РӯӣдодҳоRSS

15.01.2014

Дар таърихи 14 январи соли 2014 вохӯрии намояндаи Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Котибот оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро татбиқгардидаистода маълумот дод. Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ҳадафҳои Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-ро дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла ташкили муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ» барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин соҳа, воридоти технологияҳои муосир ва баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони соҳаи мазкур нигаронида шуда, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда ва омода намудани мавзӯъ якҷо бо бахшҳои хусусиву давлатӣ барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ омодагии худро изҳор намуданд.

08.01.2014

Рӯзи 7-январи соли 2014 мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Кристофер Миллер – Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Роҳбари Котибот оид ба ҷараёни фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ, дастовардҳо ва ислоҳоте, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ шуда истодаанд, маълумот дод. Аз ҷумла:

  · оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенcияи Гаага оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ;

  · ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат;

  · пешниҳоди лоиҳаи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

  · беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ;

  · таъсисёбии гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазхои қиматнок ва биржаи фондӣ дар асоси банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.

Инчунин оид ба гузаронидани мизи мудаввар дар моҳи ояндаи соли ҷорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷаноби Кристофер Миллер ба дастовардҳои Шӯрои машваратӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки омода аст, ки якҷо бо дигар шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти мазкур кӯмак расонад ва ба кори гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок коршиносро ҷалб намояд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро дар самтҳои зикргардида идома хоҳанд дод.  

07.01.2014

Бо мақсади иҷройи банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 13 декабри соли 2013 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 06 январи соли 2014 ҷаласаи якуми гуруҳи кории мазкур таҳти роҳбарии Ҷамшед Юсуфиён – муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ гузаронида шуд.

Аъзои гуруҳи корӣ аз Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷаласаи мазкур иштирок намуданд.

Дар ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржахои фондӣ муайян ва муҳокима карда шуданд. Қайд карда шуд, ки гуруҳи корӣ бояд ҷанбаҳои мухталифи рушди қоғазҳои қиматнок ва биржахои фондиро дар Тоҷикистон таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати рушди соҳа пешниҳод намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, яке аз бахшҳои муҳиме мебошад, ки метавонад барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва муҳайё гардонидани сармояи озод ба соҳибкорон кӯмак намояд.

Зеро ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок дар замони муосир яке аз роҳҳои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, он, пеш аз ҳама, бо масъалаи фаъол гардонидани муассисаҳои бозори фондӣ, масъалаҳои интишори саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва фуруши онҳо дар бозори фондӣ алоқамандии зич дорад.

Бозори такрории қоғазҳои қиматнок захираҳои молиявиро аз соҳаҳои каммаҳсул ба соҳаҳои нисбатан даромаднок ва афзалиятнок ҷалб ва сафарбар карда, ба ҷобаҷокунии самараноки захираҳои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

06.01.2014

Рӯзи 6 январи соли 2014 миёни Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Павел Лавров – Директори ҶСШК “НБО-и Сангтуда 1” мулоқоти дуҷониба баргузор гаридид.

Дар мулоқот Роҳбари Котибот ба аъзои Шӯро Павел Лавров оид ба вазифаҳои аъзои Шӯро дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маълумот дод.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар масоили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории самаранок дар дигар самтҳои мухталиф ва имконпазир омодагии худро баён намуданд. 


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj