РӯӣдодҳоRSS

25.02.2015

Имрӯз, бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони як қатор доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассоситатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ВАО иштирок намуданд.

Чорабиниро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014 дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад.

Зимни суханронии ифтитоҳии худ муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Кумита ба шумор меравад.

Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 дар се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ Намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс оид ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ - 2015”-и Бонки Ҷаҳонӣ бори сеюм ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам шомил гардида, дар он саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ баланд арзёбӣ мешавад. Ҳамчун нишони эътирофи ислоҳоти назаррас оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 189 кишвари ҷаҳон бо Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сазовор гардонида шуд. Ин ҷоиза эътимоди сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам қавитар месозад.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов натиҷаҳои ислоҳотро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Дар ин робита ба ҳозирин оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”, натиҷаҳои ҷаласаҳои 13 ва 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Қайд гардид, ки Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта аз 31декабри соли 2014 тасдиқ шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябри соли 2014 он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, 20 феврали соли 2015 Номаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур ба Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд супорида шуд.

Дар мизи мудаввар намояндагони бахши хусусӣ Фарҳод Акбаров, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Фирдавс Мастулов, Роҳбари ширкати суғуртавии “Меҳнат” Алишер Турахонов, Директори кулли ширкати машваратии «Айтен Групп», Шагарф Мулло Абдол, Роҳбари Ассосиатсияи сайёҳии «ТАТОС» муаррифиҳо ва баромадҳои худро манзур намуданд. Баромадкунандагон вобаста ба аҳмият ва муҳимияти натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва суғурта, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ҷалби сармояхо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, рушди бахши хусусӣ, суханронӣ намуда, саҳми Шӯроро дар ин раванд мусбат арзёбӣ намуданд.

Пас аз пешниҳоди муаррифиҳо, иштироккунандагон мулоҳизаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар хотима, изҳори итминон карда шуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи ташаббускориҳои роҳбари давлат дар ин самт саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

13.02.2015

Тавре иттилоъ дода шуда буд, Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-13 феврал дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Барномаи «Роҳбарӣ, омӯзиш, инноватсия»-и Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии форум аз ташаккул додани шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, дар ин робита баррасии таҷрибаву малакаи кишварҳои минтақа, ҳамчунин тақвият бахшидани нерӯи пешбурд ва сохторӣ ботамоюл ба стратегия дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ иборат буда, дар он намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот, вазорату идораҳо ва бахши хусусии ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони ҳамкор, сохторҳои масъул оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал, Словакия, котиботҳои шӯроҳои минтақавии ҷумҳурӣ оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Дар форум атрофии масъалаҳои зикргардида, инчунин баррасӣ ва омӯзиши фаъолияти кишварҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, роҳҳои амалӣ намудани онҳо, таҳияи дурнамои фаъолияти банақшагирӣ, усулҳои самараноки пайгирӣ (мониторинг)-и раванди ислоҳот дар бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба тақвияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мубодилаи афкор ва мулоҳизарониҳои иштирокчиёни форум сурат гирифт.

Дар оғози кори форум намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдуҷабборов Н. муаррифномаи худро оид ба самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ, дастовардҳои Шӯро дар доираи фаъолияти худ, нақши муассири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар раванди ислоҳот оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, нақшаҳои навбатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд манзур намуд.

Сипас, намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал, Словакия муаррифномаҳои худро оид ба таҷриба ва фаъолияти ин сохторҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ин кишварҳо пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ котиботҳои шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар ВМБК, вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт, шаҳри Исфара вобаста ба фаъолияти худ баромад намуданд.

Дар доираи барномаи чорабинӣ рӯзи 12 феврал дар вилояти Хатлон мизи мудаввар оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ доир гардид. Муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода ташрифи иштирокчиёни Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусиро ба вилоят хайрамақдам гуфта, оид ба мунтазам устувор гардидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, рафти ислоҳот ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, тарзу услуби баррасиҳои масъалаҳои бахши соҳибкорӣ, фароҳам будани шароити мусоид барои муколамаи мустақими роҳбарияти вилоят бо бахши хусусӣ ҷиҳати баррасии мушкилотҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ ва бо ин мақсад таъсис ёфтан ва айни замон фаъолият намудани Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ аз корхонаҳои вилоят боздид намуда, бо таҷрибаи амалии фаъолияти соҳибкорӣ ва натиҷаҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар мисоли вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён кори Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусиро, ки нахустин ҳамоиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, самаранок арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки таъсиси шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва тақвият бахшидани он ҳамчун асоси рушди ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ муҳим мебошад. Ҳамзамон, ташкилкунандагони чорабинӣ, иштирокчиёну меҳмонон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани чорабинӣ ва пазироии самимонаи ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

13.02.2015

Санаи 13 феврали соли 2015 дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ машварат доир гардид.

Дар он оид ба масъалаҳои усулҳои самараноки пайгирии (мониторинги) қарорҳои дар доираи Шӯрои машваратӣ қабулгардида ва минбаъд қабулшаванда, тақвият додани усулҳои муосири баҳогузории раванди ислоҳоти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварат кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ва намояндагони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуда, атрофи масъалаҳои зикргардида мулоҳизаронӣ намуданд.

09.02.2015

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Форуми якуми Рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шароит ва маблағгузории рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчунин бо шарикии Барномаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ «Роҳбарӣ, омӯзиш, инноватсия» баргузор мегардад.

Дар оғози кори форум намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷид Юсуфӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдуҷабборов Н. муаррифномаи худро оид ба самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ, дастовардҳои Шӯро дар доираи фаъолияти худ, нақши муассири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар раванди ислоҳот, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, нақшаҳои навбатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд манзур намуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин котибони минтақавии шӯроҳои миллии ВМБК, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи водии Рашт, шаҳри Исфара баромад намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Котибот оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал муаррифномаҳои худро оид ба таҷриба ва фаъолияти ин сохторҳо пешниҳод намуданд.

Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои форум ташаккул додани шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҳамчунин тақвият бахшидани нерӯи роҳбарӣ ва сохторӣ ботамоюл ба стратегия дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ иборат мебошад.

Форум кори худро рӯзҳои то 13 феврал идома медиҳад. 

22.01.2015

Нимаи дуюми рӯз дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Роҳбари Котибот ва кормандони он бо намояндагони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир гардид. Дар мулоқот масъалаи омода ва баргузорнамоии нахустин Форуми рушди низоми минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ки нимаи якуми моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки дар Форуми мазкур иштироки намояндагони сохторҳои таъминкунандаи муколамаи давлат ва бахши хусусии мамлакатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Непал, Катманду, Хорватия, Руминия ва Словакия дар назар аст.

Ҳамчунин, дар Форум доираи васеи намояндагони мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ, ассосиатсияҳои соҳибкорию соҳавӣ ва бахши хусусӣ иштирок мекунанд. 

22.01.2015

Имрӯз дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ вохӯрии кории роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо коршиносони байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои Котиботи Шӯро бо Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии гуруҳҳои корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат ва рушди истеҳсолоти миллӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки натиҷаҳои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат ва рушди истеҳсолоти миллӣ бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаи 15-уми Шӯро ва гуруҳи корӣ вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ба ҷаласаи 16-уми Шӯро пешниҳод мегарданд.

Коршиносони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки фаъолияти гуруҳҳои кории қайдгардида дастгирӣ хоҳанд кард.

Дар хотима тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба ҳамкориҳои минбаъда дар доираи гуруҳҳои кории амалкунанда тақвият бахшида шавад.  

19.01.2015
Имрӯз мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нумон Абдуҷаборов бо ҳайати тими «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати тими мазкурро коршиносони байналхалқӣ Аллесио Занелли – мутахасиси рушди бахши хусусӣ оид ба савдо ва рақобат, Переклис Сараҷиотис - мутахасиси рушди бахши хусусӣ, логистикаи тиҷорат, сармоягузории тиҷорат ва фазои сармоягузорӣ, Виолане Конар Лизи - Роҳбари минтақавии лоиҳаҳои савдо ва логистикаи балканҳои ғарбӣ барои Аврупо ва Осиёи Миёна, Ива Хамел – коршиноси «Пешбури соҳибкорӣ» муаррифӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба инобат гирифтани онҳо ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин самт доиргардида, аз ҷониби тими «Пешбурди соҳибкорӣ» баланд арзёбӣ гардида, Тоҷикистон имсол бори сеюм ҳамчун кишвари ислоҳотгари олам эътироф карда шуд.

Тими «Пешбурди соҳибкорӣ» дар оянда низ ислоҳоти аз ҷониби Тоҷикистон доиргардидаро ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва пешбурди соҳибкорӣ ба инобат хоҳад гирифт.

Эзоҳ: Хотиррасон менамоем, ки тими «Пешбури соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷахонӣ ҳамасола дар байни 189 давлат аз рӯи 10 нишондиҳандаи соҳибкорӣ арзёбӣ мегузаронад. Натиҷаҳои он бошад, дар сатҳи глобалӣ аз тарафи соҳибкорон ва сармоягузорон ба таври васеъ истифода бурда мешаванд
09.01.2015

Боиси хурсандист, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №788 тасдиқ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия карда шуд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ таҷрибаи ҷаҳонии рушди суғурта, стандартҳои байналмилалии фаъолияти суғуртавӣ, вазъи муосири рушди бозори суғуртаи мамлакат ва мушкилоти онро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, натиҷаҳои онро дар ҳисобот бо тавсияҳои мушаххас ва Нақшаи чорабиниҳои мазкур дарҷ намуд.

Мақсади асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳо фароҳам овардани муҳити рақобатнок дар бозори суғурта, рушди бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани дараҷаи самаранокии танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ, мукаммалгардони қонунгузории танзимкунандаи соҳавӣ, пешрафти муносибатҳои тарафайни бозорҳои суғуртаи миллӣ ва байналхалқӣ, таъмини устувории молиявии ширкатҳои суғуртавӣ мебошад, ки дар навбати худ ба истифодаи бахши суғурта ҳамчун сарчашмаи доимии дохилӣ ва нисбатан боэътимоди сармоягузориҳо ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Итминон дорем, ки қабул ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба мунтазам зиёд шудани саҳми бозори суғурта дар низоми муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, баланд шудани сатҳи ҳифзи суғуртавии субъектҳои соҳибкорию шаҳрвандони мамлакат, бархурдор шудан аз иқтидори азими иқтисодии бахши суғурта баҳри рушди устувори иқтисодиёти миллӣ таконе хоҳад бахшид. 


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Регус, кучаи Нисор Муҳаммад 5/5
Тел.: (+992 44) 601-00-27, (+992 44) 601-00-28, (+992 44) 601-00-29 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj