Мулоқот бо соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат

31 Августа 2015

Санаи 28 августи соли 2015 дар ноҳияи Ваҳдат бо соҳибкорону сармоягузорони ноҳия мулоқот доир гардид.

Ҷаласаро Раиси ноҳияи Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ кушода, барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳибкорию сармоягузорӣ сухан ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода шуд.

Раиси Кумита зимни суханронӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун қувваи пешбаранда ва муҳаррики иқтисодиёт, ки он дар меҳвари сиёсати Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст, ибрози назар намуд.

Сипас, дар ин раванд тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат вобаста ба як қатор ислоҳотҳои иқтисодӣ зикр карда шуд.

Дар ин робита қайд гардид, ки фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи таҳкими ҳамкориҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва ба роҳ мондани муколамаи мунтазам байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин механизми шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсол ва коркарди қувваи барқ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, обрасонӣ, коркарди партовҳо, тандурустӣ ва маориф, нақлиёт, сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нақбҳо, роҳҳои зеризаминӣ ва инфрасохтори онҳо ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” қайд карда шуд, ки бо қабул гардидани он бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш амалӣ карда мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба шумор мераванд.

Тавре зикр гардид, дар заминаи ислоҳотҳо, аз ҷумла ислоҳотҳои иҷозатномадиҳӣ (солҳои 2004-2007) ва низоми иҷозатдиҳӣ (солҳои 2008-2011), ислоҳоти бақайдгирӣ (солҳои 2008-2009), эълон гардидани мораторияи санҷишҳои соҳибкории хурду миёна (солҳои 2008-2010), мораторияи санҷишҳои соҳибкории истеҳсолӣ (солҳои 2011-2014), шарикии давлат ва бахши хусусӣ (солҳои 2011-2012), ислоҳоти низоми андозбандӣ (солҳои 2012-2013), ислоҳоти санҷишҳо (солҳои 2012-2015) як қатор қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳо ва консепсияҳо қабул гардиданд, ки пурра барои ҷалби сармоя ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудаанд. Бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андоз дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият менамояд, бо мақсади воридоти бештари таҷҳизоти технологӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин дар суханронӣ оид ба дастовардҳо ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорон соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат ёдрас гардид.

Қайд шуд, ки тибқи маълумотҳо то нимсолаи аввали соли 2015 дар миқёси шаҳри Ваҳдат фаъолият 8 191 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми солҳои 2013-2014 аз ҷониби бахши хусусӣ дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 26 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуда, то 1 июли соли 2015 - 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 36,86 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2015 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории шаҳри Ваҳдат зиёда 79 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат аз ҳамин давраи соли 2014, 5,5 миллион сомонӣ ва ё 7,4 фоиз зиёд гардидааст.

Саҳми соҳибкорони шаҳри Ваҳдат дар раванди созандагиву ободкории ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор, умуман дар таҳкими иқтидори иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он махсус қайд карда шуд.

Дар ин робита Қодири Қосим аз таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорону сармоягузорон, мулоқоту вохӯриҳои пайваста бо соҳибкорон ёдовар шуда, дар мамлакат Рӯзи соҳибкор эълон карда шудани 14 - уми октябрро ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилона ва заҳматҳои онҳо дар роҳи ободии Ватан арзёбӣ намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Ваҳдат ин ҷашнро бо дилгармиву самимона ҷашн гирифта, бо саъю талошварзиҳо саҳми арзандаи худро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии мамлакат, таҳкими муколамаи озоду самараноки давлат ва бахши хусусӣ, иқдоми эҳсонкорӣ ва ташаббуси ватандӯстонаву хайрхоҳона мегузоранд.

Дар ҷаласа инчунин намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Агентии Тоҷикстандарт ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Возврат к разделу

Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj