РӯӣдодҳоRSS

27.09.2014
Рӯзи 22 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукот баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорук иштирок намуданд.

Тибқи Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорук масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Маълумот оид ба корҳои анҷомдодашуда.
2. Муаррифии Барномаи Мулоқот ва Форум.
3. Муайян намудани модераторҳо ва маърӯзачиён аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Форум.
4. Баррасии харҷномаи ташкил ва гузаронидани Мулоқот ва Форум.
5. Баррасӣ намудани масъалаҳои Форуми сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ.

Ҷаласаи Кумитаи тадорукотро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Сипас, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарама Нигина Анварӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи Нақшаи чорабиниҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш дод. Қайд гардид, ки вобаста ба ташкил ва гузаронидани Мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 корҳои муайяне анҷом дода шудаанд.

Инчунин вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба вазорату идораҳои дахлдор ва масъулин як қатор супоришҳо дода шуд, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Форуми нахустини сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, маводҳои заруриро омода ва пешниҳод намоянд.

Дар натиҷаи ҷаласаи мазкур Барномаи Мулоқот қабул гардида, модераторҳо, маърӯзачиён ва харҷномаи ташкил ва гузаронидани Мулоқот ва Форум муаяйн гардиданд. 
19.09.2014
17 сентябри соли 2014 дар дафтари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва намояндагони ЕвроКонвеншн (Euroconvention), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти бисёрҷониба баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масоил, аз ҷумла баррасии лоиҳаи рӯзномаи Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014, таҷдиди назар намудани рӯйхати иштироккунандагоне, ки тавассути Евроконвеншн номнавис шудаанд, баррасии масъалаи интихоби маърӯзачиён ва модераторҳо, муаррифии сомонаи интеренетии Форум ва харҷномаи Мулоқот ва Форум мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ба иштирокчиён Лоиҳаи рӯзномаи Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 сомонаи интернетии Форум муаррифӣ карда шуд, ки он аз ҷониби онҳо хуб арзёбӣ гардид, айни замон аз ҷониби Евроконвеншн тақрибан 70 нафар иштирокчиён барои ширкат дар Форум номнавис шудаанд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои самаранокро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Эзоҳ: Евроконвеншн ташкилоти байналхалқие мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои байналхалқии иқтисодӣ, аз ҷумла конфронсҳо, форумҳо ва ғайра махсус гардонида шудааст ва дар як қатор кишварҳои дунё дафтари корӣ дорад. 
18.09.2014

Тавре, ки пештар маълумот дода будем, бо дастури Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 14-15 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодию сармоягузории Душанбе – 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт» ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи чорабинии мазкур ва дар ин замина, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқотҳои роҳбарону вазорату идораҳо, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ дар назар дошта шудааст.

Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо рӯзҳои 16 сентябри соли 2014 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, 17 сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ, 18 сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гузаронида шуд, фардо 19 сентябр дар ноҳияи Ҳисор бо фарогирии соҳибкорони шаҳрҳои Ҳисор, рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол) ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти мулоқотҳои мазкур баҳсу мунозираҳо, тренингҳо бо соҳибкорон, баррассии мушкилоти ҷойдошта дар назар дошта шуда, инчунин фикру пешниҳодоти соҳиборони манотиқи гуногуни кишвар вобаста ба беҳтар намудани вазъи фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат шунида шунида хоҳад шуд.

Дар натиҷаи вохӯриву мулоқотҳо пешниҳодоти муфассал ба Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорон омода карда мешавад.

Маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои вохӯриҳо иловатан пешниҳод мегардад. 

16.09.2014

Тибқи анъана ҳар сол форумҳои байналмилалии иқтисодӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат гузаронида мешаванд.

Имсол бошад баргузории Форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳти шиори «Водии Рашт-имкониятҳои рушд» ба нақша гирифта шудааст.

Чорабини мазкур, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои води Рашт, аз ҷумла Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол бахшида мешавад, рӯзҳои 25-26 сентябри соли ҷорӣ гузаронида хоҳад шуд.

Мақсад ва ҳадафи асосии баргузории Форуми мазкур пеш аз ҳама гузаронидани мониторинг, баҳогузорӣ ва мувофиқанамоии лоиҳаҳои татбиқшавандаи гуногун дар ноҳияҳои мазкур, муҳокимаи ҷараёни амалишавии нақшаҳои чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои мазкур, ҷалби сармоя, рушди туризм ва дигар ҷанбаҳои рушди иқтисодиву сармоягузории води Рашт ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯбаи Форум инчунин баргузории мизҳои мудаввар оид ба муҳокимаи масоили рушди соҳибкорӣ (агробизнес, туризм, ҳунармандӣ ва ғайра), рушди иҷтимоии ноҳияҳо (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конфронсҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба нақша гирифта шудааст. 

12.09.2014
10 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Бизнес-форуми аҳли тиҷорату саноати давлатҳои аъзои ин Созмон, инчунин кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама баргузор гардид. 
 
Дар кори Бизнес-форум, ки омодагӣ ва баргузории он таҳти садорати бевоситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, зиёда аз 300 намояндагони аҳли тиҷорату саноати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Туркия, инчунин кормандони масъули созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории Бизнес-форум таҳкими ҳамкории тиҷоратии байни ҷомеаҳои соҳибкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷойдошта ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, муттаҳид сохтани иқтидори касбии аҳли тиҷорату саноати СҲШ ҷиҳати омода сохтани пешниҳоду тавсияҳо барои вохӯрии дар пешистодаи Сарони давлатҳои аъзоиСозмон, вусъати равобити бисёрҷонибаи соҳибкорон, ҳавасмандгардонии манфиати мутақобила ва тавсеаи равобити тиҷоратии байни соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои СҲШ мебошад.

Муовиниякуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ бакори Бизнес-форум ҳусни оғоз бахшид.

Зимни суханронии худ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Расулзода иштирокчиёни Бизнес-форумро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик самимона хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки баргузории бизнес-форумҳо падидаи анъанавӣ ва бонуфузе мебошад, ки таваҷҷӯҳи аҳли тиҷорат ва саноатро дар тамоми миқёси Созмони ҳамкории Шанхай ба худ ҷалб менамояд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки мусоидати воқеӣ ба ҳамкории расмии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шариконо ид ба муколама, ноил гардидан ба рушди муштараки мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Дар робита бо ин давлатҳои аъзои ин Созмон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, ба монанди иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг ва ғайра кӯшиш саъю талош меварзанд.

Дар хотима Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳори боварӣ намуд, ки чорабинии имрӯза, ки таҳти шиори «Ҳамкорӣ, рушд, равнақи муштарак» баргузор мегардад, ба намояндагони аҳли тиҷорату саноати давлатҳои мо барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд ҷиҳати рушду пешрафти муштарак шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Сипас, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ҷаноби Мезентсев Д.Ф., Раиси Қисми миллии Шӯрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Палташева М. Т., Раиси Қисми миллии Шӯрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой Юй Пин, Раиси Қисми миллии Шӯрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Қирғизистон Шаршекеев Марат Дуйшебаевич, Раиси Қисми миллии Шӯрои расмии СҲШ аз Федератсияи Россия Катирин Сергей Николаевич, Раиси Қисми миллии Шӯрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии ӯзбекистон Шайхов А.Э., Раиси Шӯрои соҳибкории Туркияву Тоҷикистон дар назди Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркия Маҳмуд Эр, Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Ҳамитов Р.З., намояндагони вазорату идораҳо, аҳли тиҷорату саноат ва ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои аъзо ва шарикон оид ба муколама бо сухани шодбошӣ ба ҳозирин муроҷиат намуданд.

Дар Бизнес-форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон” баромад кард. Дар доираи ин муаррифӣ маълумоти пурмӯҳтаво дар бораи иқтидори инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои инкишофи он пешкаш гардид.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои вусъат бахшидани ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ ва ташаккули боварии инвеститсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҷодаи содда кардани заминаи ҳуқуқӣ ва танзимкунанда ҷиҳати рушди бахши хусусӣ муваффаққиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис гардидааст, ки рушди фаъолона дошта, дар қаламрави онҳо низоми имтиёзноки андозу гумрук амал мекунад.

Дар муаррифӣ ба соҳаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ: истифодаи самаранки захираҳои обу энергетикии минтақа, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар қисми дуюми Бизнес-форум иштирокчиён аз рӯи манфиатҳои соҳавӣ ба бахшҳои зерин тақсим шуданд:

1. Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва амнияти энергетикии кишварҳои СҲШ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки раёсати онро Вазири саноат ва технологияҳи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат бар ӯҳда дошт, мавзӯъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай шунида шуданд ва муҳокима гардиданд:
- “Рушди саноати маъданҳои кӯҳӣ бо иштироки кишварҳои СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- “Таҷрибаи бомуваффақияти сармоягузорони минтақаи СҲШ ва нақшаҳои минбаъдаи вусъат бахшидани истеҳсолот бо мақсади баромадан ба бозори минтақавӣ”;
- “Ҳамкории инвеститсионӣ дар самти роҳи нави абрешини Тоҷикистону Хитой”;
- “Амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи суботи энергетикии минтақа”;
- “НБО-и Сангтӯда – лоиҳаи ҳамкории бомуваққият дар соҳаи амнияти энергетикии давлатҳои аъзои Созмон”;
- “Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ аз рӯи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ”.

2. Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории кишварҳои СҲШ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ба зимма дошт, мавзӯъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
- “Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории Тоҷикистон аз нигоҳи рушди минтақавӣ”;
- “Саҳми Саҳми соҳибкорони давлатҳои аъзои СҲШ дар рушди саноати хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- “Рушди чорводории ширӣ дар мисоли субъекти Федератсияи Россия”;
- “Таҳияи пешниҳодот оид ба ушди зироаткорӣ ва бунёди зеркомплексҳои агросаноатӣ дар кишварҳои СҲШ”;
- “Имкониятҳо ва афзалиятҳот рақобати агробизнес дар Тоҷикистон дар миқёси минтақа”.

3. Нақши созмонҳои молиявӣ дар миқёси СҲШ.Мавзӯъҳои асосии бахши мазкур, ки садри он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов А.Ш. буд, самтҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай буданд:
- “Ҳамкории молиявии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай”;
- “Механизмҳои ояндадори таъминоти молиявии фаъолияти лоиҳавӣ дар миқёси СҲШ”;
- “Фаъолияти минтақавии Казкоммерсбонк»;
- “Ҷалби сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ”;
- “Нақши бонк дар рушди соҳибкорӣ дар миқёси Созмони ҳамкории Шанхай”.

4. Бартараф намудани монеаҳои савдо дар миқёси СҲШ бо роҳи тавсеаи коридорҳои нақлиётӣ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба зимма дошт, мавзӯъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
- “Рафъи монеаҳои маъмурӣ, инчунин содда кардани барасмиятдорории гумрукӣ ва назорат дар сарҳад”;
- “Имкониятҳои нав барои инкишофи муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ. Инфрасохтори интрнетии фазои ягонаи иттилоотии тиҷоратӣ”;
- “Имкониятҳои тавсеаи коридорҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ”;
- “Ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук: талаботу имкониятҳои нав”;
- “Таъсиси Маркази логистикии “Панҷи Поён”;
- “Истифодаи системаҳои нақлиётии зеҳнӣ” (СНЗ) барои таъмини интиқоли бароҳат, бехатар ва босуръати бору мусофирон дар коридорҳои нақлиётии СҲШ”. 

5. “Рушди туризм дар миқёси СҲШ”. Дар ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. ба зимма дошт, самтҳои муҳими зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
- “Имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақа”;
- “Стратегияҳои рушди туризм дар Федератсияи Россия барои давраи то соли 2020”;
- “Ҳамкории лоиҳавӣ оид ба тандурустӣ ва туризм дар доираи СҲШ”;
- “Дурнамои рушди туризми тиббӣ дар миқёси СҲШ”;
- “Имкониятҳои вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ”;
- “Имкониятҳои туристии Роҳи абрешим”;
“Мусоидат барои рушди ҳамкорӣ дар асоси хизматрасонии меҳмонхонаҳо”.

Аз рӯи натиҷаҳои Бизнес-форум иштирокчиёни он Қатъномаеро қабул намуданд, ки дар он зарурат ва имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ишора гардидааст. 

Соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои минтақа метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои баланд, энергетика, кишоварзӣ, соҳаҳои саноати коркард, туризм, нақлиёт, инчунин ҳамкории инвеститсионӣ бо ҷалби иқтидори кишварҳои аъзо бо мақсади мусоидат намудан ба рушду инкишофи муштарак дар минтақа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Иштирок дар таъсис додани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, истифодаи технологияҳои муосир барои таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди “иқтисодиёти сабз”, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоиду содда кардашуда барои фаъолияти тиҷоратӣ ва инноватсионӣ, рушди туризм, инчунин сохтмони иншооти инфрасохтори трансмиллӣ ҳамчун вазифаҳои асосии инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ муайян карда шуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳамаи ин вазифаҳо метавонанд танҳо дар сурати мавҷуд будани воситаҳои ташкилӣ ва молиявӣ иҷро карда шаванд. Дар ин робита иштирокчиёни Бизнес-форум омодагии хешро ҷиҳати дастгирӣ намудани фаъолияти Шӯрои корӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, таҳкими минбаъдаи ҳамкории онҳо, вусъат бахшидани фаъолияти лоиҳавӣ ва тамосҳо бо ҷомеаи соҳибкории миқёси Созмони ҳамкории Шанхай иброз намуданд.
08.08.2014

Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ичунин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014, ки рӯзҳои 14-15 октябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи тадорук таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Рӯзи 01 августи соли 2014 дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Вазири молия, Вазири саноат ва технологияҳои нав, Вазири кишоварзӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Раиси Бонки миллӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ, муовини Сардори Хадамоти алоқа, Раиси палатаи савдо ва саноат, Сардорони як қатор Раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот ду масъала дида баромада шуд, аз ҷумла:

1. Шиносоии ҳайати Кумитаи тадорукот.

2. Баррасӣ ва тасдиқи Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014.

Ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукотро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳайати Кумитаи тадорукот ошно намуд ва иброз дошт, ки 14-15 октябри соли ҷорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ аз 30 майи соли ҷорӣ Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва инчунин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 ва як қатор чорабиниҳои дигар доир мегардад.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Қодири Қосим баромад карда, ба иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи тадорукот Консепсияи Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 – ро муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 сурат гирифта, Нақшаи чорабиниҳо бо назардошти фикру андешаҳои иштирокчиён тасдиқ гардид.

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахдлдор қабул карда шуданд. 

08.08.2014

Рӯзи 08 августи соли 2014 миёни Шуҳрат Мақсудзода – Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ричард Ҷонс – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Нигина Абдуллоева – Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуҷаборов – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар вохурӣ ҷонибҳо масоили баргузории Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014, дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷиҳати дар самти баланд гузаронидани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иброз дошт, ки гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 чорабиниҳои ниҳоят муҳим мебошанд, ки ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо равона карда шудааст.

Аз ин рӯ, Бонк гузаронидани чорабиниҳои мазкурро дар бахшҳои гуногун ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.


07.08.2014

Рӯзи 07 августи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратӣ мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҳайати Лоиҳаи ташаббуси шаффофият дар бахши саноати Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Давид Лендри - Мушовири лоиҳа, Мавлуда Мавлоназарова ва Набишер Ҷураев – Мушовирони Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҷонибҳо як қатор масоили вобаста ба ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, фаъолияти гуруҳи корӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он рӯзи 01-уми августи соли 2014 таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Рузиев М. баргузор гардид.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо иброз намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро идома хоҳанд дод. 

07.08.2014

Нимаи аввали рӯзи 07 августи соли 2014 миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов ва намояндагони лоиҳаҳои БРСММ мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои баргузории чорабинии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва баргузории Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 ва мусоидати Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби Роҳбари Котибот ба намояндагони БРСММ дар Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур маълумот дода шуд, ки аллакай як қатор корҳо анҷом дода шудаанд, аз ҷумла: лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, лоиҳаи Консепсияи гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе - 2014 таҳия гардидаст, маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба чорабиниҳои зикргардида таҳия карда шуда, таввасути васоити ахбори омма ба намоиш гузошта шудаанд, инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шудааст, ки ҷаласаи нахустини он 2 августи соли 2014 таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон омода аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт идома хоҳанд дод. 

04.08.2014

Санаи 1-уми августи соли ҷорӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷаласаи якуми гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Рузиев М. ифтитоҳ намуда аъзои гуруҳи кории байниидоравиро бо ҳамдигар шинос намуд. Вобаста ба мақсад ва ҳадафҳои таъсиси гуруҳи корӣ бошад қайд кард, ки рушди саноати ватанӣ ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва бинобар ин аъзои гуруҳи корӣ вазифаҳои дар пешистодаи худро бояд бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Дар тақвияти суханҳои муовини вазир Абдуҷаборов Н. – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баромад намуда қайд кард, ки мавзӯи мазкур аз тарафи бахши хусусӣ ба Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда шудааст. Дар ин робита тибқи супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати саноат супориш дода шудааст, ки якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва дигар вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки гуруҳи корӣ тамоми паҳлуҳо ва мушкилоти рушди саноати ватаниро омӯхта, ҳисобот ва тавсияҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба Шӯрои машваратӣ пешниҳод намояд. Дар заминаи тавсияҳои пешниҳодшаванда нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ қабул карда мешавад.

Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ баромад намуда, роҷеъ ба иҷрои ҳадафҳои дар назди гуруҳи корӣ истода фикру андешаҳои худро иброз доштанд.   


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj