РӯӣдодҳоRSS

02.04.2014

Рӯзи 2 апрели соли 2014 мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо муовини Роҳбари Лоиҳаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ҳамкориҳои байналмилалӣ Зарина Қосимова ва мушовири байналмилалӣ Лариса Капрова доир гардид.

Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Котиботи Шӯро бо Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори бахши хусусӣ, гузаронидани корҳои таҳлилӣ оид ба масъалаҳои рушди фазои сармоягузориву соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ба густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

02.04.2014

2-юми апрели соли ҷорӣ дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти бисёрҷонибаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо роҳбарони ширкатҳои ватании хусусии суғуртавӣ баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои хусусие, ки ҳамчун аъзо дар фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд, ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот масъалаи муаррифӣ намудани натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ҷаласаи навбатии 13-уми Шӯрои машваратӣ баррасӣ карда шуд. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ёдовар шуданд, ки таҳлили бахши суғурта тибқи супориши протоколии ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30-юми апрели 2013 ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия якҷо бо вазорату идораҳои марбута, бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд вогузор гардида буд. Аз ин лиҳоз аъзои гурӯҳи корӣ дар бахши суғурта аз ҷумлаи бахши давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд бояд натиҷаҳои фаъолияти онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаи 13-уми Шӯро пешниҳод намоянд.

Инчунин Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ роҳбарони ширкатҳои хусусии суғуртавиро аз оғози раванди интихоби аъзои нави Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ огоҳ намуда онҳоро, барои пешниҳод намудани номзадии худ барои аъзои Шӯро даъват намуд.

Дар хотимаи мулоқот иштирокчиён барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат омодагии худро изҳор намуданд.

28.02.2014

Давоми ҳафтаи равон мулоқоти и.в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Кристофер Миллер, директори Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Берил Осаклӣ ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи мазкур Умида Тулиева доир гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ масъалаҳои ҳамкориҳои Шӯро ва Котиботи он бо ташкилоти мазкур, аз ҷумла ислоҳоти муҳими дар ҷумҳурӣ гузаронидашуда ва ба инобат гирифтани он дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва ба ин васила баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ин ҳисобот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки то интишори натиҷаҳои омӯзиши навбатии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ роҷеъ ба масъалаҳои мазкур гуфтушунидҳо доир намоянд.

Инчунин дар мулоқот масъалаи тезонидани раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз соли 1961 баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ бо ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ масоил ва ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳо ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба ташкили муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ ва дар ин замина ташкили муколамаи миллии давлат бо бахши хусусӣ дар Тоҷикистон вобаста ба истифодаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва зарурати ҳамкориҳоро барои оянда қайд карданд. 

12.02.2014

11 феврали соли соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нӯъмон Абдуҷаборов бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ Қаҳир Данани - Роҳбари Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва Зарина Ахамед- мутахассиси бахши хусусӣ ва молиявӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯрои машваратӣ татбиқшаванда маълумоти муафассал дод. Дар вохӯрӣ масъалаи амалигардонии Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва баҳодиҳӣ ба раванди татбиқи он дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла диққати махсус ба масъалаҳои бақайдгирии соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии моликият, инчунин мусоидат ба татбиқи лоиҳаи мазкур дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ дода шуд.

Зикр гардид, ки Котиботи Шӯрои машваратӣ Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳониро таҳия намудааст, ки он ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ низ равона карда шудааст. Тибқи супориши протоколии ҷаласаи 12-уми Шӯро аз 19 декабри соли 2013 Нақшаи чорабиниҳои мазкур бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодоти вазорату идораҳо такмил дода мешавад ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баён намуданд, ки кӯмаки амалии худро дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳои зикргардида мерасонанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкории тарафайн ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ изҳор намуданд.

06.02.2014

6 феврали соли 2014, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шӯрои машваратӣ дар соли 2013 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2014, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.

Сипас, маърӯзаи мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2013 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2014 ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои машваратӣ таҳти сарварии Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи худро гузаронид, ки дар онҳо як қатор масъалаҳои мубрами беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ислоҳоти татбиқшуда дар самтҳои ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва таъсиси сохторҳои он, аз қабили Шӯро ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, оғози ислоҳот дар самтҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта, ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун дастовардҳои назарраси Шӯрои машваратӣ дар соли гузашта муаррифӣ гардиданд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Шӯро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида, тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи Кодекси андоз қабул гардидаанд, ба тасвиб расиданд. Инчунин Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва якчанд шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсис дода шуданд.

Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам номгӯи масъалаҳои афзалиятнокро барои доир намудани ислоҳот муайян намуда, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳодшуда таҳлилҳои лозимӣ мегузаронад ва натиҷаи онҳоро ба баррасии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мекунад.

Дар хотимаи суханронии худ мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ зикр намуд, ки дар асоси пешниҳодҳои бахши хусусӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ; беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ; идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ; ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон; тезонидани раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмӣ аз соли 1961; беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта; татбиқи ислоҳот дар самти ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки Шӯрои машваратӣ дар соли 2014 муайян гардиданд.

Сипас, дар кори мизи мудаввар аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муовини Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева, аз номи бахши хусусӣ, Роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров ва аз номи шарикони рушди Тоҷикистон Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ричард Джонс, Муовини Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо Овидиу Мик ва дигарон баромад намуда, фаъолияти Шӯроро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд. 

29.01.2014

Имрӯз, 29 январи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти бисёрҷониба бо шарикони рушд баргузор гардид. Дар мулоқоти бисёрҷониба роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бюрои САҲА, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Бонки рушди Олмон (KFW), Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, лоиҳаи рушди манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон ва Бонки рушди Авруосиёӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот Роҳбари Котибот Завқиҷон Завқиев аз шарикони рушд хоҳиш намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои протоколии ҷаласаи 12 Шӯрои машваратӣ аз 13 декабри соли 2013 хусусан татбиқи самараноки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ кумаки зарурии худро расонанд. Диққати махсус ба муайян намудани 4 мавзеи сайёҳӣ дар мамлакат ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани онҳо, таҳияи бастаҳои маҳсулоти рақобатпазири сайёҳии мамлакат, соддагардонии расмиёти вуруд ва судури мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, аз ҷумла харид ва насби таҷҳизот ва барномаи махсуси муттаҳида, ки ҳангоми вуруд ва судури сайёҳон онҳоро ба қайд гирифта, ба таври автоматӣ ба мақомоти сарҳади давлатӣ, мақомоти бақайдгирии сайёҳон, гумрук, муҳоҷират ва омор ахборот паҳн менамояд, равона гардид.

Намояндаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон (KFW) изҳор намуданд, ки ташкилотҳои онҳо ба рушди бахши хусусӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла таҳия ва тарғибу ташвиқи бастаҳои маҳсулоти рақобатпазири сайёҳии мамлакат, иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муаррифии ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Берлин моҳи марти соли ҷорӣ ва қарздиҳӣ ба соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар самти беҳтар намудани хизматрасонии сайёҳҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва семинарҳо барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар хориҷи кишвар кӯмак хоҳанд намуд.

Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Шветсария дар Тољикистон ва Барномаи рушди СММ нақша доранд, ки дар самти муайяннамоии мавзеи асосии сайёҳӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани онҳо, инчунин дар самти таҳияи бренди сайёҳии Тоҷикистон фаъолият намоянд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати иҷрои самараноки Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ иброз намуданд. 

28.01.2014

27 январи соли 2014 дар ш. Душанбе вохӯрии намояндагони Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи рушди бахши сайёҳӣ дар водии Рашт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи якуми Шӯрои минтақавӣ дар водии Рашт, ки моҳи сентябри соли 2013 доир гардида буд, пешниҳод шуда, тибқи қарори ҷаласаи мазкур айни замон таҳлили рушди бахши сайёҳӣ дар ин водӣ гузаронида шуда истодааст. 

Дар вохӯрии мазкур намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баромад намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати ислоҳоти бахши сайёҳӣ дар доираи Шӯрои машваратӣ ахборот дод ва ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои сайёҳии водии Рашт таклифу пешниҳодҳо намуд.

24.01.2014

Имрӯз 24 январи соли 2014 вохӯрии намояндаи Котиботи Шӯрои машваратӣ бо коршиноси масоили иқтисодӣ ва молиявии Котиботи Шӯрои рушди бизнес ва сармояи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Рафкат Ҳасанов доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Котибот оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро татбиқгардидаистода маълумот дод. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи давлат ва бахши хусусиро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба таҷрибаи Тоҷикистон оид ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла таъсис ва фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ зоҳир гардид. 

Инчунин ташаккули муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои алоҳида низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. 

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро изҳор намуданд.  


21.01.2014

21 январи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ҳамроев Комрон - Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» баргузор гардид.

Дар вохӯри масъалаҳои рушди бахши суғурта дар Тоҷикистон аз нигоҳи бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Диққати асосӣ дар раванди муҳокимаи масъалаҳо ба рушди суғуртаи тиббӣ ҳамчун яке аз воситаҳои дастраси аҳолӣ гардонидани хизматрасонии муосири тиббӣ дода шуд. Аз ҷониби Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» - Ҳамроев Комрон пешниҳодҳои муфид оид ба рушди ин намуди суғурта дар мамлакат дода шуд, ки аз ҷониби Котибот мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Намояндагони Котибот ба иттилои Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» расониданд, ки ислоҳот дар бахши суғурта барои иҷрои банди 4-и Протоколи ҷаласаи XI-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз таърихи 30 апрели соли 2013 оид ба гузаронидани таҳлили зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғура ва пешниҳод намудани натиҷаҳои он бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро оғоз гардидааст. Аз ин рӯ айни ҳол дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо дастгирии шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта амалӣ гардонида истодааст. Гуруҳи кории мазкур дар натиҷаи фаъолияти худ Ҳисобот ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта таҳия намуда барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод менамояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории тарафайн ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта омодагии худро изҳор намуданд.

17.01.2014

Рӯзи 17-уми январи соли 2014 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисмати аввали вохӯрӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба таври мушаххас дастовардҳои Шӯроро дар соли 2013 баён намуд. Зикр гардид, ки дар соли 2013 Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он корҳои назаррас намуда, ислоҳоти зарурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенcияи Гаага оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ идома доранд.

Иловатан маълумот дода шуд, ки гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазхои қиматнок ва биржаи фондӣ дар назди Бонки миллӣ ва гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодаанд. Лоиҳаҳои Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ба вазорату идораҳои мартуба ирсол гардид ва бо дар назардошти фикру пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.

Ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ислоҳоти мазкурро хуб арзёбӣ намуданд.

Сипас, дар қисмати дуюми вохӯрӣ ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маъулумот дод, ки Бонки мазкур кӯмаки молиявӣ ва техникии худро ба Шӯро ва Котиботи он боз ду соли дигар тамдид менамояд. Роҳбари Котибот барои дастгирии моливӣ ва техникии БАТР, ки ба фаъолияти пурсамари Котибот мусоидат менамояд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар хотимаи вохӯри ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳтаи боз ҳам тақвият доданаи ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба изҳор намуданд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj