммал ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида истодааст, ки барои рушди бахши суғурта дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябр Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонд, ки ин барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Standard & Poor’s ва Moody’s ҳамкориҳо ба роҳ монда, аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи хулоса ва натиҷаи минбаъдаи корӣ ҷиҳати пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Шорауф ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Кристофер Миллер баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи Раиси Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон - Давлатшо Гулмаҳмадзода дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон - Абдувалӣ Комилзода баромад намуда, вобаста ба рафти татбиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014 гузориш дод.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ташкили биржаи фондӣ гузориш дод. Аз ҷумла, дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ муаррифӣ карда шуд.

Инчунин ҷиҳати масъалаи мазкур Роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Изатулло Лалбеков баромад намуда, оид ба нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

30.10.2014

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дирӯз, санаи 29 октябр Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил - оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ) ба тасвиб расонд.

Боиси ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба ин, аз тарафи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Шӯро аз таърихи 30.05.2014 супориш дода шуд, ки то охири нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ расмиёти шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия ба анҷом расонида шавад.

Қайд кардан зарур аст, ки то имрӯз 106 давлати ҷаҳон аз ҷумла, аксарияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви Конвенсияи мазкур мебошанд.

Тибқи муқаррароти Конвенсия, ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷии шомилшуда бе расмиёти дохилӣ эътироф карда мешаванд. Инчунин, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои шомили Конвенсия содда ва камхарҷ мегардад.
Ин барои сарфа намудани вақту маблағ ва соддагардонии ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳангоми сармоягузорӣ ё фаъолияти соҳибкории онҳо, ҳамчунин фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар кӯмак менамояд.

Дар маҷмӯъ, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага афзалиятҳои зиёд дошта, барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

20.10.2014

Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон 15 –уми октябри соли 2014 Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти шиори «Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт» баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузории беш аз 35 давлати дунё иштирок намуданд, ки ин бешубҳа нишони боварӣ нисбат ба фазои мусоиди сармоягузории мамлакат ва ҳавасмандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти он мебошад.

Иштироккунандагони Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 нақши роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди амалисозии як қатор ислоҳот оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ дар кишвар махсус таъкид намуда, ҳамчунин қайд менамоянд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад имконияту шароити зарурии техникӣ ва молиявиро фароҳам овардааст.

Ҳадафи асосии баргузор намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти ҷумурӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар чунин соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба монанди энергетика, саноат, инфрасохтор, фаъолияти бонкӣ, молия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, муосиргардонии техникию технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва рақобатпазири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори содиротии кишвар буда, кори он дар доираи бахшҳои алоҳида самтҳои зеринро дар бар гирифт:

- Тоҷикистон – стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат

- Рушди низоми устувори молиявӣ

- Сармоягузориҳо ва бахши энергетика

- Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ

- Сармоягузориҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ

- Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобати соҳаи агробизнес

Қайд мегардад, ки дар заминаи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятнок, иқтидорҳои иқтисодии мамлакатҳо ҳамдигарро пурра намуда, ба ҳалли масъалаи маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд ва ҳамчунин ҳавасмандии тарафайни давлатҳо ва доираҳои соҳибкорони онҳоро эҷод мекунад. Сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши технологияҳои муосир, энергетика, кишоварзӣ, соҳаҳои саноати коркард, туризм, нақлиёт ва инчунин ҳамкории инвеститсионӣ бо ҷалби иқтидори мамлакатҳои худ бо мақсади мусоидат ба рушди муштарак метавонанд ҳамкориҳоро ба роҳ мемонанд.

Бо назардошти масъалаҳои дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 баррасишуда, фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳо ва соҳаҳои афзалиятнок, тавсияҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

1. Бо мақсади фаъолгардонии ҳамкории минтақавӣ барои бунёд намудани инфрасохтори робитаҳои минтақавии байниҳамдигарӣ, бартараф кардани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ дар фаъоляти соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла мушкилоти танзими гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва принсипҳои СУС корҳо идома дода мешавад.

2. Раванди такмил ва татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, маблағгузории инфрасохтор ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла дар стандартикунонии маҳсулоти озуқа, брендинги маҳсулот ва тарғиби имиҷ барои вусъат ёфтани сармоягузориҳо дар соҳаҳои мазкур пайгирӣ карда мешавад.

3. Ҷиҳати мукаммал намудани заминаи қонунгузории бонкӣ, танзим ва назорат, муосиргардонии инфрасохтори бонкдорӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ ва имкониятҳои истифодаи лизинги молиявӣ, вусъат бахшидани рақобат дар байни бонкҳо, мусоидат ба ташкили бонкҳои тиҷоратии нав ва ҷалби васеи сармояи хориҷии ташкилоти байналмилалии молиявӣ, тақвият додани эътимод ба низоми бонкии мамлакат, татбиқи афзалиятҳо дар қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ корҳо идома дода мешавад.

4. Дар самти баланд бардоштани саҳми бахши суғурта ҷиҳати вусъат бахшидани сармоягузорӣ, рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат рушди фаъолияти соҳибкорӣ корҳои мушаххас анҷом дода мешавад.

5. Таҳким бахшидани корҳо дар самти соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон бо мақсади мусоидат ба ҷалби васеи сармоягузориҳо ба бахшҳои саноати миллӣ дар назар дошта мешавад.

6. Таҳким бахшидани роҳандозии сиёсати рушди шабакаҳои логистикии тиҷорати минтақавӣ ва шабакаи нақлиёт мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои бисёрҷанбаи логистикӣ ҳамчун воситаи истифодаи васеи иқтидори транзитии Тоҷикистон, муосирнамоӣ, рушд ва вобастагии ҳамдигарии инфрасохтори шаҳрӣ, инфрасохтори наздисарҳадӣ ва шабакаи нақлиёти роҳи оҳан, амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати табдил додани долонҳои нақлиётӣ ба долонҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳо барои таъминкунандагони хизматрасониҳои логистикӣ ва баромад ба бандари Қарочӣ ва бандари Аббос қайд карда мешавад;

7. Бо мақсади устувор намудани раванди гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар бахши идоракунӣ, шаффофият ва либерализатсияи бозор бо назардошти таҳким бахшидан ба озодӣ корҳо тақвият дода мешавад;

8. Барои фароҳам овардани шароит ва таҳким бахшидани сохтори рақобат ҷиҳати доштани имкониятҳо ва дастрасии баробар ба маблағгузорӣ корҳо амалӣ карда мешавад.

9. Татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон дар бахши энергетика ва таъмини амнияти энергетикии иқтисодиёти миллӣ дар қатори масъалаҳои муҳими стратегияи миллии рушди кишвар арзёбӣ гардида, дар ин радиф таваҷҷуҳи махсус ба ҷалб ва истифодаи мақсадноки сармоягузориҳо барои таъмини мунтазами ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ва рушди гидроэнергетика марбут дониста мешавад, инчунин бо назардошти имконияти васеи содироти нерӯи барқ ва бо ин мақсад таъмини рушди инфрасохтори энергетикӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии наздисарҳадӣ васеъ намудани иқтидори энергетикии рушди устувор воридшавӣ ба бозорҳои минтақавии энергетикӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

10. Дар шароити муосир бо назардошти тамоюлҳои инноватсионии рушди саноат зарурати тақвият бахшидан ба навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва гузариш аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалию саноатӣ, имкониятҳои рушди туризм, туризми дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ асосёфта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъкид карда мешавад.

11. Қайд карда мешавад, ки рушди устувори комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хусусии ватанӣ, муайян намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар бахши коркард, мусоидати техникӣ ва маркетинги маҳсулоти агробизнес, тақвият бахшидани татбиқи қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин ҳамчун гарав бо мақсади дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, таҳия ва татбиқи самараноки барномаҳои мусоидат ба рушди тиҷорат мустақиман вобаста буда, ки ба ҳалли масъалаи амнияти иқтисодӣ ва озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

12. Масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасониҳо дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва мусоид намудани шароити ҳузури мусофирон, аз ҷумла сармоягузорон пайгирӣ карда мешавад.

17.10.2014

Рӯзи 17 октябри соли 2014 дар дафтари кори Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Н. Абдуҷаборов ва Коршиносони бахши молияи Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Рубен Баррето ва Алия Муҳамедярова мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқоти мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ баҳри меҳмонон роҷеъ ба ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқшуда маълумоти мухтасар манзур намуд.

Сипас мавзӯи Лоиҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории Бонки Осиёи Рушд мавриди муҳокима қарор гирифта, намояндагони Бонки Осиёии Рушд изҳор намуданд, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзиш ва фаъолияти пурсамари чандинсолаи Шӯрои машваратӣ зарур мебошад.

Роҳбари Котиботи Шӯро таҳия ва татбиқи Лоиҳаи мазкурро сари вақтӣ номида, омодагии Котиботро барои ҳамкорӣ дар омӯзиш ва татбиқи Лоиҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории Бонки Осиёии рушд иброз намуд. 

15.10.2014

Имрӯз,15 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт» доир гардид.

Дар форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои дунё, олимону коршиносони варзида, корхонаҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор, роҳбарони як қатор мақомотҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти мамлакат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт” хайрамақдам гуфта, натиҷабахш гардидани иштироки онҳоро дар кори ин форум изҳор намуданд.

Президенти кишвар баргузории Форумро, ки намояндагони Ҳукумати мамлакат, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои коршиносон, сармоягузорону соҳибкоронро аз мамолики ҷаҳон ва аҳли тиҷорату соҳибкорони ватаниро ба ҳам гирд овард, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти ҷумҳурӣ аз нақши назарраси бахши хусусӣ, ки саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизро ташкил медиҳад, ёдрас шуда, қайд карданд, ки имрӯз бахши хусусӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ободонӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодааст.

Дар натиҷаи амалӣ намудани як зумра ислоҳот нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки Ҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» хеле беҳтар гардида, дар солҳои 2010 ва 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгар шомил гардид.

Сарвари мамлакат бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегарданд, корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Президенти кишвар роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон дорои имконияти истеҳсоли 527 млрд/квт.соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд ва вобаста будани таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвари мо, алалхусус соҳаи саноату бахши иҷтимоии он ба рушди иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва саҳми мамлакат дар оянда таъмин намудани кишварҳои рушдёфтаистодаи ҳамсоя бо нерӯи барқ таъкид гардид.

Вобаста ба масъалаи такмили сохтории иқтисодиёт ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин ба шароити имрӯза мутобиқ гардондани фаъолияти иншооти саноатии мавҷуда тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир қайд гардид, ки барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Ҷумҳурӣ ҳамаи навъҳои сангҳои қиматбаҳо, металлҳо ва ашёи заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судманди иқтисодист.

Лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, парвариши номгӯи васеи сабзавоту меваҳо, соҳаи туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ, соҳаи саноати кимиё ва тиб ва истеҳсоли дорувориҳо ҳамчунсамтҳои дигари ояндадори ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд қайд карда шуд.

Зимни суханронӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чор адад чунин минтақаҳо фаъолият дошта, дар онҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст, ҳамчунин барои сармоягузорон дар маҷмӯъ муайян гардидани зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайяннамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои махсуси иловагӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт - бахши энергетикию истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи алюминий, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зикр гардид.

Дар хотима Президенти кишвар изҳори итминон намуданд, ки натиҷаи кори Форум барои рушди соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ такони тоза хоҳад бахшид ва соҳибкорону сармоягузорон аз шароити мусоиди барои сармоягузорӣ фароҳам овардашуда ҳамаҷониба истифода бурда, ҳамкориҳои судмандро дар ин ҷода густариш хоҳанд дод.

Дар ифтитоҳи форум инчунин Масару Хонма - Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, СиСи Ю - Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Ҷаноби Фредерик Лоб – Директори кулли ширкати «Шиевер Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Сангӯда-1” Павел Лавров ва Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой Чен Ин Сян суханронӣ намуданд.

Сипас кори форум дар бахши пленарии “Тоҷикистон-стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат” бо сухаронии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид идома дода шуд.

Дар бахши пленарии мазкур вобаста ба мавзӯҳои “Имкониятҳо ва дурнамои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”, “Ҳамкории минтақавӣ ва алоқаи байниҳамдигарӣ”, “Афзалиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди фазои мусоиди сармоягузорӣ”, “Сиёсат ва ислоҳоти асосии ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидаткунанда”, “Соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон”, “Усулҳои инноватсионии танзими соҳибкорӣ дар мақомоти андоз”, “Бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла танзими гумрукӣ ва воридшавӣ ба СУС” Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва намояндагони як қатор созмону ширкатҳои байналмилалӣ баромад карданд.

Ҳамчунин, кори форум дар 5 бахши алоҳида ба роҳ монда шуда, дар ин бахшҳо иштирокчиёни форум вобаста ба мавзуъҳои умумии «Рушди низоми устувори молиявӣ», “Сармоягузориҳо ба бахши энергетика”, “Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ”, «Сармоягузориҳо ба коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобатии соҳаи агробизнес» маърӯза ва баромадҳои худро пешниҳод намуданд.

Форум таҳти роҳбарии умумии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар раванди он як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд ва дар анҷоми форум натиҷаҳои кор Ҷамъбаст гардида, санади ниҳоии Форум қабул карда шуд. 

14.10.2014

Имрӯз, 14 октябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки таҳти ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблаѓгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти ҷумҳурӣ роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, ҳамчунин қайд карданд, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Тавре дар суханронии пурмуҳтаво қайд шуд, муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз таназзул хоҳад ёфт.

Дар робита ба миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида қайд карда шуд, ки дар панҷ соли охир он 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил намуд, ки ин раванд барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва рушд ёфтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуданд. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маводи сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва танҳосоли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта ба истифода додаанд. Дар ин робита зарурати вусъат бахшидан ба ин раванд таъкид карда шуд.

Афзудани миқдори субъектҳои соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ ба ҳисоб рафта, дар чор соли охир шумораи он аз 186,5 ҳазор дар соли 2010 то ба 293,0 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмӯъ 57 фоизро ташкил намуд.

Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ Президенти кишвар қайд намуданд, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз ин зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои низоми “Равзанаи ягона”, расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ вазарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва ѓайра ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро баҳри бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои зикргардида таъкид намуд.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат дар рушди иқтисодиёти кишвар, дар устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон, ободу зебо гардонидани диёри барои ҳар фарди бонангу номуси миллат муқаддас миннатдорӣ баён намуда, изҳори итминон карданд, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посухҳои қаноатманд дод.

Дар суханронии худ соҳибкорон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ аз роҳбарияти ҳукумату давлат дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ибрози назар намуда, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои матраҳгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқоти мазкур ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳамаи баромадҳои иштироккунандагонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дархостҳои асоснокгардида тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

29.09.2014
Рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Роҳбари Котиботи Шурои машваратӣ - Н. Абдуҷаборов ва Котиби Генералии Конфронсии Гаага оид ба Қонуни хусусии байналмилалӣ - ҷаноби Кристоф Бернаскони, Ситора Султонова – корманди Копоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар рафти мулоқоти мазкур масъалаи раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маълумот дода шуд, ки мавзӯи мазкур дар рафти ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ шуда, дар рафти ҷаласаи 13-уми Шурои машваратӣ аз 30 майи соли ҷорӣ нисбати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ гузориш пешниҳод гардид. Тибқи супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шуро раванди мазкур то охири соли ҷорӣ бояд анҷом ёбад.

Корҳои анҷомдодашуда вобаста ба эътироф намудани шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз ҷониби Котиби Генералии Конфронси Гаага баланд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самт идома хоҳанд дод.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj