Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Котиби Генералии Конфронсии Гаага оид ба Қонуни хусусии байналмилалӣ-ҷаноби Кристоф Бернаскони

29 Сентября 2014
Рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Роҳбари Котиботи Шурои машваратӣ - Н. Абдуҷаборов ва Котиби Генералии Конфронсии Гаага оид ба Қонуни хусусии байналмилалӣ - ҷаноби Кристоф Бернаскони, Ситора Султонова – корманди Копоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар рафти мулоқоти мазкур масъалаи раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маълумот дода шуд, ки мавзӯи мазкур дар рафти ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ шуда, дар рафти ҷаласаи 13-уми Шурои машваратӣ аз 30 майи соли ҷорӣ нисбати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ гузориш пешниҳод гардид. Тибқи супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шуро раванди мазкур то охири соли ҷорӣ бояд анҷом ёбад.

Корҳои анҷомдодашуда вобаста ба эътироф намудани шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз ҷониби Котиби Генералии Конфронси Гаага баланд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj