Шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва ноҳиявӣ

Шӯрои машваратии вилояти Хатлон  Шӯрои машваратии вилояти Суғд 
Шӯрои машваратии ноҳияи Восе  Шӯрои машваратии ноҳияи Панҷакент 
Шӯрои машваратии ноҳияи Темурмалик Шӯрои машваратии шаҳри Исфара
Шӯрои машваратии ноҳияи Рашт Шӯрои машваратии ноҳияи Истаравшан

Вақтҳои охир беш аз пеш талабот ба ташкилкунии муколамаи асоснок миёни давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳои кишвар меафзояд. Дар ҳамин асос мувофиқи банди 4-и қарори протоколии ҷаласаи 7-уми Шӯрои машваратӣ, ки 15 марти соли 2011 баргузор гардид, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Шӯроҳои машваратии минтақавии доимоамалкунанда дар назди Раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе изҳор гардид.

Созмон додан ва фаъолияти Шӯрои машваратии миллӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилояти Хатлонро ба он водор намуд, ки 30 ноябри соли соли 2010 якумин сохтори машваратӣ-маслиҳатии минтақавиро дар сатҳи вилоятӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон (баъдан - «ШММ») таъсис диҳанд. Ташаббуси Раиси вилояти Хатлон аз тарафи Корпоратсияи Молиявии Байналмиллӣ дастгирӣ ёфт, ки ҳоло ба Котиботи ШММ кӯмаки техникӣ мерасонад.

17 майи соли 2011 бо қарори Раиси ВМКБ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди Раиси ВМКБ таъсис дода шуд. Мақсади созмон додани Шӯрои машваратӣ кӯмак барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бартарафсозии монеаҳои ба рушди соҳибкорӣ дар вилоят халалрасонанда, иҷроиш ва амалисозии Барномаҳои давлатии ба рушди соҳибкорӣ равонашуда, ташкили шароитҳои мусоид барои сармоягузорон ва умуман беҳгардонии фазои соҳибкорӣ дар вилоят мебошад.

Дар вилояти Суғд чунин сохтори машваратӣ-маслиҳатии минтақавӣ 19 июли соли 2011 дар назди Раиси вилояти Суғд таъсис дода шуд. Дастгирии техникии Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорро  Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳакориҳои байналмилалӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) ба ӯҳда гирифтааст.

Таъсис додани чунин Шӯрои машваратӣ дар назди Раиси шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи баррасӣ ва ташаккул мебошад.

Фаъолият дар ин самт, пеш аз ҳама бо он алоқаманд аст, ки ташкил ва устуворсозии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ ба пайгирӣ кардан ва баҳо додани натиҷаҳои ислоҳот ва натиҷаҳои он натанҳо дар марказ, балки дар мавзеъҳо низ имкон медиҳад.

Шӯрои машваратии минтақавӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон.

Бахши хусусии вилояти Хатлон аз ҷониби худи шаҳрвандон суст ба роҳ монда шудааст. Дар алоҳидагӣ, раванди ташкилёбии иттифоқҳо ва асотсиатсияҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Асотсиатсияҳо ва иттифоқҳои дигари соҳибкорон бошанд, наметавонанд бонуфуз бошанд ва имкони таъсир расонидан ба раванди қабулкунии қарорҳои идоракунии ба рушди бахши хусусӣ дахл дошта бошанд.

Дар минтақа рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии соҳибкории хурд ва миёна муоина мешавад, ки метавонист ба худташкилкунии босамар ва худтакмилдиҳии соҳибкорӣ мусоидат кунад.

Вазифаҳои асосии Шӯрои машваратии минтақавӣ (ШММ) аз чи иборатанд?

Ба ШММ нақши эксперти пешбарандаи ислоҳоти асоснокро тибқи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, беҳгардии иҷлими сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон, «пешгирии» сохторҳои маҳаллии ҳукумати давлатӣ аз иштибоҳоти ҷиддӣ ҳангоми лоиҳабандӣ ва амалисозии ислоҳот раво дида шудааст.

Ҳамин тариқ, мувофиқи Дастурамали ШММ вазифаи асосии ин сохтор мусоидат намудан ба коркард, омодасозии тавсияҳо ва пешниҳодот барои Раиси вилояти Хатлон, сохторҳои маҳаллии ҳукумати давлатии вилоят, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои дигар тибқи масъалаи беҳгардонии фазои соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Ташаккули ШММ ва андозаи кор

ШММ дар монандӣ бо Шӯрои машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раис ва аъзоёни Шӯро таъсис дода шудааст. Раиси он мувофиқи вазифа Раиси вилояти Хатлон мебошад. Аъзогӣ дар Шӯро ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад – аъзои доимӣ ва муваққатӣ, 4 нафарӣ аз ҳар як гурӯҳ. ҳангоми зарурат ШММ метавонад ҳайати худро зиёд ё кам кунад. Аъзои доимии Шӯро намояндагони сохторҳои маҳаллии  давлатӣ, ки барои танзимкунии масъалаҳои рушди иқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ ҷалб шудаанд ва шахсан ҷонишини Раиси вилояти Хатлон, сардори Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва сардори Идораи рушди иқтисодӣ ва савдои вилоят мебошанд.

Аъзогии муваққатӣ аз ҳисоби намояндагони нисбатан фаъоли сохторҳои соҳибкории вилоят, сармоягузорони хориҷии лоиҳаҳои калони сармоягузориро дар вилоят амаликунанда ва инчунин намояндагони ташкилотҳои донории яктарафа ва дутарафа интихоб карда мешаванд. Ташаккули ШММ хусусияти худро дорад – ба шумораи аъзоёни муваққатӣ инчунин намояндагон аз доираи илмии вилоят, аз ҷумла аз макотиби олӣ метавонанд дохил шаванд.

Сохти механизми ротатсияи аъзоёни муваққатӣ хеле оддӣ аст: номзадон барои ҳар як гурӯҳи муваққатӣ (сохторҳои соҳибкории маҳаллӣ, сармоягузорони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмиллӣ, олимон) тибқи мувофиқакунӣ дар дохили гурӯҳ муайян ва пешбарӣ мешаванд.

Шакли асосии фаъолияти ШММ ҷаласаҳо мебошанд. ҷаласаҳо ҳангоми зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як семоҳа гузаронида мешаванд. Қарорҳои ШММ бо бартарии овозҳо қабул карда мешаванд ва бо Протокол ба расмият дароварда мешаванд.

Таъминоти ташкилӣ-услубӣ ва техникии фаъолияти ШММ аз тарафи Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сохтори маҳаллии ҳукумати давлатии вилояти Хатлон амалӣ мешавад. Дастурамали ШММ инчунин таъсис додани Котиботи ШММ-ро низ дар назар дорад.

Натиҷаҳои якуми кори ШММ

Аз давраи таъсисёбии Шӯро то ҳол 2 ҷаласа баргузор шуд, ки дар ҷараёни онҳо аъзоёни Шӯро тасдиқ карда шуданд, механизми ташаккул ва тартиби фаъолияти Котиботи ШММ муайян карда шуд, Роҳбари Котибот таъйин карда шуд, гурӯҳҳои корӣ тибқи коркарди пешниҳодот барои ҷаласаҳои дарпешистодаи Шӯро таъсис дода шуданд. Гурӯҳҳои корӣ тибқи 3 масъалаи бартаридоштаи рушди соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон созмон дода шуданд. Дутои онҳо дар ҷараёни муҳокима дар гурӯҳҳои эҳтимолии дар назди Дастгирии КБМ ташкилшуда таъсис дода шуданд ва як гурӯҳро маъмурияти вилоят пешниҳод кард. Бартарӣ ба инҳо дода мешавад: мушкилоти ҷалби сармояҳо ба корхонаҳои бо ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда; мавсъалаҳои обтаъминкунӣ ва пародохти саривақтии хизматгузории расонидани об; таҳлили масъалаҳои соддагардонии расмиёти пардохти андоз.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласаҳо дар минтақа мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкилии таъсис додани гурӯҳҳои корӣ гузаронида шуданд. Регламенти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ коркард ва мувофиқа карда шуданд. Ҳайати миқдории гурӯҳҳои корӣ ва инчунин доираи имконпазири ашхоси ба сифати назоратчиён ва экспертҳо барои омодасозии таҳлилҳо ва коркарди тавсияҳо тибқи масъалаҳои алоҳида муайн карда шуданд.

Фаъолияти ШММ дар чунин давраи хеле кӯтоҳ нишон дод, ки системаи муносибати байниҳамдигарии ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон дар ҳадди ниҳоӣ ба ташкили муколамаи устувор байни давлат ва соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назди Раиси ВМКБ.

Тибқи дастурамали Шӯрои машваратӣ дар назди Раиси ВМКБ, мақсадҳо ва вазифаҳои асосии он гузаронидани омӯзишҳо ва таҳлилҳои фазои соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар вилоят, коркарди пешниҳодот ва тавсияҳо барои Раиси вилоят, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои давлатии дигар тибқи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, омодасозии пешниҳодот тибқи масъалаҳои такмилдиҳии қонунгузории амалкунанда ва вазифаҳои танзимии давлат дар фаъолиятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ ва инчунин омодасозии пешниҳодот ва тавсияҳо дар қисми коркарди стратегия ва муайянкунии соҳаҳои бартаридошта барои ҷалби сармоя мебошанд.

Ҳоло ҳайати Шӯрои машваратӣ, аз 21 аъзо иборат аст, ки 8 нафари онҳо намояндагони бахши хусусӣ мебошанд. Инчунин ба ҳайати аъзои Шӯро намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ, доираҳои илмӣ ва намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дохил мешаванд.

25 майи соли 2011 Шӯрои машваратӣ тибқи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назди Раиси ВМКБ ҷаласаи якуми худро гузаронид. Масъалаҳои асосии ҷаласаи якум – муҳокимаи ҷораҳои ташкилӣ тибқи кори Шӯро ва беҳгардонии савдо бо ҶМЧ буданд.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласаи гузашта Протокол тартиб дода шуд, ки дар он қарорҳо ва супоришоти ҷаласаи якуми Шӯрои машваратӣ дар ВМКБ дарҷ ёфтанд.

Шӯрои машваратии минтақавӣ дар назди Раиси вилояти Суғд.

Ба он нигоҳ накарда, ки бахши хусусии вилояти Суғд нисбатан пешрафта аст ва раванди созмон додани ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии гуногун афзоиш меёбад, ҳоло ҳам асотсиатсияҳои соҳибкории мавҷуда ва иттиҳодияҳои дигари соҳибкорон ба тариқи кофӣ бонуфуз нестанд ва имконияти ба раванди қабулкунии қарорҳои идоравии ба рушди бахши хусусӣ дахлдошта таъсири назаррас расониданро надоранд.

Нақши Шӯрои машваратии минтақавӣ дар назди Раиси вилояти Суғд (баъдан - ШММ) ба пешбарии ислоҳот тибқи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақаи ҷумҳурӣ, бо назардошти ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллии ҳукумати давлатӣ дар муайянкунӣ ва амалисозии ислоҳот равона шудааст.

Вазифаи асосии ин сохтор мусоидат намудан ба коркард ва омодасозии тавсияҳо ва пешниҳодот барои Раиси вилояти Суғд, сохторҳои маҳаллии ҳукумати давлатии вилоят, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва инчунин ташкилотҳои дигар тибқи масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилояти Суғд мебошад.

ШММ дар вилояти Суғд мисли ШММ дар вилояти Хатлон дар монандӣ бо Шӯрои машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раис ва аъзоёни Шӯро ташаккул ёфтааст. Раиси он мувофиқи вазифа Раиси вилояти Хатлон мебошад ва аъзоёни Шӯро - ҷонишини Раиси вилояти Суғд, сардори Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва аз ҳисоби намояндагони нисбатан фаъоли сохторҳои соҳибкории вилоят, сармоягузорони хориҷии лоиҳаҳои калони сармоягузориро дар вилояти Суғд амаликунанда ва инчунин намояндагони ташкилотҳои донорӣ мебошанд.

Номзадҳо ба аъзогӣ аз сохторҳои соҳибкории маҳаллӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва ташкилотҳои донории байналмиллӣ дар дохили ҳар кадоме аз гурӯҳҳои номбаршуда муайян ва пешниҳод карда мешаванд.

Шакли асосии фаъолияти ШММ ҷаласаҳо мебошанд. Ҷаласаҳо ҳангоми зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як семоҳа гузаронида мешаванд. Ҷаласаҳо ваколатдор ҳисобида мешаванд агар дар онҳо 2/3 ҳиссаи шумораи умумии аъзоён иштирок дошта бошанд. Қарорҳои ШММ бо бартарии овозҳо қабул карда мешаванд ва бо Протокол ба расмият дароварда мешаванд. Гузаронидани ҷаласаи якуми ШММ дар сентябри соли 2011 ба нақша гирифта шудааст.

Таъминоти ташкилӣ-услубӣ ва техникии фаъолияти ШММ аз тарафи Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сохтори маҳаллии ҳукумати давлатии вилоят амалӣ мешавад. Фаъолияти Шӯро аз ҳисоби васоити грантӣ ва буҷҷети вилоят амалӣ мешавад.

Тартиби фаъолият, ташаккули ҳайати он, мақсад ва вазифаҳои ШММ бо Дастурамали он, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд тасдиқ мешавад, муайян карда мешаванд.

Шӯрои машваратӣ тибқи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор

Шӯрои машваратӣ тибқи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор барномаи амалиёт барои муколама байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати  ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии маҳаллӣ, бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ ва дигар мушкилот дар роҳи рушди соҳибкорӣ ва беҳгардонии муҳит дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Мақсади созмон додани ин барномаи амалиёт, пеш аз ҳама, баланд намудани нақши соҳибкорӣ дар ноҳия ва ҷалби ҳарчи зиёдтару беҳтари бахши хусусӣ ба раванди рушди иқтисодии маҳаллӣ буд. Шӯро дар ташаккул, пешбарӣ ва ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии маҳаллӣ, аз ҷумла беҳгардонии муҳит барои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, қавӣ гардонидани имконоти содиротии ноҳия, ташаккули муҳити мусоидаткунанда барои ҳамкории миёни бахши  давлативу хусусии ҷомеа нақши муҳимро хоҳад бозид.

Шӯрои машваратӣ тибқи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор фаъолияти худро бо Шӯроҳои мавҷуда дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ мувофиқа мекунад ва ба амалишавии ислоҳоти миллӣ дар сатҳи маҳаллӣ кӯмак мерасонад ва масъалаҳои рушди бахши хусусиро барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯроҳои дар боло зикршуда пешбарӣ мекунад.

Маълумот барои тамос бо Шӯроҳои минтақавӣ:

Шӯрои машваратӣ дар назди Раиси вилояти Суғд оид беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Суроға: 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Рахмон Набиев 45, каб 500, ошёнаи 5.
Шахси мутасаддӣ: Амирҷон Мадаминов, Котиби Шӯрои машваратӣ дар назди Раиси вилояти Суғд оид беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

тел:+992 927 44 00 88/958 98 48 70, Суроғаи электронӣ: amirjon.madaminov@giz-psd.de

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон

Суроға: вилояти Хатлон, ш. Қурғонтеппа, кӯчаи Айнӣ 68
Телефонҳо: 93-5055492, 43-3774568
Веб-сайт: http://www.khatloninvestcouncil.tj
Шахси мутасаддӣ/вазифаи вай: Зафар Ализода - Роҳбари котиботи Шӯро
Тел: 93-5055492
Суроғаи электронӣ: secretariat@khatloninvestcouncil.tj

Шӯрои машваратӣ оид ба  беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ВМКБ.

Суроға: 736000, ВМКБ, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин 26
Телефонҳо: (35222) 2472
Шахси мутасаддӣ/вазифаи вай: Латофат Азизбекова, сардори Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ
Тел: 93 406 08 04/93 602 33 82    
суроғаи электронӣ: latofat6386@mail.ru


Шӯроҳои машваратӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент 

Шӯроҳои машваратӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ ташкил карда шудаанд. Мақсади асосии шӯроҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя барои иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо маҳсуб гардида, ҳамзамон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона карда мешавад.
Дар ҷаласаҳои аввали шӯроҳои маҳаллӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусию ҷамъиятӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва ғайра иштирок доштанд.
Ҷаласаи аввалини Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Раиси ноҳияи Фархор 11 майи соли 2012 гузаронида шуда. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ташкилӣ, натиҷаҳои тадқиқот оид ба таҳлили сатҳи маълумотнокии бахши хусусӣ дар ноҳияи Фархор, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ» ва тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» баррасӣ карда шуданд.
Ҷаласаи дуюми Шӯрои мазкур 8-уми ноябри соли 2012 баргузор гардида, дар он масъалаҳои зерин таҳти музокира қарор дода шуданд:
  · шунидани ҳисоботи котиби Шӯрои машваратӣ ва баррасии наќшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2013;
  · муаррифии натиҷаҳои ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  · баррасии раванди иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ;
  · баррасии тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав.
Ҷаласаи аввалини Шӯрои машваратӣ оид ба рушди иқтисодии назди Раиси шаҳри Истаравшан рӯзи 28 январи соли 2013 баргузор гардид. Дар ҷаласаи нахустин масъалаҳои мазкур таҳти баррасӣ қарор гирифтанд:
  · шиносоӣ бо Шӯрои машваратӣ: мақсад, вазифаҳо ва аъзои он;
  · баррасии Низомномаи Шӯрои машваратӣ;
  · маълумот оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои соли 2012;
  · баррасии натиҷаҳои фаъолияти Нозироти андози шаҳри Истаравшан дар соли 2012 ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав.
Ҷаласаи аввалини Шӯрои машваратӣ оид ба рушди иқтисодии назди Раиси Исфара рӯзи 1 феврали соли 2013 гузаронида шуда, дар он масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
  · баррасии мақсад, вазифаҳо ва Низомномаи Шӯрои машваратӣ;
  · муҳокимаи натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар соли 2012;
  · баррасии Барномаи рушди шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017;
  · сӯҳбати озод оид ба масъалаҳои андоз ва содироти маҳсулоти хушконидашуда.
Шӯрои машваратӣ оид ба рушди иқтисодии Раиси шаҳри Панҷакент дар асоси Қарори Раиси шаҳри Панҷакент таҳти № 493 аз 30 октябри 2012 таъсис дода шуда, ҷаласаи аввали он 26 феврали соли 2013 ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаи аввалини Шӯро масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
  · барассии лоиҳаи Низомномаи Шӯрои машваратӣ;
  · баррасии ҳолати иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2012;
  · баррасии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2011-2015;
  · баррасии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ».


Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси ноҳияи Фархор
Шахси мутасаддӣ/вазифаи вай: Котиби Шӯрои Мавшваратӣ - Мирзоев Зафар
Тел.: 904 09 90 00

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси шаҳри Исфара
Шахси мутасаддӣ/вазифаи вай:  
Фаттоев Ибодулло – Котиб
Тел.: (+992) 92 770 04 06
Е-mail: umed_i@mail.ru

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси шаҳри Панҷакент
Шахси мутассадӣ/вазифаи вай: Карабеков Санат - Мудири Шӯъба оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
Тел.: (+992) 92 764 24 44
E-mail: rushd-panjakent@mail.ru
Бурхонов Набишо – Котиб
Тел.: (+992) 92 780 52 00

Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси шаҳри Истравшан
Шахси мутасаддӣ/вазифаи вай: Абдулхайров Уктурҷон - Роҳбари Шӯъбаи иқтисод ва тиҷорат
Тел: (+992) 92 814 61 11
E-mail: aziz_4771@mail.ru
Шораҳматов Шорауф - Котиб
Тел: (+992) 92 739 41 45
E-mail: shorauf@mail.ru


Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи Рашт (Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара) 


7-уми феврали соли 2013 Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА аз ҷониби Раиси Кумита Саидов Д.Ш ва муовини роҳбари САҲА Ларсен Х.П. ба имзо расид.

Дар маросими баимзорасии Мемарандуми мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев низ ҳузур доштанд.

Мувофиқи меморандуми мазкур ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи Рашт (Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара) таъсис дода шуд, ки дастгирии техникии онро ҷониби САҲА ба ӯҳда гирифт.

Мақсад аз таъсис додани Шӯрои машваратии мазкур мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад.


Ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт 


  13 сентябри соли 2013, дар ноҳияи Нуробод, таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.
  Шӯрои мазкур бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.
  Ҷаласаи нахустини Шӯрои навтаъсисро оғоз намуда, Раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардов, аз ҷумла қайд намуд, ки боиси хушнудист, ки дар замони истиқлолият таваҷҷӯҳи хосаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Рашт ниҳоят бузург аст. Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ноҳияҳои минтақа пас аз осори кашмакашиҳои дохилӣ таҷдид гардида, имрӯзҳо дар ноҳияҳои минтақа иншоотҳои бузурги таъиноти гуногун сохта ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд ва ин раванд босуръат идома дорад. Сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида, дар маҷмӯъ ноҳияҳои минтақа сол аз сол рушду нумӯъ карда истодаанд.
  Сипас, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов Раиси Шӯрои навтаъсис интихоб гардида, раисони ноҳияҳои водии Рашт ҳамраисони Шӯро интихоб шуданд. Ҳамчунин намояндагони бахши хусусии минтақа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар водии Рашт фаъолият мекунанд, ба узвияти Шӯро пазируфта шуда, Низомномаи Шӯро тасдиқ гардид.
  Раиси Шӯрои навтаъсис Давлаталӣ Саидов дар баромади худ қайд намуд, ки Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт дар радифи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шӯроҳои дигари минтақавӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияњои ҷумҳурӣ барои ташаккули муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаи Рашт, беҳтаргардонии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони минтақа пешниҳод карда мешаванд, хизмат хоҳад кард.
  Дар даврони Истиқлолият дар минтақа дар доираи амалисозии Стратегияи Миллии Рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузории аҳамияти байналмилалӣ ва миллӣ дошта татбиқ карда шуданд.
Дар ин радиф аз соли 2005 таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош (Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон) шурӯъ гардида, лоиҳаи мазкур имрӯз пурра ба маблағи зиёда аз 111 миллиону 535 ҳазор доллари ИМА татбиқ гардид. Баъди ба истифода супоридани шоҳроҳи мазкур фосилаи вақти рафту омад тариқи он хело кӯтоҳ гардидаст.
  Инчунин то имрӯз дар минтақа як қатор лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои хурду миёна дар минтақа бунёд ва ба хизмати мардум равона карда шуданд, ки дар доираи онҳо зиёда аз 15 миллиону 617 ҳазор доллари ИМА маблағҳо азхуд карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар зарфи солҳои Истиқлолият давлат ва ҳукумати мамлакат ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии водии Рашт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда истодааст, ки дар натиҷа ин гӯшаи Ватанамон имрӯз ба як диёри ободу зебо табдил ёфтааст.
  Дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида раисони ноҳияводии Рашт, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
  Дар хотимаи ҷаласа супориш дода шуд, ки вобаста ба масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорїӣ дар бахши сайёҳии минтақаи Рашт таҳлил гузаронида, натиҷаҳои он ба ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод карда шавад.

Маълумот:
  Имрӯзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Фархор шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд.


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj