РӯӣдодҳоRSS

30.05.2014

Имрӯз 30 майи соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шораҳматов Шорауф, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Додхудоева Набот ва Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Ғуломов Акбарро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, соддатар намудани дастрасӣ ба раводид ва бақайдгирии туристон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ, устувор гардидани мавқеи байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар шудани симои сармоягузории мамлакат таконе хоҳанд бахшид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯро вобаста ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти марбута корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла ҷиҳати ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон, Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти азнавсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонии фурудгоҳ идома доранд.

Аз ҷониби Хадамоти гумрук низ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат қабул карда шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ»–Далер Ҷумаев ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо - Шариф Раҳимзода баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷаласаи Шӯро ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ҷиҳати рушди минбаъдаи бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда аъзои Шӯро, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Марша Олив, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон– Кристофер Миллер иштирок намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намоед.

16.05.2014

Рӯзҳои 14 ва 15-уми майи соли 2014 и.в. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуҷаборов бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суэта Казуя ва Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкорӣ ва рушди Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур и.в. Роҳбари Котиботи Шӯро оид ба ҷараёни фаъолияти Шӯро ва ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯро татбиқшудаистода, аз ҷумла оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенcияи Гаага оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, таъсисёбии гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазхои қиматнок ва биржаи фондӣ дар асоси банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ислоҳот маълумот дод.

Инчунин дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва иштироки Роҳбарони Намояндагиҳо дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ, ки рӯзи 30 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, Роҳбари Агентии ҳамкорӣ ва рушди Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ва мубодилаи таҷриба иброз намуд.

Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро оид ба мубодилаи таҷриба пешниҳод намуд.

Дар хотимаи вохӯри ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳтаи боз ҳам тақвият доданаи ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба изҳор намуданд.

14.05.2014

Рӯзи 13 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ миёни и. в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нумон Абдуҷаборов ва Мушовири байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷон Доннелли мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот як қатор масоили вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси низоми “Равзанаи ягона” барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

И. в. Роҳбари Котиботи Шӯро оид ба зарурат ва афзалиятҳои таъсиси низоми “Равзанаи ягона” барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкориҳои судманди тарафайн изҳор намуданд. 

13.05.2014

Рӯзи 13 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ и. в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нумон Абдуҷаборов бо намояндагони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Заррина Қосимова – Муовини Роҳбари лоиҳа ва Лариса Капрова - Мушовири байналмилалӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти мазкур и.в. Роҳбари Котиботи Шӯро намояндагонро аз ҷараёни фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ ва ислоҳоти дар доираи Шӯро амалишудаистода, аз ҷумла қабули Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, вобаста ба ҷаласаи навбатии сенздаҳуми Шӯро, ки дар таърихи 30 майи соли равон гузаронида хоҳад шуд, маълумот дода, як қатор масоили ҳамкориҳои дутарафа дар бахши иқтисод ва беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди дутарафаро дар оянда идома хоҳанд дод.  

08.05.2014

Имрӯз, 08 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти и. в. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуҷаборов бо Роҳбари Барномаи “Мусоидати давлатии ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ”-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олга Аметистова ва ҳамоҳангсози миллии Барномаи мазкур ҷаноби Абдуразоқ Алимардонов баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти судманди корӣ мубодилаи афкор намуда, афзалиятҳои ҳамкориҳои дутарафаро дар оянда, инчунин масъалаи тамоюлҳои асосии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҳозир мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри идомаи ҳамкориҳои самаранок изҳор намуданд. 

02.05.2014

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ» тасдиқ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд таҳия карда шудаанд.

Тибқи пешгӯии коршиносон, интизор меравад, ки татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши туризм саҳми мустақими ин бахшро дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими онро барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ барои вусъат пайдо кардани ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд. Зеро сармоягузорони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар таваҷҷӯҳи хоса доранд. Мақсади асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ ва ғайра ба шумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд.    

Маълумоти муфассалро метавонед аз нашри махсуси варақаи иттилоотии №42 тавасути линки зерин: http://investmentcouncil.tj/upload/iblock/0bd/Varaqai%20ittilootii_42.pdf пайдо намоед.    

29.04.2014

Имрӯз, 29 апрели соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии и.в. роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бещтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо намояндагони бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷумҳурӣ мулоқоти бисёрҷониба баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ як қатор мушкилоти рушди соҳибкории ватанӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи навбатии 13 Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Қайд карда шуд, ки мушкилоти мавҷуда то андозае ба рушди бахши хусусии кишвар монеаҳо эҷод менамоянд.

Бахши хусусии ватанӣ бекор намудани андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои заҳрҳои кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ, гузаронидани мониторинги замин дар водии Рашт, таъсиси минтақаҳои саноатӣ бо имтиёзот дар минтақаҳои наздик ба пойтахти ҷумҳурӣ, таъсиси механизми самараноки мониторинги иҷрои барномаҳои қабулгардидаи Шӯрои машваратиро аз ҷумлаи роҳи ҳалли мушкилоти худ медонанд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ таъсис додани комиссияи махсус ҷиҳати санҷидани асоснокии маълумоти оморӣ таъкид карда шуд. 

09.04.2014

Рӯзи 9 апрели соли 2014 вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ Гари Ҷозеф Раймонд МакМахон ва Мавлуда Мавлоназарова барузор шуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин татбиқи бандҳои алоҳидаи Лоиҳаи мазкур дар доираи фаъолияти Шӯро муҳокима гардида, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ маълумот дод. Ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои Котиботи Шӯрои машваратиро барои гузаронидани ислоҳот, махсусан ҷараёни таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди соҳибкорӣ” –и Бонки Ҷаҳонӣ хӯш пазируфта, ба фаъолияти самараноки Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин самт баҳои баланд дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар самти мазкур тақвият хоҳанд дод.

03.04.2014

Рўзи 3 апрели соли 2014 вохӯрии Нуъмон Абдуҷаборов - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Илҳом Маҳкамбоев - Роҳбари Ассосиатсияи “АмЧам” баргузор гардид.

Вохўрӣ дар фазои солими муҳокимарониҳо ва баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва рушду тақвияти онҳо дар оянда мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Тавре маълум аст Ассосиатсияи “АмЧам” як қатор ширкатҳои ватанӣ ва хориҷиро фаро мегирад. Вобаста ба ин масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Ассосиатсияи “АмЧам” ва аъзои он ва узвияти онҳо ба Шӯрои машваратӣ муҳокима гардиданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории тарафайн ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ омодагии худро изҳор намуданд.

03.04.2014

Рӯзи 3 апрели соли 2014 вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ Кахир Данани, Зарина Ахамед ва Мавлуда Мавлоназарова барузор шуд.

Н. Абдуҷаборов ҳайати Бонки Ҷаҳониро оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро доирггардидаистода ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии Шӯро шинос намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла ҷараёни таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар масоили татбиқи Лоиҳаи мазкурро дар доираи фаъолияти Шӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj