РӯӣдодҳоRSS

30.07.2014

Имрӯз дар Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби шарикони рушд ҷаласаи якуми муколамаи давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ва рушди соҳаи маъдан баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба эълон намудани солҳои 2014-2020 ҳамчун давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ва бо мақсади иҷрои банди 6-уми супориши протколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир карда шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорати саноат, молия, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, саридораи геология, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамоишро муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев З.Қ. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар асоси супориши сарвари давлат ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи тамоми имконоти истеҳсолии ҷумҳурӣ дар бахши саноат, аз ҷумла саноати истихроҷи куҳӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав, афзоиши нерӯи истеҳсолӣ ва содиротии кишвар дар он мувофиқи мақсад аст. Шароити муосири хоҷагидорӣ ва сатҳи рақобати истеҳсолот дар ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Тоҷикистон имконоти мавҷудаи худро тавассути ҷалби бахши хусусии кишвар ва бо дастгирии шарикони рушд давра ба давра тақвият бахшад.

Дар ҷаласа намояндагони бахши хусусӣ, давлатӣ ва шарикони рушд бо муаррифнома ва маърӯзаҳои худ баромад намуда, вобаста ба вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои беҳдошти саноати истихроҷи куҳӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки пойгоҳи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои сохторҳои танзимкунандаи бахши куҳкорӣ таҷдиди назар мехоҳанд.

Дар нимаи дуюми рӯз, иштирокчиёни ҷаласа ба зергуруҳҳо тақсим карда шуда, мутаносибан назари худро ҷиҳати беҳдошти вазъи саноати истихроҷи куҳӣ, аз ҷумла содда намудани андозбандии қаъри замин, содда намудани раванди тамдиди иҷозантомадиҳӣ барои истифодаи қаъри замин, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, соҳавӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби грантҳо ва ширкатҳо, таблиѓи фаъолияти бовиҷдонона намудани сармоягузорон ба масъулини ҳамоиш Вазорати саноат, Котиботи Шӯрои машваратӣ ва намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ пешниҳод намуданд. 

18.07.2014

18 июли соли 2014, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории байни Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар намояндагони мақомоти давлатӣ, котиботҳои шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани семинар тақвият бахшидан ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.

Инчунин, дар семинар бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева баромад намуд.

Сипас маърузаҳои Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳбарони котиботҳои шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоятҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд ва водии Рашт шунида шуда, самтҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудан ва тақ вият бахшидани робитаи байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақ авӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар қисмати дуюми семинар омилҳои садди роҳи раванди татбиқ ва риояи қонунҳо, сабабҳои ба миён омадани онҳо, роҳҳои бартараф намудан ва ҳалли чунин масъалаҳо аз ҷониби намояндагони ҳукуматӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, асосиатсияҳои соҳибкорӣ, шаҳрвандон ва шарикони рушд муҳокима гардиданд. Қайд карда шуд, ки чунин муҳокимаҳо ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҳалли доираи васеи масъалаҳои марбута мусоидат менамоянд.

Дар қисмати сеюми семинар роҳбарони котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавсияҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани робита ва тақвият бахшидани ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои тарафайн вобаста ба омода намудани пешниҳодот ва тавсияҳо ба Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шуроҳои минтақавӣ, таҳлил ва баҳогузории пешниҳодот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ барои ҷаласаҳои Шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ (интихоби мавзӯҳо), мониторинги иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои миллӣ ва шуроҳои минтақавӣ ва таъмини иттилоотии фаъолияти онҳо пешниҳод карда шуданд. Зикр гардид, ки дар амал татбиқ намудани ин пешниҳодҳои иброзгардида метавонанд робита ва ҳамкории байни котиботи шурои миллӣ ва шуроҳои минтақавиро ба қадри назаррас тақвият бахшида, ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат намоянд. 

17.07.2014

Дар замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия ва кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки ба онҳо аксарияти сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар бахши сайёҳӣ низ имкониятҳо ва иқтидори васеи рушд муайян карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ҷалби бештари сармоягузориҳо ва рушди соҳибкорӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо назардошти ин, дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои машваратӣ, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати дар моҳи октябри соли 2014 гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, Кумитаи тадорукот таъсис дода, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки тибқи он ҷанбаҳои асосии мулоқот муайян карда шудаанд.

Ҳадафҳои мулоқот:

 1. Мусоидат намудан ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ.

 2. Мубодилаи афкор бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат.

 3. Мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ.

 4. Муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ.

Натиҷаҳои пешбинишаванда:

  · Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оид ба масъалаҳо ва имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳавасмандгардонӣ ва тарғибу ташфиқи ҳисси ватандустӣ дар онҳо барои гузоштани саҳми худ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат;

  · Муттаҳид намудани кӯшишҳо баҳри васеъ намудани имкониятҳои иқтисодиву ҳуқуқии соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди рушди сармоягузориву соҳибкорӣ дар кишвар;

  · Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар бахшҳои саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар;

  · Тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти гузаронидани корҳои таҳлилӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад;

  · Бунёди замина барои ҳамгироии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодии берунии давлатҳо.

Иштирокчиён:

• Соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ;

  · Намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  · Намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

  · Ҷомеаи шаҳрвандӣ;

  · Васоити ахбори омма.

Барнома:

Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳои зерин пешбинӣ мегардад:

 · Рӯзи якум: Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, мубодилаи афкор ва қадрдонии соҳибкорони арзанда.

 · Рӯзи дуюм: Доир намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ. Дар форуми мазкур мавзӯъҳои иқтисодӣ, аз қабили сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, молия ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Мавзӯҳои асосии Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014:

I. Ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди устувор:

  · Рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум: проблемаҳо ва дурнамо.

  · Тандурустӣ ва маориф баҳри рушди иқтидори инсонӣ. Таваҷҷуҳ ба рушди малака ва тахассуси соҳибкорӣ, забондонӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар раванди таълим дар макотиби маълумоти миёна ва олӣ.

II. Сармоягузориҳо, инноватсияҳо ва инфрасохтор:

  · Имкониятҳои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ.

  · Татбиқи механизми шарики давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт.

  · Истифодаи сарчашмаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия барои рушди устувор.

  · Таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ.

  · Модернизатсия ва рушди инноватсионии бахшҳои саноат. Аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалию саноатӣ.

  · Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – роҳҳои инноватсионии рушд.

  · Нерӯи зеҳнии ҷавонон омили асосии рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ.

 · Туризм – имконияти соҳибкорӣ барои ҳама: рушди туризми экологӣ ва баланд бардоштани саҳми ҷавонон дар он. Имкониятҳои туризми дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ асосёфта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ.

III. Рушди низоми устувори молиявӣ:

  · Усулҳои инноватсионии танзими соҳибкорӣ дар мақомоти андоз.

  · Ҷорӣ намудани воситаҳои муосири бонкдорӣ баҳри васеъ намудани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои низоми бонкӣ.

  · Баланд бардоштани саҳми бахши суғурта дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ.

  · Бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат.

  · Имкониятҳои истифодаи лизинги молиявӣ.

IV. Рушди тиҷорати беруна ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ:

  · Такмили заминаи моддию техникӣ ва иттилоотии мақомоти гумрук тибқи талаботи меёрҳои байналмилалӣ ҳангоми идоракунии хатарҳо.

  · Бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкорони хурд ва миёна.

  · Муаммоҳои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои соҳибкории ватанӣ дар шароити шомилавӣ ба СУС.

· Рӯзи сеюм: Баргузории Форуми миллии рушд бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва муаррифии натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ.

Аз ин рӯ, аз соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодҳои худро тавассути нишонии зерин ирсол намоянд.


Суроға барои тамос:

Телефонҳо:                                   Сомонаҳои интернетӣ:

(992-37) 221 -15-07                          www.gki.tj

(992 44) 610-60-09;                           www.investmentcouncil.tj

(992 44) 610-60-04,

Суроғаи электронӣ:

secretariat@investmentcouncil.tj

sohibkor@gki.tj

07.07.2014

Рӯзи 4 июли соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба ислоҳот вобаста ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввари мазкур зиёда аз 20 намояндаи бахши хусусӣ, намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар масъалаҳои пурсиш аз ҷониби ҳайати ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар соли 2014, ислоҳоти татбиқшаванда ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” мусоидат менамояд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов ба иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, фаъолияти гуруҳи корӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ маълумот дод. Сипас ба иштирокчиён муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ҳангоми пур намудани пурсишномаи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маълумоти заруриву лоизмаро дастрас намуда, онро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандустӣ пешниҳод намоянд.

Махсусан оид ба ислоҳоте, ки ба нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ таъсири мусбӣ мерасонад, инчунин Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар хотимаи мизи мудаввар бахсу мунозира ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён сурат гирифта, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ изҳор намуд, ки Котиботи Шӯрои машваратӣ ҳамеша омода аст, ки бо намояндагони бахши хусусӣ ҳамкориҳои зичро барқарор намуда,  пешниҳодҳои онҳоро, ки ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат равона шуда бошанд, омӯзанд ва ба баррасии ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ пешниҳод кунад. 

26.06.2014

26 июни соли 2014, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони созмонҳои соҳибкорӣ, ассосиатсияҳо ва ширкатҳои хусусии бахши туризм иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард ва ба халқи шарифи Тоҷикистон осмони софу рӯзгори осуда орзу намуд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 майи 2014 таҳти № 301 тасдиқ карда шудааст, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон ҷиҳати татбиқи самараноки он мебошад.

Сипас, дар мизи мудаввар суханони ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Н. Абдуллоева ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Р. Шодиков шунида шуданд.

Ҷиҳати муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Нуъмон Абдуҷаборов баромад намуда, оид ба таъсис, ҷанбаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷати таҳлилии Модели рушди бахши туризм дар Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии он дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ сухан кард.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур як қатор тадбирҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба беҳтаргардонии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, раводид ва бақайдгирии туристон, иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои туристиву туристон ва омори бахши туризмро дар бар мегирад.

Зикр гардид, ки алакай татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оғоз гардида, як қатор корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.

Инчунин дар мизи мудаввар аз ҷониби бахши хусусӣ роҳбари ҶДММ ширкати сайёҳии «Кафолат» - Музаффар Саймуддинов вобаста ба саҳми бахши хусусӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо баромад намуда, омодагии бахши хусусиро дар татбиқи ислоҳоти бахши туризм изҳор намуд.

Вобаста ба нақши шарикони рушд дар таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо Роҳбари Барномаи маблағгузории рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Рейнхард Войтек баромад намуд.

Баъд аз ин ба ҳозирин филм оид ба туризм дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар суханони хотимавии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – Нуъмон Абдуҷаборов, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Н. Абдуллоева ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Р. Шодиков шунида шудаанд.

Дар суханронии худ онҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусиро барои татбиқи самаранок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо баҳри рушди соҳаи туризм ва боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат даъват кардаанд.

21.06.2014

21 июни соли 2014, дар ноҳияи Рашт, таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт – мӯҳтарам Қодири Қосим, ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ - Қодири Қосим оғоз намуда, ҳозиринро бо 17 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард ва ба онҳо осмони софу рӯзгори осударо орзу намуд.

Қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа, бинобар сабаби ба охир расидани мӯҳлати фаъолияти Намояндагии Ташкилоти Шафқат дар водии Рашт ва қатъ гардидани ваколати роҳбари ин созмон дар водии Рашт хонум Джанис Сетсер ба ҳайси аъзои Шӯро, аз ҷониби шарикони рушд номзадии менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон - Шарипов Маҳмадӣ ба узвияти Шӯро, пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Шӯрои машваратӣ, Қодири Қосим Котиби Шӯрои машваратӣ - Зафар Ҳисориев ва узви тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби шарикони рушд, менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон - Шарипов Маҳмадиро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа роҳбари ширкати сайёҳии «Сайёҳ» Мирзошоҳ Акобиров баромад намуда, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, вобаста ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши туризм дар водии Рашт роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум баромад намуд.

Вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт инчунин ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Рашт- Сайумрон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Нуробод - Сайдамир Сиёмардзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод - Ҳусейн Ализода, Раиси ноҳияи Тавилдара - Ҳиматшои Ғайрат ва Раиси ноҳияи Ҷиргатол - Умедхоҷаи Зоир баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи сеюм аъзои Шӯро, директори ҶДММ «Меҳробфарм»-и ноҳияи Рашт - Мирзоалӣ Камолов ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Раштро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби Қодири Қосим - Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

20.06.2014

19 июни соли 2014 дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Н. Абдуҷаборов бо ҳайати лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Қаҳир Данани, Гарри МакМахон, Набишер Ҷураев ва Мавлуда Мавлонназарова баргузор гардид.

Дар вохурӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба кормандони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқшаванда, аз ҷумла ислоҳот дар бахши сайёҳӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» - Бонки Ҷаҳонӣ, бахши суғурта ва дигар ислоҳот ахборот дод.

Н. Абдуҷаборов қайд кард, ки нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» - Бонки Ҷаҳонӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба вазорату сохторҳои марбута ирсол карда шуданд. Аз тарафи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ изҳори умед карда шуд, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳои бахши туризм ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар вохурӣ ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусиро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши саноати истихроҷ мавриди муҳокима қарор доданд.

Сармутахассиси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба саноати истихроҷ Гарри МакМањон иброз дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ метавонад ба фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар дар бахшҳои саноат, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, ки дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст, коршиносони байналхалқиро ҷалб намояд.

Дар охир ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкориҳои тарафайн бо Котиботи Шӯрои машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат омодагии худро зоҳир намуданд.

14.06.2014

Рӯзи 11-уми июни соли равон дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ вохӯрии Нуъмон Абдуҷаборов - Роҳбари Котиботи Шӯро бо Нозим Оқсой - ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Котиботи Шӯро бо ин агентӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯро ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиро вобаста ба ислоҳоти татбиқшудаистода дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ огоҳ намуд.

Ҳамоҳангсози Агентии мазкур барои даъват ба ҷаласаи 13-уми Шӯро, ки дар таърихи 30 майи соли 2014 доир гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба сатҳи гузаронидани ҷаласаи Шӯро ва масъалаҳои баррасишаванда баҳои баланд дод.

Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки Агентии мазкур ба фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ таъсис дода шудаст, мусоидат намуда, гуруҳи кориро бо таҷрибаи Туркия дар ин самт ошно хоҳад кард.

13.06.2014

Дирӯз пайи иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташкил ва гузаронидани мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки қарор аст моҳи октябри соли равон дар ш.Душанбе баргузор гардад, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Н. Абдуҷаборов бо як қатор соҳибкорон ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, ширкатҳои тиҷоратию истеҳсолӣ вохӯриҳои корӣ баргузор намуд.

Дар вохӯриҳо вазъи фаъолияти корхонаҳо, мушкилоти асосии онҳо, роҳҳои бартараф намудани мушкилот, пешниҳодоти соҳибкорон ба мулоқоти дар пешистодаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон ва омодагӣ ба ин чорабинии муҳим мавриди муҳокима қарор дода шуданд. 

09.06.2014

Аз санаи 27-уми май то 4-уми июни соли ҷорӣ ҳайати ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади баррасии ислоҳот ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат, ки метавонанд ба баланд шудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» мусоидат намоянд, ба шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати ҳисоботи мазкур аз коршиносони байналмилалӣ Ҷулиан Левис – мушовири бахши «Пешбурди cоҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, Переклис Сараҷиотис - мутахассиси рушди бахши хусусӣ, ташкили амалиёти тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузорӣ ва фазои сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди cоҳибкорӣ», Гаги Габриелян мутахассиси рушди бахши хусусӣ, ташкили амалиёти тиҷорати байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди cоҳибкорӣ» иборат буданд.

Ҳайати мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони якчанд вазоратҳо ва сохторҳои марбута, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии Тоҷикистандарт, Хадамоти гумрук, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтушунидҳо баргузор намуданд.

Дар вохӯриҳо бо шахсони масъули сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ислоҳот ва дастовардҳои соҳаҳои марбута ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва масъалаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар интиҳои вохӯриҳо рӯзи 4-уми май дар дафтари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он ҳайати ташрифовардаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон – Кристофер Миллер ва мутахассиси гурӯҳи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» –Ива Хамел аз Дафтари марказии Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон ислоҳоти татбиқшударо дар Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур баррасӣ ва арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла ислоҳоти вобаста ба ташкил ва татбиқи пурраи низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар назди Кумитаи андоз, «Равзанаи ягона» барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ дар назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, таъсиси КВД «Бақайдгириии молу мулки ғайриманқул» дар назди Кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар заминаи муттаҳидсозии КВД «Марказ-Замин» ва КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ» бо ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи гарави амволи манқул» дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Бонки миллӣ, ислоҳоти татбиқшуда дар самти кам кардани шумораи андозҳо ва соддагардонии маъмурикунонии андоз, низоми «Равзанаи ягона» барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар назди Хадамоти гумрук ислоҳоти назаррас арзёбӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки ҳайати мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва гурӯҳи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ислоҳот ва дастовардҳои мамлакатро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин фаъолияти сохторҳои давлатиро дар раванди амалигардонии ислоҳоти мазкур баланд баҳо доданд.

Эзоҳ: Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар 189 давлати аъзо баҳогузории рейтингӣ гузаронида, мавқеи давлатҳоро дар он муайян менамояд ва ба матбуоти сатҳи глобалӣ маълум менамояд. Ин баҳогузорӣ аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ васеъ истифода бурда мешавад.  


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj