РӯӣдодҳоRSS

17.10.2017

Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт таҳти унвони "Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон" семинар баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мӯхтарам Нигина Анварӣ оғоз намуда, оид ба доираҳои васеи масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон, таъмини рушди самти мазкур, масъалаҳои таъмини рушди иқтисодиёт ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ мавзӯъҳои «Шаклҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо», «Шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ дар мисоли Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия» ва масъалаҳои дастгирӣ, аз ҷумла давлатӣ, тарзи амалисозии он, иштироки доираҳои масъул ва манфиатдори раванди мазкур, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дастгирӣ ва таҷрибаи амалии самти мазкур дар мисоли Бизнес-инкубатори амалан фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар чорабинӣ намояндагони паркҳои технологии донишгоҳҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои машваратӣ, шарикони рушд ва мақомоти давлатӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ дастгириҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла проблемаҳо ва имкониятҳо дар ин самт, тамоюлҳои байналмилалии дастгирии соҳибкории ҷавонон, шаклҳои дастгирии самти мазкур баррасӣ гардид.

Семинари мазкур таҳти лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шудааст, ки аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

U19A9095.jpg

U19A8988.jpg

U19A9105.jpg

U19A9131.jpg

U19A9139.jpg

U19A9579.jpg

U19A9589.jpg

U19A9619.jpg

30.11.2015

Санаи 27 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш шуда буд, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба монеаҳо ва мушкилоти рушди суғурта таҳлилҳои васеъ гузаронида, натиҷаи онро бо бастаи тавсияҳо ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро манзур намоянд.

Дар ин асос лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия гардида, пас аз баррасӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯро аз 30 майи соли 2014, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ №788 аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» идомаи мантиқии ин ислоҳот буда, тибқи бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабинии мазкур таҳия карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар лоиҳаи нави Қонун асосан пешниҳодоти бахши хусусӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бо мақсади муосиргардонии бозори сугурта ба инобат гирифта шудааст.

Итминон карда мешавад, ки қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» дар таҳрири нав ба рушди бозори миллии суғурта ва болоравии нақши ширкатҳои хусусии суғурта дар хизматрасониҳои ҳатмии суғуртавӣ мусоидат намояд.

31.08.2015

Санаи 28 августи соли 2015 дар ноҳияи Ваҳдат бо соҳибкорону сармоягузорони ноҳия мулоқот доир гардид.

Ҷаласаро Раиси ноҳияи Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ кушода, барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳибкорию сармоягузорӣ сухан ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода шуд.

Раиси Кумита зимни суханронӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун қувваи пешбаранда ва муҳаррики иқтисодиёт, ки он дар меҳвари сиёсати Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст, ибрози назар намуд.

Сипас, дар ин раванд тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат вобаста ба як қатор ислоҳотҳои иқтисодӣ зикр карда шуд.

Дар ин робита қайд гардид, ки фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи таҳкими ҳамкориҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва ба роҳ мондани муколамаи мунтазам байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин механизми шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсол ва коркарди қувваи барқ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, обрасонӣ, коркарди партовҳо, тандурустӣ ва маориф, нақлиёт, сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нақбҳо, роҳҳои зеризаминӣ ва инфрасохтори онҳо ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” қайд карда шуд, ки бо қабул гардидани он бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш амалӣ карда мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба шумор мераванд.

Тавре зикр гардид, дар заминаи ислоҳотҳо, аз ҷумла ислоҳотҳои иҷозатномадиҳӣ (солҳои 2004-2007) ва низоми иҷозатдиҳӣ (солҳои 2008-2011), ислоҳоти бақайдгирӣ (солҳои 2008-2009), эълон гардидани мораторияи санҷишҳои соҳибкории хурду миёна (солҳои 2008-2010), мораторияи санҷишҳои соҳибкории истеҳсолӣ (солҳои 2011-2014), шарикии давлат ва бахши хусусӣ (солҳои 2011-2012), ислоҳоти низоми андозбандӣ (солҳои 2012-2013), ислоҳоти санҷишҳо (солҳои 2012-2015) як қатор қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳо ва консепсияҳо қабул гардиданд, ки пурра барои ҷалби сармоя ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудаанд. Бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андоз дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият менамояд, бо мақсади воридоти бештари таҷҳизоти технологӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин дар суханронӣ оид ба дастовардҳо ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорон соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат ёдрас гардид.

Қайд шуд, ки тибқи маълумотҳо то нимсолаи аввали соли 2015 дар миқёси шаҳри Ваҳдат фаъолият 8 191 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми солҳои 2013-2014 аз ҷониби бахши хусусӣ дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 26 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуда, то 1 июли соли 2015 - 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 36,86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2015 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории шаҳри Ваҳдат зиёда 79 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат аз ҳамин давраи соли 2014, 5,5 миллион сомонӣ ва ё 7,4 фоиз зиёд гардидааст.

Саҳми соҳибкорони шаҳри Ваҳдат дар раванди созандагиву ободкории ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор, умуман дар таҳкими иқтидори иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он махсус қайд карда шуд.

Дар ин робита Қодири Қосим аз таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорону сармоягузорон, мулоқоту вохӯриҳои пайваста бо соҳибкорон ёдовар шуда, дар мамлакат Рӯзи соҳибкор эълон карда шудани 14 - уми октябрро ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилона ва заҳматҳои онҳо дар роҳи ободии Ватан арзёбӣ намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Ваҳдат ин ҷашнро бо дилгармиву самимона ҷашн гирифта, бо саъю талошварзиҳо саҳми арзандаи худро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии мамлакат, таҳкими муколамаи озоду самараноки давлат ва бахши хусусӣ, иқдоми эҳсонкорӣ ва ташаббуси ватандӯстонаву хайрхоҳона мегузоранд.

Дар ҷаласа инчунин намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Агентии Тоҷикстандарт ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

07.08.2015

Имрӯз 07 августи соли 2015, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Нахуст дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Хатлон ва тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо, соддаву осон намудани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои гирифтани иҷозати корҳои сохтмонӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта тасдиқ ва ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии суғурта ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии соҳа таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ба сифати биржаи фондӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” ба қайд гирифта шуда, айни замон масъалаҳои ташкили инфрасохтори биржа бо назардошти таъминоти он бо таҷҳизоти компютерии муосир ва барномаҳои байналмилалии автоматикунонии ҷараёни хариду фуруши қоғазҳои қиматнок ҳал шуда истодаанд.

Барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба расонидани кумак ҷиҳати дастрас намудани маълумот оид ба меъёрҳои танзими техникӣ, стандартҳо, расмиёти мувофиқнамоӣ ба талаботи санитарию фитосанитарӣ дар бозорҳои беруна равона карда шудааст.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шавкат Бобозода баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ гузориш дод. Аз ҷумла дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ муаррифӣ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири навро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Зикр карда шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 ва ҳамзамон ҷиҳати бештар мусоид намудани фазои сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба талаботи замони муосир таҳия гардидааст.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини мунтазами истеҳсолот бо қувваи барқро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон – Боб Леверингтон, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – Си. Си. Ю, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Акбаров Фарҳод, Роҳбари ҶДММ Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой “Зарнисор” - Ян Чжи Сай, Роҳбари ҶДММ “Нафиса” – Муҳаммадиев Абдулло, Муассиси ҶДММ “Амирӣ” – Ғайбуллозода Абдураҳмон ва дигарон мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

23.07.2015

Боиси қаноатмандист, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст.

Бешубҳа, ин иқдом баёнгари эътирофи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз саҳми шоистаи соҳибкорон дар рушду устувор намудани иқтисодиёт, боло бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, ободонии мамлакат ва таҳким бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми соҳибкорони мамалакатро бо ноил гардидан ба ин манзалат табрик мегӯем.

Инак, имсол дар мамлакат нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор таҷлил мегардад. Дар ин робита дар саросари ҷумҳурӣ доир намудани як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ тарҳрезӣ ва татбиқ хоҳанд шуд.

Яке аз чунин чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе санаи 14 октябри соли ҷорӣ баргузор намудани Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2015 мебошад, ки барои муколамаи байни соҳибкорон ва сармоягузорон вобаста ба масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии муштараки онҳо имконияти васеъ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Ҳадафҳои Форум аз муаррифии имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ислоҳоти охири дар бахши қонунгузорӣ гузаронидашуда, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иқтисодиёти кишвар, равона намудани сармоягузориҳои хусусии ватанӣ ва хориҷӣ, мусоидат ба рушди шарикии корхонаҳои хориҷию ватанӣ дар бахшҳои воқеӣ ва молиявии иқтисодиёт, арзёбии афкору мулоҳизаҳои сармоягузорон вобаста ба иқтидори сармоягузорӣ ва ҷолибияти кишвар барои сармоягузорӣ дар шароити бӯҳронӣ иборат буда, метавон изҳори итминон намуд, ки амалигардии онҳо барои рушди бештари соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкорон мусоидат хоҳад кард.

Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Шӯрои кории «Туркия-Тоҷикистон» санаи 14-16 октябри соли ҷорӣ баргузор намудани Намоишгоҳи сеюми байналмилалии бахши кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «Agro food Tajikistan» ба нақша гирифта шудааст, ки ин чорабинӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро таҳким хоҳад бахшид.

Ҳамчунин, дар пойтахти мамлакат баргузор намудани дигар чорабиниҳо, аз қабили конфронс, мизҳои мудаввар, намоиши дастовардҳои соҳибкорону сармоягузорон дар бахшҳои гуногун, озмунҳо ва дар ноҳияву минтақаҳои ҷумҳурӣ низ доир намудани чорабиниҳои гуногун дар назар дошта шуда, ба таҷлили Рӯзи соҳибкор шукуҳу шаҳомати тозае хоҳанд бахшид.

Дар соли таҷлили нахустин ҷашни Рӯзи соҳибкор ба ҳамватанон ва бошандагони ҷумҳурӣ тансиҳатӣ, ободию осоиштагӣ ва рӯзгори нек ва ба тамоми соҳибкорони мамлакат дастовардҳои нав ва барору комёбӣ хоҳонем.

Бо сомонаи мо бошед!

18.06.2015

15 июни соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт – мӯҳтарам Қодири Қосим, ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Раиси Шӯрои машваратӣ - Қодири Қосим қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратиро муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Дар ҷаласа гузориши котиби Шӯро - Зафар Ҳисориев оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар водии Рашт шунида шуд. Қайд карда шуд, ки дар ин самт аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Бобати муҳайё сохтани шароит ҷиҳати бунёди инфрасохтори туристӣ дар водӣ якчанд барномаҳо амалӣ гардида, бобати тарғиби маҳсулоти сайёҳии водӣ ва муаррифии онҳо намоишгоҳҳо ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд. Сол то сол афзудани шумораи сайёҳон аз рушди ин соҳа маънидод гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюм узви Шӯро Сайдалӣ Саидраҳмонов ва Юлдош Латифов баромад намуда, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар водии Рашт муаррифӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар водӣ барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаҳо шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, қабули як силсила қарору барномаҳои давлатӣ барои рушди кишоварзӣ такон бахшид. Дар минтақа барои ба даст овардани ҳосили фаровону баландсифати меваю сабзавот ва асали хуштаъм, таъмини аҳолӣ бо ин маҳсулотҳо ва содироти он имкониятҳо мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин соҳаи мазкур ба ислоҳоти куллӣ ва фарогир ниёз дорад. Барои рафъи мушкилот ва ҳалли онҳо нақшаи чорабиниҳо ва маҷмуи тадбирҳо таҳия ва пешниҳод гардид.

Роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум баромад намуда, оид ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ибрози назар кард.

Роҷеъ ба масъалаи сеюм директори генералии Маркази техникию технологии муосири шаҳри Панҷакент Меъроҷиддин Худойбердиев оид ба фаъолити марказҳои техникию технологии ба инноватсия нигаронидашуда ва нақши он дар рушди истеҳсолоти миллӣ фикру мулоҳизоти хешро баён намуд.

Зикр карда шуд, ки марказҳои мазкур барои фаъолияти босамар ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби сармоягузорон ва бештар гардидани корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ заминаи хуберо фароҳам меоварад.

Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Ҷиргатол - Умедхоҷаи Зоир, Раиси ноҳияи Рашт – Қаноатшо Лоиқзода, Раиси ноҳияи Нуробод – Ҳасан Дӯстзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод - Ҳусейн Ализода ва Раиси ноҳияи Тавилдара - Ҳимматшои Ғайрат дар баромадҳои худ оид ба мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ карда, фикру таклифҳои ҷолибу муфид иброз намуданд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро, директори ҶДММ «Орзу» Диловар Орзуев маълумот дода, масъалаи рушди савдои наздисарҳадӣ миёни ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистонро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Соҳибкорони водӣ дар муҳокимаи тамоми масъалаҳои баррасишуда фаъолона, рушди соҳаи туризм, самтҳои соҳаи кишоварзӣ ва тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт, масъалаи ояндаи ҷаласаи Шуро иштирок намуданд.

Ҳамчунин намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои зикршуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби Қодири Қосим - Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, дастуру тавсияҳо дода шуд. 

16.06.2015

Санаи 8-9 июни соли 2015 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 5-уми Барномаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар бахши «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ» вобаста ба мавзӯи «Шабакаҳои кластерӣ: восита барои инноватсия ва баландбардории рақобатпазирӣ» баргузор гардид.

Дар ҷаласа гузориш ва муҳокимарониҳо аз тарафи вазорату идораҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ оид ба мавзӯи мазкур сурат гирифт.

Аз ҷониби Тоҷикистон муаррифӣ дар мавзӯи мазкур аз тарафи Нумон Абдуҷаборов - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ манзур гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар як қатор бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон имкони ҷорӣ намудани кластерҳо бо мақсади таъмини устувории бахши хусусӣ мавҷуд аст.

Иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла коршиносони байналхалқӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро ҳамчун майдони муҳими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ки дар он масъалаҳои рушди бахши хусусӣ матраҳ мегардад, арзёбӣ карданд. 

01.06.2015

Санаи 28 майи соли 2015 дар бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзизода А.Ҳ. (роҳбари Гурӯҳи корӣ)оѓоз намуда, ба иштирокчиён рӯзномаи ҷаласаро муаррифӣ кард.

Рӯзномаи ҷаласа:

1.Ҷамъбасти рушди соҳаҳои саноат дар чормоҳи соли 2015

2.Баррасии рушди соҳаи саноати маводи сохтмон

3.Баррасии рушди соҳаи сноати хӯрокворӣ

4.Баррасии Ҳисоботи Гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат доир ба мол истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсоли миллӣ

5. Гузаронидани семинар–намоишҳо дар мавзӯи “Интихоби ман –маҳсулоти ватанӣ”. Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки дар тӯли фаъолияти самараноки худ гуруҳи корӣ як қатор мушкилоти рушди саноати ҷумҳуриро муайян намуда, барои ҳалли онҳо тавсияҳо омода намуд. Инчунин оид ба рушди саноат дар 5 моҳи соли ҷорӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов баромад намуда қайд кард, ки айни замон ҳисоботи гурӯҳи корӣ ва лоиҳаи Нақшаи-чорабиниҳои Ҳукумаонти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таҳия карда шудааст.

Ҳисобот ва Нақшаи чорабиниҳо дар чор самти саноат, аз ҷумла саноати сабук, маъдан, хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ таҳия гардидааст.

Аз аъзои гуруҳи корӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳисобот ва лоиҳаи Нақшаи-чорабиниҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, фикру пешниҳод ва таклифу эродҳои худро нисбат ба он дар кӯтоҳтарин муддат ба гуруҳи корӣ пешниҳод намоянд.

Дар охир нисбат ба бандҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

19.05.2015

Санаи 15-уми майи соли 2015 дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯро вохӯрии роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо роҳбарияти корхонаҳои бахши маъдан ва хӯрокворӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ як қатор мушкилоти рушди соҳибкории ватанӣ дар бахши саноат, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши куҳкорию истихроҷ ва истеҳсоли маводи хӯрока мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ лоиҳаи тавсияҳои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои самоягузорӣ дар бахши саноат, аз ҷумла маъдан ва хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи хӯрока ва коркард қайд намуданд, ки айни замон дастгирии давлатии истеҳсолкунандаи ватанӣ дар самти фурӯши моли онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрокаи ҷумҳурӣ зарур аст.
Аз ҷониби ширкатҳои соҳаи маъдан низ як қатор таклифу пешниҳодот ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ баён гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ супориш дода шуда буд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва дигар вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

19.05.2015

Рӯзи 18 майи соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар соҳибкорони Олмон, инчунин зиёда аз 100 нафар соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд.

Мақсади баргузории анҷуман мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар раванди соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Дар кори бизнес-форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Муовини Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Зилке Клёвер, Директори Кумитаи шарқии Олмон Линдер Райнер, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии ҳарду кишвар иштирок доштанд.

Пеш аз қисми расмии бизнес-форум ба диққати иштирокчиён муаррифӣ ва сабти видеоӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Инчунин иштирокчиён бо фазои сармоягузорӣ, барои бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маводҳои иттилоотӣ шинос шуданд.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, аз ҷониби директори Кумитаи шарқии Олмон Линдер Райнер имкониятҳои сармоягузории Олмон муарифӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Директори генералии КВД “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷониби намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Манучеҳр дар мавзӯи “Стратегияи энергетикии кишвар, зарурияти татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ”, сардори Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур дар мавзӯи “Муарифии тарҳҳои соҳаи кишоварзӣ” муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо дар бораи имкониятҳои туристӣ ва татбиқи тарҳҳои инфрасохтории соҳа дар кишвар баромад намуданд.

Инчунин дар ҷараёни муҳокимарониҳо як қатор масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Ҳамчун самара аз кори форум маросими баимзорасии Меморандум байни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва DPU investment GmbH оид ба сохтани маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва байни КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва DPU investment GmbH Олмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ сурат гирифт.

Баъд аз ҷамъбасти қисмати расмии бизнес-форум бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ нишастҳои дуҷониба байни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj