Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон

14 Октября 2014

Имрӯз, 14 октябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки таҳти ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблаѓгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти ҷумҳурӣ роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, ҳамчунин қайд карданд, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Тавре дар суханронии пурмуҳтаво қайд шуд, муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз таназзул хоҳад ёфт.

Дар робита ба миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида қайд карда шуд, ки дар панҷ соли охир он 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил намуд, ки ин раванд барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва рушд ёфтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуданд. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маводи сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва танҳосоли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта ба истифода додаанд. Дар ин робита зарурати вусъат бахшидан ба ин раванд таъкид карда шуд.

Афзудани миқдори субъектҳои соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ ба ҳисоб рафта, дар чор соли охир шумораи он аз 186,5 ҳазор дар соли 2010 то ба 293,0 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмӯъ 57 фоизро ташкил намуд.

Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ Президенти кишвар қайд намуданд, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз ин зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои низоми “Равзанаи ягона”, расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ вазарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва ѓайра ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро баҳри бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои зикргардида таъкид намуд.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат дар рушди иқтисодиёти кишвар, дар устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон, ободу зебо гардонидани диёри барои ҳар фарди бонангу номуси миллат муқаддас миннатдорӣ баён намуда, изҳори итминон карданд, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посухҳои қаноатманд дод.

Дар суханронии худ соҳибкорон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ аз роҳбарияти ҳукумату давлат дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ибрози назар намуда, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои матраҳгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқоти мазкур ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳамаи баромадҳои иштироккунандагонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дархостҳои асоснокгардида тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj