Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 Ноября 2014

Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия, Ҷаноби Милош Земан дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.

Дар Бизнес-форум беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти мамлакат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия хайрамақдам гуфт ва натиҷабахш гардидани иштироки онҳоро дар кори ин форум изҳор намуданд.

Сарвари мамлакат бо изҳори боварӣ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Дар ифтитоҳи Бизнес-форум инчунин ҷаноби Милош Земан – Президенти Ҷумҳурии Чехия суханронӣ намуда, аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард.

Сипас дар идомаи кори Бизнес-форум баромади Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси Гуруҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикстону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ – Қодири Қосим шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар мамлакат имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд буда, ба таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Инчунин дар Бизнес-форум Муовини Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия – Бертл Владимир ва Роҳбари ҳайати соҳибкорони Чехия Президенти Иттифоқи саноат ва нақлиёти Ҷумҳурии Чехия – Ярослав Ганак баромад намуданд.

Дар Бизнес Форум ба ҳозирин филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ҳамзамон дар раванди қисмати расмии Бизнес-Форум як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Баъди анҷоми қисми расмии Бизнес-Форум нишастҳои дуҷониба соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат доир гардиданд, ки дар онҳо ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар хотима, изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаи кори Форум барои тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии манфиати тарафайн такони тоза бахшида, ба ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракаи сармоягузорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj